(Дар ҳошияи суханронии Президент дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар)
“... дар давраи шиддати рӯзафзуни рақобату мухолифатҳо танҳо давлатҳое ҳастии худро ҳифз карда, пеш рафта метавонанд, ки миллати босаводу огоҳ, низоми пешрафтаи илмиву инноватсионӣ ва олимону навоварони донишманд дошта бошанд. ... зарурати таъмин кардани пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ дар замони муосир натиҷаҳои самарабахши илмиро, аз ҷумла дар самтҳои ихтироъ ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ, талаб менамояд”.
Яке аз омилҳои муҳими рушди устувори иқтисоди миллӣ таҳия ва татбиқи сиёсати самарабахши инноватсионӣ мебошад, ки ҳадафи асосии ҷорӣ намудани технологияи нав, ихтироот, шаклҳои идоракунии истеҳсолот ва ташкили меҳнатро муайян мекунад, ки ба комёбиҳои пешрафти илмию техникӣ асос ёфтаанд.
Пешрафти илмию техникӣ ин фаъолият оид ба омӯзиши амиқи қонунҳои тараққиёти табиат ва ҷамъият мебошад, ки дар асоси онҳо воситаю объектҳои меҳнат, ҷараёнҳои истеҳсолот, шаклҳои ташкили истеҳсолот ва хоҷагидорӣ ба вуҷуд оварда ва такмил дода мешаванд. Пешрафти илмию техникӣ, ки ҷараёни такмил додани базаи моддию техникӣ, истеҳсоли маҳсулот бо истифода аз комёбиҳои навтарини тадқиқоти илмӣ ва корҳои конструкториро дар бар мегирад, барои конеъ гардондани талаботи ҷамъият пешбинӣ шудааст.
“Ҳукумати Тоҷикистон илмро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа дониста, ба мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм ҳамаи имкониятҳоро муҳайё намудааст. Зеро дар ҷаҳони муосир танҳо кишварҳое метавонанд ҳастии худро ҳифз карда, рушд ёбанд, ки шаҳрвандонашон дорои сатҳи баланди саводнокӣ ва маърифату фарҳанг, илмдӯсту донишманд ва соҳибҳунар бошанд. Мову шумо дида истодаем, ки имрӯз кишварҳои мухталифи дунё бар пояи илму дониш, ихтироъкориву истеҳсол ва истифодаи техникаву технологияҳои муосир чӣ гуна тараққӣ карда истодаанд”.
Маълум аст, ки инкишофи пешрафти илмию техникӣ дар шаклҳои таҳаввулӣ, инқилобӣ ва якҷоя ба амал меояд. Дар баробари ин натиҷаи бевоситаи пешрафти илмию техникӣ инноватсия (навоварӣ) мебошад.
Тавре ки таҳлили сарчашмаҳои гуногун нишон дод, дар ташаккули мафҳуми инноватсия равишҳои гуногун мавҷуд аст. Навовариро ҳамчун тағйироти сифатӣ дар техника ва технологияи истеҳсолот, шаклҳои ташкил ва идоракунии истеҳсолот, ки сатҳи сифатан нави рушди қувваҳои истеҳсолкунанда, афзоиши даромаднокии истеҳсолотро таъмин менамояд, фаҳмидан мумкин аст.
Алоқамандии равандҳои инноватсионӣ бо тамоми ҷанбаҳои сиёсати иқтисодии давлатӣ, ки ба сарчашмаҳои интенсивии рушди иқтисодӣ, рушди иқтисодиёти миллӣ тавассути татбиқи равандҳои инноватсионӣ бо захираҳои зарурии сармоягузорӣ нигаронида шудааст, мушоҳида мешавад. Маблағгузорӣ бояд ҳам барои таъминоти истеҳсолот ва ҳам барои ташаккули сохтори окилонатарини технологии он кифоя бошад, ки шароитро барои афзоиши самаранокии хоҷагии халқ таъмин ва фароҳам созад.
