14 июни соли равон президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон ҷаноби Раҷеш Уике мулоқот доир намуд.
Дар мулоқот Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт меҳмононро хайрамақдам гуфта, оид ба фаъолияти пурсамари Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар самти ҳамкориҳо бо муассисаҳои илмии Ҷумҳурии Ҳиндустон маълумот муфассал дод.
Таъкид гардид, ки дар назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон китобхонаи ба номи Индира Гандӣ фаъолият менамояд, ки аз замони таъсисёбии академия дар онҷо китобу дастхатҳои нодир ҳифзу нигоҳдорӣ мешаванд. Ҳамчунин Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо барномаҳои ҳамкории техникиву иқтисодии Ҷумҳурии Ҳиндустон пайваста ҳамкориҳои худро ба роҳ монда, ҳамасола мутахассисони ҷавон бо теъдоди 10-20 аз курсҳои такмили ихтисос дар Ҷумҳурии Ҳиндустон мегузаранд.
Зикр гардид, ки бо дастгирии Сафорати Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Институти омӯзишии масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо гушаи омӯзиши фарҳангии Ҳиндустон ба номи Раҳул Санкритяян ташкил гардидааст, ки дар ин замина пайваста симпозиум ва семинарҳо баргузор мегарданд. Ёдовар мешавем, ки Раҳул Санкритяян дар таҳқиқ ва омӯзиши осори пурғановати Садриддин Айнӣ кушиш ба харҷ дода, маҳз дар ин замина дар Ҳиндустон нуфуз ва эътибори хешро пайдо намудааст.
Аз ҷониби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт пешниҳод гардид, ки дар доираи ҳамкориҳо мо имкон дорем Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро дар рӯйхати донишгоҳҳои Ҳиндустон ҷойгир намуда, барои ҷалби магистрантону докторантони Phd ба муассисаҳои илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои нав андешем.
Сипас Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон ҷаноби Раҷеш Уике баромад намуда, барои мустаҳакам намудани ҳамкориҳо дар соҳаҳои илму техника миёни муассисаҳои илмии Тоҷикистону Ҳиндустон изҳори қаноатмандӣ намуд.