Skip to main content

Дар гимназияи №1 шаҳри Хуҷанд бо иштироки намояндагон аз Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсати маорифи вилоят, муовинони соҳавии раисони шаҳру навоҳии вилоят, сардорони раёсат ва мудирони шӯъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, котибони комиссияи озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат” ва директорони марказҳои таҳсилоти иловагӣ семинари машваратӣ  баргузор гардид.

Нахуст Пирзода Ҷалил Сафар - академики Академияи илмҳои Тоҷикистон  семинарро  ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат”  бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан  ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм ба истеҳсолот, ҷалби  бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа  ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин  дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав  роҳандозӣ гардидааст.

Дар идома  ҳамчунин котиби техникии озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат”  Саидалӣ Саломов ва Маҷидов Одинабой - аъзои ситоди корӣ дар мавриди тағиротҳои воридшуда ба низомномаи озмун баёни назар намуда, тавассути слайд - намоиш мавзуи матраҳшударо шарҳу тавзеҳ доданд.

Одинабой Маҷидов бори дигар атрофи муаммо ва мушкилоти ҷойдошта дар раванди баргузории озмуни мазкур баёни назар намуда, аз масъулон даъват кард то баҳри шаффоф ва дар сатҳи баланд баргузор гардидани он талош варзанд. Мавсуф ҳамчунин аз масъулони шаҳру навоҳӣ дар мавриди қадрдонии ғолибони даври минтақавии озмун ва  барои баланд намудани маблағи ғолибон ёдовар шуда  гуфт, ки масъулон бояд дар ин самт тадбирҳои судманд биандешанд.

Дар поёни ин семинар иштирокдорон атрофи тағйиротҳои воридгардида ба Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат” ва дигар паҳлуҳои он бо намояндагони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон суолу ҷавоб намуданд.

Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд