ДУШАНБЕ, 14.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Пешниҳоди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ҳамчун рукни муҳим ва яке аз анъанаҳои давлатдории миллӣ дар марҳилаи навтарин мавриди қабул қарор гирифтааст. Баргузории он ҳамеша боиси таваҷҷуҳи сокинони мамлакат, мақомоти давлатию идорӣ, аҳли илму маориф ва фарҳанг мебошад. Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар ҷомеаи мамлакат ҳамеша чун ҷамъбасти дастовардҳо, корҳои ба анҷом расида дар соли пешин ва дастуру раҳнамоиҳо барои соли нав ва ё марҳилаи навбатии рушди давлати соҳибистиқлол қабул карда мешавад.
-Сокинони мамлакат Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олиро, ки 28 декабри соли 2024 пешниҳод гардид, зиёд мунтазир буданд ва баргузории онро бо руҳбаландию иродатмандии хуб пешвоз гирифтанд. Фараҳбахш боз он аст, ки Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар бинои нави мақоми олии қонунгузори мамлакат – Парлумон, ки бо ҳунари волои меъморӣ дар муддати кӯтоҳ бунёд ёфта, ба симои пойтахти давлати тоҷикон шаҳомати нав эҳдо намуд, баргузор шуд.
Тибқи анъана, Президенти Тоҷикистон раванди рушди ҷумҳурии соҳибистиқлолро дар марҳилаи охир, пеш аз ҳама, дар соли 2024 мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор дода, бо далелу рақамҳои мушаххаси оморӣ бурду бохти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи ҷумҳуриро бо нишон додани сабабу омилҳои пешравӣ ва ё ҷой доштани мушкилоту норасоиҳо пешкаши намояндагони мардумӣ ва сокинони ҷумҳурӣ гардониданд.
Воқеан, дар муддати сию се соли соҳибистиқлолӣ ҷумҳурии тозаистиқлоли Тоҷикистон, ки дар ибтидои ин марҳила қувваҳои зиёди дохилию берунӣ ба мавҷудияту рушди он ҳар гуна монеаҳо пеш меоварданд, зина ба зина аз парокандагию харобӣ берун омада, раванди муназзами рушд ва пешравиро соҳиб гардид. «Ҳоло ҷумҳурии мо, — таъкид намуданд Сарвари давлат,- дар марҳилаи нави тараққиёт қарор дошта, бо амалӣ намудани стратегияву барномаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ба дастовардҳои назаррас ноил мегардад».
Аммо дар вазъи ниҳоят ноороми ҷомеаи муосири ҷаҳонӣ нигоҳ доштани суръати муназзами рушд, татбиқи стратегияю барномаҳои гуногунмуҳлати иқтисодию иҷтимоӣ ва расидан ба ҳадафҳои асосӣ сиёсати ниҳоят дурбинонаро талаб менамояд. Бесабаб нест, ки Президенти Тоҷикистон ба ин масъала таваҷҷуҳ намуда, омилҳои асосии таъсиргузорро ба рушди иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ як ба як номбар намуданд. Пеш аз ҳама, Пешвои миллат нооромию низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни олам, шиддат гирифтани мухолифатҳои сиёсӣ ва таҳримҳо байни давлатҳои абарқудрат, мусаллаҳшавии бошитоб, «ҷанги сард», тағйирёбии иқлим, канда шудани занҷираҳои таҳвили молу маҳсулотро омилҳои асосии берунаи таъсиргузор ба иқтисоди мамлакат ҳисобиданд. Албатта, барои пешгирӣ кардани таъсири манфии ин ва дигар омилҳои ҷойдошта ҷумҳурии моро зарур аст, ки пайваста тадбирҳои саривақтӣ ва таъминкунандаи назму низоми тараққиётро қабул намояд.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар сокинони ҷумҳурӣ ва ҷомеаи ҷаҳонро аз он огоҳ намуданд, ки новобаста аз мавҷудияти омилҳои манфии таъсиргузор ва мушкилоти дигари дохилию берунӣ мо раванди расидан ба ҳадафҳои миллии худро боз ҳам қавитар намуда, амнияти миллӣ ва рушди устувори иқтисодии мамлакатро таъмин менамоем ва сатҳу сифати зиндагии мардумро боз ҳам баландтар мебардорем. «Зеро, — бо қатъияти том таъкид намуданд Пешвои миллат, — мардуми мо мисли халқҳои дигар мамолики мутамаддин ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд. Ин аст ҳадафи олии сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон».
Бале, ҳар кӯшишу ҷадал ва тадбиру амали давлату ҳукумати Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳз барои ба даст овардани ҳамин ҳадафи олӣ, яъне таъмини зиндагии шоистаи ҳар шаҳрванди ҷумҳурӣ равона гардидааст. Пас зиндагии шоиста чист? Зиндагии шоиста дар адабиёти илмӣ, пеш аз ҳама, соҳаи ҳуқуқшиносӣ, ҳамчун ҳолати ҳамаҷонибаи қонеъ намудани ниёзҳои биологӣ, иҷтимоӣ ва маънавии инсон (шаҳрванд) омадааст, ки ҳам аз ҷониби шахс мустақилона ва ҳам бо кумаки давлат таъмин гардида, бо меъёрҳои сатҳ, сифат ва тарзи зиндагӣ муайян карда мешавад.
Мафҳуми зиндагии шоистаро ба тарзҳои дигар низ шарҳ медиҳанд, аммо асли онро мувозинати некуаҳволии ҷисмонӣ ва маънавӣ ташкил медиҳад, яъне он танҳо аз давлат вобаста нест. Инсон бояд ҳамеша дар пайи инкишофу такмили худ бошад, ба дигарон кумак намояд. Дар зиндагии шоиста оила, дӯстӣ ва меҳру муҳаббат нақши барҷаста доранд, зеро афзалияти синнусолӣ тағйирёбандаанд, вале арзиши муносибатҳои инсонӣ тағйир намеёбад. Зиндагии хуб инчунин қаноатмандии касбӣ ва шахсиро низ дар бар мегирад. Ва дар хотир бояд дошт, ки он бо шуҳрат ва сарват робитае надорад, баръакс ин вобаста ба он аст, ки мо ҳар рӯзи зиндагии худро чӣ гуна мегузаронем ва ба атрофиёни худ чӣ таъсире мерасонем. Хушбахтӣ ва қаноатмандӣ аз зиндагӣ ҳамон вақт ба даст меояд, ки мо дар пояи кадом арзишҳо зиндагӣ мекунем, ба дигарон чӣ гуна муносибат дорем ва ё чӣ кумаке мерасонем.
Ҳамин тавр, зиндагии шоистаро метавон бо ду гурӯҳи меъёрҳо натиҷагирӣ кард: меъёрҳое, ки сатҳи иҷрои уҳдадориҳои давлатро дар самти таъмини зиндагии шоистаи шаҳрвандон тавсиф мекунанд. Дуюм, меъёрҳои тавсифкунандаи дараҷаи иҷрои вазифаи зиндагии бошарафона аз тарафи худи инсон (шаҳрванд) мебошанд. Аз ин рӯ, ҳар шаҳрванди ин ҷумҳурии соҳибистиқлол имрӯз дар баробари давлату ҳукумат барои расидан ба ин ҳадафи олӣ, яъне таъмини зиндагии шоиста худаш низ бояд пайгирона ҷадал намояд, арзишҳои волои инсонӣ, сатҳи баланди маърифатнокӣ ва ахлоқӣ, ҳувияти миллӣ ва худшиносиро дастурамали зиндагиаш интихоб намояд.
Бешубҳа, давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон давоми солҳои соҳибистиқлолӣ зери парчами сиёсати хирадмандонаю созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба ин ҳадафи олӣ-таъмини зиндагии шоистаи мардуми ҷумҳурӣ устуворона қадам гузошта, аз ҳама захираю имконияти мавҷуда истифода менамояд. Махсусан, таҳлили дастовардҳои назарраси иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ дар даҳ соли охир нишон медиҳад, ки дар ин самт ҷумҳурии мо суръати хуби рушд ва равиши муназзами пешравиро соҳиб гардидааст.
Мо, шаҳрвандони ҷумҳурии соҳибистиқлол имрӯз рушди бомароми мамлакатро на танҳо мебинем, балки ҳама, аз хурд то бузург вобаста ба қадри имкону иқтидор бо дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат дар тараққиёти он ҳисса мегузорем. Агар бо забони рақам ё омор тасвир намоем, дар панҷ соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,7 фоиз ва соли 2024 8,4 фоизро ташкил медод. Дар ин муддат, яъне панҷ соли охир барои рушди иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ аз ҳисоби буҷети давлат ва сармояи дохилию хориҷӣ зиёда аз 197 миллиард сомонӣ маблағ равона гардида, соли 2024 ҳаҷми Маҷмуи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ ба беш аз 150 миллиард сомонӣ расонида шуд. Танҳо давоми се соли охир дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиёда аз 1500 иншооти соҳаи маориф, яъне муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ, 660 иншооти соҳаи тандурустӣ, 480 иншооти варзишӣ, 175 муассисаи фарҳангию фароғатӣ ва ҳазорҳо иншооти дигар бунёд гардида, ба истифода дода шуданд.
Яке аз нишондиҳандаи дигари сатҳи некуаҳволии аҳолии ҷумҳурӣ- ин даромади пулии шаҳрвандони ҷумҳурӣ мебошад, ки он аз 48 миллиард сомонии соли 2019 то ба 147 миллиард сомонӣ дар соли 2024 боло рафтааст. Яъне даромади пулии аҳолӣ дар ин муддат 3 баробар зиёд гардида, музди миёнаи меҳнат беш аз 1,8 баробар ва андозаи миёнаи нафақа 1,5 баробар афзоиш ёфтааст. Умуман, дар панҷ соли охир маоши вазифавии кормандони соҳаҳои буҷавӣ чор маротиба ва дар маҷмуъ, ба андозаи 100 фоиз зиёд карда шуд. Ҳамаи ин чораҳо бо мақсади паст кардани таъсири сатҳи таваррум, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва хубтар намудани шароити зиндагии шаҳрвандони ҷумҳурӣ амалӣ гардидаанд.
Бар замми он, Президенти ҷумҳурӣ новобаста аз пешравиҳо мақомоти давлатӣ ва иҷроияи мамлакатро вазифадор намуданд, ки иҷрои саривақтии босифати барномаю нақшаҳои мавҷударо дар оянда низ таъмин намуда, суръати рушди иқтисодии ҷумҳуриро дар соли 2025 дар сатҳи на кам аз 8 фоиз нигоҳ доранд. Баробари он вазифа гузошта шуд, ки идоракунии самараноки иқтидори мавҷуда, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ ва таъсис додани ҷойи нави кор, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ ва тақвияти иқтидори содиротии мамлакат мунтазам таъмин карда шавад.
Ҳамзамон дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ масоили дигари тақвиятдиҳандаи таъмини зиндагии шоиста, бахусус ташаккули маърифати моливии шаҳрвандон ва фарҳанги андозсупорӣ, истифодаи технологияи муосири рақамӣ, муҳайё кардани шароити беҳтарин барои тарбияи кадрҳо, пешниҳод намудани имтиёзҳои гуногун, ҳавасмандгардонии мутахассисони самти технологияҳои иттилоотӣ ва бозомӯзӣ дар муассисаҳои пешқадами хориҷӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ, такмил додани механизми татбиқи имтиёзи андоз ва дигар баррасӣ гардиданд. Ба хотири боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардуми ҷумҳурӣ ва тақвияти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дастур дода шуд, ки соли 2025 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои буҷавӣ, пеш аз ҳама, соҳаи маориф, илм, фарҳанг ва тандурустӣ, ҳадди ақалли музди меҳнат, нафақа аз 10 то 30 фоиз баланд карда шаванд.
Ҳамин тавр, аз муҳтавои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таҳлилу гузориши масъалаҳои ҳалталаби ҷомеаи имрӯзаи ҷумҳурӣ, муқаррар намудани самтҳои асосии рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ бармеояд, ки давлат ва ҳукумати ҷумҳурӣ барои расидан ба ҳадафи асосӣ – таъмини зиндагии шоиста аз тамоми имконоту шароити мавҷуда истифода менамоянд. Фазои орому осоишта ва ваҳдату якдилии ҷомеаи ҷумҳурӣ омилҳои муҳими таъмини суръати муназзами рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат дар соли 2025 ва марҳилаи навбатӣ мебошанд. Вале баробар ба ин дар ҷомеаи ҷумҳурӣ ба тарбияи насли наврас, соҳибкасбу соҳибмаърифат намудани ҷавонон, ба шакли мукаммал донистани забони модарӣ ва арҷгузорӣ ба он, омӯзиши ҳатмии забонҳои хориҷӣ, азхудкунӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи технологияи муосир, рушди неруи зеҳнӣ, пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳама гуна ҳаракату андешаҳои ифротӣ, комилан аз байн бурдани хурофотпарастӣ, вусъати ҷаҳонбинии илмӣ ва ҳамқадами ҷаҳони мутамадин будани аҳли ҷомеаи ҷумҳурӣ мо метавонем ба ҳадафҳои олии худ, махсусан зиндагии шоиста шарафёб гардем. Ҳанӯз, хеле пештар аз пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олӣ дар яке аз суханрониҳо Президенти Тоҷикистон таъкид намуда буданд, ки «мо-тамоми аҳли ҷомеаи мамлакат бояд сарҷамъона ва бо ҳисси баланди ватандӯстию ватанпарварӣ барои таъмини зиндагии шоистаи ҳар оилаи Тоҷикистон заҳмат кашем».
Ҳамин тавр, Паёми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки 28 декабри соли 2024 пешниҳод гардид, дастурамали наву мушаххасе барои тай намудани боз як марҳилаи тозаи рушди ҷумҳурии соҳибистиқлол дар арафаи ҷашни миллии 35-солагии истиқлоли комили давлатӣ мебошад.
Насрулло УБАЙДУЛЛО, - сарходими илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор
Дар шароити ҷаҳони муосир, ки пур аз таҳаввулоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мебошад, умед ва эътимод ба оянда барои ҳар як миллат аҳамияти бузург дорад. Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, президенти ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чунин шароит ҳамчун як манбаи умед, нерӯи тоза ва роҳнамои рушди устувор барои миллат хидмат мекунад.
Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз натиҷаи фаъолияти Ҳукумати мамлакат дар бахшҳои сиёсат, иқтисод, молия, иҷтимоиёт, маданияту фарҳанг, муносибатҳои ҷамъиятӣ, робитаҳои сатҳи олӣ бо давлатҳои Осиёву Аврупо, Амрикову Африко, ҳамкории судманд бо созмонҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, сатҳ ва сифати зиндагии сокинони мамлакат иборат мебошанд.
Пешрафтҳои бузурге, ки мо дар солҳои пас аз соҳибистиқлолӣ дар бахшҳои мухталиф ба даст овардаем, марбут ба шаъну шарафи миллати бузурги тоҷик ва ҷавонони мост. Имрӯз он чизе, ки барои мо хеле муҳим аст, дидани дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ аст. Он чизе, ки ба мо лозим аст, умед доштан аст ва мо бояд ба ояндаи хеле дурахшон умед дошта бошем.
Бaъди ирoa гaрдидaни Пaёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, президенти ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дaр ҳaёти ҷoмеa рӯҳу нерӯи тoзaе бa вуқӯъ мепaйвaндaд. Яъне, aз Пaём тo Пaём зиндaгии мaрдуми тaмaддунoфaри тoҷик куллaн рaнгу нaмoи дигaр гирифтa, ҷoмеa бo як дилгaрмӣ aз пaйи иҷрoи кoрҳoи сoзaндaгию бунёдкoрӣ вa обод сoхтaни рӯзгoри хеш мешaвaд. Ин паёмест, ки ба мо мегӯяд, ки бояд сулҳро дар минтақа ва ҷаҳон ҷустуҷӯ кунем. Паёме, ки ба мо мегуяд, ки кишвар аз они он мардум аст, идора ва ободонии он бидуни ҳузури мардум ғайриимкон аст. Паёме, ки ба мо мегӯяд, ки бояд сатҳи некуаҳволии аҳолии кишвар баланд бардошта ва табъизи ноодилона канор гузошта шавад. Паёме, ки барои тамоми қишрҳои ҷомеа ва махсусан ҷавонон умедбахш аст.
Дар паёмҳои солонаву баромадҳои худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, президенти ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо қайд карда буданд, ки эҳёи умед ва эътимоди мардум муҳимтарин муваффақияти ҳукумат ба ҳисоб рафта ва мардум бубинанд, ки ҳукумат барои ҳалли мушкилот ва хидматрасонӣ ба онҳо талош мекунад ва ин воқеъият умед ва эътимоди мардумро то андозае дубора барқарор мекунад.
Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, президенти ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маъмулан дорои якчанд ҷанбаҳои асосӣ аст, ки ҳар яке барои рушди миллат аҳамияти муҳим доранд. Ин паёмҳо на танҳо ба баррасии мушкилоти мавҷуда мепардозанд, балки бо пешниҳоди роҳҳалҳо, ташвиқот ба ҳамкории васеи иҷтимоӣ ва ҳамоҳангии миллӣ, ояндаро равшан мекунанд. Инчунин ин паёмҳо барои миллат ҳамчун як манбаи умед, нерӯи тоза ва роҳнамои рушди устувор хидмат мекунад. Он на танҳо вазифаҳо ва ҳадафҳои давлатро муайян мекунад, балки боиси афзоиши эътимод ва ҳамбастагии миллӣ мегардад. Дар натиҷа, ин паёмҳо ба ҳама қишрҳои ҷомеа илҳом мебахшанд ва онҳоро ба сӯи як ояндаи беҳтар раҳнамоӣ мекунанд.
Умедбахшӣ яке аз паҳлуҳои муҳим дар паёмҳои Президенти кишвар аст. Вақте, ки роҳбари давлат дар паёми худ ба рушди оянда, имкониятҳои нав ва ҳалли мушкилот бо роҳҳои мусбӣ ишора мекунад, ин метавонад ба шаҳрвандон илҳом бахшад ва онҳоро ба кӯшишҳои нав ҳавасманд созад. Ин умедбахшӣ, ки дар суханони Президент ифода мешавад, метавонад ба афзоиши сатҳи эътимод дар байни мардум мусоидат намояд. Ҳангоме ки Президенди кишвар бо суханони худ ояндаи равшанро пешбинӣ мекунад, ин метавонад ба мардум илҳом бахшад. Масалан, паёмҳое, ки ба дастовардҳои кишвар дар соҳаҳои мухталиф ишора мекунанд ё стратегияҳои нави рушди иқтисодӣ ва иҷтимоиро пешниҳод мекунанд, метавонанд ба мардум рӯҳбаландӣ бахшанд.
Самтҳои асосии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, президенти ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
1. Рушди Иқтисодӣ: Паёми Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аксар вақт ба зарурати рушди иқтисодӣ таъкид мекунанд. Ин метавонад дарбаргирандаи барномаҳо барои ҷалби сармоягузориҳо, рушди соҳаҳои мухталиф, баланд бардоштани сифати маҳсулоти ватанӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ бошад. Ҳар як тадбире, ки ба рушди иқтисодӣ мусоидат мекунад, метавонад ба беҳдошти сатҳи зиндагии мардум ва умедбахшӣ ба оянда саҳм гузорад.
2. Таъмини адолати иҷтимоӣ: Дар паёмҳои президентӣ, таъмини адолати иҷтимоӣ ҳамеша дар мадди аввал қарор мегирад. Масъалаҳое мисли коҳиши фақр, дастрасии баробар ба таҳсилот ва тандурустӣ, инчунин ҳимояи ҳуқуқҳои қишрҳои осебпазир аз ҷумлаи онҳое мебошанд, ки ба беҳбудии умумӣ мусоидат мекунанд.
3. Таҳкими истиқлолияти миллӣ:Истиқлолияти миллӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ дар паёмҳои Президент мавқеи хосса доранд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, президенти ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зарурати ҳифзи истиқлолият, таҳкими амният ва муқовимат ба фишорҳои хориҷӣ таъкид мекунанд, ки ин метавонад ба мардум ҳисси ифтихор ва боварӣ ба давлатро афзун намояд.
4. Рушди маориф ва маърифат: Таъкид ба рушди маориф ва маърифат низ як ҷузъи муҳими паёмҳои ҳамасолаи Президенти кишвар аст. Бо таваҷҷӯҳ ба ин масъала, Президент муҳтара Эмомалӣ Раҳмон на танҳо ба зарурати баланд бардоштани сифати таҳсил, балки ба ҷалби ҷавонон ба илм ва технологияҳои нав ишора мекунанд, ки ин метавонад ояндаи кишварро дурахшон гардонад.
5. Таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ:Дар паёмҳои Пешвои миллат, таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ ва ҳамкориҳои судманд бо кишварҳои дигар низ мавриди таваҷҷуҳ қарор мегиранд. Ин метавонад ба кишвар кӯмак расонад, ки ҷойгоҳи худро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ беҳтар намояд ва аз имкониятҳои байналмилалӣ баҳра бардорад.
6. Ташвиқи ҷавонон ба иштирок дар рушд:Ҷавонон ояндаи ҳар миллатро ташкил медиҳанд ва дар паёмҳои президентӣ ба онҳо диққати махсус дода мешавад. Президент бо таъкид ба нақши калидии ҷавонон дар рушди кишвар, онҳоро ба фаъолиятҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ташвиқ мекунад. Ин метавонад як омили асосӣ барои ташвиқ кардани ҷавонон ба ҷустуҷӯи имкониятҳои нав ва саҳм гузоштан дар рушди кишвар бошад.
7. Пешниҳоди роҳҳалҳо ва барномаҳои рушд:Дар паёмҳои худ, Президент аксаран роҳҳалҳо ва барномаҳои мушаххас барои ҳалли мушкилоти мавҷуда ва пешрафти кишвар пешниҳод мекунад. Ин барномаҳо метавонанд дар самтҳои гуногун, аз ҷумла иқтисод, маориф, тандурустӣ ва фарҳанг, амалӣ шаванд. Пешниҳоди чунин барномаҳо метавонад ба шаҳрвандон нишон диҳад, ки роҳбарияти кишвар ба масъалаҳои онҳо таваҷҷӯҳи ҷиддӣ дорад ва барои беҳбудии онҳо кӯшиш мекунад.
Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, президенти ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо як ҳуҷҷати расмӣ, балки як воситаи муҳими иртиботӣ ва стратегии роҳбарият бо мардум аст. Ин паёмҳо метавонанд ба мардум умед, илҳом ва роҳнамои дуруст бахшанд. Ҳар як паёми Президент метавонад ҳамчун як манбаи умедбахшӣ барои миллат хидмат кунад, онҳоро ба кӯшишҳои нав ва саҳмгузорӣ дар рушди кишвар ташвиқ намояд. Барои ҳар як миллат, доштани роҳбаре, ки дар паёмҳои худ умед ва ояндаи дурахшонро пешбинӣ мекунад, як омили муҳим барои рушди устувор ва шукуфоии ҷомеа мебошад. Ин паёмҳо метавонанд дар ҳамбастагӣ ва таҳкими рӯҳияи миллӣ нақши муҳим бозанд ва барои рушди устувори кишвар шароити мусоид фароҳам оваранд. Барои ҷавонон, шунидани паёми Президенти кишвар, ки ба онҳо эътимод ва ба нақши онҳо дар ҷомеа таваҷҷуҳ мекунад, метавонад як омили муҳими рушди шахсӣ ва касбӣ бошад.
Хулоса, мардуми Тоҷикистон бо азму иродаи қавӣ ва сиёсати хирадмандони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёд қадамҳои устувору баҳодурона гузошта, дар ояндаи наздик бо сарҷамъиву муттаҳидӣ Тоҷикистонро ба кишвари пешрафтаву мутараққӣ табдил дода, обрӯю нуфузи кишварамонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баландтар мебардоранд.
Зиёзода Н.И - ходими илмии шуъбаи масоили сиёсии муносибатҳои байналмилалии ИФСҲ АМИТ
Ҷашни Сада, дарвоқеъ, таҷассуми ғояҳои неки башардӯстона буда, мардумро ба дӯстиву бародарӣ ва заҳмату ободкорӣ даъват менамояд.
Эмомалӣ Раҳмон
Боиси зикри хос аст, ки ойинҳои бостонии миллиамон, ки ҳар сол љашн мегирем, барои мардуми мо азизу муътабар мебошанд. Мо бояд бо қалбҳои саршор аз меҳр ҳофизаи таърихии худро варақгардонӣ намоем ва роҳи пурпечу фарози тайнамудаи ниёгонамонро пеши назар орем, то ки аз бурду бохти таърихи хеш сабақ омӯзем. Мо тарғиби суннату анъанаҳо ва арзишҳои волои таъриху фарҳанги миллатамонро танҳо бо мақсади парваридани эҳсоси худшиносӣ дар қалбҳои мардуми худ ва наслҳои оянда ба роҳ мондаем[1,91].
Мусаллам аст, ки ҳар як халқ ба фарҳанг ва анъанаву суннатҳои миллӣ такя намуда, бо роҳи хоси худ инкишоф меёбад[1,60]. Қобили тазаккур аст, ки Сада ҷашнест, ёдгор аз ниёкони баруманди миллати тоҷдори тоҷик, ки то ба имрӯз ба монеаҳо дучор гардида бошад ҳам, лекин аҳамияти азалии хеш гум кардааст. Ҳамин тариқ, ҷашни Сада ба шарофати Истиқлоли миллӣ дигарбора эҳё гардид. Ҳамзамон Истиқлоли миллии деринтизори мо имкон фароҳам сохт, ки мо дар ин дунёи пурталотум роҳи хосаи кишвар ва мартабаву манзалати лоиқи худро пайдо кунем, сарзамини куҳанбунёди хешро ба шаклу тариқаҳои муосир ба оламиён муаррифӣ намоем, ба сулҳу салоҳ ва ваҳдати миллӣ ноил гашта, онро таҳким бахшем ва дар ин заминаи мустаҳкам ба шоҳроҳи рушду тараққӣ ва бунёдкориву созандагӣ бароем[1.10].
