Имрӯз, 4 июл дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҷлиси умумии ҳисоботӣ оид ба муҳимтарин натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию ташкилии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2025 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми 2025 мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифт.
Дар маҷлиси умумӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, аъзои раёсат, олимону академикон ва роҳбарону намояндагони сохторҳои гуногуни академия иштирок доштанд.
Баъд аз суханронии академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҳисориев Ҳикмат ҳисоботи президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар нимсолаи якуми соли 2025 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2025 мавриди муҳокима қарор гирифт, ки он бо мақсади дастуру супоришҳои Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 28 декабри соли 2024 ба роҳ монда шуд.
Зимни ироаи ҳисоботи худ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар бораи ҳар як бахши фаъолияти Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2025 ба тафсил сухан ронд.
Таъкид гардид, дар нимсолаи якуми соли 2025 олимони АМИТ таҳқиқотро аз рӯйи 110-мавзуъ, аз ҷумла 68-мавзуи илмӣ-таҳқиқотии бунёдӣ, 14-мавзуи илмӣ-таҳқиқотии амалӣ ва 28-мавзуи илмӣ-таҳқиқотии бунёдию амалӣ идома дода, натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд. Ҳамзамон аз рӯйи натиҷаҳои илмии бадастомада дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби кормандони муассисаҳои илмии АМИТ беш аз 1130-кори илмӣ ба нашр расонида шуд, аз ҷумла 40-монография, беш аз 75-китобу маҷмуаҳои илмӣ, брошюра, тавсиянома, атлас, каталог, беш аз 1015-мақолаи илмӣ, аз онҳо беш аз 830-мақола дар маҷаллаҳои илмии ҷумҳурӣ, беш аз 185-мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои кишварҳои ИДМ ва маҷаллаҳои давлатҳои хориҷи дур (аз ҷумла, 14-мақола – дар SCOPUS).
Бояд зикр намуд, ки тавассути Муассисаи нашриявии “Дониш”-и АМИТ дар ин давра 73-номгӯй китобу монографияҳои кормандони илмии АМИТ бо теъдоди 8000-нусха ба нашр расонида шуд. Мавриди зикр аст, ки АМИТ дар нимсолаи якуми соли 2025 дар раддабандии байналмилалӣ байни муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ, аз ҷумла китобхонаи электронӣ (e-library) ва Шохиси россиягии иқтибосоварии илмӣ (яъне РИНЦ) мавқеи худро мустаҳкамтар намуд. Айни замон 524-нафар ходимони илмии АМИТ номи худро дар китобхонаи электронӣ (e-library) ба қайд гирифтаанд. Айни замон ХИРШ-и олимони АМИТ аз рӯйи ҳамаи нашрияҳои e-library - 52, аз рӯйи РИНЦ - 50 ва аз рӯйи ҳамаи маводи дар ҷавҳари РИНЦ нашршуда - 43-ро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин дар ин давра аз тарафи кормандони илмии АМИТ беш аз 1000-мақолаи илмию оммавӣ дар рӯзномаю маҷаллаҳо ва сомонаҳои интернетӣ ба нашр расонида шуд. Дар ин давра аз тарафи олимони АМИТ ҳамагӣ 9-патент, аз ҷумла 8-патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 1-патенти АвроОсиё барои ихтироъ, ҳамчунин 4-қарори мусбат оид ба додани нахустпатенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироъ ва 2-шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии захираи иттилотӣ ба даст оварда шуданд.
Дар ин давра вобаста ба масъалаҳои муҳимми илмӣ дар Академияи миллии илмҳо беш аз 100-чорабинии илмӣ омода ва баргузор карда шуд, аз ҷумла, 2-форуми байналмилалӣ, 4-конференсияи илмии байналмилалӣ, 22-конференсияи илмии ҷумҳуриявӣ, 45-семинари ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, 18-мизи мудаввар ва 2-курси омӯзишӣ.
Ҳамчунин дар доираи Маҳфили илмии “Хирад”-и Раёсати АМИТ, ки мақсади он муаррифии олимон ва дигар намояндагони аҳли зиёии кишвар мебошад, 13-маҳфили илмӣ-фарҳангӣ оид ба ҳаёт ва фаъолияти илмии олимони шинохтаи ҷумҳурӣ бо иштироки васеи кормандони АМИТ ва меҳмонон доир карда шуд.
Зикр шуд, ки бо мақсади таҳким ва рушди заминаи илмию таҷрибавии муассисаҳои илмию таҳқиқотии АМИТ бо мусоидат ва иштироки роҳбарияти АМИТ 8-озмоишгоҳи нав дар муассисаҳои илмию таҳқиқотии зерини АМИТ таъсис дода шуд: Институти химияи ба номи В.И. Никитин (3 адад), Институти физикаю техникаи ба номи С. У. Умаров (1 адад) ва Институти биологии Помир ба номи Х. Юсуфбеков (2 адад), Маркази омӯзиши пиряхҳо (2 адад).
Дар робита ба ҳисоботи президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар нимсолаи якуми соли 2025 олимону академикон фикру андешаҳои худро иброз дошта, ҳисоботро қаноатбахш ҳисобиданд.