Skip to main content

Institute of studying of the problems of Asian and European countries

1

ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

734025, ш.Душанбе, кӯчаи Рӯдакӣ -33

 тел.:227-58-20   web:www.osiyoavrupo.tj  e-mail:info@ osiyoavrupo.tj  

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо муассисаи навтаъсиси илмӣ-таҳқиқотӣ буда, он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 №466 дар сохтори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ташкил шудааст.

Институти мазкур ягона муассисаи илмиест, ки ба омӯзиши муносибатҳои байналмилалӣ, сиёсати хориҷӣ, равандҳои геосиёсӣ, геоиқтисодӣ, геофарҳангӣ, созмонҳои ҷаҳонӣ, низоъҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар кишварҳои Осиё, Аврупо ва Амрико машғул мебошад.

Институт дар асоси Оиннома, ки бо қарори Раёсати АМИТ 19.04.2022 тасдиқ шудааст, фаъолияти худро пеш мебарад. Инчунин дар фаъолияти худ ба дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳавӣ такя мекунад, аз ҷумла Оинномаи АМИТ, низомномаҳои магистратура, докторантура, дастури вазифавии кормандони АМИТ, тартиби ба кор қабул кардани кормандон тавассути озмун ва ғ.

Шаҳодатнома оид ба аккредитатсияи давлатии муассисаи илмӣ – силсилаи АК-1 № 0000145 аз 28.11.2019.

Иҷозатнома оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ АУ № 0002654 аз 19.11.2018.

Директори Институт доктори илмҳои фалсафа Ҳайдарзода Рустам Ҷӯра мебошад.

Дар солҳои 2016-2023 дар Институт 4 лоиҳаи фармоишӣ ба анҷом расидааст. Айни ҳол Институт аз рӯйи 6 лоиҳаи илмӣ фаъолияти худро ба роҳ мондааст. Аз ҷумла:

1. Масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангии равандҳои геополитикӣ ва интегратсионии кишварҳои Осиёи ҷанубӣ ва Шарқӣ (барои солҳои 2021-2025);

2. Муштаракоти таърихиву фарҳангӣ ва робитаҳои иқтисодию фарҳангии халқи тоҷик бо кишварҳои Шарқи Миёна ва Наздик ва дурнамои он (барои солҳои 2021-2025);

3. Таърихи ҳамкории муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои Тамоюлҳои рушди вазъияти сиёсию иҷтимоӣ ва масоили амниятӣ дар кишварҳои Шарқи Наздик ва Миёна (барои солҳои 2021-2025);

4. Макроминтақаи Аврупо дар муносибатҳои байналмилалии муосир ва иштироки ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин равандҳо (барои солҳои 2024-2028);

5. Осиёи Марказӣ дар системаи созмонҳои муосири минтақавӣ ва байналмилалӣ (барои  солҳои 2024 – 2028);

6. Мақом ва нақши ШМА ва Канада дар муносибатҳои байналмилалии замони муосир (барои солҳои 2024-2028).

Дар Институт ҳамагӣ 63 нафар корманд фаъолият мекунад, ки аз он 45 нафар корманди асосӣ ва 18 нафар корманди ҳамкор мебошад. Синну соли миёнаи кормандони асосӣ 48 солро (ҳамкор – 54 сол) ташкил медиҳад.

Дар Институт 45 нафар корманди асосӣ (аз ҷумла 17 нафар зан) фаъолият мекунад.

Аз 45 нафар корманди асосӣ 36 нафар корманди илмӣ ва 9 нафар кормандони техникӣ-ёрирасон:

Унвони илмӣ

Умумӣ

Мард

Зан

1

Доктори илм

5

4

1

2

Номзади илм

15

9

6

3

Корманди илмии беунвон

16

9

7

 

Дар Институт 5 шуъба ва бахши таҳқиқоти Русия амал мекунад.

1.Шуъбаи Шарқи Наздик ва Миёна

2.Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ

3.Шуъбаи Аврупо

4.Шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

5.Шуъбаи ШМА ва Канада

1. Бахши таҳқиқоти Русия

Дар солҳои таҳсили солҳои 2017-2021 ба шуъбаи магистратура ва докторантураи ИОМДОА-и АМИТ 159 нафар магистрантон, 9 нафар аспирантон, 67 докторантони (PHD) ва 12 нафар унвонҷӯй ба таҳсил фаро гирифтанд. Аз солҳои 2022-2023, 46 нафар магистрантони курсҳои 1 ва 2-юм, 40 нафар докторантони (PhD)-ии курсҳои 1,2 ва  3-юм ва 8 нафар унвонҷӯй дар самтҳои зерин таҳсил намуда истодаанд.

