Skip to main content

Эй Ватан номи ту дунёи ман аст,
Қуллаҳоят сари болои ман аст.
Гар ба ҳифзат надиҳам ҷону тан,
Намакат заҳр шавад дар баданам.

Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҳар давру замон барои ҳар як кишвари соҳибистиқлол пояи матин, кафили бехатарӣ ва таъминкунандаи ҳаёти осоиштаи мардум ба ҳисоб меравад. Артиш вазифаи бузурги мудофиавӣ буда, меҳру муҳаббати фарзандро нисбат ба падару модар боз ҳам бештар мекунад, ба онҳо дарси зиндагиву ҷавонмардиро меомӯзад.

Артишро чун мактаби мардонагӣ ва омӯзиши касбу ҳунар тавсиф карда, дар он ҷо сарбозон ҳамарӯза бояд тамрини низомӣ гузаронида ва посбониву ҳушёри ва зиракии марзи кишвари азизамонро ҳифз намоянд. Ҳимояи амну амнияти мардум вазифаи артиши неруманд аст, ки аҳамияти ҳифзи марз ва ҳаёти осоиштаро ҳассостар дарк месозад. Хизмат дар сафи Артиши миллӣ ва ҳифзи марзу буми Ватан вазифаи муқаддаси шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳифзи Ватан уҳдадорӣ ва муқаддаси ҳар як шаҳрванд буданашро Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи олиии ҳуқуқӣ эълон мекунад. Тибқи моддаи 43 – юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст.

Дар даврони соҳибистиқлоли ҷавонон бояд як нуқтаро дарк намоянд, ки хизмат ба Ватан – Модар қарзи фарзандӣ ва имониву виҷдонии ҳар як ҷавонмарди бонангу номус буда, мактаби бузурги тарбия, ҷасорат ва ватандорӣ ба ҳисоб меравад. Аз ҳидоятҳои падаронаи Пешвои миллат бармеояд, ки ифтихори миллӣ, зиракӣ ва ҳушёрии сиёсӣ буда, вазифаи ҷонии ҳар шахси бомаърифат аз он иборат мебошад, ки Ватанамон – Тоҷикистонро чун гавҳараки чашм ҳифзу ҳимоят намоем ва онро азизу муқаддас донем.

Имрӯз бо ифтихор гуфта метавонем, ки Кувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳанӯз дар рӯзҳои авали таъсисёбиааш дар роҳи ҳифзи дастовардҳои истиқлолият барқарор кардани сохти конститутсионӣ, дар мубориза ба муқобили дастаҳои муссалаҳи ҷинояткор, ошӯбҳои хиёнаткорона, кӯшишҳои табаддулоти ҳарбӣ, ва ҳифзи сарҳади давлатӣ хизмати фидокоронаро анҷом дода, имрӯз ба як нерӯи тавонои ҳарбӣ табдил ёфтааст.

Бо шарофати иқдомҳои пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон амалан сурат ва моҳияти ташкилоти ҳарбиро соҳиб гашта имрӯз бо интизоми қавӣ, донишу малакаи комил, дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ садоқат ба касбу савганд вазифаи бошарафи худ ҳимояи ватан ва ҳифзи зиндагии осоиштаю меҳнати созандагии халқи худро анҷом медиҳанд.

Зинда бодо миллати маҳбуби ман

Халқи меҳан дар вуҷудам, ҷони ман

Бо ту ҳастам сарбаланду бе ту ҳеҷ

Дар само бошӣ ҳамеша эй Ватан

Исмоилов Ризо Аҳмадович - ходими калони илмии МД Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионии АМИТ

Ба ифтихори 23 феврал- Рӯзи артиши миллии Тоҷикистон

Амнияти миллӣ яке аз муҳимтарин рукнҳои ҳифзи истиқлолият ва суботи ҳар як давлат мебошад. Дар ҷаҳони муосир, бо вуҷуди таҳдидҳои гуногуни сиёсӣ, иқтисодӣ, террористӣ ва иттилоотӣ, нақши қувваҳои мусаллаҳ дар таъмини амнияти миллӣ аҳамияти махсус касб мекунад. Артиши миллӣ на танҳо барои ҳимояи сарҳадҳо, балки барои пешгирии нооромиҳо, ҳифзи арзишҳои давлатӣ ва таъмини суботи дохилӣ низ масъул аст. Дар шароити муосири таҳаввулоти геополитикӣ ва афзоиши хатарҳои амниятӣ, аҳамияти қувваҳои мусаллаҳ дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва таъмини оромии кишвар рӯз ба рӯз бештар мегардад.

Қувваҳои мусаллаҳ дар таъмини амнияти миллӣ бо иҷрои вазифаҳои муҳими зерин саҳм мегузоранд:

1. Ҳифзи соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии давлат

Қувваҳои мусаллаҳ ҳамчун сипари боэътимод, соҳибихтиёрии давлатро ҳимоя намуда, бо истифода аз иқтидори мудофиавӣ, тамомияти арзии кишварро таъмин менамоянд. Дар шароити геополитикии мураккаб, артиши миллӣ бояд ҳамеша дар ҳолати омодагӣ қарор дошта бошад, то тавонад аз ҳудуди давлатӣ дифоъ кунад.

2. Муқовимат ба таҳдидҳои низомӣ ва террористӣ

Имрӯз гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ ба амнияти кишварҳо таҳдидҳои ҷиддӣ эҷод карда истодаанд. Аз ин рӯ, қувваҳои мусаллаҳ бо ҳамоҳангии сохторҳои амниятӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои безараргардонии ин хатарҳо ва таъмини амнияти давлатӣ ва шаҳрвандон пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст

.

3.Дастгирии суботи дохилӣ

Дар ҳолатҳои фавқулода, ҳодисаҳои табиӣ ва норозигии иҷтимоӣ, нерӯҳои мусаллаҳ метавонанд ба ҳукумат дар нигоҳ доштани тартиботи ҷамъиятӣ ва расонидани ёрии башардӯстона кӯмак расонанд. Онҳо дар таъмини амният ва пешгирии бесарусомониҳо ҳамеша нақши калидӣ доранд.

4.Мушорикат дар ҳалли низоъҳои байналмилалӣ ва сулҳсозӣ

Қувваҳои мусаллаҳи кишвар инчунин дар амалиётҳои байналмилалии сулҳсозӣ, мубориза бар зидди терроризм ва ҳамкориҳои низомӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ба мисли СММ, СААД ва дигарон иштирок менамоянд. Ин омил метавонад мавқеи давлатро дар арсаи ҷаҳонӣ тақвият бахшад.

5.Рушди технология ва модернизатсияи қувваҳои мусаллаҳ

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва пешрафти технологияҳои низомӣ, қувваҳои мусаллаҳ бояд ҳамеша навсозӣ ва бо технологияҳои муосир муҷаҳҳаз карда шаванд. Ин раванд на танҳо қудрати мудофиавии кишварро баланд мебардорад, балки ба рушди саноати ҳарбӣ ва иқтисоди миллӣ низ мусоидат мекунад.

6.Таъмини амнияти сарҳадҳо

Бо назардошти мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон, ки бо кишвари ноороми Афғонистон ҳамсарҳад аст, масъалаи ҳифзи сарҳад аҳамияти вижа дорад. Қувваҳои марзбонӣ, ки як бахши муҳими қувваҳои мусаллаҳ мебошанд, дар муҳофизати марзҳо ва мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои фаромиллӣ фаъолона иштирок мекунанд.

