Skip to main content

Дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъсиси озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат” дар соли 2024 ва амри президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт кормандони Раёсати АМИТ ва ниҳодҳои дар тобеияти АМИТ буда барои назорати рафти баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат” дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо муваззаф шуда буданд, ки айни ҳол дар минтақаҳои муайяншуда иштирок доранд.

Имрӯз 22.05.2024 Раҳимов Алишер - директори Институти математикаи ба номи А. Ҷураеви АМИТ ва Ҳамроев Умедҷон – муовини директор оид ба илм ва таълими Институти астрофизикаи АМИТ бо мақсади иҷрои амрҳои болозикр ба ноҳияи Сангвор ташриф оварда, рафти баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат” даври дуюми озмун, яъне даври ноҳиявии озмунро назорат карданд.

Зимни назорати баргузории рафти озмун масъулини Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон - ро муовини раиси ноҳияи Сангвор Бафозода С. ва мудири Шуъбаи рушди иҷтимоӣ Раҳмонов Ш., мудири Шуъбаи маориф Солеҳзода Р. ҳамроҳӣ намуданд. Бояд қайд намуд, ки барои дар сатҳи хуб баргузории озмун тамоми идораву корхонаҳои масъулгаштаи шаҳру ноҳияҳо шароити мусоид муҳаё намуданд, то ки иштирокдорони озмун дар фазои осоишта ва шафофият иштирок намуда, мутобиқ ба донишу маҳорати доштаашон сабқат намоянд.