Skip to main content

Бо ташаббуси Раёсати магистратура, аспирантура ва докторантураи PhD – и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон имрӯз (19. 06.2024) дар ҳошияи мулоқоти Пешвои миллат бо зиёиён, ки санаи 30 – уми майи соли равон баргузор гардида буд, дар толори калони маҷлисии АМИТ ҳамоиш баргузор гардид. Дар ҳамоиши мазкур магистрантон докторантони PhD даъват шуда буданд, то ки аз мавзуи рӯз бохабар шуда, дар ин раванд ба хатогиҳо роҳ надиҳанд.

Нахуст ба кори ҳамоиш сардори Раёсати магистратура, аспирантура ва докторантураи PhD – и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қосимзода Солеҳ ҳусни оғоз бахшида, ёдовар шуданд, ки муҳтарам ҷамъомадагон чи тавре ки ҳамаи мову шумо шоҳид будем, рӯзи 30.05.2024 мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо олимону зиёиёни кишвар доир гардида буд ва ҳамаи он шахсоне, ки дар ин мулоқот иштирок доштанд, як ҷаҳон таассурот бардоштанд.

Ба ҳамаи мову шумо маълум аст, ки Сарвари давлати мо ба илму олимон таваҷҷуҳи хосса доранд, чун аз дастгириҳои пайвастаашон бараъло мушоҳида карда мешавад, ки шуруъ аз солҳои аввали соҳибистиқлолии кишварамон то ҳол чандин маротиба маоши кормандон боло бардошта ва дар ин муддат чандин имтиёзҳои дигар барои баланд бардоштани сатҳи иқтисодию иҷтимоии олимон ба хусус олимони ҷавон зоҳир гардидааст, ҳамаи мо олимон ва меросбарони илмро мебояд дар ҷавоб ба ин ғамхориҳо кушиш ба харҷ дода, баҳри баланд бардоштани илми тоҷик дар арсаи байналмилал ва ворисӣ намудани олимону гузаштагони хеш амал намоем.

Нигароние, ки дар баромадашон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самтҳои омоданамоии шогирдон барои ҳимоя, интихоби мавзуҳо ва ихтисосҳои мубраму лозимӣ, ҳамбастагии илм бо истеҳсолот, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, тарбияи кадрҳои баландихтисос то бозори меҳнат, ва умуман дастгирии олимони ҷавон буд, мо аҳли олимонро вазифадор менамояд, ки ҳарчи зудтар ин камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф намуда, ба муваффақиятҳо ноил гардем, гуфта шогирдонро барои дар доираи Низомномаи муайяншудаи Раёсати магистратура, аспирантура ва докторантураи PhD – и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон амал намуданашон ва аз ин имтиёзҳои пешбининамудаи Сарвари давлат баҳравар шудани шогирдону устодонро шарҳ дода, ба масъулин тавсеаҳои судманд доданд. Дар охир шогирдону устодан ба саволҳои худ аз шахси масъули ҳамоиш ҷавобҳои дақиқу қонеъкунанда гирифтанд.