Боиси хушнудӣ ва ифтихори мо ҷавонони саодатманди тоҷик мебошад, ки ҷашнҳои аҷдодиамон давра ба давра бо рангу тобишҳои гуногуни миллии муосир эҳё гардида истодаанд. Қобили тазаккур аст, ки ба ин восита дар қалби нозуки мо ҷавонон, ки саршор аз орзуҳо мебошад, ҳисси ифтихори миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои аҷдодии ниёконамон низ ҷойи махсус пайдо мекунад.
Зикр намудан ба маврид аст, ки санаи 4-уми декабри соли 2023 дар Касане, Ҷумҳурии Ботсвана иҷлосияи 18-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО ба кори худ шуруъ намуд. Чорабинии мазкур то 9-уми декабри соли 2023 идома ёфта, намояндагони кишварҳои узви Конвенсия оид ба ҳифзи ёдгориҳои мероси фарҳангии ғайримоддӣ иштирок доштанд. Боиси хушнудӣ ва сарфарозии тоҷикони ҷаҳон аст, ки санаи 6-уми декабри соли 2023 зимни иҷлосияи 18-уми Кумитаи байни ҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримодии ЮНЕСКО номинаи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии эрон “Ҷашни Сада” ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид гардид [2].
Сада аз ҷумлаи чунин ҷашнҳои бостонии мо мебошад, ки дар аҳди қадим, махсусан, замони Сомониён бо шукуҳу шаҳомати хос истиқбол мегардид ва дар даврони соҳибистиқлолӣ аз нав эҳё гардидааст, ки дар саросари кишвар баргузор мегардад. Дар айёми таҷлили ин ҷашн мардум шодиву хурсандӣ карда, анъанаҳои неки халқамонро такмил мебахшанд ва фарҳанги миллии тоҷиконро ба ҷаҳониён муаррифӣ месозанд. Ҷашни Сада, дарвоқеъ, таҷассуми ғояҳои неки башардӯстона буда, мардумро ба дӯстиву бародарӣ ва заҳмату ободкорӣ даъват менамояд. Ин ойини нек муждарасони сипарӣ шудани зимистон, наздик омадани фасли баҳор ва фарорасии Наврӯз мебошад ва тибқи тақвими халқии тоҷикӣ пас аз анҷоми чиллаи калон баргузор мешавад. Пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ, гармо бар сармо ва некӣ бар бадӣ моҳияту фалсафаи ин ҷашнро ташкил медиҳад. Воқеан, ҷашни Сада рӯзи арҷгузорӣ ва иззату эҳтиром ниҳодан ба нуру гармӣ, рӯ овардан ба равшанӣ, рамзи меҳру муҳаббат ва дӯстиву рафоқат мебошад. Дар ин айём аз рӯи хирад амал кардан, хайру саховат намудан, ба аёдати беморону наздикон рафтан ва либоси идона пӯшидан аз ҷумлаи ойинҳои неки ин ҷанш ба ҳисоб меравад. Сада, моҳиятан ҷашни кишоварзон буда, ба марди деҳқон аз наздик шудани фасли баҳору оғози корҳои саҳро хабар медимҳад ва аҳли заҳматро ба андешаи давраи нави кишоварзӣ ва боғдорӣ ҳидоят менамояд[3].
Ҳамин тариқ, ҷашнгирии иди Сада дар саросари кишвар ба хотири ободиву амну субот, азнав тамизкунии хонаву дар, ба кишту кор шуруъ намудани марди деҳқон, тозакунии ҷӯю ҷӯйборҳо, омода намудани заминҳои корам барои кишту кор, ниҳолшинонӣ, ба покизагию ростиву ростқавлӣ ва меҳру шафқат ҳидоят намудан мебошад.
Чист, эй дӯст, Сада?
Сада ин рамзи муҳаббат ба баҳор,
Сада ин муждаи Наврӯз,
Сада мероси ниёгони ман аст,
Сада ин оташи ҷовиди Хуросони ман аст.
Чист, эй дӯст, Сада?
Сада, яъне, ки ҳамон хешшиносӣ,
Сада, яъне, ки асолат,
Сада, яъне, ки ҳамин истиқлол,
Сада, яъне, ки ҳамин ваҳдати мост!
Садаи зиндамудом
Оташаи нусрати мост! [4].
Сарчашма:
1. Сайидзода З.Ш. Суханҳои ҳикматомӯзи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Эмомалӣ Раҳмон.- Душанбе, ҶДММ “Контраст”, 2017, 464 саҳ.
2. “Ҷанши Сада” ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид карда шуд. Манбаи электронӣ: https://mfa.tj/tg/main/view/1396/. Санаи муроҷиат: 17.01.2025
3. Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада. 30.01.2021. ш.Душанбе. Манбаи электронӣ: https://president.tj/event/%27speeches/22583. Санаи муроҷиат: 14.01.2025
4. Озар Салим. Сада. Манбаи электронӣ: https://www.khatlon-rusnoma.tj. Санаи муроҷиат: 14.01.2025
Камолова Шукрона Аҳмадҷоновна, - корманди Маркази Синошиносии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.М. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба густариши равобити ҳамаҷониба бо Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки бар пояи эътимоду эҳтироми мутақобила, ҳавасмандии мутақобила ба амиқва густариши равобити дуҷониба, мавқеъҳои муштарак дар бисёре аз масоили ҷаҳониву минтақавӣасос ёфтааст, аҳамияти хоса медиҳад.
Дар давоми се даҳсолаи истиқлолияти давлатӣ робитаҳои Тоҷикистон ва Эрон якранг набуданд: кишварҳо як марҳилаи хоси муносибатҳои дуҷониба, яъне коҳишу эҳёи дубораро таҷриба карданд. Вале, бо шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи роҳбари кишвар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии ду кишвар рушд намуда, ҳаҷми гардиши савдои хориҷии мутақобила сол то сол афзоиш меёбад. Дар шароити имрӯза ниҳоят муҳим аст, ки муносибатҳои дуҷонибаю бисёрҷониба бо назардошти манфиатҳои миллии тарафҳо роҳандозӣ ва густариш ёбанд.
Вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳон ва таҳдидҳои муосир тақозо менамояд, ки ду кишвари ҳамзабон ва бародару дӯст ҳамкориҳоро дар заминаҳои мухталиф аз ҷумла, фарҳангиву гуманитарӣ, амният, иқтисод ва ғайра тавсеа бахшанд.
Дар моҳи июли соли 2024 Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат президенти Ҷумҳури Тоҷикистон ЭмомалӣРаҳмон ба Теҳрон сафар намуда, бо Президенти Эрон Масъуд Пизешкиён музокирот анҷом доданд. Ҷонибҳо густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва фарҳангро баррасӣ намуданд, ки дар моҳи январи соли ҷорӣ Масъуд Пизешкиён бо сафари ҷавобӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.
Дар ҷараёни сафари расмии Масъуд Пизешкиён ба Тоҷикистон санадҳои нави ҳамкорӣаз ҷониби раҳбарони ду кишвар ба имзо расид, ки боиси амиқтар ва тавсеаи равобити Теҳрону Душанбе дар бахшҳои мухталиф шуд. Раванди рушди равобити Тоҷикистону Эрон дар солҳои охир бар зарурати талошҳои муштарак барои иҷрои барномаи дарозмуддати тиҷоративу иқтисодии дутурафа, яъне ҳамлу нақл ва транзит, идоракунии бӯҳронҳо, ташкили минтақаи озоди муштарак, фарҳанг ва санъат, таҳсилоти олӣ, пажуҳишҳои технологӣ ва навоварӣ, робитаҳои варзишӣ аз асноду ёддоштҳои ҳамкории Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Тоҷикистон буд, ки мақомоти ду кишвар ба имзо расониданд, онҳо чунинанд:
- Барномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати умури хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон;
- Барномаи иҷрои ҳамкорӣ миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони банодир ва дарёнавардии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар рушди транзити бор тариқи бандари Чобаҳор;
- Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеи дастии Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳунарҳои миллӣ ва муосир;
- Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Ёддошти тафоҳум миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат ва технологияҳои нав барои давраи солҳои 2025-2027;
- Ёддошти тафоҳум миёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Пажуҳишгоҳи муҳандисии генетика ва биотехнологияи Ҷумҳурии Исломии Эрон;
- Ёддошти тафоҳум миёни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ва Пажуҳишгоҳи муҳандисии генетика ва биотехнологияи Ҷумҳурии Исломии Эрон;
- Барномаи амалҳои муштарак ба Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони беҳзистии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар заминаҳои иҷтимоӣ ва ҳимоят аз гурӯҳҳои осебпазир;
- Ёддошти тафоҳум миёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Пажуҳишгоҳи муҳандисии генетика ва биотехнологияи Ҷумҳурии Исломии Эрон;
- Ёддошти тафоҳум миёни Маркази ҷумҳуриявии илмии хуни Тоҷикистон ва Созмони интиқоли хуни Эрон;
- Ёддошти тафоҳум дар заминаи беҳдошти чорво ва байторӣ миёни Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати ҷиҳоди кишоварзии Ҷумҳурии Исломии Эрон;
- Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ноиби Президент оид ба кор бо занон ва оилаи Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар самти занон ва оила;
- Ёддошти тафоҳум миёни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти генералии нозиротии Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар самти муқовимат ба коррупсия;
- Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати иртиботот ва фанноварии иттилооти Ҷумҳурии Исломии Эрон;
- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази омори Ҷумҳурии Исломии Эрон;
- Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони миллии стандарти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар соҳаи стандартизатсия ва метрология;
- Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотиюкоммуникатсионӣ байни Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии Ҷумҳурии Исломии Эрон;
- Ёддошти тафоҳуми омӯзишӣ миёни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маъмурияти гумруки Ҷумҳурии Исломии Эрон;
- Ёддошти тафоҳум миёни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Пажуҳишгоҳи муҳандисии генетика ва биотехнологияи Ҷумҳурии Исломии Эрон;
- Ёддошти тафоҳум миёни Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони аснод ваКитобхонаи миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон;
- Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази Пажӯҳишии Шурои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон;
- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Муассисаи давлатииМаркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази таҳқиқоти илмии Маҷмаи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон;
- Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати саҳомии Намоишгоҳҳоибайналмилалии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар соҳаи намоишгоҳӣ.
Вақте, ки кишварҳои ҷаҳон саъй мекунанд, ки равобити мутақобилаи худро инкишоф диҳанд, кўшиш мекунанд, ки ба умумиятҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии худ такя кунанд ва бо тақвият ва истифода аз ин умумиятҳо равобити хешро рушду тавсеа диҳанд. Хусусан, агар ин манфиатҳо аз умқи бостонии миллатҳо сарчашма гирифта, ба фарҳангу суннат табдил шаванд, барои ҳукуматҳо минбари муносибе фароҳам хоҳад шуд, то онҳо барои амиқтар кардани ин соҳаҳо талош кунанд.
Ҳарчанд густариши равобити фарҳангӣва сиёсӣниз аҳамияти бузург дорад, бахусус бо кишваре, ки ба далели муштаракоти забонӣ, нажодӣ, мазҳабӣ, фарҳангӣва таърихӣ кишвари наздиктарин маҳсуб мешавад. Аммо амалӣ намудани имкониятҳои потенсиалии равобити иқтисодӣ то ҳадди имкон кори бештареро тақозо мекунад, ки муносибатҳоро дар маҷмўъ ва муносибатҳои иқтисодӣ, аз ҷумла аз ниҳодҳои дахлдори ду кишвар ҳам дар табодули тиҷорат ва ҳам дар сармоягузорӣ таъмин, ташвиқ ва мусоидат намояд.
Баъди анҷоми маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣПрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизешкиён барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣороста, натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олии ду кишварро неку назаррас арзёбӣнамуданд.
Дар фарҷом бояд гуфт, ки бо талошҳои раҳбарони Тоҷикистону Эрон равобити дуҷониба бар пояи ҳусни тафоҳум ва эътимоди мутақобила бунёд ёфтааст, ки гарави рушди устувори муносибатҳои ҳамаҷонибаи кишварҳои мост. Ҳамзамон, густариши минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба, такмили заминаи шартномавӣ, ташкили сафарҳои мутақобила дар сатҳҳои гуногун, андешидани тадбирҳои амалӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, саноат, кишоварзӣ, сармоягузорӣ, транзит, нақлиёт ва ғайра муҳим аст.Ҳамчунин, ҳарду кишвар бар ин назаранд, ки равобити мо бояд беҳтар аз вазъи кунунӣ бошад ва мо ҳатман метавонем равобити дуҷонибаро ба равобити хуби минтақавию ҷаҳонӣтабдил диҳем. Ин равобит миёни ду кишвари ҳамзабони ҳамсоя метавонад барои ҳукумат, миллат ва манофеъ умедбахш бошад.
Зиёзода Н. И - ходими илмии ИФСҲ АМИТ
Паёми имсолаи Роҳбари давлат дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хоричии кишвар дар бинои нави мақоми олии қонунгузори мамалакат Маҷлиси Олӣ баргузор гардид.