Қувваҳои мусаллаҳ яке аз рукнҳои асосии таъмини амнияти миллӣ ба ҳисоб мераванд. Онҳо на танҳо ҳимояи низомиро таъмин мекунанд, балки барои рушди иқтисодӣ, суботи иҷтимоӣ ва мавқеи байналмилалии давлат низ таъсири мусбат мерасонанд. Аз ин рӯ, таҳкими артиши миллӣ, баланд бардоштани сатҳи омодагии ҳарбӣ ва рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ барои таъмини амнияти миллӣ аҳамияти аввалиндараҷа доранд. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сипари боэътимоди давлат дар ҳифзи субот, истиқлолият, манфиатҳои миллӣ ва таъмини амнияти миллӣ нақши муҳим мебозанд. Барои таъмини амнияти миллӣ, рушду такмили нерӯҳои ҳарбӣ, муҷаҳҳазсозии онҳо бо технологияҳои муосир ва баланд бардоштани сатҳи касбии хизматчиёни ҳарбӣ пайваста дар меҳвари сиёсати Пешвои миллат ва Ҳукумати кишвар қарор дорад. Артиши қавӣ ва омодабош метавонад кафолати сулҳу субот ва пешрафти кишварро таъмин намояд.

Шарифов Искандар Иброҳимович

ходими илмии шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои

Мустақили Институти омӯзиши масъалаҳои

давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Пирях – тӯдаи яхҳои табии рӯи заминӣ, солҳои сол аз бориши барф зам шудаанд, ки ҳамеша дар ҳаракат буда, дар як шабонарӯз якчанд сантиметр то даҳҳо метр ҳаракат мекунад. Пиряхҳо сарвати гаронбаҳои манбаи асосии оби тозаи ошомиданӣ на барои кишварҳои Осиёи Миёна, балки барои аҳолии тамоми сайёра ба ҳисоб меравад. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба ҳифзи муҳити зист ва муҳофизати пиряхҳо таваҷҷуҳи бештар равона гардид. Ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт, ки бо ибтикори Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ мегарданд, аз ҷониби созмонҳои байналхалқӣ ҳам бо ҷонибдории зиёде қабул ва мавриди амал қарор дода мешаванд. Пешниҳодҳои Тоҷикистон дар мавриди оби тоза чандин сол боз дар кишварҳои зиёде амалӣ шуда истодаанд, ки дар ҳифзи табиат, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити сайёра саҳми беандоза муҳимро доро мебошад.

Ташаббуси кишварамон дар самти муҳофизати пиряхҳо ҳам айни ҳол аҳамияти калонеро молик аст. Зеро Тоҷикистон доро беш аз ёздаҳ ҳазор пирях мебошад ва солҳои охир гармшавии ҳарорати сайёра ба обшавии босуръат ва дар ин замина азбайнравии ин пиряхҳо, ки манбаи асосии на танҳо оби тозаи ошомиданӣ, балки умуман об ҳам барои соҳаи кишоварзӣ ва ҳам саноат, мисли гидроэнергетика мебошанд, оварда мерасонад.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст дар ҳудуди ноҳияи Ванҷ Парки миллӣ таъсис дода шуд, ки ҳадаф аз ин иқдом пеш аз ҳама ҳифзи муҳити зебову дилрабои диёри афсонавиамон мебошад. Табиати зебову дилоро, кўҳҳои сарбарфалаккашида ва тамошои манзараҳои нотакрори ноҳияи баландкӯҳ кайҳо боз диққати сайёҳонро ба худ ҷалб намудааст.

Масалан, деҳаи Пойи Мазорро гирем, ин деҳа дар домони кўҳсор, дар назди пиряхи овозадори Федченко ҷойгир аст. Бинобар маълумотҳои охирин, Федченко калонтарин пиряхи водигию кӯҳӣ мебошад, ки ба китоби "Рекордҳои замин" ворид шудааст. Дарозияш 77 км, ғафсияш аз 700 то 1000 метр ва паҳноияш ба ҳисоби миёна 1,8 ҳазор метр арзёбӣ мешавад.

Бори нахуст олимони табиатшиноси сатҳи ҷаҳонӣ ба ин ҷо охирҳои асри 19 омада, дар бораи Ванҷи боло маълумот додаанд. Масалан энтомолог (ҳашаротшинос)-и рус Василий Фёдорович Ошанин соли 1878 дар бораи пиряхи Федченко маълумот додааст. Ӯ ба воситаи забонаи пирях, ки аз он маҷрои калони об ҷорї мешуд, пиряхи Федченкоро кашф намуд ва онро ба номи сайёҳи машҳур Алексей Федченко гузошт. Алексей Федченко бошад ҳамагӣ 5 сол пеш ба ин минтақа омада буд, вале кашфи пирях ба ӯ муяссар нашуд, зеро ӯ баъди кашфи қуллаи Ленин роҳи бозгаштро пеш гирифт. Он вақт ин тарафи маҳалро Селдара ном мебурданд ва зимистон аз хунукиву сербарфӣ ва дар фасли гармо аз серобӣ касе ҷуръати сафар ба ин тарафҳоро намекард. Алексей дар ин сафар то ҳамин ҷо омада буду баргашт ва ин сафари охирини ӯ ба ин минтақа шуд. Федченкои 28-сола, ҳангоме ки барои сайёҳати навбатӣ ба Помир омодагӣ медид, дар кӯҳҳои Алпи Швейсария, дар пиряхи Кол-дю –Жеан дар пайи номусоидии обу ҳаво ҷон бохт. В. Ф. Ошанин аз азми Федченко доир ба сафари навбатӣ ба Помир дарак дошт. Бинобар ин, раво донист пиряхи навкашфкардааш ба номи Федченкои номурод гузошта шавад. Дар бораи саёҳати сайёҳони русу аврупоӣ ба ин тарафҳо Павел Лукнитский дар китобаш –“Сайёҳат дар Помир”, ки нашриёти “Молодая гвардия” (Москва) соли 1955 ба табъ расондааст, ҳикоятҳои ҷолиб овардааст. Худи Павел Лукнитский ба ин тарафҳо соли 1928 омада буд.

Деҳа аз он ҷиҳат ҳам ҷолибу машҳур аст, ки дар ин ҷо пиряхи Хирсон доман густурда аст, ки яке аз пиряхҳои серҳаракаттарин ва хавфноктарин маҳсуб меёбад. Бори аввал мутахассисон ҳаракати пиряхи Хирсонро соли 1962 мушоҳида карданд, ки дар як шабонарӯз 50 метрро ташкил медод. Соли 1963 суръати ҳаракати пирях ба тадриҷ рӯ ба афзоиш ниҳод, ки хатари ҷиддиро ба бор овард. Хушбахтона, дар ниҳоят пиряхи Хирсон ба кӯҳи тарафи муқобил бархӯрд ва аз ин ба мардуми деҳаву ноҳия осебе нарасид. Вале дар натиҷаи бархӯрди пирях ба кӯҳи тарафи муқобил сарбанди мустаҳками яхине эҷод шуд, ки оқибати ваҳмангезе ба бор овард. Тадқиқотчиён муайян намуданд, ки Хирсон солҳои 1914, 1937,1951, 1963, 1973, 1989, 2002 ҳаракат карда, пеши дарёи Ванҷобро бастааст ва ҳар бор ҳисороти зиёде боқӣ гузоштааст.

Пиряхҳои Кашолаях ва Ғармо низ дар ин мавзеъ ҷой доранд. Дар умум ин силсилапиряхҳо захираи калони обиро ташкил медиҳанд. Вале таре мутахассисони соҳа таъкид мекунанд, солҳои охир камшавии масоҳати пиряхҳо, ҳатто аз байн рафтани баъзе аз онҳо ба мушоҳида мерасад, ки ин оқибати ваҳмангез дорад. Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2022 зимни конфронси байналмилалӣ дар Душанбе дар масъалаи об таъкид намуданд, ки тайи якчанд даҳсолаи охир беш аз як ҳазор пиряхи Тоҷикистон аз байн рафтааст. "Пиряхи калонтарини дунё дар хушкӣ – Федченко, ки дар кишвари мо ҷойгир аст таъкид намуданд Президенти мамлакат - аз лиҳози ҳаҷм 16 километри мукааб ва аз лиҳози масоҳат 45 километри мураббаъ кам гардидааст".

Бинобар ин ташаббуси Роҳбарияти олии кишвар ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо барои пешгирии оқибатҳои ҳузнангез дар сайёра хеле саривақтӣ мебошад ва барои ҳамин ҳам аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфт.

Хурсанд Илолов - директори филиали Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ дар ВМКБ

Хусрав Ақдодов - нозири филиали Агентии

амнияти ХБРЯ-и АМИТ дар ВМКБ

Дар шароити муосир иқтидори энергетикӣ ва истеҳсоли қувваи барқ баҳри баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва омили асосии рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ягон кишвар тараққиёти худро бе рушди энергетика таъмин карда наметавонад, бинобар ин, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерӯи барқ ҳамчун яке аз ҳадафҳои стратегии давлат ба ҳисоб меравад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон диёри зебоманзару кӯҳсор мебошад ва дорои захираҳои бисёри энергетикӣ ба ҳисоб меравад. Нерӯгоҳи барқии обии «Роғун» (НОБ-и Роғун) яке аз иншоотҳои азими Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати таъмини истиқлолияти энергетикӣ ба ҳисоб меравад. Тавре, ки мо медонем корҳои барқароркунии сохтмонӣ дар НБО «Роғун» аз соли 2009 оғоз гардида буд. Чунин як лоиҳаи бузурги энергетикӣ дар кишвар ҳанӯз охири солҳои 70-уми асри гузашта шурӯъ шуда буд, вале бо сабабҳои гуногун нотамом монд. Аслан Роғун ном гирифтани ин нерӯгоҳ аз номи деҳае бо номи Роғун сарчашма мегирад. Роғун нангу номус ва ифтихори миллати тоҷик аст.

НБО-и «Роғун» дорои иқтидори тавлидоти 13,5 миллиард киловатт-соат энергия дар як сол аст, ки ин рақами хеле бузург барои минтақа ва ҳатто барои тамоми кишварҳои Осиёи Миёна мебошад. Бо бунёди комили ин нерӯгоҳ, Тоҷикистон метавонад ба як кишвари қудрати барқии мустақил табдил ёбад. Сарбанди НБО-и «Роғун», ки бо баландии 335 метр дар ҷаҳон ба баландтарин сарбанд табдил шудааст, як нишонаи аҷиб ва рамзи бузурги мақсад ва тавоноии кишвар мебошад.Чархаи аввали неругоҳ нахуст бо иқтидори 115 мегават ва дар охир то 600 МВт қувваи барқ истеҳсол мекунад. Дар сохтмони ин неругоҳ беш аз 50 ширкати маҳаллию хориҷӣ аз ҷумла ширкатҳои фаронсавӣ, русӣ ва эронӣ кор мекунанд. Дастгоҳҳои интиқоли барқ бо харҷи 79 млн. доллар сохта шудаанд.

Мо баъди ифтитоҳи чархаи дуюми НБО-и «Роғун» ба чунин натиҷа расидем, ин ҳама натиҷаи тафаккури созандагӣ, эҷодӣ, ояндабинона ва иродаи қавии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мисли шамси тобон тафаккури мардумро бедор намуданд, азм карданд то иқтидорҳои мавҷудаи энергетикӣ барқарор шавад. Чархаи дуюми НБО «Роғун» бо ҳузури Пешвои миллат ва меҳмонони олиқадр ба истифода дода шуд. Мардуми сарбаланди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба ҷаҳониён қудрати азалии хешро нишон дода, аз рисолати созандагӣ дарак доданд. Ҳазорон фидоиёни роҳи дурахшони мамлакат шабу рӯз дар майдони кори нерӯгоҳ заҳмат кашида, бо ғурури Рустамона ҷиҳати дар фурсати кутоҳ ба истифода додани Роғун заҳмат мекашанд.

Азму разми тоҷикона мо ба майдон мекунем,

Чархи “Роғун”-ро ба дасти хеш гардон мекунем.

Мерасад нуру зиёи он ба ҳар як хонадон,

Тоҷикистонро саросар ахтаристон мекунем.

Хулоса, фардои дурахшони Точикистон аз бунёди НБО-и «Роғун» вобаста аст. Сохтмони нерӯгоҳи барқии обии «Роғун» корнамоии навбатии ахолии кишвар ва мактаби вахдату бародарӣ, мехнатпарастию бунёдкорист. Нерӯгоҳи барқии обии Роғун манбаи азими нур мегардаду Тоҷикистонро ба зинаи нави тараққиёти иқтисодиёт мерасонад.

 

Мафҳум ё вожаи «артиш» ҳаммаънои мафҳуми «армия» мебошад, ки аз забонии лотинӣ ба маънои «мусаллаҳ кардан» ва «яроқнок гардонидан» мебошад. Пеш аз он ки мо ба моҳияти артиш, яъне артиши як давлат сухан ронем, бевосита бояд мафҳуми «давлат»-ро дарк намуд. Давлат аз ҷониби илмҳои гуногуни иҷтимоӣ, аз он ҷумла таърих, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ ба таври мухталиф маънидод карда мешавад. Барои мисол давлат аз нигоҳи илми таърих – «ин ташкилоти сиёсиест, ки ҷамъиятро ба воситаи сохторҳои махсуси маъмурӣ ва низомӣ идора мекунад»; аз нигоҳи сиёсӣ бошад, давлат ташкилоти ҳуқуқии сиёсӣ, таркибӣ ва ҳудудии ҷомеаи шаҳрвандӣ аст. Инчунин давлат ин ташкилоти ҳокимияти ҷамъият буда, дастгоҳи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудратӣ дошта, салоҳияити худро дар ҳудуди муайян амалӣ менамояд. Дар ҳақиқат, ҳар як давлат аз нигоҳи сиёсӣ, ки низоми сиёсӣ ва ҳокимияти сиёсии худро идора мекунад ва барои ҳифзи тартиботи дохилӣ ва ҷамъиятӣ ва дар маҷмӯъ ҳифзи манфиатҳои шаҳрвандон, манфиатҳои миллӣ дар дохил ва берун ниёз ба як мақомоти низомӣ ва қудратӣ дорад. Ба чунин мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудратӣ аз нигоҳи илми сиёсии муосир - артиш, суд ва полисия дохил мешавад.

