Пӯшидани либоси покизаю ороста ва бо тартиб нишонаи низоми фикрӣ ва завқи солимдоштаи инсонро ифода мекунад, зеро касе, ки аз парешонӣ ва ошуфтагӣ дур бувад, ба шакли пӯшиши худ аҳамият медиҳад. Либоси инсон бояд муаррифгари ҷинси ӯ бошад. Бинобар ин, яке аз авомили нишоту шодмонӣ равонӣ пӯшидани либоси фарқкунанда ба ҳисоб меравад. Истифода аз рангҳои нек дар либос асароти хубро дар афзоиши ҳаракат, фаъолият ва пешрафти кори кас такмил медиҳад ва дар саломатии рӯҳии шахсиятии афрод муассир хоҳад буд.
Аз маҷмӯи натиҷаи таҳқиқоте, ки олимони гуногун дар бораи либос анҷом додаанд, фаҳмида мешавад, ки либос посухгӯйи се ниёзи одамӣ аст. Яке ин ки ӯро аз сармою гармо ва барфу борон ҳифз мекунад. Дигар ин ки барои ҳифзи иффат ва шаъну шараф чун василае ба ӯ кумак мекунад. Саввумин бошад, баҳри оростагӣ ва зебоию виқор истифода мешавад.
Агар ба гурӯҳҳои гуногуни ҷомеа назар андозе, мебинем, ки либоси занон, мардон ва кӯдакон аз ҳам тафовут доранд. Пӯшоки мардуми деҳот аз пӯшоки мардуми шаҳрнишинон фарқ дорад. Занони хонанишин либосҳои мутафовит ба бар доранд ва либосе, ки занони коргар ба тан мекунанд, аз рӯйи таносуби кори хеш фарқ дорад. Аҳли табақоти мухталифи ҷомеа низ вобаста ба вазъи иқтисодӣ либосҳои гуногун мепӯшанд. Бешак, шароити иқлимии ҳар минтақа низ бар навъи либоси мардуми он таъсир мегузорад.
Албатта, маънии либос ба ҳама ошно буда, ниёзе ба таъриф надорад. Аммо, фарҳангро лозим аст, ки таърифу баррасӣ кунем ва мақсади худро аз фарҳанг баён кунем.Фарҳанг иборат аз кулли биниш ва нигариш аст, ки як ҷомеа нисбат ба ҷаҳон дорад . Ин биниш ва нигариш ҳамон маъноеро фаро мегирад, ки он ҷомеа барои ҳастии инсон қоил аст ва он ҳама арзишу равишҳои фарду ҷамъиятро дар бар дорад. Ба иборати дигар гӯем, фарҳанги як қавм дар вуҷуди мухталифи зиндагии онҳо, аз қабили саъат, иқтисод, идоракунӣ, шаҳрсозию меъморӣ ва ҳунар таҷалло мекунад. Фарҳанг ба манзалаи рӯҳест, ки дар колбуди тамаддуни он қавм ҷараён дорад.
Робитаи либос ва фарҳанг ба андозае қавӣ аст, ки вақте як хориҷӣ вориди муҳите мегардад, нахустин аломате, ки боиси шинохти ӯ мешавад, ҳамон либоси ӯст. Гӯё инсон ва либосаш бо якдигар суҳбат мекунанд ва ҳар фард ба забони либоси хеш худро муаррифӣ менамояд, ки ман кистам ва аз куҷоям?
Омилҳои муассири ба бар кардани пӯшокҳои гуногун аз ин қабил мебошанд:
1. Шароити муҳит ва ҷуғрофӣ;
2. Ҳолу аҳволи зиндагии сокинони ҷомеа;
3. Ҷанг ва вазъиятҳои сиёсӣ;
4. Шароит ва вазъи иқтисодӣ;
5. Одобу русум ва эътиқоди мазҳабӣ;
6. Низоми табақоти ҳукмфармо дар ҷомеа;
7. Равобити фарҳангӣ ва иқтисодию сиёсӣ бо кишварҳои ҳамсоя;
Инсоне, ки аз рангҳои равшан ва нек дар пӯшок истифода мекунад аз оромиши равонӣ бештар бархурд мегардад. Аз ин гуфтаҳо маълум мешавад, ки кайфият ва чӣ гунаи либос ҳам аз назари ранг, ҳам аз назари мудел ва ҳам аз назари оростагию фарқгузорӣ нишонаи шахсияти неки инсон аст. Басо афроде, бо пӯшидани навъи хосе аз либосҳо дучори таҳқири шахсияте мешаванд ва ба ҳама рафтору аъмолашон тағйир пайдо мекунад.
Дар кишвари азизамон пӯшидани либоси миллӣ дар қиёс бо ҷумҳуриҳои ҳамсоя бештар роиҷ аст. Зеро мо, тоҷикон анъанаҳои милии худро дорем ва ба арзишҳои миллӣ ҷонибдор мебошем. Аз маъруфтарин ва машҳуртарину маҳбубтарин либосҳои миллии мо, тоҷикон либоси чакан, атлас, зардӯзӣ ва гулдӯзиро метавон ном бурд. Либосҳои мазкур ҳар кадомашон таърихи тӯлонӣ доранд, ки дар тӯли он маҳбубияти худро то кунун нигоҳ доштаанд.
Аз сарчашмаҳо аён аст, ки тоҷикон ҳамчун миллати саноатӣ, шаҳрдор ва эҷодкор дар офариниши мероси бузурги тамаддуни башарият саҳми босазо гузоштаанд. Халқи тоҷик чун кошиф ва ихтироъкори абрешим, матоъҳои абрешимӣ, аз ҷумла атласи оламшумул дар ақсои олам шуҳратёр гаштааст. Ҳанӯз аз замонҳои қадим матоъҳои атласу адрас қимати баланд доштанду шоҳону сарватмандон ба ҳомиёну сарлашкарони худ ба нишони иззату икрои пироҳаншои зарбофти аз ҳамин матоъҳо омодашуда тақдим менамуданд.
Либоси миллӣ як рукни фарҳанги миллат ба шумор рафта, ёдгоре аз гузаштагон аст, ки дар тӯли қарнҳо зебоиашро гум накардааст ва минбаъд низ гум нахоҳад кард. Солҳои охир таваҷҷуҳи роҳбари давлат ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ташвиқу тарғиби либоси миллӣ зиёд гардидааст. Зан ва модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси миллат маҳсуб гашта, яке аз нишонаҳои асосии фарҳангу тамаддуни миллатҳои гуногуни дунё либоси миллии онҳост. Вақте сухан аз либоси миллӣ меравад, ҳатман симои занон бо сару либоси хосаи зебо дар пеши назар меояд, чаро ки занро олиҳаи ҳусн мегӯянд.
Дар ҳақиқат, солҳои охир ташвиқу тарғиби фарҳанги ғайр ва бегонапарастии занону духтарон ба тадриҷ афзудааст, ки аз камандешии онҳо шаҳодат медиҳад. Пайдост, ки либоси миллӣ бозгӯкунандаи анъанаҳои миллӣ ва фарҳанги миллӣ мебошад. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки фарҳангу анъанаҳои аҷдодии хешро пос дорем. Нагузорем, то ин ки фарҳангу тамаддуни ҳазорсолаи миллати куҳанбунёди тоҷик омехтаи дигар фарҳангҳо гардад ва ё аз байн равад.
Фозилова Давлатбахт Миралибековна – номзади илмҳои физика ва математика ходими илмии Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви АМИТ
Ҳакимова Зумрат Джамшедовна – ходими илмии Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви АМИТ
Ба истиқболи 33-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тавре ки ба ҳамагон маълум аст, 9- уми сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон расман Истиқлоли давлатиро эълон кард. Қабули ин қарори муҳими таърихӣ ба он оварда расонид, ки дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати наве бо номи Тоҷикистон пайдо шуда, аз ҷониби давлатҳои бонуфуз ва созмонҳои байналмилалӣ ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шуд. Бояд гуфт, ки ин санади муҳим ба тоҷикон озодӣ ва соҳибихтиёрӣ бахшида, ба онҳо имкон дод, ки пас аз ҳазорҳо сол сутунҳои давлати миллиро эҳё кунанд. Истиқлоли давлатӣ аз давлати тозабунёд ташкили низоми нави ҳуқуқӣ, таҳия ва қабули қонунҳоеро, ки ба стандартҳои байналмилалии муайянкунандаи шакли идоракунӣ мувофиқ, фароҳам овардани шароити муносиби зиндагӣ барои аҳолӣ ва ҳамзамон таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсонро талаб намуд.
Яке аз дастовардҳои бузургтарин ва беназири солҳои аввали соҳибихтиёрии давлат қабули Конститутсия мебошад. Қобили зикр аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти арзишҳои волои ҳуқуқи байналмилалӣ, таҷрибаи пешқадами кишварҳои мутамаддин, таҳлили муқоисавию ҳуқуқии низоми ҳуқуқии кишварҳои пешрафта, давлатдорӣ ва анъанаву урфу одатҳои миллии тоҷик таҳия ва қабул гардидааст.
Ба даст овардани истиқлоли давлатӣ барои мардуми тоҷик рӯйдоди муҳими таърихӣ гардид. Маҳз аз ҳамин сана ҳисобкунии таърихи навини кишвари мо оғоз ёфт. Дар ин солҳо ҷумҳурӣ мушкилоти зиёдеро аз сар гузаронид: ҷанги шаҳрвандӣ, гуруснагӣ ва якчанд бӯҳрони иқтисодӣ. Бо вуҷуди оғози душвор, кишвар тавонист муваффақ шавад. Бояд зикр намуд, ки нақш ва хидматҳои барҷастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навтарин, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ бебаҳс мебошанд. Идеяи сулҳу ризоияти миллӣ, ки аз ҷониби Пешвои миллат пешниҳод шудааст, аз ҷониби ҳамаи миллатҳо дастгирии васеъ пайдо намуд. Таҳти роҳбарии ӯ ва бо дастгирии ҳамаҷонибаи кишварҳои кафил ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ 27 июни соли 1997 Созишномаи умумӣ дар бораи таъсиси сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид.
Имсол ҷумҳурии ҷавони мо 33-солагии худро ҷашн мегирад. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ натиҷаҳои назаррас, аз ҷумла дар рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди устувори тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ба даст оварда шуданд.
Дар ин солҳо сохти нави ҷамъиятӣ ташаккул ёфт, ки ба руҳияи демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷавобгӯ аст, иқтисоди бозорӣ рушд карда, натиҷаҳо ба тарзи ҳаёти аъзои ҷомеа таъсири мусбат мерасонанд. "Сиёсати дарҳои кушода" - и эълонкардаи роҳбарияти кишвар ба Тоҷикистон имкон дод, ки бо бисёр давлатҳои ҷаҳон, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва ниҳодҳои молиявии ҷаҳонӣ ҳамкориҳои мутақобилан судмандро ба роҳ монад ва бомуваффақият рушд диҳад. Дар як муддати кӯтоҳ Тоҷикистон ба ҳайси актори комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ ва узви эътирофшудаи бисёр созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ табдил ёфтааст, ки дар доираи онҳо айни замон дар ҳалли масъалаҳои ҳаётан муҳими глобалӣ ва минтақавӣ фаъолона иштирок менамояд.
Ташаббусҳои саривақтӣ ва иқдомҳои фаъолонаи Пешвои миллат дар ҳалли масъалаҳои доғи сайёра аз қабили таъмини аҳолии рӯйи замин бо оби нӯшокӣ, дар ин росто, эълон намудани соли 2003 - “Соли оби тоза” ва таҳияи барномаи дарозмуддати “Даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт» (2005-2015), ки аз ҷониби СММ бо ҷонибдории 141 кишвар ба тасвиб расид, эътибор ва нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон боло бурд. Тоҷикистон дар доираи ин барнома як силсила тадбирҳои муҳимми сатҳи байналмилалиро дар шаҳри Душанбе созмон дод, ки аз ҷониби мутахассисон ва коршиносони хориҷӣ баҳои баланд гирифтанд.
Соли 2002 пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе тавонист ба ҳайси “Шаҳри сулҳ” сазовори ҷоизаи ЮНЕСКО гардад ва соли 2003 “Шашмақом” ҳамчун мусиқии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба ҳайси шоҳкории шифоҳӣ ва фарҳангии мероси ғайримоддии башарият ба феҳристи ЮНЕСКО ворид гардид. Ҳамчунин соли 2010 бо қарори 34-умин ҷаласаи Кумитаи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО шаҳраки қадимаи «Саразм» ба феҳристи мероси фарҳангии умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуда, соли 2013 бо қарори 36-умин ҷаласаи Кумитаи Мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО “Боғи миллии Тоҷикистон” ба феҳристи Мероси табиии умумиҷаҳонии ЮНЕСКО шомил гардид.
Дар давраи истиқлолият шумораи аҳолии кишвар аз 5,5 миллион то 10 миллион нафар афзуд. Аз рӯи суръати афзоиши аҳолӣ дар 33 сол Тоҷикистон дар байни ҷумҳуриҳои собиқ иттиҳоди шӯравӣ ҷои аввалро ишғол намуда, сатҳу сифати зиндагии мардум ба куллӣ беҳтар гардид.
Ҳамаи дастовардҳое, ки мо дар солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноил шудем, дар таърихи халқ ва давлатдории Тоҷикистон сабт хоҳанд шуд. Таҷрибаи рушди мустақили кишвар садоқати роҳи интихобкардаи Пешвои миллат ва сиёсати бунёди нави давлатро собит кард. Таърихи навини давлатдории тоҷик бори дигар ҳақиқатро тасдиқ кард, ки халқи бонангу номуси мо, ки дорои иқтидори солиму хирадмандона ва тавоно мебошад, қодир аст аз ҳар гуна саргузашт пешгирӣ намуда, дар арсаи байналмилалӣ обрӯ ва мақоми давлати тоҷиконро ҳимоя намояд.
Давлатова Фарида, ходими хурди илмии Шуъбаи Шарқи Наздик ва Миёнаи Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Истиқлолияти давлатӣ неъматест, ки барои ҳар як миллат, давлат ва ҷомеа арзиши олӣ дорад ва омили асосии пешрафти соҳаҳои мухталифи давлат, аз ҷумла, маориф ва илм ба шумор меравад.
Мардуми шарафманди Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ватани азизро таҷлил мекунанд. Барои ба даст овардани ин неъмати бузург мушкилиҳои зиёдро паси сар намуда, имтиҳони вазнини таърихиро гузаштанд ва дар ниҳоят ба эҳёи давлатдории миллӣ мушарраф гардиданд.
Маврид ба зикри хос аст, ки сулҳу субот ва ваҳдати миллие, ки имрӯз насиби мардуми Тоҷикистон гардидааст, натиҷаи заҳматҳои беназири Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдатӣ миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Чунончи, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намудаанд: «Дар замоне, ки оташи ҷанги шаҳрвандӣ пайкари Ватанро месӯхт, ба зимма гирифтани масъулияти роҳбарӣ ва наҷоти давлат кори басе мушкил буд. Аз ин рӯ, вақте Иҷлосияи тақдирсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баргузор мешуд, бисёриҳо на танҳо масъулияти сарварии давлат, балки ҳатто масъулияти роҳбарии вазорату идораҳои давлатиро низ ба зимма гирифтан намехостанд. Хушбахтона, дар натиҷаи талошҳои пайваста ва ҳимояти устувори мардуми шарифи кишварамон ба мо муяссар гашт, ки ин масъулияти муқаддасу таърихиро ба уҳда гирем ва давлатдории миллиро аз вартаи нестӣ наҷот диҳем». [1]
Презденти мамлакат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ, рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар ҳамасола чораҳои заруриро андешида, фармонҳо, қарорҳо ва дар маҷмуъ асосҳои меъёрию ҳуқуқии ин соҳаҳоро мукаммал ва ба шароити муосир мутобиқ мегардонад, ки ин ҳолат боиси рушди иқтисодиёти миллӣ мегардад.
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 12 августи соли 2014, № 255, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи намунавӣ оид Шӯрои диссертатсионӣ», «Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ ва унвони илмӣ (дотсент, профессор)» ва «Тартиби бақайдгирии давлатии рисолаҳои илмии ҳимояшуда» №505 аз 26 ноябри соли 2016 ҳуҷҷатҳои замони истиқлол мебошанд, ки ҳимояи диссертатсияҳоро дар Тоҷикистон имконпазир гардонид.
Айни замон, тибқи Феҳристи ихтисосҳои кормандони илм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти дараҷаҳои илмии номзади илм ва доктори илм 564 ихтисос муқаррар шудааст, ки доираи корҳои илмӣ-таҳқиқотиро дар самтҳои гуногуни илм имконпазир мегардонад. Аз таъсиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи 374 ихтисос мутахассис омода карда мешавад, ки сол то сол шумораи ҳимояи диссертатсияҳо аз рӯйи ихтисосҳои нодир бо ташкили ҳимояҳои якдафъаина зиёд шуда истодааст.
Тибқи маълумоти Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон айни ҳол, дар назди муассисаҳои олии касбии кишвар 76 шурои диссертатсионӣ амал намуда, аз рӯйи 190 ихтисос диссертатсияҳо қабул ва баррасӣ карда мешаванд. Дар шуроҳои диссертатсионии амалкунанда аз соли 2017 то июли соли 2024-ум 2642 диссертатсия дар самтҳои гуногуни илм ҳимоя гардидаанд, ки маҳсули замони истиқлол ба шумор мераванд. Дар ин давра зиёда аз 611 диссертатсия аз ҷониби занҳо дар шуроҳои миллӣ ҳимоя шудаанд, ки дар даврони истиқлол дастоварди беназир мебошад.
Фазои озоди истиқлолияти илмӣ имкон фароҳам овард, ки дар ин давра зиёда 780 нафар ба гирифтани унвонҳои илмӣ сазовор гардиданд. Аз ҷумла, 76 нафар унвони илмии профессор ва 703 нафар унвони илмии дотсент.
Соли 2018 дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамагӣ 2 шурои диссертатсионии миллӣ фаъолият мекард, айни замон ин шумора ба 9 адад мерасад. Танҳо дар шаш моҳи соли равон 15 диссертатсия аз рӯйи самти илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ ва 25 диссертатсия аз рӯйи самти илмҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ҳимоя гардиданд, ки навгониҳои илмиро метавон бо мақсади рушди соҳаҳои мухталифи ҷомеа истифода кард.
Баробари ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи маориф ва илмро аз ҷумлаи масъалаҳои меҳварӣ ва афзалиятноки сиёсати дохилии худ эълон намудааст, зеро шахсони босаводу донишманд барои ҳар як давлату миллат сарвати бебаҳо, неруи тавонои зеҳнӣ ва кафили пешрафти давлату ҷомеа ба шумор мераванд.
Сармутахассиси Раёсати магистратура, аспирантура ва докторантураи (PhD) – и назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Аҳмадов Ф.М.
[1] Раҳмон Э. Уфуқҳои истиқлол. –Душанбе: “Ганҷ – нашриёт”, 2018. С.6-7.
Дар раванди пурталотуми ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддуну фарҳангҳо ҳар халқу миллат баҳри мондагории худ, талош барои нишон додани таърихи ниёконаш менамояд. Баъзан ҳолатҳое ба назар мерасад, ки на танҳо ашхоси оддӣ, балки доираҳои муайяни илмӣ, яъне бархе аз олимон ҳам кӯшиши аз ривояту афсона сохтани таърих менамоянд. Ва бе асоси таърихӣ мехоҳанд моли дигареро аз худ намоянд. Имрӯз ба қишри зиёии ҷомеа маълум аст, ки таърихсозиҳо хеле зиёд аст. Баъзан халқҳои кучманчӣ, ки дар таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ қариб, ки ҳеҷ саҳме надоранд, мехоҳанд тавассути аз худ кардани боигарии моддӣ ва маънавии миллати соҳибтамаддуне нақши хешро нишон диҳанд. Вале таърих илм асту илм бар пояи манбаъ ва далел вуҷуд дорад. Агар ба воқеияти таърихӣ назар афканем миллати тоҷик дар ҳудуди Хуросону Мовароуннаҳр (Осиёи Марказӣ) таърихи куҳану ғановатманде дорад, ки тамоми манбаъҳои муътамад аз ин шаҳодат медиҳанд. Ниёкони тоҷикон – ориёиҳо дар паҳнои Орёно (Эрон, Осиёи Марказӣ ва Афғонистон) ба тамаддуни бузурги шаҳрнишинӣ асос гузоштаанд, ки аз ҷумлаи аввалин тамаддунҳо дар таърихи башар эътироф шудааст.
Тамаддуни ориёӣ минбаъд густариш ёфта, дар ғарб то Аврупо ва дар шарқ то Ҳиндустон паҳн шуд. Ҳамагон шоҳидем, ки бо талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2006 – «Соли тамаддуни ориёӣ» эълон гардид, ки ҳадаф аз ин огаҳ намудану бедор кардани ҳисси миллии насли наврас ва ҷавони кишвар буд. Дар ростои исбот ва эътирофи тамаддуни ориёӣ – ҳамчун тамаддуни ниёкони тоҷикон аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон иқдому ташаббусҳои зиёд дар амал татбиқ гардид. Вале мутаассифона имрӯз ҳам ашхосе дар ҷомеа аст, ки баъзан ба сафсата ва ҳарзагӯиҳои баъзе олимони сохтаи хориҷӣ бовару эътимод дорад. Имрӯз насли миллат бояд донад, ки ватани таърихии ниёкони ӯ кадом ҳудудҳо буд ва чи унвоне дошт. Албатта, ин донистанҳо на ба хотири аз нав ба даст овардани сарзамини ниёкон аст, балки дарси ибрат гирифтану шинохти воқеии миллат мебошад.
Яке аз масъалаҳое, ки муддати солҳои охир боиси сару садоҳои зиёд ҳам гардидааст, мафҳуми «Турон» ва маънову ҳудуди ҷуғрофии он аст. Дар солҳои охир баъзан сару садоҳои халқҳои ҳамҷавор, махсусан баъзе доираҳои илмӣ ин мафҳумро ба халқи турк мехоҳанд шабеҳ додан мехоҳанд.
Имрӯз дар асоси манбаъҳои таърихӣ насли наврасу ҷавони мо бояд донад, ки аслан мафҳуми Турон дар ду маънӣ ба вуҷуд омадааст: якум, Тӯр – номи фарзанди Пешдодӣ; дуюм, он пасванди нисбат ва макон. Ҳамчунин, мафҳуми тура дар китоби Авесто ба маънои тавоно, пурзӯр ва қудратманд омадааст. Дар манбаъҳои таърихӣ – «Динкард», «Таърихи Табарӣ»-и Муҳаммад Ҷарири Табарӣ, «Сурат-ул-арз»-и Мӯсои Хоразмӣ, «Таърихи паёмбарон ва шоҳон»-и Ҳамзаи Исфаҳонӣ, «Осор-ул-боқия» ва «Ат-Тафҳим»-и Берунӣ, «Мӯъҷам-ул-булдон»-и Ёқути Ҳамавӣ «Осор-ул-вузаро»-и Сайфиддини Уқайлӣ ва «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ омадааст, ки тамоми ҳудуди Эронзамин (Орёно) аз ҷониби яке аз подшоҳони пешдодӣ – Фаридун дар байни се писараш Салм, Тӯр ва Эраҷ тақсим карда мешавад.
Ҳамчунин, масъалаи сарзамини Тӯр ва маънои он дар осори донишмандоне монанди В.В. Бартолд, А.А. Стариков, В.И. Абаев, Йозеф Маркварт, Ричард Фрай, Нюберг, Иброҳими Пурдовуд, Алиакбари Нафисӣ, Нодир Баёт, Забеуллоҳ Сафо, Эраҷ Баширӣ, Қаҳҳори Расулиён, Иброҳим Умарзода мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтааст. Мувофиқи маълумоти Фирдавсӣ шоҳи пешдодӣ Фаридун ҷаҳонро миёни фарзандони худ тақсим намуд. Минбаъд ҳудуди ба писараш Тӯр бахшида бо унвони сарзамин Тӯр ва Тӯрон маъмул гардид.
Донишманд ва мутафаккири асримиёнагии тоҷик Абӯрайҳони Берунӣ навиштааст, ки «пораи машриқе, ки андар ӯ турк ва Чин аст, писрашро дод Тӯр». Ба ақидаи Ёқути Ҳамавӣ Тӯрон кишвари Мовароуннаҳр аст. Нюлӣ иброз медорад, ки тӯрониён дар сарзини миёни Кобулистон, Зобулистон ва Кӯли Ҳомун дар Сиистон маскун буданд. А.А. Стариков дар мақолааш «Тӯрониён аслан киҳоянд ва кишвари онҳо дар куҷост?» зикр менамояд, ки «Бешубҳа ватани онҳо дар шимоли шарқи Эрон буда, сарҳадаш ба дурустӣ нишон дода шудааст: Ҷайҳун. Аз ин лиҳоз, Тӯрон ва Варорӯд».
Муҳаққиқи эронӣ Нодир Баёт дар китоби худ таҳти унвони «Муҳоҷирони Тӯронзамин» зикр менамояд, ки «Сарзамини Тӯрон ба таври доим маскани мардуми эронзабоне буд, ки аз бомдоди таърих дар ин ҷо ба фалоҳат ва тиҷорат иштиғол доштанд ва аз назари фарҳанг ва тамаддун ба маротиб аз ақвоми саҳрогарди ҳамнажоди ориёӣ дар сатҳе болотар қарор доштанд». Маркварт тӯрониёнро массагетҳо номидааст, ки онҳо ба гурӯҳои ориёиҳои шарқӣ шомил буданд. В.И. Абаев бошад, тӯрониёнро бо қабилаи скифҳо (онҳо низ ориёианд) як шумурдааст. Ҳусейн Шаҳидии Мозандаронӣ дар «Фарҳанги «Шоҳнома» зикр менамояд, ки «Тӯрониён яке аз шуъбаи нажоди ориёӣ ё эронӣ буданд, ки аз ҳайси фарҳанг ва тамаддун пойинтар аз эрониён қарор дошта ва марзи Эрону Тӯрон он сӯи рӯди Сайҳун буд».
Донишманди маъруфи эронӣ Забеуллоҳ Сафо дар такя ба китоби Авесто иброз менамояд, ки «Ҳамин таҳқиқ моро мусоидат менамояд, ки нажоди тӯрониро шуъбае аз нажоди ориёни эронӣ бидонем ва хатти батлон дар тамоми ишороте, ки дар бораи турк донистани тӯрониён шудааст, бикашем».
Эраҷ Баширӣ дар китоби «Турк ва тӯр дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ» дар асоси Шоҳнома зикр менамояд, ки аз истилоҳи Тӯрон ба турк ҳеҷ алоқамандие надорад ва Эрону Тӯрон минтақаи бузурги ақвоми эронӣ ҳастанд, ки имрӯз номҳои форс, тоҷик ва ё баъзе қавмҳои дигари эронитабор ёд мешаванд ва Эрону Тӯрон ватани аслӣ ва таърихии эрониён ва тоҷикон мебошанд.
Мушкилот дар он аст, ки имрӯз туркон ҳам тӯрониёнро ба таърихи аҳди бостонии хеш марбут медонанд. Махсусан, пантуркистон дар асоси ин мехоҳанд Осиёи Марказиро ҳамчун ҷойгоҳи бостонии туркон нишон диҳанд. Аз маводди таърихӣ бармеояд, ки даъвои онҳо беасос буда, ватани таърихи ақвоми турктабор на Осиёи Марказӣ, балки Олтой ва Сибир ба шумор мерафт.
Ҳақ бар ҷониби муаррихи тоҷик Қаҳҳори Расулиён аст, ки Тӯронро як ҷузъи Эронзамин гуфта, онро сарзамини бостонии ақвоми ориёӣ номидааст. Воқан, ориёҳо аз рӯи касбу кор ва усули зист ба ду гурӯҳ ҷудод мешуданд: ориёҳои бумӣ ва ориёиҳои тӯронӣ. Баъзе аз олимони турктабор маҳз ҳамин умумияти зисту касбу кори тӯрониёнро бо аҷдоди хеш, ки аслан кучманчӣ ва чорводор буданд ба инобат гирифта, асли хешро ба тӯрониён бурда мерасонанд. Ҳатто дар қадимтарин фарҳанги туркӣ «Девони луғот-ат-турк»-и Қошғарӣ ниёи бузург ва паҳлавони ақвоми турктабори Осиёи Марказӣ Тунко Олбор бо Афросёб як дониста мешавад.
Новобаста аз талошҳо ва аз ривоят таърихсозиҳои баъзе доираҳои мухталифи олимони турктабор тамоми манбаъҳои дар боло зикргардида шаҳодат аз он медиҳанд, ки Тӯрон сарзамин ниёкони тоҷикон ва тӯрониҳо мардумони ориёӣ буданд, ки минбаъд дар таърихи тамаддуни минтақа нақши боризи худро гузоштаанд. Аз ҷониби тӯрониён (ориёиҳо) минбаъд давлатҳои тавоно ва қудратманде чун Кушониёну Ҳайтолиён дар ҳудуди Осиёи Марказӣ таъсис дода шуд, ки яке аз саҳифаҳои муҳимми таърихи давлатдории ниёкони тоҷиконро ташкил медиҳад. Барои хонандаи закӣ ва нуқтасанҷ танҳо «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ басанда аст, ки воқеиятро дарк намояд. Маҳз аҳаммияти ҳамин осори таърихиро ба инобат гирифта, акунун он ба ҳар хонадони кишвар тақсим карда мешаванд. Ин иқдом идомаи ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри шинохти ҳақиқати таърихӣ аз ҷониби қишрҳои мухталифи кишвар аст.
Шарифзода Ҷамолиддин – н.и.т., дотсент
Ба истиқболи 33-умин солгарди
Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар таърихи 30.05.2024 дар Кохи Ваҳдат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун анъанаи накӯ бо аҳли илми кишвар мулоқоти самимию судманд анҷом доданд.
Ҳадафи мулоқотро Пешвои миллат ҳолати кунунии рушди илм ва дурнамои он, масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзӣ, ташаккули тафаккури техникӣ, дастгирии ташаббусҳо дар самти ихтироъкорӣ, инчунин сифат ва самаранокии тарбияи кадрҳои илмӣ дар кишвар маънидод кардаанд.
Ҳукумати Тоҷикистон илмро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа дониста, бо мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм ҳамаи имкониятҳоро муҳайё намудааст.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки аҳли илми кишвари мо дар 33 соли соҳибистиқлолӣ дар таҳкими давлатдории навини тоҷикон, муаррифии таъриху фарҳанги миллӣ, адабиёти оламшумул ва санъату ҳунар саҳми муносиб гузоштаанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми олимонро дар омӯзишу таҳқиқ назаррас арзёбӣ карда, иброз доштаанд, ки олимони тоҷик таҳқиқотҳои арзишманд ба анҷом расонидаандва имрӯз бе илму инноватсия, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ қадаме ба пеш гузошта намешавад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи суханронии худ қайд намудаанд, ки дар давраи соҳибистиқлолӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоии кишвар, аз ҷумла дар соҳаи илму маориф аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва сармояи хориҷӣ беш аз 1400 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 36 миллиард сомонӣ, амалӣ карда шудааст. Ҳоло дар мамлакат боз 724 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии152 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст, ки аз ин шумора даҳҳо лоиҳа ба соҳаи илм равона гардидааст.
Доир ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Ҳукумати мамлакат дар шароити бисёр мураккаби иқтисодиву молиявии солҳои 90-ум на фақат ҳамаи муассисаҳои Академияи илмҳо ва академияҳои соҳавиро устувор нигоҳ дошт, балки дар сохтори онҳо даҳҳо пажӯҳишгоҳ ва марказҳои нави илмиву таҳқиқотиро таъсис дод.
Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат аз соли 2001 то соли2019 дар сохтори Академияи миллии илмҳо бо роҳи азнавташкилдиҳӣ муассисаҳои нави илмиву таҳқиқотӣ – пажӯҳишгоҳҳои масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология, иқтисод ва демография, фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ, Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ, Маркази илмии Хатлон, Маркази Синошиносӣ дар назди Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ таъсис дода шудаанд.
Ҳамчунин, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуданд, ки таъсиси пажӯҳишгоҳи омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо, Маркази мероси хаттӣ, Маркази инноватсионии рушди илм ва технологияҳои нав, Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионӣ ва Маркази омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон аз ҷумлаи дастовардҳои ҳамин давра мебошанд.
Барои тақвияти заминаҳои моддиву техникии илми ватанӣ аз соли 2001 то соли 2019 1 миллиарду 607 миллион сомонӣ ҷудогардида, сохтори Академияи илмҳо мукаммал гардонида шуда, соли 2020 он ба Академияи миллии илмҳо табдилдодашудааст.
Маблағгузорӣ ва ҳавасмандсозиҳои дигари давлатӣ барои соҳаи илм яке аз масъалаҳои асосӣ мебошад, ки Ҳукумати мамлакат ба он таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир менамояд ва онро бо дарназардошти имкониятҳои буҷет сол ба сол зиёд карда истодааст. Маблағгузории соҳаи илм танҳо дар соли 2024-ум ба225 миллион сомонӣ расонида шуд, ки назар ба соли2023-юм 45 миллион сомонӣ зиёд мебошад ва имрӯзҳо Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон узви баробарҳуқуқи даҳҳо муассисаи бонуфузи илмии ҷаҳонӣ мебошад.
Боз ҳам, ҷиҳати беҳтар гардидани нуфузу манзалати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки, ки зарурати ислоҳоти ҷиддӣ, аз ҷумла таҷдиди сохтории Академияи миллии илмҳо ва муассисаҳои илмиву таҳқиқотии он ба миён омадааст.
Бинобар ин, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳоро вазифадор кардаанд, ки дар асоси талаботи нав ва бо мақсади мутобиқ сохтан ба меъёрҳои байналмилалӣ, инчунин, баланд бардоштани сатҳу сифати илм гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда дар муҳлати се моҳ доир ба ин масъала пешниҳоди мушаххас манзур карда шавад.
Дар мулоқот бо аҳли илми кишвар, Сарвари давлат андешаҳои созандаи худро доир ба дурнамои рушди илм, маориф, беҳтар намудани омӯзиши илмҳои табиӣва риёзиву дақиқ, ташаккул додани тафаккури техникӣ, вусъат бахшидан ба навовариву ихтироъкорӣ, бурду бохти раёсат ва институтҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академияҳои соҳавӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, сохторҳои онҳо ва сатҳу сифати тарбияи кадрҳои илмӣ, баён кардаанд.
Мо олимон низ минбаъд бояд барои расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат, таъмини рушди босуботи мамлакат, пешрафти соҳаҳои мухталифи он, хусусан, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ саҳмгузор бошем.
Инчунин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастоварду муваффақият ва камбудиву норасоиҳоро баррасӣ карда, вазифаҳоро барои пешрафти минбаъдаи илм ва таҳкими робитаи он бо истеҳсолот мушаххас сохтанд. Дар ин самт Вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, маориф ва илм, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, Академияи миллии илмҳо ва Академияи илмҳои кишоварзиро вазифадор кардаанд, ки барои баланд бардоштани ҳавасмандии кормандони соҳаи илми мамлакат механизмитатбиқи натиҷаҳои коркардшудаи рисолаҳои илмиро дарёфт ва ба рушди иқтисодиёти мамлакат равона созанд.
Дар навбати худ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба талошҳову ташаббусҳо ва ғамхории ҳамешагии Ҳукумати кишвар нисбат ба аҳли илм суханронии худро давом дода, дар мулоқоти худ бо аҳли илми кишвар барои пешрафти кори олимону зиёиёни ҷумҳурӣ имтиёзҳову ҳавасмандиҳои навро пешниҳод намудаанд.
Ба самъи аҳли илми кишвар расонида шуд, ки маоши миёнаи кормандони Академияи миллии илмҳо соли 2003-ум ҳамагӣ45 сомонӣ буд ва соли 2023 ба 2438 сомонӣ расонида шудааст, яъне қариб 54 баробар афзоиш дода шудааст. Аз ҷумла, бо дастури бевоситаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи июли соли 2024 музди меҳнати кормандони саҳои илм ва маориф 40% зиёд карда шуд.
Илова бар ин, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайднамуданд, ки ба шахсоне, ки таҳқиқоти арзишманди илмӣ анҷом дода метавонанд, эътибори аввалиндараҷа ва доимӣ дода истодаем ва олимоне, ки ихтирооташон дар истеҳсолоти ватанӣ ҷорӣ мешаванд, ба мукофотҳои давлатӣ пешниҳод карда мешаванд.
Ба хотири ҳавасмандгардонии олимон ва пешрафти илму маориф дар кишвар унвонҳои фахрии Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон ва Корманди шоистаи Тоҷикистон таъсис дода шудаанд. Бар замми ин, Ҷоизаи Президенти Тоҷикистон дар соҳаи маориф, ҷоизаҳои давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаҳои илм ва техника, Ҷоизаи давлатӣ барои олимону омӯзгорони фанҳои табиӣ ва риёзӣ, ҷоизаҳои давлатии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон таъсис дода шудаанд.
Сарвари давлат дар самти беҳтар намудани сифати таълим ва рушди илм, махсусан илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва риёзӣ, дар кишвар як қатор тадбиру чорабиниҳоро роҳандозӣ намудаанд. Дар мулоқоти навбатӣ бо аҳли илм Роҳбари давлат ба таври равшану возеҳ ва бо таҳлилҳои дақиқ оид ба мавқеи илму маориф, талабот нисбат ба тарбия ва таълим, аз худ кардани илмҳои бунёдӣ ва арҷгузорӣ ба таърихи миллат сухан гуфта, ба аҳли илм чунин иброз доштанд: “Бовар дорам, ки олимони мо чун ҳамеша рисолати худро дар назди миллату давлат бо садоқати баланди ватандорӣ иҷро намуда, дар ҳифзи дастовардҳои истиқлол, муқаддасоти миллӣ таҳкими хотираи таърихиву фарҳангии миллати тоҷик ва муаррифии шоистаи Ватани азизамон – Тоҷикистон саҳми арзишманди худро мегузоранд.
Президенти мамлакат ба олимон ва зиёиёни кишвар барори кор хоста, изҳори бовар карданд, ки онҳо дар оянда низ бо масъулияти баланди шаҳрвандӣ дар роҳи рушди илму маориф қадамҳои устувор гузошта, нерӯи худро ба пешрафти боз ҳам бештари ин соҳаҳо равона месозанд.
Умуман, мулоқоти навбатии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илми кишвар заминаи бузурги ақлониву маънавӣ, пояи иттиҳоду иттифоқ ва ҳамкорӣ мебошад. Бо вуҷуди он ки илми тоҷик рушди устувор дорад, тадқиқот дар самти фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиатшиносӣ, технологияҳои иттилоотӣ авлавият дорад ва таваҷҷуҳи аввалиндараҷа аз ҷониби Роҳбари давлат ва Ҳукумати кишвар зоҳир карда мешавад.
Чуноне, ки дар интиҳои мулоқот Пешвои миллат ба мардуми шарифи Тоҷикистон, бахусус, ҷавонони бонангу номуси он муроҷиат карданд: “ .... мо ҳаргиз набояд ба умеди дигарон бошем. Мо бояд ҳамеша ба имконоту неруи худ такя кунем, Ватани биҳиштосоямонро сидқан дӯст дорем, заҳмат кашем, кишвари маҳбубамонро бо дастони хеш ва бо нерӯи зеҳнии худамон боз ҳам обод кунем, ба якдигар ғамхору меҳрубон бошем, ҳамдигарро дар лаҳзаҳои душвору вазнин дастгирӣ намоем. .... Мо бояд дилпур бошем, ки ояндаи давлати тоҷикон дурахшон аст”.
Комрон Қудратов - мудири шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои таърих
Боиси ифтихори бузургу саодати азим аст, ки дар таърихи 13 августи соли 2024, зимни баргузории Иҷлоси 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид(СММ) қатъномаи ҷадиде таҳти унвони «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, солҳои 2025-2034» бо иттифоқи оро қабул гардид. Даҳсолаи мазкур ташаббуси 6-уми ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Фаронса пешбарӣ гардидааст.
Бо қабул гардидани ин қатънома солҳои2025-2034 ҳамчун Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, бо мақсади пешбурди ҳамкориҳои илмии сатҳи ҷаҳонӣ ба вежа тавассути баргузории тадқиқоту мониторинги илмии алоқаманд ва инчунин, талошҳои рушди устувор дар доираи сохтору захираҳои мавҷуда ва саҳмҳои ихтиёрӣ барои ҳалли масоили марбут бакоҳишёбӣ (деградатсияи) пиряхҳо ва тағйирот дар криосфера эълон гардиданд.
Зеро ба андозаи 1,5°С афзудани ҳарорати ҳавои наздизаминӣ, яъне гармшавии глобалии иқлим, олимону коршиносон пешгӯӣ мекунанд [1], ки ҳадди ақал нисфи пиряхҳои имрӯза то соли 2100 аз байн мераванд. Аз соли 1990 инҷониб дар лавҳаи азими яхбандии Гренландия 4,890 млрд тонна (Гт) ва давоми солҳои 1992-2020 дар майдони бузурги яхистони Антарктика 2,670 Гт об шудани ях далели бармалои коҳишёбии пиряхҳо дар навоҳии қутбии сайёраи Замин аст. Бо чунин миқдори бағоят бузург обшавии пиряхҳо дар манотиқи Арктика ва Антарктика пайомадҳои ногувор дорад ва зиёда аз ин, дар тӯли 30 сол4 маротиба афзудааст. Дар баробари ин, гузориши махсуси Гурӯҳи коршиносони байниҳукуматӣ оид ба тағйирёбии иқлим (ГКБТИ) оид ба уқёнус ва криосфера дар раванди тағйирёбии иқлим [2], гузоришҳои ГКБТИ дар солҳои 2021 (Асосҳои илмии физикӣ) [3] ва2022 (Таъсирот, мутобиқшавӣ ва осебпазирӣ) [4], ҷомеаи ҷаҳониро водор менамояд, ки дар бораи босуръат обшавии пиряхҳо, камшавии яхбандиҳои доимӣ ва инчунин, пайомадҳои хатари ногувори он тадбирҳои мушаххасу саривақтӣ андешад. Чунки раванди мазкур бо тавъам омадани гармшавии глобалии иқлим ва афзоиши партови газҳои гулхонаӣ вусъат ёфта, оқибатҳои хеле бад дорад. Аз ин рӯ, инсон наметавонад бидуни кӯшишҳои босуръат оид ба коҳиш додани таъсири гармшавии иқлим ва кам кардани партови газҳои гулхонаӣ ба атмосфера раванди обшавии пиряхҳо ва камшавии майдони яхбандиҳои доимиро дар асри ҷорӣ боз дорад.
Ҳарчанд оқибатҳои тағйирёбии иқлим дар криосфера дар сатҳҳои маҳаллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ пайомадҳои манфии экологӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ доранд, сабаби асосии он пеш аз ҳама фаъолият ва таъсироти бевоситаи инсон дар берун аз ин минтақаҳо мебошад. Тағйироти мазкур метавонад барои хатари офатҳои табиӣ, экосистемаҳо ва одамон оқибатҳои бебозгашт дошта бошад ва ҳамзамон, ба амнияти обию озуқавории беш аз 2 миллиард нафар аҳолии кураи арз таъсири бевосита дорад. Зиёда аз ин, коҳишёбии ҷузъҳои ҷудогонаи криосфера, бахусус пиряхҳову яхбандиҳо дар Гренландия ва Антарктида, барои 50% баланд шудани сатҳи баҳрҳо ҳиссаи бевосита дошта, ба доман густурдани гармшавӣ дар уқёнусҳо низ таъсири мустақим доранд.
Бинобар ин, дар шароити имрӯза гузаронидани тадқиқотикомилан нави илмӣ оид ба қутбҳо ва пиряхҳо барои беҳтар фаҳмидани аҳамият ва оқибатҳоионҳо дар раванди гармшавии глобалии иқлим барои инсоният бағоят муҳим аст. Маҳз бо назардошт ин нукта Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш дар ҷаласаи ифтитоҳии Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» иброз намуданд, ки «ба мақсади тақвияти минбаъдаи ин масъалаи муҳим мо якҷо бо шарикони худ тасмим гирифтем, ки лоиҳаи қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳидро оид ба эълони Даҳсолаи илмҳои қутбшиносӣ ва яхшиносӣ пешбарӣ намоем» [8]. Аз ин рӯ, ҷомеаи ҷаҳониро зарур аст, ки кӯшишҳо ва ҳамкориҳои муштаракро ҷиҳати омӯзишу пажӯҳиши навоҳии қутбӣ ва пиряхҳои онҳо бештару мунтазам гардонад, то ба ин бӯҳрони дарпешистода дуруст мубориза барад. Барои ин, зарурати дарёфт намудани имконоти нав оид ба мустаҳкам гардонидани ҷамъияти илмӣ ва вусъат бахшидани тадқиқоти илмӣ аҳамияти бағоят бузург дорад.
Дар ин маврид бояд тазаккур дод, ки барои ҳалли мушкилоти марбут ба криосфера, Солҳои байналмилалии қутбӣ (Соли якуми байналмилалии қутбӣ, 1882-1883; Соли дуюми байналмилалии қутбӣ, 1932-1933; Соли сеюми байналмилалии қутбӣ, 1957-1958 ва Соли чоруми байналмилалии қутбӣ, 2007-2008) [6] таъсис ёфта, барои пешбурди кӯшишҳои муштараки байналмилалӣ дар минтақаҳои қутбӣ як қатор корҳои илмӣ ва амалӣ ба анҷом расонида шудаанд. Ҳамчунин, пас аз анҷоми Соли чоруми байналмилалии қутбӣ ва гузаронидани тадқиқот оид ба иқлим, атмосфера, уқёнус ва масоили марбут ба биосфераю экологияи ноҳияҳои қутбӣ пешниҳод гардид, ки соли 2012 ва сипас соли 2015 Даҳсолаи байналмилалии қутбӣ баргузор карда шавад. Вале Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ (СҶО) ҳамчун ташабускори тадқиқот дар Арктикаю Антарктика ва сарпарастии солҳои байналмилалии қутбӣ дар ҳарду маврид ҳам пешниҳоди мазкурро рад намуд [6, 7]. Маврид ба зикр аст, ки «сол»-и сеюм, Соли байнамилалии геофизикӣ ном гирифта, ҳам аз ҷиҳати шумораи иштирокчиён ва ҳам аз ҷиҳати фарогирии мавзуъҳо миқёси васеъ дошта, яке аз дастовардҳои муҳимми он ошкор намудани сӯрохиҳои озонӣ дар фазои Антарктида мебошадд.
Хушбахтона, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун сарвари хирадманду дурандеш ва ташаббускори ғояҳои ҷаҳонии обу иқлим ва дар маҷмӯъ, масоили муҳимми глобалии экологӣ ҷаҳду талош намуданд ва аҳамияти умумисайёравию умумиинсонӣ доштани улуми қутбшиносӣ ва яхшиносиро нишон диҳанд. Зеро Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо кишварҳову созмонҳои байналмилалӣ барои тақвияти мавзуи об дар Рӯзномаи ҷаҳонии иқлим нақши назаррас дорад ва ин нуктаро каломи Президенти кишвар бармало менамояд: «пуштибонии ташаббусҳои Тоҷикистон дар самти обу иқлим аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ тавассути 10 қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҷассумгари нақши фаъол ва калидии кишвари мо дар пешбурди рӯзномаи обу иқлим дар сатҳи байналмилалӣ мебошад» [8].
Дар меҳвари ташаббуси «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, солҳои 2025-2034» қабл аз ҳама ноил шудан ба ҳадафҳое, чун баланд бардоштани сатҳи амният дар фазои қутбӣ, ба танзим даровардани боркашонӣ тавассути Арктика, рушди туризм дар навоҳии қутбӣ, дастгирии омӯзишу пажӯҳиш оид ба пиряхҳо ва қутбҳо, пурзӯр намудани ҳифзи ҳудудҳои муҳофизатшавандаи баҳр, таҳияи барномаҳои тадқиқотӣ бо иштироки ҷомеаҳои маҳаллӣ ва ғайра қарор дорад. Зеро дар асоси натиҷаҳои гузориши Идораи СММ оид ба маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) ва Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат таҳти унвони «Пиряхҳо дар ҷойҳои мероси ҷаҳонӣ» дар мавриди обшавии босуръати пиряхҳо омадааст, ки то соли 2050 пиряхҳои объектҳои мероси ҷаҳонӣ, ки дар сеяки онҳо пиряхҳо мавҷуданд, аз байн мераванд. Дар тақвияти ин, дар эъломияи Нишасти қутбии «Як cайёра» (Париж, 8 ноябри соли 2023) [5] зикр шудааст, ки дар Африқо, Амрико, Осиё, Аврупо, Уқёнусия ва Антарктида таназзулёбии бебозгашти ~200 000 пирях мушоҳида гардида, танҳо дар зарфи солҳои 2021-2022 суръати обшавии яхҳо нисбат ба даҳсолаи қаблӣ ба ҳисоби миёна 20% зиёдтар будааст.
Дар баробари ин, дар доираи Соли сеюми байналмилалии қутбӣ ва ё Соли байнамилалии геофизикӣ ҳолати пиряхҳо Арктика ва тамоюли динамикии онҳо давоми солҳои охир мавриди таҳлилу муқоиса карор гирифт. Таҳлили маълумотҳои тавозуни массаи пиряхҳо дар навоҳии арктикии Канадаю Россия, ҷазираҳои Шпитсбергену Гренландия ва нимҷазираи Скандинавия нишон медиҳад, ки обшавии ях дар айни замон на танҳо аз тавозуни массаи сатҳии пиряхҳо (ташкилдиҳандаи иқлимӣ), балки аз афзоиши маҷрои оби ях ба баҳр (ташкилдиҳандаи динамикӣ) низ вобаста мебошад. Тибқи мушоҳидаи олимон [7], давоми солҳои 1961-2005 ҳаҷми ях дар пиряхҳои Арктика 66,1 км3 коҳиш ёфтааст, ки ин ба 0,18 мм/сол баландшавии сатҳи оби баҳр баробар аст. Ҳамзамон, аз рӯйи ҳисобҳои олимон, нобудшавии холиси ях дар Арктика 70% бо камшавии массаи сатҳӣ (таъсироти иқлимӣ) ва 30% бо маҷрои оби ях баҳр (хисороти динамикӣ) алоқаманд мебошад.
Аз таҳлили робитаи эмпирикии байни ҳаҷм ва масоҳати пиряхҳои Арктика муайян карда шудааст, ки аз соли 1952 то соли 2001 пиряхҳо се ҷазираи арктикии Россия, чун Замини Франс-Иосиф, Замини Шимолӣ ва Замини Нав тақрибан 250 км3ё 1,6% массаи асосии худро гум кардаанд. Бо назардошти ин далелҳо ва буҳронҳои климатологию глятсиологӣ дар навоҳии қутбии кураи арз, зимни қабули қатъномаи «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, солҳои 2025-2034» аз ҳама кишварҳои узви СММ, ташкилотҳои дахлдори низоми он ва дигар созмонҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва зерминтақавӣ, мардуми бумӣ, инчунин дигар ҷонибҳои манфиатдор, аз ҷумла аҳли илм, ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахши хусусӣ ва шахсони алоҳида даъват ба амал оварда шудааст, ки дар ҳама сатҳҳо тавассути пешбурди фаъолияте, ки ба баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи даҳсола ва аҳамияти пиряхҳо, барф ва ях дар низоми иқлим ва давраи гидрологӣ, инчунин таъсири иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологии он ва тағйирот дар криосфера мусоидат менамоянд, табодули таҷриба ва донишҳои беҳтаринро ба роҳ монанд.
Ҳамзамон, дар он бо такя ба қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ A/RES/77/158 – «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, 2025», ки қаблан бо ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардида буд, аз ҳукуматҳо, ташкилотҳои байниҳукуматию ғайриҳукуматӣ, дигар ҷонибҳои манфиатдор вашарикони рушд даъват ба амал оварда шудааст, ки ба Фонди байналмилалии мақсаднок оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки аз ҷониби Дабири кулли СММ дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои дахлдори он, аз ҷумла ЮНЕСКО ва СҶО мудирият мешавад ва барои дастгирии кишварҳо дар ҳалли масоили марбут ба обшавии босуръати пиряхҳо ва оқибатҳои он мусоидат менамояд, саҳмгузор бошанд.
Дар ин қатънома аҳаммияти ташаббусҳои марбут ба криосфера барои ноил гардидан ба Ҳадафҳои рушди устувор ва татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» дарҷ ёфта, аз ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Конфронси байналмилалӣ бахшида ба ҳифзи пиряхҳо дар Душанбе дар соли 2025 истиқбол карда шудааст. Тавре зикр гардид, ташаббуси қабули қатъномаи «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, солҳои 2025-2034» аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баргузории Конеренсияи сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» (Душанбе, 11 июни соли 2024) пешниҳод гардида, Пешвои миллат аз кишварҳои узви СММ даъват ба амал оварданд, то аз иқдоми аҳамияти ҷаҳонидошта пуштибонӣ намоянд [8]. Ва ҳамин аст, ки дар баробари Тоҷикистон ба ҷониби ташаббуси мазкур кишварҳое, чун Австралия, Белгия, Булғория, Чили, Кипр, Хорватия, Фаронса, Олмон, Италия, Ҷопон, Марокаш, Мозамбик, Нидерланд, Покистон, Перу, Сингапур, Кореяи Ҷанубӣ, Испания, Швейтсария, Британия, Уругвай ва ғайра ҳамроҳ гардиданд. Ҳамчунин, пешбарии ин ташаббус яке аз натиҷаҳои Нишасти қутбии «Як cайёра» (Париж, 8 ноябри соли 2023) низ ба ҳисоб меравад.
Зимни баргузории Нишасти қутбии «Якcайёра» [5] даъват ба амал оварда шуд, ки ҳамкорҳои байналмилалӣ ҷиҳати коҳиши партовҳои газҳои гулхонаӣ, тақвият бахшидани тадқиқоти илмӣ дар криосфера вавусъат додани ҳамгироии беҳтари оқибатҳои коҳишёбии криосфера дар таҳияи сиёсатҳо, бештару беҳтар гардонида шаванд. Зеро мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки давоми 40 соли охир ҳарорат дар Арктика аз қимати миёнаи ҷаҳонӣ 4 маротиба бештар афзуда, дар тӯли 45 соли охир яхҳои баҳрии ин минтақа бо суръати баланд коҳиш меёбанд ва дар моҳи сентябри соли 2023 ба ҳадди панҷумин пасттарини яхбандӣ расидаанд. Дар Уқёнуси ҷанубӣ бошад, моҳи феврали соли 2023 хурдтарин қимати яхбандӣ ба қайд гирифта шуд, ки то ин давра ягон маротиба мушоҳида нагардида буд.
Маҳз бо назардошти буҳрони амиқи глятсиологӣ ва криосферӣ, дар рафти қабули эъломияи Нишасти қутбӣ СММ ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба «Даҳсолаи илмҳои қутбшиносӣ ва яхшиносӣ» комилан ҷонибдорӣ ва дастгирӣ ёфт. «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, солҳои 2025-2034» аз соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» оғоз гардида, дар доираи он Соли панҷуми байналмилалии қутбӣ (солҳои 2032-2033) гузаронида мешавад, ки он бо ЮНЕСКО, СҶО, Кумитаи байналмилалии илмии Арктика, Кумитаи илмӣ оид ба тадқиқоти Антарктика, Шурои байналмилалии илм ва дигар созмонҳои байналмилалии қутбшиносӣ ва илмӣ ҳамоҳанг карда шудааст. Зиёда аз ин, даҳсолаи мазкур барои Даҳсолаи СММ оид ба уқёнусшиносӣ барои рушди устувор (солҳои 2021-2030), ки ҳоло идома дорад, захираҳои нави бисёрҷонибаи илмию тадқиқотиро фароҳам меорад.
Ҳамин тавр, бо қабули ташаббуси шашуми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, яъне «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, солҳои 2025-2034» нақши боризи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии обу иқлим, аз ҷумла ҳифзи пиряхҳо дар арсаи ҷаҳонӣ бори дигар собит гардида, кишварҳои узви СММва ҷомеаи ҷаҳонӣ омодагии худро барои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар доираи ин даҳсола иброз менамоянд.
Сарчашмаҳо
1. Decade of action for cryospheric sciences // URL: https:// oneplanetsummit.fr/en/coalitions-82/decade-action-cryospheric-sciences-294
2. IPCC Special Report on the Ocean and Cryosphere in a Changing Climate in 2019 // URL: https://www.ipcc.ch/srocc/
3. IPCC. Climate Change 2021: The Physical Science Basis // URL: https://www.ipcc.ch/.../sixth-assessment-report-working.../
4. IPCC. Climate Change 2022: Impacts, Adaptation and Vulnerability // URL: https://www.ipcc.ch/report/ar6/wg2/
5. Paris Call for Glaciers and Poles - Declaration for the One Planet - Polar Summit // URL: https://www.elysee.fr/en/emmanuel-macron/2023/11/10/ paris-call-for-glaciers-and-poles-declaration-for-the-one-planet-polar-summit
6. The History of the International Polar Years (IPYs) // Susan Barr, Cornelia Luedecke. - Springer, 2010. - 319 p.
7. Котляков В.М. От Международного полярного года к Международному полярному десятилетию // Арктика. Экология и экономика, 2011. - №1. - С.4-19.
8. Эмомалӣ Раҳмон. Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» // URL: https://president.tj/event/speeches/37773
Номвар ҚУРБОН, муовини директор оид ба илм ва таълими Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои техникӣ, дотсент
«Истиқлолу озодӣ барои мо рамзи воқеии ифтихор аз Ватану ватандорӣ, бузургтарин имконияти давлатсозиву давлатдории мустақил, илҳомбахши азму талошҳои созанда ба хотири таъмин намудани рушди давлат, ободии Ватан, зиндагии осоиштаи мардуми Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии ҳар як оилаи кишвар мебошад».Эмомалӣ Раҳмон
Ба истиқболи 33-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамасола, санаи 9-сентябр муҳимтарин ҷашни расмӣ ва давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзи истиқлолият дар кишвари азизамон ҷашн гирифта мешавад.
Пас аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҷумҳурии мо вазъияти ноором ва муташанниҷ ба миён омада буд, ки ниҳоят ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонд. Барои халқи тоҷик он лаҳзаҳои талхро гузарондан хеле душвор буд. Ҷанги шаҳрвандӣ боиси талафоти зиёди ҷонӣ, моддӣ ва маънавии халқ гардида, давлати аз нав барпогардидаи моро торафт заиф мегардонд. Зарурати беҳтар намудани ҳолати иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва сиёсии мамлакат, таъминоти халқ бо озуқаворӣ, ташаккули оромиву осоиштагӣ дар миёни мардум ба вуҷуд омада буд. Ҳаводисҳои изтиробангези он замон водор намуд, ки доир ба таъмини бехатарии милливу давлатӣ, ташкил намудани тинҷиву осудагӣ дар миёни мардум ва барпо намудани сулҳу субот чораҳои зарур андешида шаванд. Новобаста аз он, бо саъю кушиш ва муборизаҳои ҷоннисоронаи қаҳрамонони миллати тоҷик ба соҳибистиқлолӣ, озодӣ, сулҳу осудагӣ, тараққиёти иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва сиёсии ҷомеа муваффақ шудем.
9-сентябри соли 1991 вакилони Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум ҳуҷҷати «Изҳорот дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуданд. Маҳз бо шарофати санади таърихии мазкур Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунан дар саросари ҷаҳон эълон гардид. Ҳамин тариқ, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар харитаи ҷаҳон чун давлати соҳибистиқлол акс гардид. Аз ҷумла, дар миёни кишварҳои ҷаҳон ва ташкилотҳои байналхалқӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон чун давлати соҳибистиқлол эътироф гардид.
Ба даст овардани истиқлолият имконият барои ояндаи неки миллат ва пешрафти кишвари азизамон ба сӯи ҷомеаи соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ фароҳам овард.
Хушбахтона, дар ҳамон лаҳзаҳои таърихии ногувор сарварии кишвари маҳбубамон ба дӯши фарзанди барӯманд ва фарзонаи миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гирифта мешавад.
Моҳи ноябри солии 1992 дар Қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғаффуров Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он сарвари давлатамон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.
Пас аз баргузор гаштани он иҷлосияи тақдирсоз дар сарнавишти миллати пуршарафи тоҷик озодиву пешрафти диёр, сулҳу осоиш, ваҳдати миллӣ ва пойдории давлат барпо гардид. Мардуми шарифи Тоҷикистон ба ин дастоварди бузург маҳз бо сиёсати хирадмандона ва фикру мулоҳизаҳои дурандешонаи сарвари оқилу заковатманд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муваффақ гаштааст.
Бо эълон гардидани истиқлолият Пешвои муаззами миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин суханронӣ намуданд: «Орзуи ба даст овардани мустақилияти миллӣ амалӣ гашт». Барои ба ин ҳадаф расидан сарвари давлат саъю кӯшиш ва заҳмату талошҳои зиёдеро ба ҷо овардаанд, ки аз ҷасорату ҷавонмардӣ, садоқату ростқавлӣ, матонату қавииродагӣ, масъулияти баланди ватандорӣ ва мардонагии он шахси бузург дарак медиҳад.
Бо шарофати истиқлолияти давлатӣ барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои ҳар як инсон ва шаҳрванди мамлакат 6-ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Ҳамин тариқ, рукнҳои ҳокимияти давлатӣ вусъат дода шуданд ва самтҳои рушду инкишоф муайян гардиданд. Таъсисёбии ҷомеаи озоду адолатпарвар ҳадафи олии миллат ва давлат гардид. Як қатор қонун ва меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар қабул гардида, асъори миллӣ ба муомилот баромад ва шиносномаи миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардид.
Бо мақсади барпо гардидани сулҳу оштӣ ва ваҳдату якдилӣ барои мардуми ватанхоҳу ватандӯсти тоҷик, 27-июни соли 1997 Пешвои муаззами миллат кӯшиш намуданд, ки Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардад. Чунки ваъдае ки сарвари давлат ба мардуми шарифи Тоҷикистон доданд: «Ман ба шумо сулҳ меорам, корро аз сулҳ оғоз мекунам, тамоми гурезаҳоро ба Ватан бармегардонам», то айни замон софдилона иҷро намуда истодаанд.
Бо дастоварди истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигар кишварҳои ҷаҳон ҳамкорӣ ва муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуд. 2-марти соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмони Миллали Муттаҳид ва сипас узви дигар созмонҳои бонуфузи байналмилаливу минтақавӣ ба монанди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Ҳамкории Шанхай, Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкории исломӣ ва дигарон гардид. Дар баробари он, мамлакати биҳиштосову меҳмоннавози мо мизбони як қатор конфронсу симпозиум ва форумҳои сатҳи ҷаҳонӣ мебошад. Шаъну шараф ва эътибори давлати соҳибистиқлол дар ҷаҳони мутамаддин пазируфта шуд.
Чуноне ки Пешвои муаззами миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд: «Озодӣ ва истиқлолият дар ҳар давру замон неъмати бебаҳо ва волои ҳаёти инсон, нишонаи барҷастаи симо ва ташаккули таърихӣ, кафили пешрафт, рамзи асолату ҳуввият ва шарти бақои миллат ва пойдории давлат мебошанд».
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки миллати шарифи Тоҷикистон аз хештаншиносӣ огоҳ гардида, кӯшиш менамоянд, ки дар оянда низ дастовардҳои пурарзиш ва дурдонаҳои пурқиммати ба даст овардаашонро устуворона муҳофизат менамоянд.
8-сентябри соли 2022 дар маркази пойтахт маҷмааи «Истиқлол» бунёд гардид, ки он нишонаи соҳибистиқлолӣ, пойдории давлат ва рамзи озодиву ватандӯстдориро таҷассум менамояд.
Табиати зебову дилоро, ҳавои софу беғубор, обу чашмаҳои софу шифобахш, мавзеъҳои хушманзару дилрабо, сарзамини сарсабзу хуррам ин ҳама дурдонаи диёри нозанини мо Тоҷикистони биҳиштосост.
Бигзор саодати рӯзгор, тинҷиву осудагӣ, пойдории давлат солҳои зиёд саросари кишвари азизу маҳбубамон ҳувайдо бод.
Ҳамдиёрони азизу гиромӣ, 33-юмин солгарди истиқлолияти давлатӣ ба мардуми покдилу заҳматкаш ва сулҳхоҳу ватандӯсти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад!
Аюбӣ Фируза ходими пешбари илмии шӯъбаи Таҳқиқоти институтсионалии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.
Истиқлолу озодӣ, истиқрори сулҳу суботи сартосарӣ ва ваҳдати миллӣ роҳи моро ба сӯи амалӣ гардонидани дигаргуниҳои бунёдии ҷамъиятиву сиёси боз намуд. Истиқлоли миллӣ , ҳамчунин , ба ҳайси омили муттаҳидсозандаи халқи Тоҷикистон имкони таърихие пеш овард, ки мо дар кишварамон бо такя ба арзишҳои аз ҷониби умум пазируфташуда таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандиро гузорем.
Эмомалӣ Раҳмон
Имсол мардуми шарифи Тоҷикистон 33-юмин солгарди ҷашни муқаддаси миллӣ-Истиқлолияти давлатиро дар фазои сулҳу оромӣ бо шукургузорӣ аз ин неъмати бебаҳо таҷлил менамоянд. 33-соли соҳибистиқлолӣ ва хусусан солҳои нахустини он барои миллати куҳанбунёди мо давраи бисёр мушкил ва пур аз лаҳзаҳои ниҳоят сахту сангин буд. Яъне расидан ба ин рӯзи пурсаодат, ки мардуми шарифи Тоҷикистон як марҳалаи нави таърихи навинӣ худро бо амалӣ намудани нақшаҳои азими созандагӣ ҷамъбаст менамоянд, барои миллати сарбаланди тоҷик ба осонӣ ба даст наомадааст.
9 сентябри соли 1991 дар таърихи миллати тоҷик рӯйдоди бузургу фараҳбахш ба вуқуъ пайваст. Яъне дар ин рӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти давлатии худро эълон намуд ва ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона вориди саҳнаи сиёсии ҷаҳон гардид. Маҳз аз ҳамин давра сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун муҳимтарин давраи ҳаёти сиёсӣ ба шакл гирифтан оғоз намуд.
Маҳз бо шарофати ба даст даровардани Истиқлолияти давлатӣ ба наврасону ҷавонони мо имконият фароҳам омад, ки дониш, қобилият ва маҳорати хешро дар ҳамаи самтҳо инкишоф диҳанд, ватани худро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намоянд, пешсаф бошанд ва ба сӯи ояндаи нек усуворона қадам гузоранд. Дар давраи соҳибистиқлолӣ, сарзамини бузурги мо дар тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеа аз қабили илму маориф, сиёсат, иқтисод, фарҳанг ва варзиш ба пешравиҳои зиёд ноил гардид.
Шукргузори онам, ки миллати бузурги тоҷик имрӯз соҳиби давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, ягона ва соҳибистиқлол гардидааст. Акнун халқи тоҷикро зарур аст, ки Ваҳдати миллиро баҳри ҳифзи Истиқлоли давлатӣ чун гавҳараки чашм эҳтиёт ва ҳиёз намояд. Чун Ваҳдати миллӣ аст, ки Истиқлолӣ давлатӣ ҳифз хоҳад шуд. Танҳо бо Ваҳдат ва меҳнати якдилона мо метавонем, Истиқлолияти худро ҳифз намоему ватани азизамонро ободу зебо гардонем. Бешубҳа оромиву шукӯҳи ҳар як давлату миллат бар дӯши ҳар як шаҳрванди он вобаста аст, махсусан насли ҷавон ва ояндасози миллат. Мо ҷавонон бояд хуб дарк намоем, ки оянда тақдири халқу давлати Тоҷикистони соҳибистиқлол бар дӯши мо гузошта мешавад.
Ин рисолати бузург, яъне ҳифзу обод кардан ва ба наслҳои оянда ба мерос гузоштани сарзамини аҷдодӣ ва Ватани азизи хеш масъулияти бузург дорад, ва ҳар яки моро вазифадор менамояд, ки ҳамеша ба хотири таҳкими Ваҳдати миллӣ, пойдориву устувории давлати соҳибихтиёри худ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарастӣ кӯшишу талош намоем. Инчунин барои устувор намудани пояҳои Истиқлолияти миллӣ ва бунёди давлати пуриқтидори демократӣ ва эҳёи дурахшонтарин арзишҳои тамаддуни бузурги ниёгонамон масъулияти бузурге бар дӯш дошта бошем.