Вобаста ба ин “маблағгузорӣ ва ҳавасмандсозиҳои дигари давлатӣ барои соҳаи илм яке аз масъалаҳои асосӣ мебошад, ки Ҳукумати мамлакат ба он таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир менамояд ва онро бо дарназардошти имкониятҳои буҷет сол ба сол зиёд карда истодааст, ки он танҳо дар соли 2024-ум ба 225 миллион сомонӣ расонида шуд (назар ба соли 2023-юм 45 миллион сомонӣ зиёдтар)”.
Асоси роҳи инноватсионии рушди иқтисоди миллиро сиёсати илмию техникӣ ташкил медиҳад, ки ҳамчун яке аз ҷузъҳои асосии сиёсати иҷтимоию иқтисодии мамлакат амал мекунад, ки барои татбиқи он амалигардонии мунтазами фаъолияти инноватсиониро тақозо менамояд.
Рушди фаъолияти инноватсионӣ бо рушди илму техника зич алоқаманд аст ва ин ба ҳолати объективӣ вобаста аст, зеро дар шароити маҳдуд будани захираҳои табиӣ ва иқтисодӣ рушди иқтисодиёт ба таври камтар аз тавсифоти миқдории тараққиёти илм ва техника ва ба таври бештар аз суръат ва сифати татбиқи натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ба шаклҳои нави техникӣ ва технологӣ вобаста аст, ки минбаъд бояд ба маҳсулот ва технологияи нав табдил дода шаванд. Дар ин шароит ҳавасмандгардонии фаъолияти инноватсионӣ муҳимтарин самти сиёсати илмию техникӣ мебошад.
Дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди иқтисодиёти кишвар ба тезонидани фаъолияти инноватсионӣ ниёз дорад.
Мутобиқи сиёсати давлат солҳои охир барои рушди иқтисодиёти миллӣ заминаҳои зарурӣ пайдо шуданд, ки асосҳои нави илмию ташкилиро тақозо мекунад. Ин асосҳо бояд ба сиёсати ягонаи рушди инноватсионии иқтисодиёти кишвар асос ёбанд.
Рушди иқтисодиёти мамлакат бо роҳи инноватсионӣ на танҳо эҷоди маҳсулот, технология, воситаҳои техникӣ, балки инфрасохтори инноватсиониро низ дар назар дорад.
Дигар масъала, ки Пешвои миллат зимни мулоқот қайд карданд, “сатҳи пасти ҳамкории муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ бо соҳибкорон, шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар корҳои илмиву таҳқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ, ҷорӣ нагардидани механизми тиҷоратикунонии натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ ва навовариҳо, алоқаи сусти байнисоҳавӣ дар пешбурди таҳқиқот дар асоси қонунҳои бозорӣ аз ҷумлаи камбудиҳо дар ин самт ба ҳисоб мераванд. Дар робита ба ин, таъсиси сохтори алоҳида – Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти мамлакат бояд ба раванди пайванди илм бо истеҳсолот ва рушди фаъолияти инноватсионӣ такони ҷиддӣ бахшад. Фаъолияти ин сохтор бояд ба рушд, танзим ва дастгирии давлатии фаъолияти инноватсионӣ ва таҳияи механизми татбиқи он равона карда шавад”.
Табиист, ки таҳиягарони маҳсулоти илмию техникӣ ва истеҳсолкунандаи мол ба инкишофи равандҳои навоварона, махсусан аз ҷиҳати татбиқи он манфиатдор мебошанд. Дар шароити ҳозираи гузариш ба иқтисоди бозаргонӣ муносибатҳои байни онҳо бояд дар асоси манфиати тарафайн, яъне ихтироъкори навоварӣ ба фурӯши маҳсулоти илмии худ ва истеҳсолкунандаи мол ба истифода ва гирифтани фоидаи иқтисодӣ, муфид бошад. Барои ин, истеҳсолкунандагон бояд дар бораи технологияҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза ва каммасраф дар соҳа маълумоти бештар дошта бошанд.
Дар асоси гуфтаҳои боло метавон хулоса кард, ки раванди инноватсионӣ воситаи муассири рушди иқтисоди миллӣ мебошад.
Абдураҳмон Ҳабибов
котиби илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