Ҳамин тариқ, барои пойдории як давлат мавҷуд будани артиши он зарур ва ҳатмист. Яъне давлат ё давлати соҳибихтиёр бевосита шакли давлатдории худ, сохти давлатдорӣ, мақомҳои ҳокимияти давлатӣ ва маҳаллӣ, низоми молиявӣ ва ҳудудии худро муайян менамояд. Давлати соҳибихтиёр кафили амният дар кишвар аст, дорои артиши миллӣ мебошад, ки ҳимоягари сохти конститутсионӣ ва якпорчагии давлат аст. Хусусияти асосии давлати соҳибихтиёр ҳуқуқи баромад намудан дар арсаи ҷаҳонӣ ва шомил гардидан ба ташкилотҳо ва созмонҳои минтақавӣ, фароминтақавӣ ва ҷаҳонӣ мебошад, ки дар он бевосита манфиатҳои миллӣ ва давлатии кишвар ҳимоя карда мешаванд. Имрӯз ду нишонаи асосии давлати соҳибихтиёр маълум аст, ки он - тамомияти арзию ҳудудӣ ва истиқлолияти давлатӣ мебошад.

Ҳамин тариқ, артиш низ мақоми давлатиест, ки барои таҳкими ҳокимияти сиёсӣ, амалӣ гардидани сиёсати давлатӣ, аз он ҷумла ҳифзи тамомияти арзиву ҳудудӣ аст, ки аз қувваҳои мусаллаҳ иборат мебошад. Маҳз ҳамин нукта дар Моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти ҳарбии давлатӣ буда, асоси мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки он барои муҳофизати мусаллаҳонаи истиқлолият ва тамомияти арзии он таъин гардидааст, ташкил медиҳад».[3]

Дар навбати худ артиш як институти иҷтимоӣ аст. Танҳо аз дигар институтҳои иҷтимоӣ аз он ҷиҳат фарқ мекунад, ки худ мақомоти давлатӣ аст, иқтидори ҳарбӣ дошта, қувваҳои мусаллаҳ дар ихтиёраш мебошад. Вазифаҳои асосии артиши як давлат, таъмини ҳокимияти сиёсӣ, барҳам додани низоъҳои дохиливу хориҷӣ, ки ба пойдории давлат таъсир мерасонанд ва аз ҳама муҳим ҳифзи тамомияти арзӣ ва истиқлолияти давлатӣ мебошад. Ҳамин тариқ, дар Моддаи 2 қонуни мазкур вазифаҳои қувваҳои мусаллаҳи кишвар зикр гардидаанд, ки гуфтаҳои болоро тасдиқ мекунанд: «Вазифаҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз инҳо иборатанд:

-зада гардонидани таҷовузи душман ва шикаст додани таҷовузкор;

- ҳифзи фазои ҳавоии давлат;

- муҳофизати мусаллаҳонаи сарҳади давлатӣ;

- ташкил ва пешбурди мудофиаи ҳудудӣ; (қҷт 28.12.05 №141)

-иштирок дар зада гардонидани таҷовузи мусаллаҳона ба давлати дигар ё иҷро намудани вазифаҳои сулҳоварона, ки аз уҳдадориҳои байналмилалӣ бармеоянд (қҷт 28.12.05 №141).[3]

Имрӯз мо шоҳидем, ки дар баробари ба даст овардани истиқлолият, артиши миллӣ низ таъсис гардид ва тадриҷан пуриқтидор гардида истодааст. Барои тақвият ва рӯҳан қавӣ гардондани артиши миллӣ, пеш аз ҳама баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстӣ зарур буд ва мемонад. Хуб аст, ки сурудҳои ҳарбӣ, дар ҷузъу томҳои артиши миллӣ садо медиҳанд, ҳама гӯё аз ватанпарастӣ ва ифодакунандаи далериву шуҷоатмандӣ аст.

Агар мо назаре ба таърих кунем, пас ин падида баръало намудор будааст. Дар таърихи давлатдории тоҷикон артиш нақши муҳимро иҷро намудааст. Халқи шарафманди тоҷик ҳамеша бар зидди истилогарони аҷнабӣ истодагарӣ карда, барои нангу номуси миллӣ, ҳифзи шарафу поктинатӣ ва марзу буми кишвараш ҷонбозиҳо намуда, қаҳрамониҳо нишон додааст. Дар раванди таърих, тоҷикон ҳамеша чун «Исмоили Сомонӣ девори Бухоро» буда, дар ҳолати омодабош қарор доштааст, то марзу бум, нангу номус, шараф ва забону фарҳангашро муҳофизат намояд. Гарчанде ки ин миллати куҳанбунёд дар раванди таърих сабақҳои талх гирифтаасту рӯзгор аксар вақт бар муродаш набудааст, аммо аксар бурду бохтҳоро аз сар гузаронида, вуҷудияти худро то ба имрӯз ҳифз намудааст. Ин миллат парчамдорон ва фарзонагони зиёде доштааст, ки барои марзу буми кишвар ҷонбозиҳо намудаанд. Ба қавли Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ дар корзор баҳри ҳифзи марзу бум ҷон нисор кардан ин қаҳрамонист:

Ҳама рӯй яксар ба ҷанг оварем,

Ҷаҳон бар бадандеш танг оварем.

Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,

Беҳ аз он ки кишвар ба душман диҳем.

Чунин гуфт муъбад ки мурд ба ном,

Беҳ аз зинда душман бар ӯ шодком.

Агар кушт хоҳад туро рӯзгор,

Чи некӯтар аз марг дар корзор.

Ҳамин тариқ, халқи шарафманди тоҷик таҷрибаи бои давлатдорӣ, ки артиши он яке аз ҷузъҳои ҷудонашавандаи ҳар як давлат мебошад дар раванди таърих доштааст. Худ «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ, умури маъмурӣ-давлатдории Сомониён далели ин гуфтаҳост. Ҳолатҳое буда, ки чанд нафар мардони кордидаву корозмуда аз ҳазорҳо нафар афзалият доштаанд:

Пароканда лашкар наояд ба кор,

Дусад марди ҷангӣ беҳ аз сад ҳазор.

Воқеан ҳам вазни шеърие, ки «Шоҳнома» ба он суруда шудааст, гӯё аз набарду пайкор ва талошу кӯшиш баҳри ҳифзи ору номус, шараф, ҷавонмардӣ ва саодатмандист.

Чуноне қайд намудем, баъд аз ба дастовардани истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон артиши миллии худро таъсис дод. Албатта дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар шароити буҳронии ҷанги шаҳрвандӣ мушкилиҳои зиёде дар ин самт буданд. Танҳо хирад ва масъулияти бузурги сарвари кишвар - муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз артишҳои пуриқтидори замонавӣ табдил гардад. Вобаста ба ин узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Муҳаммад Абдураҳмон чунин меорад: «Бояд тазаккур дод, ки хизматҳои бузурги муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолӣ ҳамчун бунёдгузори Артиши миллӣ ва сохтору воҳидҳои низомӣ дар он таҷассум меёбанд, ки ҳамчун Сарвари сиёсӣ тавонистанд дар як муддати кӯтоҳ стратегияи мушаххасеро ба кор баранд, ки тибқи он, аз як тараф, мубориза бо қувваҳои мусаллаҳи зиддидавлатӣ ва гурӯҳҳои муташакили ҷиноӣ аз ҷониби дигар, созмон додани Артиши миллӣ муайяну мушаххас карда шуд».[1]

Имсол аз таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 32 сол сипарӣ мегардад. Дар баробари рӯ ба рӯ гардидан бо таҳдид ва хатарҳои замони муосир зарурат пеш меояд, ки артиши миллии кишвар таҳким ва тақвият ёбад. Дар сурате, ки дар Моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд»,[2] пас давлат кафили амнияти шаҳрвандон, таҳкимбахши пояҳои давлатдорӣ, ҳифзи истиқлолият ва марзу бум мебошад.