Комрон Бобоев – ходими калони илмии шуъбаи илмӣ-таҳқиқотӣ, таълиму омӯзиш ва хизматрасониҳои техникии Агенти амнияти ХБРЯ-и АМИТ
Ба тасвиб расидани фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 30 декабри соли 2023 №668 дар бораи “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намудани «Соли 2024” хеле бамаврид буда, барои рушди ҳамаҷонибаи кишвари соҳибистиқлоли мо ҳамчун қутбнамо хизмат менамояд.
Чунончӣ, сарвари давлат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ” аз 28 декабри соли 2023 қайд карданд: “Дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калидӣ дорад ”.
Имсол, ки аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 30-сол сипарӣ мегардад, бояд аз нақши ин санади олии ҳуқуқӣ дар таъмини сулҳу субот, барқароршавии сохти Конститутсионӣ ва нуфузи давлат дар арсаи байналмилалӣ ёдовар шуд. Воқеан ин санади олӣ ва шиносномаи миллат тавонист давоми фаъолияти хеш ҷомеаро ба маҷрои осоишта ва баробарҳуқуқиро дар кишвар таъмин намояд. Дар ин замина барои рушди соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва фарҳангу маънавиёт шароити мусоид фароҳам овард. Аз ин рӯ, баҳри ҳифзи ин санади ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани маърифати хуқуқии аҳолӣ ба таври мунтазам ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо аҳолӣ яке аз шартҳои асосӣ мебошад, то ки шаҳрвандон ба моҳият ва нақши ин санади олии ҳуқуқӣ, яъне Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷомеаи эътибори ҷиддӣ бидиҳанд.
Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни таҳияи лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо изҳор доштанд, ки ҳуқуқи инсон бояд яке аз қисмҳои муҳимтарини Конститутсияи нави мо бошад. Сарвари давлат таъкид карданд, ки ҳуқуқи инсон масъалаи муҳим аст ва "ҳоло онҳо дар маркази таваҷҷӯҳи тамоми ҷаҳон қарор доранд, бахусус дар таъсиси кишварҳои мутамаддин ва пешрафта".
Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар арзишҳои умумиинсонӣ, аз ҷумла гуногунандешии сиёсӣ низ муқаррар карда шудаанд. Зимни суханронӣ Дар Иҷлосияи XVIII Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нуқтаи муҳимро дар робита ба ин масъала таъкид намуданд: "Гуногунандешии сиёсӣ - яке аз арзишҳои мост". Бинобар ин, ҳар қадаре, ки мо дар самти ташккулёбии маърифати ҳуқуқӣ ба таври амиқ муқаррароти Конститутсияро омӯзем, ҳамон қадар маъно ва ҳувияти он барои фаъолияти ҳаррӯзаи мо аҳамияти бештар касб хоҳад кард.
Боиси қайди махсус аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози мазмуни ҳуқуқӣ, дарбар гирифтани ҳалли масоили ҷанбаҳои гуногуни сохти давлатдорӣ, ҳуқуқ ва манфиатҳои ҳар як шахс дар ҷомеа, дар миқёси ҷаҳон яке аз намунаҳои санадҳои олии ҳуқуқии пешқадам ба шумор меравад.
Аз ин лиҳоз, ҳар як шаҳрванди бо нангу номуси миллатро зарур аст, ки сатҳи маърифати ҳуқуқи худро баланд бардошта, дар татбиқи ин иқдом ва рушди мамлакат саҳмгузор бошад.
Комилҷон Эрматов - директори Филиали Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ дар в.Суғд, Акбар Адҳамов - ҳуқуқшиноси Филиали Агентӣ дар в.Суғд
Соҳибистиқлолии кишвар, ки мо имсол аз 33-юмин солгарди он таҷлил мекунем, дар ҳақиқат ҳам ҷашнест, ки ифодагари эҳсосибаланди миллӣ худшиносию худогоҳи, ватансозию ватандорӣ. Ин беҳтарин дастовард дар таърихи миллат буда, бо шарофати он сарҷамъию ягонагӣ ва вуҷуди миллат ҳамчун миллати соҳибтааддуну давлатдор ва соҳибтоҷ таъмин карда мешавад.
Соҳибистиқлолӣ барои сарнавишти миллати тоҷик оғози марҳалаи сифатан нави рушд гардида, иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулияти таърихӣ, яъне бунёди давлате ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқу кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосирро фароҳам овард. Истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст. Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан нуру зиё, меҳру вафо, ободиву озодӣ, ҳамфикриву хамзистӣ ва осоиштагиро ба мардуми тоҷик ва Тоҷикистони азиз овард. Даврони истиқлолият роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеъаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муайян намуд. Маҳз бо шарофати ба даст даровардани истиқлолият ба наврасону ҷавонони мо имконият фароҳам омад,ки дониш,қобилият ва маҳорати хешро дар ҳамаи самтҳо инкишоф диҳанд, ватани худро дар арсаи байналмиллалӣ муаррифӣ намоянд,пешсаф бошанд ва ба сӯи ояндаи нек устуворона қадам гузоранд. Истиқлолият ҳамчун рукни муҳимми давлатдорӣ зуҳуротест, ки имконияти комилро баҳри рушду нумуъ ва муариффи симои сиёси давлат дар арсаи ҷаҳони фароҳам меоврад.
Маълум аст ,ки маҳз талошҳои истиқлолхоҳӣ, ки беҳтарин омили такони инсонҳо баҳри ташаккул ва пойдории давлатҳои миллист, боиси раҳнамои ва сафарбарнамои мардум ҷиҳати муаррифии худ ҳамчун миллати соҳибтамаддуну соҳибдавлат мегардад. Дар ин масир нақши занону модарон, ки рисолати тавлидгарию тарбиятгарӣ ва ободу поянда нигоҳ доштани оиларо доранд бағоят муҳим аст. Мувофиқи маълумотҳои оморӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳияҳои пойтахт 85958 нафар аъзои ҳизб ба қайд гирифта шудааст, аз ин 43531 нафар ё 50,64%-ро онро занон ташкил медиҳад.
Истиқлолияти давлатӣ дар ҳаёти занони тоҷик низ таъсири амиқи худро гузошт. Ҳамчун фарзандони ин сарзамин, ҳамчун ободгарони ин марзу буми аҷдодӣ ба раванди созандагӣ фаъолона ворид гаштанд. Истиқлолияти давлатӣ, пеш аз ҳама ба шинохти чеҳраи сиёсии зани тоҷик мусоидат намуд. Зеро маҳз дар шароити соҳибистиқлолӣ онҳо тавонистанд собит созанд, ки дар баробари рисолати модарӣ, рисолати ҳамсарӣ рисолати роҳбариро низ метавонанд сарбаландона иҷро намоянд. Ин шинохти қудрати фитрии зани тоҷик имконият дод, то ҷомеа ҳам инро эътироф намояд.
Таҳлили фаъолияти занон дар сатҳҳои гуногуни идоракунӣ нишон медиҳад, ки имрӯз раванди рушди демократикунонии ҷомеа бечунучаро тақозо менамояд, ки чи дар идоракунӣ ва чи дар масъалаҳои дигар набояд ҷинсият асос барои маҳдудияти фаъолияти шахсиятҳо гардад. Чун сухан сари шинохти чеҳраи сиёсии зани тоҷик рафт, дар назар бояд гирифт, ки сиёсат ҳамчун қисми таркибии муносибатҳои ҷамъиятӣ ва самти фаъолият аз ҳар як шахсе, ки вориди он шудан мехоҳад, донишу малака, азму талош, масъулияту ташаббус ва иродаи мустаҳкамро талаб менамояд. Аз ин рӯ, ҷинсият дар он метавонад нақши дуюминдараҷа дошта, нақши асосиро қобилияти фитрии инсон мебозад.
Тарғибу ташвиқи ойини ватандорӣ ҳамчун нишонаи имону виҷдони ҳар як нафари мо басо муҳим мебошад. Фаромӯш набояд кард, ки ҳалқаҳои занҷири иҷтимоие, ки инсонҳоро бо ҳам мепайваданд, маҳз аз оила маншаъ мегиранд. Дар оила бошад, нақши бузурги тарбиятгарию роҳнамоиро зан-модар иҷро мекунад.Ҷомеа низ аз мо интизориҳои зиёде дорад. Бинобар ин, сарбаландона амали намудани мақсадҳо ва ниятҳои неки ватанхоҳонае, ки имрӯз роҳбарияти давлат дорад, вазифаи ҳар як фарди худшиносу худогоҳва ва ватандӯсту ватанпарвар аст.
Фазилатпочои Махмадюсуф докторанти PhD курси 1 уми институти фалсафа сиёсатшиноси ва ҳуқуқи ба номи А Баҳоваддинови АМИТ
Зиндаву ҷовид монд, ҳар кӣ накӯном зист,
К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.
Саъдии Шерозӣ
Устод Муҳаммад Осимӣ яке аз шахсиятҳои намоён ва чеҳраи мондагори таъриху фарҳанг дар ҷомеаи мо буданд ва абадан ҳастанд.
Академик М. Осимӣ бо дастгирии бевоситаи аллома Бобоҷон Ғафуров ба Душанбе омада, дар риштаи таърихи фалсафаи физика кори илмиашонро оғоз намуда, сипас барои дифои он ба шаҳри Москав фиристода мешаванд. Рисолаи номзадиашонро бо муваффақият баъди се сол таҳти роҳбарии узви пайвастаи Академияи байналмилалии таърихи илм Кедров Бонифатий Михайлович дифоъ кардаанд.
Маврид ба зикр аст, ки устод дар вазифаи Вазири маорифи халқи Тоҷикистон ҳам кору фаъолият кардаанд.
Соли 1964 устод Осимӣ баъди даргузашти Президенти Академияи Илмҳои ҷумҳурӣ, донишманди маъруф, шахсияти барҷастаи олами илму дониш дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ Султон Умаров бо қарори Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон (15.05.1965) ба вазифаи Президенти Академияи илмҳои ҷумҳурӣ интихоб гардиданд. Устод дар ин вазифа 23 соли умри хешро бахшида парчамбардори илму маърифати Тоҷикистон ва берун аз он кишварҳои дуру наздик буданд. Дар ин вазифаи пурмасъули давлатӣ устод М. Осимӣ тавонистаанд, ки чӣ қадар корҳои хайрро дар ҷодаи илм бо муваффақият ба анҷом расонданд.
Бояд зикр намуд, ки М. Осимӣ ҳамчун чеҳраи мондагор дар қалбҳои миллатҳои дигар низ ҷой гирифтаанд. Ногуфта намонад, ки Конференсияи умумииттифоқии шарқшиносони Иттиҳоди Шӯравӣ, (моҳи марти соли 1957) дар Тошканд асосан бо ташаббуси Б. Ғафуров баргузор шуда буд, ки ин оид ба таъсиси муассисаи Академияи илмии шарқшиносӣ дар Тоҷикистон такони муҳим эҷод карда буд. Дар як муддати кӯтоҳ баъд аз ин конференсия моҳи январи соли 1958 Қарори КМ ҲК Тоҷикистон ва Шӯрои вазирони ҷумҳурӣ оид ба таъсиси шуъбаи шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ қабул шуд ва моҳи март дар заминаи ин қарор шуъбаи шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ дар назди Раёсати Академияи илмҳои ҶТ таъсис ёфт ва устод Абдулғанӣ Мирзоев сарвари он таъин гардиданд. Баъд аз вафоти А. Мирзоев барои муайян намудани самтҳои асосии таҳқиқоти илми шарқшиносии тоҷик, ҷалб кардани кадрҳои болаёқат, ташкили ганҷинаи осори хаттӣ, тарбияи олимони шарқшиноси тоҷик боиси таҳният ва қадршиносӣ гардид. Баъд аз вафоти академик А. Мирзоев, М. Осимӣ солҳои зиёд аниқтараш аз соли 1976 то 1986 сарпарастии институти шарқшиносиро доштанд ва дар таъбу нашри осори бузургони илму фарҳанги тоҷик кӯшишҳои зиёде ба харҷ додаанд. Дар ин давра бо ташаббуси М. Осимӣ чандин Институтҳо дар Академияи илмҳои РСС Тоҷикистон таъсис ёфтанд.