Дар толор раёсат ва аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазир ва аъзои Ҳукумати мамлакат, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти вазорату кумитаҳои давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумат, мақомоти марказии судӣ ва дигар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот, Академияи миллии илмҳо, муассисаҳои олии таълимӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, як гуруҳ собиқ вакилони Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ, Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, вакилони як қатор иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, сиёсӣ ва эҷодӣ, роҳбарияти корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, бонкҳо, доираи тоҷирону соҳибкорон ва ҷавонони ташаббускор, намояндагони ҳайати дипломатӣ ва воситаҳои ахбори умум иштирок доштанд.
Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чун ҳамасола дар Паёми хеш самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварамонро муфассал таҳлил намуда, ҷиҳати рушду такомули соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва илму фарҳанг пешниҳодоти ҷолибе намуданд, ки ба андешаи ман, баҳри пешрафти тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеа чун ҳуҷҷати раҳнамо хизмат менамояд. Ин ҳуҷҷати муҳим фарогири тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеа буда, дар он соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи кишвар мавриди таҳлили амиқ қарор гирифтаанд.
Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи таҳлили рушди ҳамаҷонибаи мамлакат барои солҳои оянда аст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба дурнамои рушди ояндаи Ватан бо овардани далелҳои мўътамад назари некбинона карданд ва ин паёмро метавон дастури роҳнамои фаъолият дар давоми сол номид. Паём ин дастурамали зиндагии шаҳрвандон, барномаи мукаммали кории тамоми сохторҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва роҳнамои мардум ба сӯйи ояндаи дурахшони Тоҷикистон мебошад. Аз ин рӯ, дар оғози он аз ҷониби Пешвои миллат чунин мақсади воло муайян гардидааст: «Таъмин намудани шароит барои зиндагии арзандаи сокинони кишвар ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат мебошад ва мо тамоми захираву имкониятҳоямонро барои расидан ба ин ҳадаф сафарбар сохтаем».
Ҳар як Паём ба инъикоси вазифа ва ҳадафҳои дар боло зикршуда равона мегарданд. Новобаста аз ин, дар Паёми ниҳоӣ якчанд хусусиятҳои хос мавҷуданд, ки дар Паёмҳои пешин ба назар намерасиданд. Ин махсусиятҳо дар ҷанбаҳои зерин инъикос шуданд:
1) Ҷамъбасти соли гузашта ва зарурати вокуниш ба хатарҳои нав;
2) Баррасии дастовардҳои соли 2024;
3) Устуворӣ дар авлавиятҳои рушди кишвар;
4) Таваҷҷуҳ ба ҷавонон ва нақши занон;
5) Нигоҳ доштани афзалиятҳо дар сиёсати хориҷӣ;
6) Изҳори сипос ба шаҳрвандони бонангу номуси кишвар;
7) Вазифагузории мушаххас;
Дар маҷмӯъ, Паёми Сарвари давлат барои ҳар як шаҳрванд нуқтаи баландтарини ҳидоят буда, роҳнамо ва ҳавасмандкунандаи ҷавонон мебошад. Зеро бо кушишу талоши аҳлонаи ҳамаи мо мушкилоти ҷомеа ва давлатамон дар ояндаи наздик бартараф гардида,Тоҷикистони маҳбубамон ба як мулки воқеан обод ва кишвари пешрафта табдил хоҳад ёфт.
Ходими хурди илмии Шуъбаи масоили сиёсии муносибатҳои байналмилалии ИФСҲ – и АМИТ Маҳмадова Фарзона Абдураҳмоновна
(Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ")
Имрӯзҳо мушоҳида мегардад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба илму маориф диққати аввалиндараҷа дода, барои рушд ва густариши он заҳматҳои зиёд кашида истодааст. Зеро маҳз тавассути илм ва ҷаҳонбинии илмӣ ҷомеа рушд мекунад. Ин нукта Пешвои миллат дар Паёми навбатиашон чунин қайд намуданд: “Ман аз рӯзҳои аввали роҳбарии худ ба масъалаи илму маориф эътибори доимӣ ва аввалиндараҷа медиҳам. Ин эътибори Пешвои миллат боис гашта истодааст, ки олимони тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ ва ҷаҳонӣ дастовардҳои худро пешкаш намуда, дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол хидмати худро анҷом дода истодаанд.
Пешвои миллат дар ин Паём низ пайванди илм ба истеҳсолотро муҳим ҳисобида чунин дастур доданд: “Ба масъалаҳои рушди сармояи инсонӣ, тақвияти иқтидорҳои истеҳсолӣ ва истифодаи технологияҳои муосир, ташкили истеҳсоли молу маҳсулоти рақобатнок бо арзиши баланди иловашуда, пайванди илм бо истеҳсолот ва ташаккул додани иқтисоди ба дониш ва ихтироъкориву навоварӣ асосёфта таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад”.
Пешвои миллат ба илмомӯзии ҷавонон диққати махсус зоҳир намуда, чунин гуфтанд: “Имрӯз 42 ҳазору 400 нафар ҷавонони мо дар 42 давлати мутараққии ҷаҳон таҳсили илм доранд, ки 13 ҳазор нафар ё беш аз 30 фоизи онҳо духтарон мебошанд”. Ин омор барои ҷомеаи тоҷик бисёр фараҳбахш буда, аз сиёсати илмпарваронаи Пешвои миллат дарак медиҳад ва стратегияи рушди ҷомеаро дар асоси илм кафолат медиҳад.
Аммо бо ин ҳама қонеъ набояд шуд ва дар рушди илм ва ҳамкориҳои илмӣ талошҳои зиёдтар лозим аст. Дар ин маврид низ, Пешвои миллат чунин гуфтанд: Бояд гуфт, ки дар зинаи таҳсилоти олӣ масъалаҳои сатҳу сифати таълим, “дараҷаи касбии омӯзгорон ва истифодаи технологияҳои муосир аз ҷониби онҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим, таҳкими заминаи моддиву техникӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ, табодули илмии омӯзгорону донишҷӯён, корҳои илмиву таҳқиқотӣ ва тадбирҳои тарбиявӣ ҳанӯз ба тақвият ниёз доранд”.
Пешвои миллат ба илму маориф такя намуда, иброз доштанд, ки “Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки ҳамаи пешравию пирӯзии ҳар як давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад”. Дар ҳақиқат пешравии тамоми ҳаёти ҷомеа аз рушди илм вобаста аст. Пешвои миллат дар таваҷҷуҳ ба соҳаи илм озмунҳои зиёдеро ташкил намудаанд, ки тавассути онҳо истеъдодҳои зиёд кашф мешаванд.
Пешвои миллат ин нуктаро чунин иброз доштанд: “Дар озмунҳои дигар, аз ҷумла «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикон – оинаи таърихи миллат» низ то имрӯз 2 миллиону 60 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар, хусусан, наврасону ҷавонон иштирок карда, қариб 1000 нафар соҳиби шоҳҷоиза, ҷойҳои намунавӣ ва ҷоизаҳои пулӣ гардидаанд”. Ин дастгирии Пешвои миллат нисбати ҷавонон ва умуман ҷомеа бисёр саривақти буда, дар иваз ин ҳама ғамхориҳо мо тамоми аҳли ҷомеаро, хоссатан онҳое, ки дар самти илм ва таълим фаъолият мекунанд, содиқона дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол талош намоянд.
Дар баробари ин ҳама, Пешвои миллат ба ҷавонон эътимоднокии худро чунин иброз доштанд: “Бовар дорам, ки ҷавонони ватандӯсти мо минбаъд низ бо илму донишҳои замонавӣ, касбу ҳунарҳои муосир ва саъю талоши навҷӯёнаи худ барои рушди илму инноватсия ва боз ҳам таҳким ёфтани нуфузи кишварамон дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзишманд мегузоранд”. Ҷавонони саодатманди кишварро зарур аст, ки ба боварии Пешвои миллат содиқ монда, дар рушди ҳамаҷонибаи Тоҷикистони азиз саҳмгузор бошанд ва бо истифода аз фазои маҷозӣ фарҳанги миллии худро хифз ва густариш диҳанд.
Рамазониён А. Б – ходими илмии Маркази синошиносии ИФСҲ
(Дар ҳoшияи сaфaри Президенти Ҷумҳурии Ислoмии Эрoн Мaсъуди Пизишкиён бa Ҷумҳурии Тoҷикистoн дaр тaърихи 15-17.01.2025.)
Ҷумҳурии Тoҷикистoн бo Ҷумҳурии Ислoмии Эрoн нa тaнҳo бaрoи ду кишвaр aрзиши вижaе дoрaд, бaлки дaр дурнaмo метaвoнaд бa тaвсеaи aвзoи минтaқa тaъсиргузoр бoшaд. Ҷумҳурии Ислoмии Эрoн ҳaмешa бaрoи тaҳкими мaвқеи худ дaр кишвaрҳoи Oсиёи Мaркaзӣ мaнфиaтдoр буд вa нaзaри худрo бa ин минтaқa бa сифaти яке aз сaмтҳoи aсoсӣ ҷиҳaти рaҳoӣ бaхшидaн aз бунбaсти геoсиёсӣ вa геoиқтисoдӣ рaвoнa мекaрд. Aз ин нуқтaи нaзaр Ҷумҳурии Тoҷикистoн бo муштaрaкoти зaбoнию фaрҳaнгӣ бo Ҷумҳурии Ислoмии Эрoн яке aз масирҳoи диплoмaтӣ дaр минтaқa aст.
Мaвқеи геoсиёсӣ, геoиқтисoдӣ вa геoфaрҳaнгии Эрoн дaр дoирaи ҷaҳoни бисёрқутбa, хусусaн дaр Қoрaи Oсиё нaзaррaс будa, бaрoи кишвaрҳoи Oсиёи Мaркaзӣ бa вижa бaрoи Ҷумҳурии Тoҷикистoн aз нигoҳи мaнфиaтҳoи геoиқтисoдӣ вa геoпoлитикӣ aҳaмияти мaхсус дoрaд. Мaсъaлa дaр ин aст, ки тoҷикoн вa фoрсҳo дорои фaзoи вoҳиди тaмaддуни тaърих вa зaбoне мебошанд, ки ҳaр ду мaрдумрo aсрҳoи тӯлoнӣ бa ҳaм пaйвaнд кaрдa aст.
Ҷумҳурии Тoҷикистoн бo Ҷумҳурии ИслoмииЭрoн ҳaмкoриҳoи иқтисoдию тиҷoрaтирo aз aввaли сoлҳoи бa дaст oвaрдaни истиқлoли дaвлaтӣ oғoз нaмудa, ин ҳaмкoриҳo тo aвoили сoли 2015 дaр ҳoли пешрaфт буд вa aз сoли 2015 тo сoли 2019 ин ҳaмкoриҳo бo бaъзе oмилҳo бoздoшт шудa будaндвa бaъд aз сoли 2019 тo ҳoл дубoрa ин ҳaмкoриҳoи густaрдa бa рoҳ мoндa шудaaнд.
Муштaрaкoти тaърихӣ, зaбoнӣ, рaвoбити aдaбӣ вa рaвoбити фaрҳaнгии тoҷикoн вa эрoниён дaр дaрoзoи тaърих вуҷуд дoштa, нaқши ду кишвaри дӯст вa бaрoдaр дaр рушду тaкoмули тaмaддуни бaшaрӣ ҷoйгoҳи вижaерo кaсб кaрдaaст. Тaйи 34 сoли истиқлoли дaвлaтии Ҷумҳурии Тoҷикистoн Ҷумҳурии Ислoмии Эрoн тaвoнист, ки aввaл Тoҷикистoн вa дигaр ҷумҳуриҳoи сoбиқ Иттиҳoди Шурaвирo бa Сoзмoни Ҳaмкoриҳoи иқтисoдӣ ҷaлб нaмудa, бo ҳaмин рoҳ як тaшкилoти пурқуввaти иқтисoдирo бa вуҷуд oвaрaд.
Дaр дoирaи ҳaмкoриҳoи иқтисoдӣ вa тиҷoрaтӣ бo ибтикoрoти Ҷумҳурии Ислoмии Эрoн дaр Ҷумҳурии Тoҷикистoн кoрҳoи нaзaррaсе aнҷoм дoдa шудaaст, ки муҳимтaрини oнҳo ин сoхтa бaистифoдa дoдaни нaқби Истиқлoл мебoшaд, ки мaблaғи умумии oн 31 млн. дoллaри ШМА-рoтaшкил дoдaaст ва aз ин мaблaғ 10 млн-и он бaрoи Ҷумҳурии Тoҷикистoн ҳaмчун қaрзи бебoзгaшт дoдa шудaaст. Дaр зaминaи ин ҳaмкoриҳo инчунин Эрoн НБО-и Сaнгтудa-2 -рo сoхтa бa истифoдaдoдaaст, ки ҷиҳaти иҷрoи ҳaдaфи стрaтегии Тoҷикистoн, яъне рaҳoӣ aз бунбaсти кoммуникaтсиoнӣ мусoидaт нaмудa бa вoситaи ин нaқб минтaқaи шимoли кишвaр бa Мaркaз мепaйвaндaд. Инчунин, aз ҷoниби Ҷумҳурии Ислoмии Эрoн тaъсиси кoрхoнaҳoи дӯзaндaгӣ вa кoрхoнaҳoи aҳaмияти низoмӣ дoштa вa бoтaҷҳизoти зaмoнaвӣ тaъмин нaмудaни oнҳo, кoрхoнaи “Пoлуд”, кoрхoнaҳoи муштaрaки трaктoрбaрoрии “Тoҷ Ирoн” вa фaбрикaи шири “Симин”, кoрхoнaи истеҳсoли бесaрнишинҳo ба роҳ монда шудaaст.
Зикр нaмудaн бa мaврид aст, ки aйни зaмoн мaҳсулoти aсoсии сoдирoтӣ, ки aз ҷoниби Ҷумҳурии Тoҷикистoн бa Ҷумҳурии Ислoмии Эрoн интиқoл мешaвaд, инҳo aз aлюминий вa мaҳсулoт aз oн, нaхи пaхтa, пиллa, aбрешим вa пaртoвҳoи aбрешимӣ, лӯбиё, зaрдoлу, oлугиҳo, кунҷит, шикaстпoрaи метaллҳoи сиёҳ вa ғaйрaҳo ибoрaт будa, дaр сoхтoри вoридoт aз Ҷумҳурии Ислoмии Эрoн бa Ҷумҳурии Тoҷикистoн гӯшти мурғ, шaкaр, тухм, рaвғaни рaстaнӣ, чoй, рaвғaни мaскa, мaҳсулoти гӯштӣ, мaҳсулoти қaннoдӣ, шoкoлaд, пистa, мaҳсулoти мaкaрoнӣ, семент, гилхoк, мaҳсулoти дoрувoрӣ, сoбун, мaҳсулoт aз плaстмaссa, шишa вa мaҳсулoти шишaгин, мoшину тaҷҳизoтҳoи бaрқӣ вa қисмҳoи oнҳo, вoситaҳoи нaқлиёти зaминӣ вoрид кaрдa мешaвaд.
Дaр тaъмини зaминaҳoи ҳуқуқиву шaрнoмaвӣ нaқши бунёдирo лoиҳaҳoи ҳaмкoрии мувaффaқ вa судмaнд лoиҳaҳoи сoҳaи кишoвaрзӣ, фaрҳaнгӣ, илмӣ, сoҳaи мaoриф вa ғaйрa иҷрo нaмудaнд, ки бaёнгaри тaвсеa вa рушди рaвoбити дӯстoнaмебошанд. Бaйни ду кишвaр ҳудуди беш aз 200 сoзишнoмaю тaфoҳумнoмaҳo вa дигaр сaнaдҳoи ҳaмкoрӣ бa имзo рaсидaaнд.
Инчунин ҳaмкoриҳoи Ҷумҳурии Тoҷикистoн бoҶумҳурии Ислoмии Эрoн бa тaвoфуқoти бaрoдaрӣ рaсидa, шaҳри Хуҷaнди Тoҷикистoн aз сoли 2022 бoшaҳри Язди Эрoн aлoқaҳoи бaрoдaршaҳрӣ бaрқaрoр намудаанд. Ҳамчунин дaр вoхӯрии Сaфири фaвқулoддa вa мухтoри Ҷумҳурии Тoҷикистoн дaр Ҷумҳурии Ислoмии Эрoн Низoмиддин Зoҳидӣ бoрaиси шaҳри Кирмoншoҳ Нoдири Нaврӯзӣ 03.10.2024 мaсъaлaи бaрқaрoрии рoбитaҳoи бaрoдaршaҳрӣ бaйни Кирмoншoҳ вa шaҳри Душaнбе мaтрaҳ гaрдид.
Дaр тaърихи 16 феврaли сoли 1992 Шaртнoмaoид бa бaрoдaршaҳрии шaҳрҳoи Душaнбе вa Шерoз бa имзo рaсид. Тaърихи 12 мaрти сoли 2001 Сoзишнoмa дaр бoрaи ҳaмкoрӣ вa пaймoни бaрoдaршaҳрии шaҳрҳoи Душaнбе вa Шерoз бa имзo рaсидaaст. Инчунин тaфoҳуми муштaрaки ҳaмкoрӣ дaр зaминaи тaбoдули гaрдишгaрӣ миёни шаҳри Шерoз вa шaҳри Душaнбе aз 02.12.2024 имзo шуд вa гуфтa шуд, ки фурсaти мунoсибрoбaрoи тaвсеaи сaйёҳии кишвaрҳo фaрoҳaм меoрaд.
Дaр тaърихи 12 мaрти сoли 2001 дaр шaҳри Теҳрoн Сoзишнoмaи нaв дaр бoрaи ҳaмкoрии иқтисoдӣ вa Прoтoкoл дaр бoрaи пaймoни бaрoдaршaҳрии шaҳрҳoи Душaнбе вa Теҳрoн бaимзo рaсидa, инчунин як қaтoр шaҳрҳoи дигариҶумҳурии Тoҷикистoн бo шaҳрҳoи Ҷумҳурии Ислoмии Эрoн бaрoдaршaҳрaнд, ки инҳo Ҳaмaдoнии Ҷумҳурии Ислoмии Эрoн бo Кӯлoби Ҷумҳурии Тoҷикистoн, Рaшти Ҷумҳурии Ислoмии Эрoн бo Рaшти Ҷумҳурии Тoҷикистoн вa шaҳри Шaҳрикурди Ҷумҳурии Ислoмии Эрoн бo шaҳри Душaнбе бaрoдaршaҳр мебoшaнд.
Мoҳи янвaри сoли 2023 рaиси Мaҷлиси миллии Мaҷлиси Oлии Тoҷикистoн муҳтaрaм Рустaми Эмoмaлӣ зимни сaфaри рaсмӣ бa Эрoн чaнд сaнaди ҳaмкoрӣ бa имзo рaсoнидa буд, aз ҷумлa Ёддoшти тaфoҳуми ҳaмкoрӣ бa имзo рaсид, ки бa тaвсеaи рoбитaҳoи бaйнипaрлaментӣ вa тaҳкими пoяҳoи ҳуқуқии мунoсибaтҳoи ду кишвaр рaвoнa кaрдaшудaaст. Дaр пaёми худ рaиси пaрлумoни Тoҷикистoн изҳoр дoштa буд, ки дaр пaртaви aрзишҳoи дӯстӣ вa бaрoдaрӣ вa муштaрaкoти тaърихии мaрдумoни ҳaмзaбoн вa ҳaмфикри Тoҷикистoн вa Эрoн мунoсибoти бaйнипaрлумoнии ду кишвaр пaйвaстa рушд вa тaвсеa хoҳaд ёфт.
Дaр ин рoстo, дaр сиёсaти хoриҷии Ҷумҳурии Тoҷикистoн бa рoҳ мoндaни ҳaмкoрӣ бo Ҷумҳурии Ислoмии Эрoн ҷoйгoҳи хoсси худрo дoрaд, зерo ин ду кишвaри ҳaмзaбoну ҳaмфaрҳaнгрo умумиятҳoи тaърихӣ, aнъaнaҳoи дерини дӯстию бaрoдaрӣ вaҳaмкoрии мутaқoбилaн судмaнд бa ҳaм мепaйвaндaнд, ки oн aз муҳимтaрин oмилҳoи рушду густaриши сaреъи мунoсибaтҳoи ду кишвaр дaр зaмoни истиқлoли Тoҷикистoн гaрдидaнд. Хaмкoрии мувaффaқoнaи кишвaрҳo дaр зaминaи усулҳoи бaрoбaрӣ вa риoяи меъёру қoидaҳoи мунoсибaтҳoи бaйнaлмилaлӣ зинa бa зинa рушд нaмудaaнд.
Дaр дoирaи ҳaмкoриҳoи бисёрсaмтa рoбитaҳoи бaйнипaрлумoнии Тoҷикистoну Эрoн низ тaйи сoлҳoи oхир ривoҷи тoзa мегирaнд. Миёни Мaҷлиси нaмoяндaгoни Мaҷлиси Oлии Ҷумҳурии Тoҷикистoн вa Мaҷлиси Шӯрoи Ислoмии Ҷумҳурии Ислoмии Эрoн гурӯҳи бaйнипaрлумoнӣ фaъoлият менaмoяд, ки нaқши oн дaр тaвсеaи ҳaмкoрии бaйнипaрлaментии ду кишвaр муaссир aст. Дaр ҳaмин дoирa, ҳaмчунин як силсилaсaфaрҳo вa мулoқoти рaсмии рoҳбaрoни ниҳoдҳoи aлoҳидa сурaт гирифтaaнд, ки дaр рaфти oнҳoмaсъaлaҳoи мубрaми рaвoбити ду кишвaр пaйвaстa тaҳким меёбaнд. Вoбaстa бa ин, дaр мунoсибaти миёни ду кишвaр «Ёддoшти тaфoҳум бaйни Ҳукумaти Ҷумҳурии Тoҷикистoн вa Ҳукумaти Ҷумҳурии Ислoмии Эрoн oид бa усул вa чoрчӯбaи ҳaмкoриҳoи дуҷoнибa дaр сoҳaи aмният», ки зимни мулoқoти Вaзири кoрҳoи хoриҷии Ҷумҳурии Тoҷикистoн Сирoҷиддин Муҳриддин вa сoбиқ Вaзири умури хoриҷaи Ҷумҳурии Ислoмии Эрoн Муҳaммaд Ҷaвoд Зaриф дaр шaҳри Теҳрoн бa имзoрaсид, ки як қaдaми тaърихӣ будa, ирoдaи ҳaр ду тaрaфрo дaр мубoризa бo экстремизм вa террoризм ифoдa мекунaд. Бaр aсoси ин Ёддoшти тaфoҳум тaрaфҳo вaзифaдoр шудaaнд, ки aз фaъoлияти ҳизбу ҳaрaкaтҳoе, ки ҳaмчун сoзмoнҳoи террoристӣ вa экстремистӣ эълoн шудaaнд, пешгирӣ кaрдa, aз ҳaмa нaмуди дaстгирӣ вa ҷoнибдoрии oнҳo худдoрӣ нaмoянд. Имзoи ин сaнaди ҳуқуқӣ бoри дигaр нишoн дoд, ки oн ифoдaкунaндaи мaнфиaтҳoи вoқеии ду дaвлaти ҳaмтaбoр вa ҳaммaнфиaт будa, мoҳияти aслии мунoсибaтҳoи Тoҷикистoну Эрoн мaҳз ҳaмкoрию ҳaмзистист.
Ҳaмчунин миёни ду кишвaр Кoмиссияи муштaрaки бaйнидaвлaтии иқтисoдию тиҷoрaтӣ aмaл менaмoяд, ки фaъoлияти нaзaррaс дoрaд. Ҷaлaсaи 13-уми Кoмиссияи муштaрaки ҳaмкoриҳoи тиҷoрaтӣ, иқтисoдӣ, техникӣ вa фaрҳaнгии Ҷумҳурии Тoҷикистoн вa Ҷумҳурии Ислoмии Эрoн дaр Теҳрoн 2-3 декaбри сoли 2019 бaргузoр гaрдид вa бaрoи пaйгирии нaтиҷaҳoи oн Нaқшaи чoрaбиниҳo тaртиб дoдa шуд. Ҳaмчунин, дaр рaфти ҷaлaсa як қaтoр мaсъaлaҳoи муҳим ҷиҳaти беҳтaр нaмудaни рaвoбити ду кишвaр бaррaсӣ гaрдидa, мaхсусaн рӯйи aнҷoми лoиҳaҳoи aмaлкунaндa миёни Ҷумҳурии Тoҷикистoн вa Ҷумҳурии Ислoмии Эрoн тaвaҷҷуҳ зoҳир шуд. Бaргузoрии ҷaлaсaи 13-уми Кoмиссияи муштaрaк дaр беҳтaр шудaни рaвoбити ду кишвaр нaқши муaссир дoштa, ҳaмкoриҳoи тиҷoрaтӣ, иқтисoдӣ, техникӣ вa фaрҳaнгии бaйнидaвлaтирo тaвсеa хoҳaд бaхшид.
Дар давоми чаҳор – панҷ соли охир ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фарҳангӣ ва амниятӣ миёни ду кишвар рушд намуда истода, дар ин муддат сафарҳои расмӣ ва кории роҳбарони кишварҳо самараи хубе ба бор оварда, инак тaшрифи Президенти Ҷумҳурии Ислoмии Эрoн муҳтaрaм Мaсъуд Пизишкиён бa Тoҷикистoн дaр тaърихи 15янвaри сoли 2025 вa мулoқoт бo Aсoсгузoри сулҳу вaҳдaти миллӣ – Пешвoи миллaт, Президенти Ҷумҳурии Тoҷикистoн муҳтaрaм Эмoмaлӣ Рaҳмoн вa имзoи як қaтoр сaнaди нави ҳaмкoриҳo дaр бaхшҳoи гунoгун бa мaнфиaти ду ҷoниб хoҳaд буд.
Зиёзoдa Субҳиддин Нaсриддин, - мудири шуъбaи Шaрқи Миёнa вa Нaздики Институти oмӯзиши мaсъaлaҳoи дaвлaтҳoи Oсиё вa Aврупoи АМИТ
Чун анъана Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар поёни сол доир ба самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвари азизамон паёми худро иброз медоранд ва моро ба сӯйи фардои неку рушан роҳнамоӣ мекунанд ва ба қавли Иқболи Лоҳурӣ “ҳар имрӯзи ту аз фардо паём аст”. Дар паём масоили калидии иқтисодиёту иҷтимоиёту сиёсат, маорифу тандурустию фарҳанги кишвар ва дурнамои он ироа гардида, дар канори он масъалаи муҳимме чун масъалаи духтарону занон, ки ба солимиву побарҷоии хонавода ва ҷомеа иртибот дорад, низ таваҷҷуҳи вижа шудааст.
Сарвари давлат суханро нахуст аз ҷойгоҳи зан оғоз карданд: “Дар фарҳангу тамаддуни мо – тоҷикон иззату эҳтироми зан-модар ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад”. Аз таърихи ғании тоҷикон пайдост, ки зан дар аҳди бостон корҳои хона ва хонаводаро идора мекард ва аз неруи шигифтангезе бархурдор буд. Дар ҷомеаи модарсолор ба неруи қудрат, ҷавҳари ҳаёт ва устурагуна будани ӯ қоил шуда, ӯро ба мақоми эзадӣ боло бурда буданд ва эзадбонуи обҳои ҷаҳон, илоҳаи ҳосилхезӣ ва борварӣ – Аноҳито, ки ҳамчун намод парастиш мешуд, гувоҳи ин гуфтаҳост. Занони мо дар умури зиндагӣ канори мардҳо корҳои гуногунро ба мисли корҳои сафолгарӣ, бофандагӣ, кишоварзию мевачинӣ, домпарварӣ иҷро мекарданд ва ин ҳама аз вазоифи хонадории занон маҳсуб мешуд. Дар фарҳанги асрҳои миёна мақоми зан, ҳуқуқи хонаводагии зан фалсафаи хосе дошта, бар пояи расму анъанаҳо ва шариат бунёд ёфта буд. Дар даврони нав рӯйдоди муҳимме, ки ба мақоми иҷтимоии зани тоҷик ва рӯзгори суннатии ӯ тағйироти куллӣ ворид кард, ин аст, ки акнун тамоми масоили марбут ба занон аз масоили умури хонаводагӣ то таҳсилу кору фаъолият дар сатҳи давлатӣ дар мадди назари давлат қарор дошт.
Хушбахтона ин анъана то кунун идома дорад ва дар ин маврид дар Паём омадааст, ки “мақому манзалати занону бонувон ва нақши онҳо дар эъмори давлати муосир ва рушди ҷомеа маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ воқеан боло рафтааст”. Дар даврони Истиқлол таваҷҷуҳи сарвари давлат ва ҳукумат ба қадру манзалати занон дар ҷомеа ва иштироки онҳо дар умури хонаводагиву иҷтимоии ҷомеа равона гардида, пайҳам қонунҳои мутааддид ва барномаҳои зиёд ба тасвиб расиданд. Аз ҷумла Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» (аз 3 декабри соли 1999, №5); Барномаи давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010» (аз 6 августи соли 2001, №391); Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд дар се марҳила (барои солҳои 2007-2016; солҳои 2017-2022 ва солҳои 2023-2030); Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз» (аз 19 июли соли 2022, №1890); Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду марҳила (солҳои 2011-2020 ва солҳои 2021-2030).
Натиҷаи ин ҳама кӯшишу талошҳо ва роҳандозии қонунҳо чунин шуд, ки имрӯз сафи бонувони мутахассис дар соҳаҳои мухталифи кишвар афзудааст. Аз ҷумла “25 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи кормандони соҳаи тиб, 47 фоизи кормандони соҳаи фарҳанг, 37 фоизи олимон ва 30 фоизи соҳибкоронро бонувону занон ташкил додааст”. Чунонки мебинем, занони тоҷик дар бахшҳои мухталифи ҷомеа нақшҳои муассире иҷро мекунанд ва минбаъд ҳам бояд талош бикунанд, то дар масоили иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ нақши муассир ва пурранг дошта бошанд.
Пас аз пош хурдани шуравӣ ва солҳои аввали Истиқлол бархе аз занҳо аз рӯйи зарурат ва таъминоти маишии хонавода ба соҳибкории хурд – тиҷорат ва кашидани борхалтаҳои молу колои хурд аз хориҷ машғул шуданд. Қисми боқимондаи бонувон ба муасиссаҳои буҷавии кишвар рӯй оварда, мардҳо ба сектори соҳибкории хурду бузург худро заданд. Аз он замон то имрӯз теъдоди занони соҳибкор ба маротиб зиёд шуд ва имрӯз неруи тавоноро дар бозори меҳнати кишвар ташкил медиҳад. Дар ин бора дар Паём омадааст: “Имрӯз беш аз 110 ҳазор бонувону занони кишвар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошанд”.
Гузашта аз ин, “дар замони соҳибистиқлолӣ зиёда аз 280 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм кардаанд, яъне соҳиби маълумоти олӣ гардидаанд”. Маҳз дониш ва истиқлоли фикриву иқтисодӣ доштани занони тоҷик боис шуд, то эътимод ба нафсашон боло равад ва дар корҳои хонаводаву ҷомеа омода ва бо иқтидор бошад, зеро зани босавод як хонаводаро босавод мекунад.
Муҳимтарин ва арзишмандтарин вазифаҳое, ки зан дар ҷомеа метавонад иҷро кунад, вазифаи модарӣ ва ҳамсарӣ аст, ки дар пайи садсолаҳо бар пояи суннатҳову фарҳанги миллӣ устувор шудаанд. Дар воқеъ хонаводаи солим рукни муқаддаси ҷомеа аст. Сарвари давлат бо бовару эътимод ба занон рӯй оварда, дар Паём қайд карданд: “Бовар дорам, ки бонувону занон ва модарону духтарони азизи мо дар амалисозии талаботу муқаррароти қонунҳои миллӣ, пешгирӣ кардани бегонапарастӣ, аз ҷумла сару либос ва ойинҳои барои мардуми мо бегона, ба камол расонидани наслҳои солим, таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии Ватан минбаъд низ саҳми арзишманди худро мегузоранд”.
Насли солим дар домани модари солим тарбия меёбад, аз ин рӯ ташаккули тамоми аносири ҳувиятсози миллӣ – забон, фарҳанг, арзишҳои миллӣ, донишу ҷаҳонбинӣ дар кӯдакону наврасон, пеш аз ҳама, ба зиммаи модарон аст. Занон сангинтарин масъулият – тарбияи хонавода ва ба навъе ҷомеаро бар уҳда доранд ва “мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии бонувону духтарони тоҷик ҳамчун неруи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳоро идома медиҳем”, - мегӯянд Пешвои миллат. Ҳарчанд тоҷикон дар тули таърих пайваста дучори фишору таъқибҳо буданд, аммо ҳувияти миллии худро то имрӯз ҳифз кардаанд. Таърихи башар арсаи омӯзишу ибрат буда, ҳар кӣ майли аз он омӯхтан надорад, ниёзмандиҳои зиёде ӯро дар пеш аст. Унсурҳои ҳувиятсози мо тоҷикон – забону фарҳанг, дину ойину расму русум, реша дар умқи таърих дорад ва ҳайфу дареғ аст, агар мо масири нодурустро интихоб кунем. Заволи аносири ҳувияти миллӣ ногузир ба заволи миллат во медорад ва инро бояд зан-модари тоҷик хуб дарк кунад. Масъулият ва дифоъ аз унсурҳои миллӣ, пеш аз ҳама, бар дӯши модарон аст, “зеро онҳо эҳёкунандаву нигоҳдоранда ва тарғибкунандаву посдорандаи беҳтарин суннату анъанаҳои миллӣ ва расму оинҳои асилу бостонии халқамон мебошанд”.
Хоҳарон ва модарони сарбаланди сарзаминам, сазовори эътимоди Президенти кишвар ва ҷомеаи Тоҷикистон будан чизе фаротар аз пазириши масъулият аст ва бо меҳру самимияту садоқат ба Ватан мо метавонем ба ин бовару эътимод шоиставу сазовор бошем.
Фарангис Шарифзода - директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ
“Дар баробари ин ҳама, нооромиву низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни олам, шиддат гирифтани мухолифатҳои сиёсӣ ва таҳримҳо миёни кишварҳои абарқудрат, мусаллаҳшавии бошитоб, «ҷанги сард», тағйирёбии иқлим, инчунин, канда шудани занҷираҳои таҳвили молу маҳсулот ва дигар омилҳои берунӣ моро водор месозанд, ки барои пешгирӣ кардани таъсири манфии онҳо ба иқтисодиёти кишвар тадбирҳои саривақтӣ андешем”.
Эмомалӣ Раҳмон
Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмондар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ аз чанд ҷиҳад фарқунанда буд. Дар Паём баробари дигар самтҳои сиёсати дохилию хориҷии мамлакат тавваҷуҳ ба иқтисоди рақамӣ ва инноватсия зоҳир карда шуд. Ҳамин буд, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон гардид. Ҳамзамон қайд гардид, ки ҳукумати мамлакат бо истифода аз ҳамаи захираву имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати мунтазам беҳтар гардонидани шароити зиндагии мардум нақшаҳои бузурги созандагиро роҳандозӣ карда истодааст. Соли 2024-ум ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ба беш аз 150 миллиард сомонӣ ва суръати рушди воқеии он ба 8,4 фоиз расонида шуда, дар панҷ соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна ба 7,7 фоиз расидааст. Дар ин замина ба рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва амалисозии лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузории давлатӣ, инчунин, татбиқи нақшаву барномаҳои миллӣ, соҳавӣ ва маҳаллӣ дар панҷ соли охир аз ҳисоби буҷети давлат ва сармояи дохиливу хориҷӣ зиёда аз 197 миллиард сомонӣ равона карда шуд. Дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои мушаххас даромади пулии аҳолӣ аз 48 миллиард сомонии соли 2019-ум ба 147 миллиард сомонӣ дар соли 2024-ум расид, яъне нишондиҳандаи мазкур 3 баробар зиёд гардида, музди миёнаи меҳнат беш аз 1,8 баробар ва андозаи миёнаи нафақа 1,5 баробар афзоиш ёфтааст.
Дар шароити нави рушди иқтисоди рақамӣ, зеҳни сунъӣ, истифодаи самараноки инноватсия ва рақамикунонии иқтисодиёт моро зарур аст, пеш аз ҳама гузариш бо ин гунна иқтисодиётро дуруст ба роҳ монем, фарҳанги истифодаи технологияҳои рақамиро аз худ намоем, ҳамзамон ҷиҳати расидан ба рушди иқтисоди рақамӣ ва татбиқи онҳо дар иқтисодиёти мамлакат, рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ, истифодаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, пардохтҳои андозӣ ва дигар намуди хизматрасониҳои электрониро дар фаъолияти иқтисодию иҷтимоӣ ба роҳ мондан ба манфияти кор мебошад. Айни замон дар қисмати зиёди давлатҳои пешрафта низоми дурусти истифодаи пардохтҳо ва хизматрасониҳои рақамӣ ба роҳ монда шудааст, ки яке аз роҳҳои рушди он баланд бардоштании фарҳанги молиявии шаҳрвандон мебошад. Дар ин робита дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин масъала баррасӣ гардида, қайд шуд, ки “Ташаккул додани маърифати молиявии шаҳрвандон ва баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ ҳамчун яке аз омилҳои асосии татбиқи самараноки сиёсати андозу буҷет, аз ҷумла дар масъалаи гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ барои ноил гардидан ба устувории молиявии давлат ва рушди иқтисодӣ нақши муҳим дорад. Ҳамзамон қайд гардид, ки ба Ҳукумати мамлакат ва вазорату идораҳои дахлдор супориш дода мешавад, ки доир ба баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявӣ ва фарҳанги андозсупории шаҳрвандон чораҳои судмандро амалӣ созанд. Ҳамчунин, Вазорати молия, Бонки миллӣ, Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ якҷо бо дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд, ки ҳалли масъалаҳои вусъат додани истифодаи технологияҳои муосири рақамиро ҳарчи зудтар таъмин намоянд”.
Айни замон Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисодии кишвар қадамҳои устувор гузошта, дар панҷсолаи минбаъда вазифаҳои зеррин: такмили фаврии заминаҳои ҳуқуқӣ ва қабули санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ, то шабакаҳои панҷ – ҷӣ (5G) инкишоф додани инфрасохтори рақамӣ, рушди марказҳои коркарди маълумот, таъсиси махзани мукаммали миллии маълумот, рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ташкили махзани ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ, рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ, истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ, андешидани чораҳо дар самти таъмин намудани амнияти киберии махзанҳои маълумот, ташаккул додани соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электрониро афзалият шуморида, барои татбиқи онҳо тамоми имкониятҳоро истифода намуда истодааст.
Ёдовар шудан ба маврид аст, ки яке аз омилҳои рушд ва татбиқи ҳадафмандонаи иқтисоди рақамӣ ва инноватсия ин таёр намудани кадрҳои баландихтисоси ин соҳа ба ҳисоб меравад. Вобаста ба ин Пешвои миллат иброз намуданд, ки дар низоми таълимии муассисаҳои тамоми зинаҳои таҳсилоти касбӣ равияи омода кардани барномасозон ва дигар ихтисосҳои зарурӣ барои рушди иқтисоди рақамӣ ва барномасозӣ ҷорӣ карда шавад. Дар ин раванд, муҳайё кардани шароити беҳтарин барои тарбияи кадрҳо, пешниҳод намудани имтиёзҳои гуногун, ҳавасмандгардонии мутахассисони самти технологияҳои иттилоотӣ ва бозомӯзӣ дар муассисаҳои пешқадами хориҷӣ зарур дониста мешавад.
Хулоса Паёми соли 2024 пеш аз ҳама ҳадафҳои созандаю ояндабинонаи Пешвои миллатро дар худ инъикос намуда, ҷиҳати расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва дар ин замина таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ бо истифода аз ҳамаи имконияту сарчашмаҳои мавҷуда, хусусан, манбаъҳои рушди «энергияи сабз» саноатикунонии мунтазами мамлакат, рушди соҳаи сайёҳӣ, истифодаи техногияи рақамӣ ва инноватсия, рушди соҳаи кишоварзӣ ва беҳтар таъмин гардидани талаботи истеъмоливу саноатии кишвар, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар соҳаҳои муҳимтарини ҷомеаро пурра ва ҳамаҷониба пайгирӣ менамояд.
Асомуддини Рамазони Каримзода - cармутахассиси Раёсати магистратура, аспирантура ва докторантураи PhD-и АМИТ
Ҷашни Сада ва қиссаи кашфи оташ аз қадим боз дар сарзамини тоҷику форси бостон бо ҳам дар алоқамандӣ буданд ва яке аз маросимҳои суннатии мардуми форсизабонон буд, ки дар таърихи дунёи бостони тоҷику форс Ҳушанг-шоҳи Пешдодиён нахустин касест, ки ҷашни Садаро барпо намудааст. Дар бисёр сарчашмаҳои таърихӣ омадааст, ки Ҳушанг-писари чаҳоруми Одам аст, яъне ба пушти чаҳоруми Одам мерасад. Дар «Таърихи Ғурар-ус-сияр» маъруф ба «Шоҳнома»-и Соалибӣ омадааст, ки Ҳушанг фарзанди Сиёмак, набераи Каюмарс буда, ба ҳамаи мардумони кишварҳо фармонбарӣ намуд. Ӯ нахустин касест, ки заминро аз ҳар ҷиҳат ободон кард ва ба сохтумонсозиву шаҳрсозӣ рӯй овард. Болотар аз ҳама он аст, ки ойинҳо ниҳод ва дод густурд ва ба ин хотир ба ӯ лақаби «Пешдод» доданд ба маънои он ки нахустин шахсест, доварӣ ба дод кардааст.[1]
Дар «Шоҳнома»-и Фирдасии бузургвор омадааст, ки Ҳушанг – подшоҳи Пешдодиён рӯзе бо сад нафар ба самти куҳе меравад, ногоҳ мори бузургҷуссае ба назараш мерасад. Азбаски ҳаргиз мор надида буд, ба шавқ омада гуфт ҷамеи ҷонварон мутобеати мо мекунанд, ҳамоно ин ҷонвар душмани мост, ки сар аз итоат печида, сангеро бардошту ба тарафи мор андохт. Он санг хато шуд бар санги дигаре хурд, оташ аз он баромад ва бар хасу хошок афтоду мор ҳам бисухт. Чун дар он замон ҳануз оташ кашф нашуда буд, Ҳушанг бо ҳамроҳони хеш аз ба вуҷуд омадани оташ хурраму шод гардид ва гуфт ин нури худост, ки душмани моро кушт ва рафту шукр кард ва қиблаи худро сохт ва ҷашни бузурге барпо кард, ки ин яке аз ҷашнҳои Сада буд. Аз ин ҷо, ҷашни Сада ва кашфи оташ ба Ҳушанг хос аст, ки яке аз ҷашнҳои суннатии мардуми тоҷику форси бостон буд.
Бинобар ин ҷашни Сада яке аз ҷашнҳои бузургтарини оташ дар даврони бостон хоси мардуми форсинажод буд. Зеро ки кашфи оташ ва эҷоди он дар тамаддун ва инкишофи ҳаёти инсони таъсири босазое дошта, ба ҳамин ҷиҳат хотираи кашфи он беҳтарин хотира дар зеҳни инсонӣ боқӣмондааст. Ва ин ҷашни ҳаётбахшу рушноии зиндагӣ баъди солҳову давраҳои зиёди таърихӣ, ки дар баъзе кишварҳо нимсӯзу нимгирён буд, дар сарзамини Тоҷикистон аз нав бо ташаббуси Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳёю афрухта шуд. Бинобар ин пайдоиши ҷашни Сада ва қиссаи кашфи оташ дар замони подшоҳии Ҳушанг ишора бар он мекунад, ки он асоси таърихӣдорад.
Фирдавсии бузургвор дар шоҳасари хеш «Шоҳнома» мавзӯи ҷашни Сада ва достони кашфи оташро низ рӯи қоғаз овардааст, вале бисёриҳо достонҳои ин асари безаволро ҳамчун устура, тахаюлоту афсона мепиндоранд. Ҳол он ки вақте ки ба таърихи тамаддуни фарҳангу фалсафаи зиндагии бостони тоҷику форс рӯ ба рӯ мешавем мебинем, ки ҳар он чи қиссаву ривоят ва достонҳое, ки бо унвони устура муаррифӣ шудаанд, афсона не, балки ҳақиқату воқеияти зиндагии мардуми бостон ва орзую хостаҳои онҳо буд. Ва қаҳрамонҳои таърихии бостони тоҷику форс ба монанди Аҳуромаздо, Каюмарс, Зардушт, Сиёмак, Ҳушанг, Ҷамшед ва амсоли инҳо образҳои тамаддунсозе буданд, ки дар таърихи башарият барои покиву ростӣ, рушноии зиндагӣ ва ободиву пешрафти мардуму сарзамин ва маърифати онҳо дар дунёи ҳастӣ мубориза кардаанд. Онҳо аввалин хиштҳои сохту сози сохтори дунёи ҳастӣва маърифатро барои наслҳои минбаъда боқӣ гузоштанд. Ва мисоли кашфи оташ ва ҷашни Сада – ҳамчун рамзи нуру маърифату тамаддун буд, ки инсонҳоро барои зиндагии солиму мубориза ба муқобили зулмоту бадӣ равона сохт ва ин диалетикаи устураву ривоятҳои бостонӣ то имрӯз ҳам дар дохили рӯҳу ҷисм ва зиндагии ҳар лаҳзаина мо идома дорад.
Ҳамин тариқ, дар даврони 40 сол подшоҳии Ҳушанг нахустин бор оташ падид омад ва роҳу равиши нигаҳдории он ҳифз карда шуд. Аз таърих медонем, ки дар замонҳои қадим мардуми форсинажод дар ҷайҳое мезистанд, ки даҳмоҳ зимистон ва ду моҳ тобистон буд.[2] Тавассути нигаҳдории оташ мардум тавонистанд бар душманони хеш - сармо ва торикию зулмот ғалаба кунанд. Муддате нагузашта онҳо бар гирди ин оташ хонаҳо сохту соз карданд ва по ба давраи шаҳрнишинӣ ва фарҳангу тамаддун гузоштанд ва ин неъмати бузурге буд, ки гӯё ҳамчун як муъҷизае аз тарафи Офаридагор барои онҳо ато шудааст.
Пас аз он ки Ҳушанг оташро кашф кард, шаб ба поси хушҳолӣва шукргузорӣ оташи бузурге ҳамчун куҳ барафрухт ва худ бо ҳама даври он гирд омаданду ҷашн гирифтанд. Ҳушанг ин ҷашни бузургро «Ҷашни Сада» номгузорӣ кард:
Зи Ҳушанг монд ин сада ёдгор,
Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.
К-аз обод кардан ҷаҳон шод кард.
Ҷаҳоне ба некӣ аз ӯёд кард
Ҳамин тариқ, сада аз калимаи «сат» дар забони паҳлавӣва маънии он сад мебошад ва сада ҳангоме аст, ки сад рӯз аз зимистон мегузашт ва ё панҷоҳ рӯз ба ҷашни Наврӯз мондааст. Яъне пас аз ғуруби офтоб дар оғози шомгоҳи даҳуми баҳман (зо январ) баргузор мешавад, ки ин рӯзро Обонрӯз меноманд. Ҷашни Сада ҷашни ҳамкорӣ, ҷашни нуру рушноӣ ва тамаддун аст, ки мардуми форсизабон, махсусан як қатор шаҳрҳои Эрон, аз ҷумла дар Аҳвоз, Шероз, Исфаҳон ва кишварҳои Аврупо (Суис), Амрико (Калифорния), Австралия бо гирд омадани мардум дар як нуқта аз шаҳр, ё шаҳристону деҳот дар қатори якдигар ҷамъ омада, оташи ниҳоят бузург гирён мекунанд ва ба сурудхониву пойкубӣшурӯъ менамоянд.
Сада дар забони авестоӣба маънои баромадан ва тулуъ кардан будааст. Аввалин рӯзи зимистонро пас аз шаби Ялдо таваллуди дигаре ба Хуршед ё Меҳр донем метавон онро ҳамоҳанг дар ҷашн гирифтан дар даҳумин ва чилумин рӯзи таваллуди ойини куҳан ва зиндаи мардуми форсизабон донист. Чунон ки дар боло қайд шуд дар замони истиқлолият бо кумаку дастгирии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҷашн эҳё шуд ва он ҳар сол ҳамчун маросими фарҳангӣ ҷашн гирифта мешавад.
Баъзе мутафаккирони тоҷику форс номи садаро гирифташуда аз сад медонанд. Донишманди тоҷик Абурайҳони Берунӣ навиштааст, ки сада гӯянд, яъне сад ва он ёдгори Ардашери Бобакон аст ва дар иллат ва сабаби ин ҷашн гуфтаанд, ки ҳар гоҳ рӯзҳо ва шабҳоро ҷудогона бишуморанд, миёни он ва охири сол адади сад ба даст меояд. Ва бархе гӯянд, иллат ин аст, ки дар ин рӯз зодагони Каюмарс – падари нахустин – сад тан шуданд ва яке аз худро бар ҳама подшоҳ гардониданд…ва низ омада: «шумори фарзандони Одам Абулбашар дар ин рӯз ба сад расид». Назари дигар ин аст, ки сада маъруф ба садумин рӯзи зимистон аст, яъне аз ибтидои зимистон (аввали обонмоҳ) то даҳи баҳман, ки ҷашни Сада аст. Сад рӯз ва аз даҳи баҳман, ки ҷашни Сада аст, сад рӯз ва аввали баҳор 50 рӯз ва 50 шаб будааст. Ва ба ин сабаб ин ки аз имрӯз ба баъд инсон ба оташ даст пайдо кардааст шаб ҳам монанди рӯз равшану гарм аст ин шабҳо ҳам шумурда мешаванд.
Дигар аз далоили гиромидошти ин шаб ин аст, мардуми форсинажод ду моҳи миёнаи зимистонро, яъне дей ва баҳманро[3]замони неруманд гаштани Аҳриман медонистанд ва барои ба хайр поён ёфтани ин ду моҳпайваста ниёишҳои зиёдеро дар муқобили шар(р) анҷом медоданд. Аз шаби чила, ки чилаи калон низ номида мешуд ва дар он айём шавқи мубориза бо бадиҳо - тирагиҳо дубора зода шуда буд, то шаби даҳуми баҳманмоҳ, ки ҷашни Сада ва чилаи хурд номида мешавад, баробари 40 рӯз аст. Аз ин ҷо, ба сабаби он ки оташ мазҳари гармо ва нуру зиндагӣ дар рӯзе кашф шуда буд, ки он рӯзро рӯзи ҷашни Сада ва дар айни ҳол василае барои мубориза бо Аҳриман буд. Ойини оташ гирёнкунӣ боиси рушноии шаб монанди рӯз шуд аз шаби аввали чилаи хурд, яъне аввали феврал то аввали исфанд 20 рӯз ва 20 шаб (ҷамъан чил шабу рӯз) аст. Шаби даҳуми баҳман оташи бузурге ба номи оташи ҷашни Сада ба чил шохаи бе баргу бори дарахтон, ки нишони чил рӯзи «чилаи бузург», яъне чилаи калон аст, ки дар майдони деҳа ва ё марказҳои шаҳристонҳо оташ гирён намуда, ба хондани чунин суханҳо шурӯъ мекунанд: Сада садаи деҳқонӣ, (чил кундасӯзонӣ), ки аз пасмондаҳои зимистонӣ.
Меҳрдод Баҳор дар китоби «Пажуҳише дар фарҳанги Эрон» ва Ризо Муроди Ғиёсобод дар китоби «Наврӯзнома» бар ин ақидаанд, ки сада дар забони авестоӣ ба маънои баромадан ва тулӯъ кардан аст ва иртиботе ба адади сад надорад. Вожаи «сада» (исми муаннас), ки ба маънои пайдо ва ошкор шудан аст, дар Эрони бостон ба маънои «садок» ва дар форсии миёна «садаг» буда, дар вожаи арабӣ «сазақ» ва «навсазақ», яъне навсада омадааст.
Дар китоби «Ат-тафҳим» ва «Осор-ул-боқия» Абурайҳон Берунӣ афрухтани оташро бар бомҳо медонад, ки бо дастури Фаридун анҷом мегирад.[4]
Агар садаро аз дидгоҳи таърихӣ дида бароем достони падид омадани оташ ва бунёд ниҳодани ҷашни Сада дар «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба ин зайл омадааст, ки Ҳушанг бо чанд тан аз наздиконаш аз куҳ мегузаштанд, ки мори сиёҳе намудор шуд. Ҳушанг санги бузургеро бардошта ба сӯи мор раҳо кард. Санг ба куҳ бархурд кард ва оташ аз бархурди сангҳо бархост ва фуруғе падид омад:
Бар омад ба санги гарон санги хурд,
Ҳам ону ҳам ин санг гардид хурд.
Фуруғе падид омад аз ҳарду санг,
Дили санг гашт аз фуруғозарранг.
Ҷаҳондор пеши ҷаҳонофарин,
Ниёиш ҳамекарду хонд офарин.
К-и ӯро фуруғе чунин ҳадя дод,
Ҳамин оташ он гоҳ қибла ниҳод.
Якӣ ҷашн кард он шаб бода хурд,
Сада номи он ҷашни фархунда кард.
Ҷашни Садаро бисёре аз бостоншиносон низ бо достони кашфи оташ тавассути Ҳушанг шоҳи Пешдодӣ, ки яке аз подшоҳони мардуми тоҷику форси бостон будааст марбут медонанд, ки ёдгоре аз ӯбоқӣ мондааст.
Ҷашни Садаро дар байни мардуми форсизабон ба роҳҳои гуногун пешвоз мегиранд. Намунае аз ин ҷашн чунин аст. Дар даҳумин рӯз, ё Обонрӯз аз баҳманмоҳ ба оташ гирён кардани ҳезуме, ки мардум аз пагоҳӣаз боми хонаи худ, ё аз баландии куҳистон ҷамъ оварданд, ин маросим оғоз мешавад. Ин маросими ҷашнӣ ҳамеша ба шакли дастҷамъӣ ва бо ҷамъ шудани мардуми шаҳр, маҳалла ва ё деҳот дар як ҷо ба оташгирёнии бузурге баргузор мегардад. Мардум дар ҷамъ овардани ҳезум бо якдигар ёрдам мекунанд ва ба ҳамин тартиб ҷашни Сада барпо мегардад. Ҳамин тариқ, чунонки дар боло қайд шуд, дар ҷашни Сада маросими афрӯхтани оташ ва паридан аз болои он ва давр задан дар атрофи оташ анъана будааст.
Ба ҳамин минвол аз шаби таваллуди Хуршед, пас аз чил рӯз ба хотири гарму сӯзон шудани Офтоб, ниёкони мо ҷашни Садаро гиромӣ медонистанд. Ҳамин тариқ, чилрӯзагии Хуршедро дар рӯзи даҳуми баҳман (30 январ) чун ҷашни Сада пешвоз мегирифтанд ва пас аз 50 рӯз, яъне 21 март замони ба балоғат расидани онро ба таври васеъ ҷашн мегиранд, ки он рӯз Наврӯз аст.
Мардум, махсусан мардуми деҳоту шаҳристонҳо, пеш аз ҳама деҳқонон дар ин айём аз рӯи расму анъана ба кандани каналу ҷӯйборҳо, тоза кардану ҷӯйбору кучаҳо, кишт кардани замин ва пошидани пору ба заминҳо, тайёр намудани тухми кишт, нигоҳубини махсуси чорво ва ҳайвоноти хонагӣ барои аз фасли зимистон солим баровардани онҳо чорабиниҳои махсус меандешиданд.
Бинобар ин Сада ва ҷашнгирии он монанди дигар ҷашнҳои фарҳангиву суннатии сол дар дидгоҳи ниёкони мо, қисме аз маросим ва дигаргуниҳои воқеии зиндагонии инсонӣ ва табиату кайҳон мебошад. Ҷашни Сада ин ягона иди милливу суннатӣ дар бахши тозакунии ҷӯю ҷӯйборҳо, кишоварзӣ ва омода сохтани заминҳои корам барои кишту кор дар байни ҷашнҳои суннатии дигар дар давоми сол мебошад.Чунки ин ҷашнҳои суннативу миллӣ аз ибтидои пайдоишашон аз идеяҳои сиёсиву идеологӣ барӣбуданд ва замону давраҳои мухталифи фаъолияти иҷтимоӣ-меҳнатии ниёконамонро дар давоми сол ифода мекарданд. Дар баробари ин пайваста бо ҷашнҳои фарҳангиву миллӣ дар ҳаёти мардуми ҷомеа назму низоми ахлоқӣ ва худшиносиву ҳувияти миллӣ баръало ҳувайдо мегардид. Ин ҷашнҳои фарҳангӣмардумро ба тозагиву озодагӣ, ростиву ростгӯӣ, некандешӣ, хайрхоҳӣ, ватандӯстӣ, худшиносӣ, адлу адолат, фарҳангдӯстӣ, дӯстӣ, муҳаббату рафоқат даъват намуда, фазилату нурро дар муқобили разолату зулмот мегузоштанд. Аз тарафи дигар бо шарофату баракати ин ҷашну маросимҳо инсон метавонад дар муқобили ҳирсу ҷуши нафсонии Аҳримани хеш ғалаба кунад.
Муродова Тоҷинисо номзади илмҳои фалсафа, дотсент ходими пешбари ИФСҲ-и ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ
(Бардошт аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Мусаллам аст, ки ҳамасола мардуми шарифи Тоҷикистон чун анъана мунтазири Паёмҳои умедбахши Пешвои муаззами миллат мегарданд. Маҳз ин гуна Паёмҳо нусратбахшанд, ки ин марди ваҳдатпарвару сулҳофарро азизи дилу дидаи мардум кардааст.
Мавриди зикр аст, ки мазмун ва мундариҷаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», бори дигар шаҳодати сиёсати халқпарварона ва инсондӯстонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва рушди Тоқикистони азиз мебошад, ки барои мо сокинони кишвари соҳибистиқлолу соҳибиқбол боиси ифтихору сарфарозист.
Аз нигоҳи дигар, бояд зикр кард, ки дар маҷмуъ таҳлили Паёми имсолаи Роҳбари давлат нишон медиҳад, ки дар маркази сиёсати Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз беҳбуди вазъи зиндагии мардум, иззату эҳтироми Зан-Модар, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ғамхорӣ зоҳир намудан ба шаҳрвандон, таъмини рушди бардавоми иқтисодию иҷтимоии кишвар, эҳёву тақвияти фарҳангу арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини сулҳи пойдор ва инчунин тинҷию оромӣ ва суботу амнияти мамлакат, устуворсозии ҷойгоҳи кишвар дар арсаи байналмилалӣ, бартараф намудани камбудиҳо ва масоили дигар мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтаанд.
Зимни ироаи Паём, Ҷаноби Олӣ доир ба нақши бонувон дар ҷомеа суханронӣ карда, изҳор доштанд, ки: «Дар фарҳангу тамаддуни мо - тоҷикон иззату эҳтироми Зан – Модар ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад. Вале бояд гуфт, ки мақому манзалати занону бонувон ва нақши онҳо дар эъмори давлати муосир ва рушди ҷомеа маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ воқеан боло рафтааст».
Албатта, мо занону бонувон ин нуқтаро комилан тасдиқ менамоем, ки сабаби он расидан ба истиқлолӣ давлатӣ буд, ки зан дар ҷомеаи имрӯза мақоми хоса пайдо намояд ва ҷойгоҳи ӯ марҳала ба марҳала рушд ва густариш ёбад. Маҳз самараи соҳибистиқлолии кишвар аст, ки имрӯзҳо занону бовунон на танҳо дар соҳаи иҷтимоӣ, балки дар дигар соҳаҳои хоҷагии мамлакат бо як нерӯи тоза софдилона хизмат менамоянд, ки ин нуқтаро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, чунин шарҳ доданд: «Ҳоло дар кишвар 25 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи кормандони соҳаи тиб, 47 фоизи кормандони соҳаи фарҳанг, 37 фоизи олимон ва 30 фоизи соҳибкоронро бонувону занон ташкил медиҳанд. Имрӯз беш аз 110 ҳазор бонувону занони кишвар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошанд».
Воқеан, боиси ифтихор аст, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ занону бонувони матиниродаву болаёқат дар баробари мардон дар ҳама сохторҳои давлатӣ бо шукргузорӣ аз фазои озодӣ, сулҳу субот, бомуваффақият ва устуворона баҳри пешрафту шукуфоии ватани азизамон Тоҷикистон заҳматҳои шабонарӯзи мекашанд. Имрӯз соҳае нест, ки занону бонувони тоҷик дар он фаъолияти пурсамар надошта бошанд, ки ин аз дастгирию ғамхориҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Бахусус таъсиси квотаи президентӣ, ки бо мақсади дастгирӣ ва ҷалби духтарони болаёқати деҳоти дурдасти шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурӣ барои дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, дорои арзиши ҳаётӣ ба шумор меравад. Дар робита ба ин масъала Пешвои миллат таъкид намуданд, ки "Аз оғози таъсиси Квотаи президентӣ, яъне дар 28 соли охир 11 ҳазору 600 нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм кардаанд. Илова бар ин, зиёда аз 35 ҳазор нафар духтарону бонувон муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷиро хатм карда, соҳибмаълумот шудаанд”. Боиси ифтихор аст, ки Пешвои миллат нисбати занону бонувон бо як боварии комил иброз доштанд, ки: «Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии бонувону духтарони тоҷик ҳамчун неруи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳоро идома медиҳем».
Рисолат Сайдуллозода, корманди Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ
Тавре иттилоъ дорем, 28 декабри соли 2024 Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дар бинои нави Парлумони кишвар ироа гардид.
Пешвои муаззами миллат дар баробари таҳлили соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти миллӣ, аз ҷумла ба соҳаи маориф ва илм низ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, таъкид доштанд, ки давлатҳои пешрафтаи дунё аз руй овардан ба ин соҳаи афзалиятнок ва аз фуруши идеяҳои олимону донишмандони худ ва натиҷаҳои ихтирооту кашфиёти техника ва технологияи нав ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии худро пайваста боло мебаранд.
Дар Паёми имсола, ҳамчунин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид бапешбурди фаъолияти самараноки сиёсати дохилию хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои гуногун, аз ҷумла, саноат, кишоварзӣ, энергетика, маориф ва илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, амнияту мудифиа, рушди муносибати дӯстию ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.
Илова бар ин, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати мамлакат ва Вазорати молия супориш доданд, ки бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз 1-уми сентиябри соли 2025 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30% зиёд карда шавад ва музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизмачиёни ҳарбӣ ва дигар сохторҳо 20% зиёд карда шавад. Ҳадди ақали музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба андозаи 1000 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад. Маоши вазифавии кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимияти ҳокимияти давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин стипендияҳо 20% зиёд карда шавад.
Ин ғамхорӣ ва тавваҷҷуҳ нисбат ба аҳолӣ, собитгари он аст, ки воқеан рӯз то рӯз Сарвари давлат дар пайи беҳбуди вазъи зиндагии шоиста ва фароҳам овардани шароити арзанда барои мардуми шарифи Тоҷикистон мебошанд.
Дар ин ҷода, ҷавонони Тоҷикистон ҳамчун қишри ояндасоз ва фаъоли ҷомеа дар сиёсати ҷавонпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷойгоҳи хос доранд. Ҷавонон дар таъбири Пешвои миллат қишри фаъолтарини ҷомеа ва идомадиҳандаи кору пайкори насли калонсол мебошанд. Маҳз онҳо масъулияти фардои кишвари соҳибистиқлоли худро ба дӯш хоҳанд гирифт. Бинобар ин Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати баррасии насли ҷавони ҷомеаи Тоҷикистон изҳор доштанд, ки: «Мо ба ҷавонони кишвар умеди бузург дорем, ташаббусҳои созандаашонро минбаъд низ ҳамаҷониба дастгирӣ мекунем ва аз фаъолияти онҳо ба хотири рушду таҳкими давлатдории миллиамон ҳамеша қадрдонӣ менамоем. Ҳоло 61%-и шумораи умумии кормандонро дар кишвар ҷавонон ташкил медиҳанд. Мо минбаъд низ ба ҷавонон ҳамчун нерӯи боэътимод ва такиягоҳи устувор таваҷҷуҳ хоҳем кард, зеро ояндаи миллату давлат аз онҳо вобаста мебошад».
Аз ин рӯ, мо олимони ҷавони Академияи милли илмҳои Тоҷикистон, Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун роҳнамо, сармашқи кори худ намуда, дар татбиқи сиёсати пешгирифтаи роҳбари давлат, иҷроиши бандҳои Паём, ҳифзи истиқлоли давлатӣ ва пешрафти соҳаи илму маориф саҳми худро мегузорем.
Комрон Бобоев - доктор фалсафа ( PhD), ходими калони илмии Агенти амнияти ХБРЯ-и АМИТ