Аз ин рӯ, мардуми шарифи ҷумҳурӣ дар асоси хизматҳои шабонарӯзӣ ва сангини артиши миллии кишвар метавонанд осудаҳолона кору зиндагӣ кунанд. Мо бояд хизматҳои шабонарӯзии муҳофизони кишварро қадр намоем ва ба онҳо аҳсан гӯем. Дар баробари ин хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвар низ вазифаи ҷонӣ ва қарзи шаҳрвандии ҳар як ҷавон мебошад.

Зокирзода Н. - номзади илмҳои фалсафа

Адабиёт

Абдураҳмон Муҳаммад. Эмомалӣ Раҳмон – бунёдгузори Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон. //

https://khovar.tj/.../emomal-ra-mon-bunyodguzori-artishi.../

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Моддаи 5. - Душанбе «нашриёти Ганҷ».2016. С.5

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон. // https://majmilli.tj

Аз таъсиси артиши миллӣ 32 сол пур мешавад, ки он зодаи даврони истиқлолият буда, дар шароити вазнин таъсис ёфтааст. Дар таърихи давлатдории Тоҷикистон воқеъа ва руйдодҳое ба вуқуъ пайвастаанд, ки ба сиёсати давлатии мо такони ҷиддӣ бахшид. Ҳамчунин пас аз пош хурдани Иттиҳоди Шуравӣ дар кишвари Тоҷикистон шурӯъ аз солҳои 90-92 раванди тезутундшавӣ вазъи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар дар ҳолати ноором қарор гирифта буд.

Дар ин давраи бисёр ҳам ҳассос ҳарбиён кам ба назар мерасиданд ҳама мустақил шуда буданд ҳар кас дар маҳалу деҳи худ ҳукумронӣ мекарданд. Вазъият он чунон бад шуда буд, ки гурӯҳҳои мухолифин шахсони ҳарбӣ ва рутбадорҳоро дастгир намуда ба қатл мерасонданд. Яке аз омилҳои пароканда гаштани низомиёни кишвар дар замони ҷанги шаҳрвандӣ маҳз фишору қатли бераҳмонаи гурӯҳҳои мухолифин маҳсуб меёбад.

Бо талошҳову заҳматҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон давра ба давра сурат гирифта, дар ин муддати нисбатан кӯтоҳи таърихӣ ҷузъу томҳои он ба нерӯи қудратманди низоми муҳофизи сулҳу субот ва фазои орому осудагӣи мамлакат табдил ёфта, ҳоло ба халқ ва Ватани маҳбуби хеш содиқона хизмат мекунанд.

Дар ҳамин раванд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъсис ва рушди Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд. Чун дар даврони интихоб гаштани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хотима бахшидани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва таъсиси Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳҳое буданд, ки зид мебаромаданд, аммо Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 18-уми декабри соли 1992 Қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» - ро ба имзо расонид, ки он дар заминаи «Фронти халқӣ» ва қувваҳое, ки Ҳукумати конститутсиониро ҷонибдорӣ мекарданд, таъсис дода шуд. Дар ҳамин замина 23-юми феврали соли 1993 дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе, бори аввал паради ҳарбӣ баргузор гардид, ки он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд.

Артиши ҷавони Тоҷикистон хусусан дар солҳои душвори фоҷеабори ҷанги шаҳрвандӣ якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои низомии кишвар дар ҳифзи истиқлолияти давлатӣ,ҳимояи марзҳои Ватан безарар гардонидани гурӯҳҳои террористиву экстремист, дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткории тарансмилӣ ва хумуш кардани ошӯбҳои хиёнаткорона бар зидди давлат ва ҷомеа саҳми сазовору ҷавонмардона гузошт.

Ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз лаҳзаҳои аввали навсозиву таҷдид гардонидани шароити хуби артиши миллӣ дар баробари вуҷуд доштани буҳрони иқтисодиву молиявӣ барои таҷдиду азнавсозии инфрасохтор ва таъсиси ҷузъу томҳои махсус гардонидашуда эътибори махсус дода, дар баробари таъминоти онҳо бо техникаву таҷҳизоти муосир, ба омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомӣ шурӯъ намуда буд.

Ҳамин тавр миллати тоҷик он рӯзҳои душворро паси сар намуд, миллат сарҷамъ гардид, фазои сулҳу субот дар кишвар ҳукумрон шуд, артиши миллӣ рушд намуда қудратманд гардид. Имрӯз аз лаҳзаи таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 32- сол пур гардид. Артиши миллии мо бо ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тамоми шароит ва техникаҳои вазнини ҳарбӣ муҷаҳаз гардида пурқудрат гардидааст. Артиши миллӣ ситоди боэътимоди давлату миллат буда, барои ҳифзи марзу буми Ватан афсарону сарбозони содиқро тарбият менамояд.

Акрамзода Рустами Ҷурахон, Исмоилов Ризо Аҳмадович - ходимони калони илмии МД Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионии АМИТ

23-юми феврали соли 1993 дар майдони марказии пойтахти кишварамон – шаҳри Душанбе нахустин паради ҳарбии Артиши миллӣ баргузор гардид ва ин рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумхурии Тоҷикистон эълон карда шуд. Аз ҳамон вақт ҳар сол дар кишвари азизи мо Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумхурии Тоҷикистон бо тантана қайд карда мешавад.

Мавриди зикр аст, ки Қувваҳои Мусаллаҳ зодаи истиқлолияти давлатӣ буда, дар шароити ниҳоят вазнину мураккаб таъсис ёфт ва вазифаи таърихии худро сарбаландона иҷро менамояд. Дар давраи Истиқлолият қузъу томҳои низомӣ ба неруи қудратманди низоми муҳофизи сулҳу субот табдил ёфта, ҳоло ба Ватан ва халқи худ содиқона ва садоқатмандона хизмат мекунанд.

Артиши ҷавони Тоҷикистон, хусусан дар солҳои душвори фоҷеабори ҷанги шаҳрвандӣ якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои низомии кишвар дар ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, ҳимояи марзҳои Ватан, безарар гардонидани гурўҳҳои террористиву экстремистӣ, дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткории трансмиллӣ ва хомўш кардани ошубҳои хиёнаткоронаи душманони давлат ва ҷомеаи муосир саҳми сазовору ҷавонмардона гузошта, шуҷоати диловарии беназир нишон дод.

Дар давраи фаъолият Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумхурии Тоҷикистон рўзҳои сахту сангинро пушти сар карда, аз озмоишҳои шадиди ин солҳо гузаштанд ва имрӯз ба неруи қудратмандӣ низоми муҳофизи сулҳу субот табдил ёфтаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд, ки Артиши миллии Тоҷикистон ба яке аз нерӯҳои пурқудрат табдил ёфта, баҳри таъмини суботу амният, осоиштагии ҳаёти мардум, ҳифзи марзу буми кишвар хизмати шоиста кардааст.

Дар моддаи 43 – юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: “Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст”.