Бояд гуфт, ки М. Осимӣ барои таҳкими робитаҳои илмии Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии Иттиҳоди Шӯравӣ, кишварҳои дигар махсусан кишварҳои Шарқу Ғарб кӯшиши зиёде ба харҷ додаанд. Бо роҳбарии некбинона ва сулҳҷуёнаи устод М. Осимӣ робитаҳои илмии Тоҷикистон бо Эрон, кишварҳои Араб, Афғонистон, Ҳиндустон, Олмон, Чехия, Полша ва Амрико бештар густариш ёфтаанд.
Устод дар таъсису пешрафти муассисаҳои академӣ алалхусус устод М. Осимӣ дар таъсиси Академияи илмҳои Афғонистон нақши муҳим бозидаанд. Қобили зикр аст, ки устод М.Осимӣ дар нашри асарҳои Абулқосим Фирдавсӣ, Ибни Сино, Абурраҳмони Љомӣ, Абурайҳони Берунӣ, хидмати ниҳоят бузург кардаанд.
Маҳз бо саъю талошҳои олимони маъруфу барҷаста Бобоҷон Ғафуров, Муҳаммад Осимӣ ва Абдулғанӣ Мирзоев Институти Шарқшиносӣ сиёсати «Дарҳои кушода»-ро дошт. Қобили зикр аст, ки Иститути шарқшиносӣ ҳамзамон «Институти дараҷаи якум» ҳисобида мешуд, ин ҳам хидмати назарраси устод М. Осимӣ буд. Хидмати бузурги эшон боз дар он буд, ки кормандони институти шарқшиносӣ нисбати дигар институтҳо аз 20 % то 30 % барои забондонӣ зиёд маош мегирифтанд.
Устод академик М. Осимӣ дар таълифи китоби шашҷилдаи «Таърихи тамаддуни Осиёи Марказӣ», ки аз тарафи ЮНЕСКО ба нашр расидааст, саҳми назарраси хешро гузоштаанд. Агар мо ба оинаи таърих назар андозем, яке аз омилҳои асосӣ ин буд, ки Душанбеи онвақта ба маркази илмиву фарҳангӣ табдил ёфта буд.
Соли 1968 дар шаҳри Душанбе «Симпозиуми байналмилалӣ оид ба фарҳанги Бохтариҳо, Суғдиён ва Кӯшониён» баргузор гардид. Дар ин Симпозиум ҳайати олимон ва донишмандони зиёде қариб аз тамоми ҷаҳон аз ҷумла аз Олмон Вернер Зундерманн, аз Амрико Ричард Фрай, аз Чехия Иржи Бечка аз Эрону Афғонистон ва аз Руссия Бобоҷон Гафуров, Дорри, Н.И. Пригарина ширкат варзида буданд. Устод академик М. Осимӣ таъсискунанда ва раиси ин Симпозиум буданд. Баъди дидан кардан аз шаҳри Душанбе донишманди шинохта аз Академияи Бранденбурги Олмон Вернер Зундерманн чунин менависад: «Аҷинатеппа яке аз ёдгориҳои аҷиб ва диданибоб аст. Аз зиёрати ин макони муқаддас, сарфароз шудам ва ман аҷдодону қавмҳои Осиёи Марказиро бори нахуст мебинам. Аслан бозёфтҳои бостоншиносони тоҷик бебаҳоянд». Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки мардум ва қавмҳое, ки дар ин сарзамин аз қадим сукунат доштаанд, ҳамчун «Довар» нақши хешро дар инкишофи «Буддоизм» дар минтақаи Осиёи Марказӣ бевосита гузоштаанд.
Боиси ифтихор аст, ки бо даъвату кӯмаки шодравон Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Осимӣ собиқ Раиси Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИҶТ донишмандони хориҷӣ борҳо ба Тоҷикистон сафар кардаанд ва аз ҷумла аз шаҳрҳои Душанбе, Исфара, Хуҷанд, Бадахшон, Панҷакент, Истаравшан ва ғайра дидан карда ҳамзамон шиносоӣ пайдо кардаанд. Вақте ки олимон аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон меомаданд, бевосита устод М. Осимӣ онҳоро ба Институти шарқшиносӣ даъват карда суҳбатҳо меоростанд. Дар ин нишастҳо устод шахсони барҷастаро низ даъват мекарданд, аз ҷумла Ричард Фрай, Иржи Бечка, Манфред Лоренс, Бурхард Брентес, аз шоирони Эронӣ хонум Жола Бадеъ, Сиёвуши Касроӣ, устод Ёршотир, олимони Руссия Бертелс Брагинский Е.Примаков ташриф оварда буданд.
Ногуфта намонад, ки қариб барои ҳамаи олимоне, ки аз Аврупову Амрико ба Тоҷикистон алалхусус ба Академияи илмҳо меомаданд, банда ба сифати тарҷумон ва роҳбаладӣ мекардам. Вақте ки дар қабули устод М. Осимӣ бо олимони олмонӣ аз Донишгоҳи Мартин Лютери Ҳалле Виттенберг, Бурҳард Брентес будем, устод Осимӣ ӯро вазифадор карда буданд, ки “Ман ҳамаи харҷҳоро ба ӯҳда мегирам ва бо як шарте, ки Шумо доир ба таъриху фарҳанги Тоҷикон китобе нависед”. Маҳз бо хоҳиши устод М. Осимӣ китоби “Тақдири мардуми Ҳиндукуш”, «Афғонҳо, Балуҷҳо, Тоҷикон» рӯи чоп баромад. Зеро, Б.Брентес қариб дар тамоми Тоҷикистон аз ҷумла Бадахшону Хуҷанду, Исфараву Истаравшан ва Панҷакент сафарҳои тадқиқотӣ кардааст. Саҳми устод Осимӣ барои ин китоб роҷеъ ба ҳунарҳои Осиёи Марказӣ хело назаррас аст, ва ҳам бузург аст.
Китоби дигари ин донишманди маъруф «Осиёи Марказӣ ва ҳунарҳои исломӣ» ном дорад, ки ҷолиб ва пурмуҳтаво буда, муаллиф аз ҳунарҳои қадимаи тоҷикон аз ҷумла кулолгарӣ, кашидадӯзӣ, шоҳибофӣ, зардӯзӣ, ҳунари сохтани ороиши занона аз нуқраву фирӯза ва дигар сангҳои гаронбаҳо бо як муҳаббати хоса тадқиқот кардааст.
Аҷиб ин ки ин китоб дар муддати 2 рӯз дар шаҳри Вена 5 ҳазор нусха ба фурӯш рафтааст. Ин боиси ифтихор аст, ки китоб асосан ба ҳунарҳои зебои Тоҷикистон бахшида шудааст ва маҳз бо ташаббусу кӯмаки дастгирии устоди арҷманд М. Осимӣ рӯи чоп омадааст. Ин ифтихори бузург аст, ки дар Аврупо ин китоб - “Албом” хонотарин шудааст!
Дар интиҳо қайди чанд нуктае ба маврид аст, ки устод Осимӣ баъди сафарҳояшон ба Институти шарқшиносӣ омада аз сафарҳояшон нақлҳои ҷолиб мекарданд. Устод М. Осимӣ он қадар меҳанпараст буда, ба ҳар як муқаддасоти миллӣ арҷгузорӣ мекарданд. Бузургвор М. Осимӣ ба ман тавсия дода буданд, ки ба масоили “Тоҷикшиносӣ” дар кишварҳои Аврупо тадқиқот гузаронам. Ҳамин тавр ҳам шуд, дар самти тозаи илмӣ муваффақ ҳам шудам ва билохира ҷоизаи М. Осимӣ шарафёр шудам. Устоди бузургвор М. Осимӣ инсони поксиришту накӯкор, некдилу хайрхоҳ дар қалбашон анъаноти шарқӣ мафтункунандаро доштанд.
Имрӯз чеҳраи мондагори устод Муҳаммад Осимӣ ҳамчун шахсияти барҷастаи илму фарҳанги тоҷик дорои хираду дониши воло, истеҳзо ва тамасхури нозук дар фарзонагӣ намунаи ҳамаи тоҷикону тоҷикистониён дар арсаи байналмилалӣ мебошанд.
Рӯҳи поки устод ҳамеша шод бошад.
Санавбарбону Воҳидова - мудири шуъбаи Аврупои Институти омузиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих, профессор
Ба истиқболи 33-умин солгарди
Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Истиқлол ин пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷик аст, ки 33 сол муқаддам ҳамчунмуҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омад. Ин руйдоди таърихи моҳи сенябри соли 1991 ба вуқӯъ пайваст ва 9 сентябр расман Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Аз лаҳзаҳои аввали соҳибистиқлолӣ миллати мо ин идро бо шукуҳу шаҳомати тоза ҷашн мегиранд.
Таърих гувоҳ аст, ки бо ба даст овардани соҳибистиқлолӣ миллати мо аз нооромӣ азият кашида, вазъият дар ҷумҳурӣ рӯз то рӯз мушкилтар мегашт. Миллат пароканда гашта, мардуми кишвари мо ба минтақаҳои дигар куч бастанд. Баъди ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ вазъият дар кишвар ру ба беҳбудӣ овард.
Самараи Истиқлоли давлатӣ буд, ки нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагӣ ба мардуми сулҳпарвари мо насиб гардида, пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, идеалу ормонҳои таърихӣ, эътирофи байналмилалӣ ва шарафи соҳибистиқлолӣ баТоҷикистон муяссар гашт.
Маҳз бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳисси олии ватандорӣ, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба Истиқлоли сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба ин кишвари мо муяссар гардид. Истиқлол ба миллати мо комёбиҳои воқеӣ фароҳам оварда, ба пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ шароит фароҳам овард.
Боиси хушнудист, ки дар замони имрӯза таваҷҷӯҳи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон дар рушди маънавиёт ва илму техника зиёд гаштааст. Барои боз ҳам баланд бардоштани донишу ҷаҳонбинии насли ҷавонон тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, як қатор стратегияву барномаҳо ба амал татбиқ гардид.
Зеро яке аз воситаҳои асосии рушди давлат ин рӯй овардан ба илму маориф ва дар ин замина тарбияи мутахассисони варзидаву бомаҳорат, забондон ва донишманду ватандӯст аст. Дар ҳақиқат, ҳар як инсони дуранешу оқил бояд ифтихор намояд, ки дар тӯли солҳои Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд омада, вазъи сиёсию иқтисодии мамлакат, дарёфт намудани роҳи рушди босуботи иқтисодию иҷтимоии кишвар ва дар ин асос баланд бардоштани сатҳи некуаҳолии мардум ба амал омадааст.
Бояд қайд намуд, ки имрӯз давлати моро бо фарҳангу тамаддуни ғаниаш эътироф намуда, миллати тоҷикро ҳамчун миллати куҳанбунёд ва бофарҳангу соҳибтамаддун дар байни кишварҳои дунё мешиносанд. Яке аз ҳадафҳои асосии мо ин худшиносии миллӣ, донистани таърих, фарҳанг, забон, расму оин ва дарк намудани вазъи имрӯзаи кишвар мебошад.
Маҳз шарофати Истиқлол аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон – манбаи омӯзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори ҳар як фарди тоҷик маҳсуб меёбад. Мо бояд аз ин миллати барӯманд биболему барои тараққиёти он саҳми босазо гузошта, содиқона хизмат намоем.
Махмедов Муҳаммад – ходими хурди илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти омузиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон