Тули чанд соли охир аст, ки дар ҷумҳурӣ бо дастуру супоришҳои Асосгузори Суслҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дарёфти чеҳраҳои муваффақи илмӣ миёни тамоми қишрҳои ҷумҳурӣ озмуни ҷумҳуриявии “Илми фурӯғи маърифат” баргузор мегардад. Имсол низ дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 01 январи соли 2024 № АП – 481 ташкил ва баргузории озмун ҳукми қонунӣ гирифтааст.
Мутобиқи банди сеюми амри зикршуда Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва якчанд вазорату кумитаву идораҳо барои дар сатҳи баланд баргузор кардани озмун муваззаф гардидаанд. Оид ба иҷро намудани ин уҳдадорӣ Амри президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт аз 06 майи соли 2024 дар бораи сафарбаркунии кормандони АМИТ ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷиҳати назорат ба баргузории даври дуюми озмуни маскур ба тавсиб расида буд.
Раҳимзода Алишер – директори Институти математикаи ба номи А. Ҷураеви АМИТ ва Ҳамроев Умедҷон – муовини директор оид ба илм ва таълими Институти астрофизикаи АМИТ барои назорати рафти озмун дар минтақаи Рашт вобаста шудаанд, ки имрӯз 20.05.2024 дар баргузории даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат” дар ноҳияи Тоҷикобод иштирок намуда, рафти баргузории озмунро аз рӯи 7 наминатсия назорат доранд. Аксҳо аз рафти назорати баргузории озмун.