Дар ҳақиқат ҳам ҳифзи ватану амнияти халқ вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як шахси солимфикр ба ҳисоб меравад. Барои ҳамин ҳар сол ҷавонони Тоҷикистон бо азму иродаи хеш барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумхурии Тоҷикистон содиқона хизмати Модар-ватанро ба ҷо меоранд.

То фарорасии ҷашни фирӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумхурии Тоҷикистон рӯзҳои башумор мондааст. Бо ин ҷашни фирӯз мо ҳамаи Родмардони Ватанро табрику муборакбод мегуем.

Манучеҳр Расулов, - ходими калони илмии Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Артиши миллӣ нишон аз ҳастии давлату миллат буда, он ҳамчун рукни муҳим дар пойдории амнияту ҳифзи марзу буми кишвар ва сипари боэътимоди Ватан фаъолият менамояд. Артиш дар таърихи давлатдорӣ яке аз сарчашмаҳои эътиқоду боварии миллат мебошад. Ҳар кишвар дорои артиши миллии худ аст, вале Артиши миллии Тоҷикистон замоне таъсис дода шудааст, ки дар он замон дар дохили ҷумҳурӣ гурӯҳҳои ифротгарои номаълум оромии ҷомеаро халалдор мекарданд. Вале ба ин ҳолатҳои сангину душвор нигоҳ накарда шермардони шуҷоъи Ватан Артиши миллиро таъсис доданд. 18-уми декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид. Баъд аз як муддати кӯтоҳ, яъне санаи 23 феврали соли 1993 дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе бори нахуст паради ҳарбӣ баргузор гардид, ки он рӯз расман рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд. Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи истиқлолият буда, дар шароити вазнин таъсис ёфтааст. Бинобар ин мо бояд шукронаи Истиқлолияти давлатӣ намоему дар обод намудани Ватани азизамон саҳми хешро гузорем.

Дар ин муддати кӯтоҳ таърихӣ ҷузъу томҳои Артиши миллӣ ба нерӯи қудратманди низомӣ, муҳофизи сулҳу субот ва фазои оромиву осудаи кишвар табдил ёфт ва айни ҳол Ватан ва халқи худро содиқона муҳофизат менамояд. Артиши ҷавони Тоҷикистон, хусусан дар солҳои душвори фоҷиабори ҷанги шаҳрвандӣ якҷоя бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои низомии кишвар барои муҳофизати Истиқлолияти давлатӣ, ҳимояи марзу буми Тоҷикистон, мубориза бар зидди гурӯҳҳои ифродгарое, ки мақсади ноороми миллату давлатро доштанд, таъсис ёфта буд.

Артиши миллӣ тайи 32 соли фаъолияти худ рӯзҳои сахту сангинро пушти сар карда, аз санҷишҳои шадиди солҳои ҷанги шаҳрвандӣ гузаштааст, ки то инҷониб ҳама таҳти роҳбарию ҳидоятҳои ғамхоронаи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пурқувват гаштааст. Мо - ҷавононро мебояд ба қадри ин оромии давлат расида, барои пок нигоҳ доштани рукнҳои миллӣ, сулҳу субот, ободии давлати азизамон саҳми худро гузорем ва ҳамеша барои ҳифзи марзу буми кишвари биҳиштосоямон ҷони худро дареғ надорем.

Тоҷикистони азизам, дилу ҷонам, Ватанам,
Шарафи ҳастии ман, ному нишонам, Ватанам.

Муборак бод, ҷашни нурборат, Артиши миллӣ,
Муборак бод, авҷи ифтихорат, Артиши миллӣ.
Ба миллат, бо Ватан, бо амри Сарфармондеҳи Олӣ,
Муборак бод, аҳди устуворат, Артиши миллӣ.

Садриддинов М.Р. – ходими илмии Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АМИТ

Артиши миллӣ ҷузъи ҷудонашавандаимудофиавии ҳар миллату давлат маҳсуб ёфта, ҳадафумақсуди аслии он таъмини амнияти халқу Ватанро ташкил медиҳад. Ҳамин тариқ, таъмину танзими сулҳу субот ва бехатарии шаҳрвандон ба дӯши сипари миллат мебошад. Он рамзи интизом, далерӣ ва шаҳомату ватандӯстӣ низ мебошад.

Илова аз он артиш мактаби мардонагӣ пазируфта шуда, тавассути он сарбозону афсарон ҳамарӯза ба таълиму тамринҳо машғул шуда, вазифаҳои пурмасъулиятро ҳушёронаву зираконаиҷро карда, марз буми кишварро ҳифз менамоянд.

Дар моддаи 43 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин ишорат шудааст: «ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст».

Бо ҳамин мақсад, Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 18 декабри соли1992 таҳти рақами №3 Қарори ташкили Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонид. Дар ин зимн, ҳайат, сохтори ташкилию штатӣ, таъминоти моддию техникӣ, маҳалҳои ҷойгирии қисмҳои ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон то 30 декабри соли 1992 пешниҳод гардид.

Қонунгузорӣ дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, ба Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда, тартиботи ҳуқуқӣ ва ҳуқуқи инсони Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳияи санадҳои қонунгузорӣ оид ба он ташкил гардид. Ҳамин тариқ, дар асоси қарори мазкур охирҳои соли1992 ва ибтидои соли1993 тамоми асноди лозима омода гардида, дар як вақт ташкили қисмҳои ҳарбӣ ва ҷузъу томҳо ба роҳ мондашуда, рӯзи 23 феврали соли 1993 аввалин маротиба дар таърихи давлатдории тоҷикон дармайдони «Дӯстӣ»-и пойтахт бо иштироки қисмҳои ҳарбӣ ва ҷузъу томҳои ҳарбии тозатаъсис паради ҳарбӣ баргузор гардида, чун Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ё Артиши миллӣ қабул гардид, ки ҳамасола дар кишвар бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мудаввом таъкид менамояд, ки “мо Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро дар шароити ниҳоят вазнину ҳассоси иқтисодӣ ва ҳарбиву сиёсии мамлакат, яъне дар рӯзҳое, ки кишварро ҷангу хунрезӣ, беқонуниву беҳокимиятӣ ва буҳрони шадиди иқтисодӣ фаро гирифта буд ва ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ фалаҷ гардида, хатари аз байн рафтани давлати ҷавони Тоҷикистон ва пароканда гардидани миллати тоҷик воқеан ба миён омада буд, таъсис додем”.Бо дарки масъала дар шаҳри Душанбе аввал курсҳои кӯтоҳмуддат барои омода кардани афсарон ва Коллеҷи ҳарбӣ таъсис ёфта, дертар Институти ҳарбӣ тағйири ном карда, садҳо афсаронро таълиму тарбия ёфтанд.

Шиорҳои пайвастаи рамзиву размиву равонии Президент ба монанди “Ҳушёр ва зирак бошед”, “Сулҳу субот ва мардуми кишварро дӯст доред”, “Ҳамеша аз истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ шукрона карда, онҳоро чун гавҳараки чашм эҳтиёт ва ҳифз намоем”, “Давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро ғайр аз худи мо каси дигар обод намесозад” аскарону афсарон рӯҳиябахш гардида, Ватанро ҳимоя мекунанд.Бо таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунгузории ҳарбӣ низ ташаккул ёфта чанд санадҳои муҳими меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар таҳриринав қабул гардида, Артиши миллӣ узви фаъоли Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) мебошад, ки дар он Арманистон, Белоруссия, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия фаъолона иштирок менамоянд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таъмини амнияти ҳарбӣ ташкил гардида, чун миллати сулҳдӯст, сулҳпарвар баҳри ҷомеа адои хизмат намуда, халқу миллатро аз таҳдиду хатарҳо ҳифозат менамояд.