1М-230101 – Муносибатҳои байналмилалӣ

1М-230101-01 - Сиёсати берунӣ ва дипломатия

07.00.15 (6D020300) - Таърихи муносибатҳои байналмилалӣ ва сиёсати хориҷӣ

08.00.14 (6D051300) - Иқтисодиёти ҷаҳонӣ

10.01.03 (6D021400) - Адабиёти кишварҳои хориҷӣ

23.00.05 (6D050200) - Минтақашиносии сиёсӣ ва сиёсати хориҷӣ

Дар шароити муосир Институт аз рӯйи чунин самтҳои асосӣ фаъолият менамояд:

  • мусоидат ба амалисозӣ ва тарғиби ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • таҳқиқ ва таҳлили масъалаҳои вобаста ба геосиёсӣ, геоиқтисодӣ, геофарҳангии кишварҳои хориҷӣ аз нигоҳи илми муосир;
  • омӯзиши масъалаи рушди иҷтимоӣ-сиёсӣ, сохтори идоракунӣ, сиёсати инноватсионии давлатҳои хориҷӣ;
  • омӯзиши масъалаҳои ваҳдатсолорӣ, ҳамгироии иҷтимоӣ дар низоми ҷомеа ва таҳкими ҳувияти миллӣ;
  • омӯзиш ва таҳлили хатар ва таҳдидҳои ҷаҳонии муосир;
  • коркарди пешниҳодҳои илман асосшуда барои тақвияти сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ;
  • ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзуҳои гуногуни байналмилалӣ ва минтақавӣ;
  • ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати забономӯзӣ.

Баҳри ташвиқу тарғиби донишҳои илмӣ кормандони Институт дар ВАО ва дигар чорабиниҳо доир ба масъалаҳои вобаста ба самти фаъолияти Институт баромад намуда, доир ба натиҷаҳои фаъолияти Институт, мавзуҳои мубрами ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ мусоҳибаҳои зиёде анҷом додаанд. Дар тӯли фаъолият кормандони Институт натиҷаҳои таҳқиқоти илмии гузаронидашударо дар 80 адад китобу монографияҳо нашр кардаанд.

Дастовардҳои илмии кормандони илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо дар 7 соли охир

               

 

2017-2019

2020

2021

2022

2023

Ҳамагӣ

Монографияҳо

22

14

15

21

7

79

Китобҳои дарсӣ

-

-

1

-

-

1

Дастурҳои таълимӣ

-

-

-

-

-

-

Мақолаҳои илмӣ

75

75

110

137

108

505

Мақолаҳои илмӣ-омавӣ

15

101

112

178

235

641

Мақолаҳои илмӣ дар хориҷи кишвар

11 (Олмон, Қазоқистон, Узбекистон, Эрон)

1 (Англия)

4 (Россия, Узбекистон)

19 (Ҳиндустон, Покистон, Узбекистон, Қазоқистон, Русия, Ҳолланд)

11 (Ҳиндустон, Покистон, Қазоқистон, Русия)

46

Инчунин, Институт яке аз баргузоркунандаи асосии конфренсияҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад, ки зиёда аз 16 конференсияи сатҳи байналмилалиро гузаронидааст. Аз ҷумла:

  1. Конференсияи байналмиллалии “Саҳми Сарварони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар таҳкими дӯстӣ, некӯҳамсоягӣ ва боварӣ, бозкушоии саҳифаҳои нави муносибатҳои шарикии стратегии миёни ӯзбекистон ва тоҷикон” (Душанбе, 14-15 августи соли 2020).
  2. Симпозиуми байналмилалии илмии “Тоҷикистон дар масири таърих: истиқлолият, дастовард ва дурнамо”.  06.09.2021.
  3. Конференсияи байналмилалии имлӣ-амалӣ бо унвони “Таъмини амнияти минтақавии Осиёи Марказӣ: андозагирии сиёсӣ, иқтисодӣ, экологӣ”. 04.11.2022.
  4. Конференсияи дуюми байналмилалӣ таҳти унвони “Аз Волга то Ганга тавассути Трансоксиана”. 20-21.10.2023.
  5. Конференсияи байналмилалии таҳти унвони “Густариши ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика”. 25-26.04.2024. ва ғ.
Bacground Image