Ҳамин тариқ, артиши миллӣ чун неруи ҷасурутавонманди кишвар дар тамриноти кишварҳои фаъоли созмонҳои минтақавиву фароминтақавӣ аз ҷумла, СҲШ ҳамкориро хуб ба роҳ монда, дар давраҳои омӯзишии рушди маҳоратҳо мутахассисон на танҳо дар дохили Тоҷикистон, балки дар Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон ва ҳатто дар Фаронсаву Амрикову Аврупо ширкат намуда, маҳорату малакаи ҷангии худро рӯз ба рӯз беҳтару қавитар мегардонанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонпайваста таъкид меунанд, ки «Қувваҳои Мусаллаҳ дар роҳи ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, ба эътидол овардани вазъи мамлакат ва пуштибонии сулҳу субот, фурӯ нишондани ошӯбҳои исёнгарона ва зарбаи қатъӣ задан ба ҳамлаҳои берунӣ, несту нобуд кардани гурӯҳ ва дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткор, пешгирии табаддулоти ҳарбӣ ва қочоқи маводи мухаддир хизмати беназир кардаанд».

Месазад шеъри зеринро ба ифтихори артиши миллӣ зам зама кард:

Муборак бод, ҷашни нурборат, Артиши миллӣ,

Муборак бод, авҷи ифтихорат, Артиши миллӣ.

Ба миллат, бо Ватан, бо амри Сарфармондеҳи Олӣ,

Муборак бод, аҳди устуворат, Артиши миллӣ.

Дар ниҳоят метавон таъкид намуд, ки Тоҷикистони навин бо эҷоди мактаби сулҳофаринии худ зери роҳбарии Президент ва мардуми меҳнаткашу афсарони далеру ҷасур саҳмисазовор гузошта, пайваста ба халқу Ватан хидмат хоҳандкард. Ҳамин тавр, мову шумо ба хусус афсарони далеру ҷасурро лозим меояд, то дар рӯҳияи ватандӯстивусадоқат ба Ватан ва савганди ҳарбӣ, ҳушёриву зиракии сиёсӣ беҳтару бештар саҳм гузор буда, Тоҷикистонро ҳимоя намоем.

Ҳамин тариқ, мо ҳама якҷову яктан яке бо қалам яке бо туфанг диёру Ватанро ҳушёронаву зиракона озоду ободу ором чун гавҳараки чашм пайваста муҳофизат хоҳем кард.

Мирсаид Раҳмонов, - ходими калони илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

23-феврал ҳамасола чун рӯзи мудофеони ватан ва таъсиси Артиши миллӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад.

Ин рӯзи таърихӣ дар тасаввури аҳли ҷомиа чун рӯзидалериву шуҷоат, нангу номуси ватандорӣ ва дифоъи марзу буми аҷдодӣ ҷо гирифтааст.

Бo таъсиси давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон, ки қабл аз ҳама ҳифзи озодиву истиқлоли миллӣ ва таъмини амнияту субот бо нархи ҷони ҳар як сокини он баробар буд, зарурати таъсиси Артиши миллии бонизому обутобёфта ҳарчи бештар эҳсос мешуд. Чун ҳифзи истиқлоли миллӣ ва ваҳдату якпорчагии Тоҷикистони азизи тозаистиқлол бештар аз ҳар вақти дигаре муфиду сарнавиштсоз ба назар мерасид. Ҳифзи якпорчагии марзу буми таърихии ниёгон бештар аз ҳар омили дигаре ба мавҷудияти Артиши нерӯманди миллӣ бастагии қавӣ дошт.

Аммо барои таъсиси чунин Артиши муташаккилу нерӯманди миллӣ, заминаҳои бунёдӣ дар ҷомиа фароҳам набуд, зеро оташи ҷанги таҳмилиро душманону бадхоҳони миллати наҷибамон аз гӯшаҳои амн камин гирифтаву доман мезаданд, то ин ки аз сӯхта хокистар шудани биноҳои муҳташами фарҳангу тамаддуни дерини мо лаззат бибаранду ҳадафи нопоки худро бароварда созанд. Бо ин амали ноҷавонмардонаи худ, ки иғвою ҷудоӣ афкандан миёни афроди ҷомиа буду як миллати дерини таърихро байни худ даргир менамуд, боварии аҳли ҷомиаро ба ҳамдигар сусту заиф гардонид. Дар ин замоне, ки боварии фард-фарди ҷомиа аз ҳам дигар рахт баста буду касе ба касе бовар надошт ва бародар аз додари ҷонии худ дар дил шубҳаи амиқе дошту кина мепарварид, аҳли ҷомиаро дубора ба хушбоварӣ расондану гирди ҳам хондан ва Артиши миллӣ баҳри амну осудагии давлат таъсис додан, воқеан коре миёншикану берун аз тавони инсон менамуд.

Дар чунин замони фитнакориҳовудасисаафканиҳои бемаънӣ дар дили сокинони кишвар тухми умеду меҳр коштану ба боварии онон сазовор гардидан ва таъсис додани Артиши бонизоми миллӣ воқеан қаҳрамонӣ буд, ки масъулону дастандаркорони ин роҳи мураккаб бо роҳбарии сарвари дурандеши кишвар ба ҳадафи наҷиби хеш ноил омаданду миллатро аз чанголи парокандагиву бесарнавиштӣ раҳоӣ бахшида, гирди ҳам ҷамъ оварданд.

Як миллати воҳиду ягона ва як сарзамини маъмуру обод бе сипоҳи бонизому нерӯманди обутобёфта амнияти комилу сартосарии худро ҳифз карда наметавонад.

Артиши миллӣ нигаҳбони марзу буми ватан ва ҳифозатгари амнияти миллӣ ва оромии сартосарии кишвар буда метавонад.

Маҳз сипоҳиёну афсарони бонангу ватандӯсти кишвар дар рӯзҳои сангину мудҳиши ҷанги таҳмилӣ зарурати беш аз андозаи ҷомиаро ба сулҳу оштӣ ва амну амонӣ бештар аз ҳар вақти дигаре эҳсос намуда, ҷон дар кафи даст гирифтаву баҳри ҳифзи ватани аҷдодӣ ва пойдории сулҳу осоиштагии сар то сарӣ ҳамроҳ бо сарвари кишвар камари ҳиммат бастанд. Гӯё ин гуфтаҳои Фирдавсии покзодро шиори ҳаррӯзаи хеш карда буданд:

Зи баҳру бару буму фарзанди хеш,

Зану кӯдаки хурду пайванди хеш,

Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,

Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем!

Хушбахтона, бо ҷаҳду талошҳои шабонарӯзии онҳо сулҳу оромӣ дар кишвари азизи мо тоҷикон – дар ин порахоки муқаддаси ниёгон, ки аз империяи паҳновари як замон дар миқёси ҷаҳон машҳуру маҳбуб ёдгор асту тамоми ҳаммиллатонамон дар паҳнои ҷаҳон чашми умед ба ин ягона манзилгоҳи миллии хеш бастаанд ва рушду шукуфоии беш аз андозаи онро мехоҳанд, пойдор гардиду садои шодиву нишоти пиру барно пас аз маҳрумиятҳои миллӣ дубора ба ҷаҳон танинандоз гардид.

Мо модарону бонувони тоҷик ин рӯзро – 23 февралро рӯзи нигаҳбонони Ватан, Рӯзи мудофеъони марзу буми кишвар, рӯзи афсарону сарбозони шуҷоъи ватанпарвар ва бо як калима Рӯзи мардони майдон медонем. Ва ин рӯзро барои мардони озодаву далер, ки нигаҳбонони ватани аҷдодиямон ва сулҳу оромӣ ҳастанд, барои кулли мардуми меҳан муборак бод мегӯем!

Анзурати Маликзод - ходими пешбари илмии шуъбаи таърихи адабиёти Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии АМИТ, номзади илми филология

Мардуми Тоҷикистон бо афсарону сарбозони Қувваҳои мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, яъне фарзандони содиқу вафодори худ ифтихор мекунанд ва эътимоди комил доранд, ки хизматчиёни ҳарбии Тоҷикистони соҳибихтиёр дар оянда низ аз ӯҳдаи ҳимояи Ватан, давлат ва зиндагии осудаи сокинони кишвар бо сарбаландӣмебароянд.

Эмомалӣ Раҳмон

Дар ҷаҳон давлате нест, ки бидуни Қувваҳои Мусаллаҳ арзи вуҷуд дошта бошад, чун сулҳу субот ва оромии давлату миллатро Артиши миллӣ таъмин менамояд. Маҳз бо шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои мусаллаҳи кишвартаъсис дода шуданд. Бояд зикр намуд, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рузҳои ид, 23 феврал ҳамчун рӯзи Қувваҳои мусаллаҳ муайян карда шудааст.

Дар моддаи 43-юми Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст.

Пешвои Миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маврид ҷашни Артиши Миллӣ чунин қайд намуданд:”дар ин лаҳзаҳои идона мо метавонем бо ифтихору қаноатмандӣ изҳор намоем, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ дар давраҳои бисёр ҳассоси таърихи давлат ва халқи тоҷик аз уҳдаи иҷрои рисолати таърихии худ ҷавонмардонаву сарбаландона баромаданд ва ба эътимоду эҳтироми мардуми Тоҷикистон сазовор гардиданд.

Бинобар ин, ба ҳамаи хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат барои хизмати содиқона ба давлат ва халқи Тоҷикистон сипосу миннатдорӣ баён менамоям.”

Одатан ба хотири ин рӯзи ҷавонмардиву далерӣ аз ҷониби бонувон ба ҷавонмардони ватан тибқи анъана паёми шодбошиӣ ва муҳаббат нисбат ба Ватан ироа мегардад.

Бояд гуфт, ки Қувваҳои мусаллаҳ яке аз муҳимтарин сохторҳои қудратӣ ба шумор меравад, аз ин лиҳоз ба хотири таҷлили он аз боғча саркарда то муассисаҳои олии касбӣ ва дигар ташкилоту корхонаҳои давлати чорабиниҳои гуногун баргузор мешавад. Зеро дар муддати 33 соли Истиқлолияти давлатӣ Қувваҳои мусаллаҳи мо, бо тамоми таҷҳизотҳои замонавӣ сол ба сол тамин карда шуда, доимо ин ниҳод зери таваҷҷуҳи ҳукумати кишвар қарор дорад.

Пешвои миллат дар мулоқотбо сохторҳои қудратӣ баён карданд, ки мо нисбат ба ягон кишвар ҳадафи ғаразнок надорем ва ҷанг карданиям нестем, вале ҳимояи Ватан, хоҳарон, модарон, тифлон ин қарзи мо мебошад ва ҳамчунин иброз доштанд, ки мо яроқи ҳастаи надорем, вале иттиҳоди мо, кулли мардуми кишвар ин худ бузургтарин қувва мебошад.

Ба гуфтаи Фирдавсии бузург:

Пароканда лашкар наояд ба кор,

Ду сад марди ҷанги беҳаз сад ҳазор.

Ин асолати таърихиро Сарвари далеру фидокор, ватанпарасти ҳақиқӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақсаду маром ва ормони зиндагиномаи хеш қарор доданд. Бинобар ин, моро лозим аст ба Ватани хеш, ки боарзиштарин ҷузъи ҳаёти мо аст, содиқона, зиракона, бо ахлоқи воло, бо сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ ва паҳлу бапаҳлуи Пешвои миллат то нафаси вопасин хизмат намоем.

Аз фурсати муносиб истифода бурда, тамоми кормандони сохторҳои қудратиро бо рӯзи Артиши миллӣ табрику таҳният менамоям. Бигзор Тоҷикистони азизамон ҳамеша орому осуда бошад.

Махмедов Муҳаммад, - ходими хурди илмии Шуъбаи Аврупои Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Артиши миллӣ яке аз сутунҳои асосии ҳар як давлати мустақил ба шумор меравад. Дар таърихи инсоният, нақши артиши миллӣ на танҳо дар ҳифзи ҳудудҳои давлатӣ, балки дар нигоҳ доштани оромӣ ва суботи дохилӣ низ аҳамияти беназир дорад. Барои миллати тоҷик, артиши миллӣ на танҳо василае барои ҳифзи истиқлолияти миллӣ, балки худ рамзи мардонагӣ, ватанпарастӣ ва садоқат ба Ватан аст.

Ҳар як сарбоз, ҳар як афсар ва ҳар як генерали артиши миллӣ бо шуҷоат ва садоқати худ ба мамлакат ҳисса мегузоранд. Онҳо барои ҳифзи сарзамини азизамон на танҳо омодаанд, балки ҳар лаҳза омодаанд ҷони худро фидо кунанд. Дар замони мо, нақши артиши миллӣ афзунтар шудааст. Маъракаҳои зиддитеррористӣ, пешгирии ҷинояткорӣ ва ҳифзи сарҳадҳо – ҳамаи ин вазифаҳоест, ки артиши миллӣ ба дӯши худ мегирад.

Бо вуҷуди мушкилоти муосир, артиши мо тавонистааст худро ҳамчун ниҳоди боэътимод ва муносиб барои ҳифзи амнияти миллат муаррифӣ кунад. Тавассути таълим ва тамрини доимӣ, сарбозони мо на танҳо дар масоили ҳарбӣ, балки дар масоили инсонӣ низ комилан омодаанд.

Дар ҷашни ҳар як солгарди таъсиси артиши миллӣ, мо бояд бори дигар ёдовар шавем, ки ҳифзи Ватан ва амнияти миллат - вазифаи муқаддас аст. Ва ҳамагон бояд бо ифтихор ва эҳтиром ба сарбозон ва афсарони артиш муносибат кунанд. Дар ин замина, онҳо бо қалбҳои худ кафили сулҳ ва амният ҳастанд.

Дар ниҳоят, артиши миллӣ на танҳо як ниҳоди ҳарбӣ, балки як рамзи қавии ҳамбастагӣ ва садоқат ба миллату давлат аст. Мо бояд ҳамеша бо ифтихор ва муҳаббат онҳоро дастгирӣ кунем ва ба онҳо эътимод гузорем.

Баҳри субот ва осоиштагии кишвар – зинда бод артиши миллӣ!

Олимҷон Азизов – мудири шуъбаи
муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеа

Subscribe to Мақолаҳо