Ба истиқболи 33-умин солгарди
Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аввали солҳои 90-уми қарни гузашта, баъди пош хурдани Иттиҳоди Шӯравӣ 15 давлати нав худро мустақил эълон намуданд. Тоҷикистон низ дар баробари дигар кишварҳо Истиқлолияти давлатии худро эълон намуд ва 9 сентябри соли 1991 дар таърихи миллати тоҷик “Рӯзи истиқлолияти давлатӣ” сабт гардид. Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди ҳамаи бахшҳои иқтисодиёти кишвар саҳми босазо гузошт. То баргузор гаштани иҷлосияи тақдирсоз, миллати тоҷик дар гирдоби ҷанги дохилӣ аз бесарусомонӣ азият мекашид. Аз бесарусомонӣ зиёда аз 150 ҳазор нафар фарзандони ин миллат нобуд гашта, миллат пароканда шуда, ҳазорҳо хонаҳо ва иншоотҳои иҷтимоӣ аз байн рафта буд. Аз фаъолият боз мондани коргоҳу корхонаҳои саноатӣ ва нобуд гаштани заминҳои кишт, аз фалаҷ гаштани иқтисодиёти кишвар шаҳодат медод. Соли 1991 сатҳи камбизоатӣ беш 80 % - ро ташкил медод, ки ин масъала мардуми кишварро дар ташвиш гузошта буд. Маҳз дар ҳамин марҳилаи рушди таърихӣ ба халқи тоҷик яке аз фарзандони фарзонаи миллат муҳатарм Эмомалӣ Раҳмон тақдим мегардад, ки миллати тоҷикро аз вартаи ҷанги шаҳрвандӣ наҷот дода, барои бунёди давлати деморативу ҳуқуқбунёд, дунявиву иҷтимоӣ роҳ пеш мегиранд.
Яке аз ҳадафҳои асосии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баъди барқарор намудани сулҳу субот, ин масъалаи паст намудани сатҳи камбизоатӣ ва таъмин намудани сатҳи баланди шуғли аҳолӣ буд. Бо ин мақсад Пешвои миллат як қатор қарорҳо қабул намуданд, ки боиси коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ замина гузоштанд. Дар натиҷа, сатҳи камбизоатӣ аз 83 % дар соли 1999 то ба 21,2% дар соли 2023 коҳиш дода шуд.
Ҳоло Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ узви ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, дар ҷараёни босуръати ҷаҳонишавии муносибатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ қарор дорад. Дар замони истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон ба муваффақиятҳои назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ноилшуда, дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳи худро пайдо кардааст. Пояҳои истиқлолияти давлатии мо сол то сол қавитар мегардад.
Боиси хушнудист, ки Сарвари давлат дар ҳар вохӯриашон ба аҳли зиёи кишвар ба рушди илму маориф аҳамияти хоса дода, дар баромадашон санаи 18 марти соли 2020 қайд намуданд, ки “Дар даврони соҳибистиқлолӣ маорифпарварӣ яке аз самтҳои меҳварии давлатдории мо буда, рушди илму маориф омӯзиши техника ва технологияҳои нав, тақвияти неруҳои зеҳнӣ ва ташаккули забони илм дар мақоми авлавиятдор қарор дорад. Дар ин раванд мо ҷойгоҳу манзалат ва дар айни замон, масулияти олимону донишмандон, аҳли зиёи эҷодкорро дар ҷомеа давра ба давра баланд бардоштем. Ҳамчунин, як силсила барнома ва лоиҳаҳои илмиро бо дарназардошти манфиатҳои давлатдории миллӣ таҳия ва мавриди амал қарор дода, барои пешрафти илму маориф заминаи мусоид фароҳам овардем”.
Набояд фаромуш сохт, ки дар чунин вазъияти мушкил, тақдири миллатро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зимаи худ гирифта, савганди худро дар назди халқи меҳан сарбаландона иҷро намуданд.
Дар яке аз Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки: “Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷихати таъмини пояяҳои моддиву техникии муассисаҳои илмӣ, бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонидани озмоишгоҳҳо, инчунин тайёр намудани кадрҳои илмӣ аз ҳисоби ҷавонони болаёқат чораҳои мушаххас меандешад”.
Қайд кардан ба маврид аст, ки Пешвои муаззами миллат, таъмини сулҳу субот ва баргардонидани гурезагонро ба Ватан ҳадафи асосии худ дониста, саломатии аҳли кишварро боигарии давлат ҳисобида, барои ноил гаштан ба ин мақсад талош варзиданд.
Ҳамзамон, бо баробари баланд бардоштани сатҳи некӯаҳолии мардум ба саломатии мардуми кишвар низ аҳамияти хоса дода, дар давоми 33 соли Истиқлолияти давлатӣ якчанд муассисаҳои тиббӣ бунёд гардид, ки калонтарини он Муассисаи давлатии бисёрсоҳаи тиббии “Истиқлол” мебошад, ки дар масоҳати 11 гектар, бо харҷи беш аз 750 млн. сомонӣ бо озмоишгоҳҳои муосири замонавӣ таҷҳизонида шудааст.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2019 дар мушовира бо кормандони соҳаҳои молия, андоз, гумрук ва бонкии мамлакат қайд намуданд, ки таҷдиди низоми идоракунӣ талаб мекунад, ки дар рафти таҳияи лоиҳаҳои буҷети давлатӣ ва назорат аз болои қисмҳои даромад ва хароҷот технологияҳои рақамӣ ҷорӣ карда шавад. Дар худи ҳамин мушовира таъмини самаранокии иттилоотӣ ва рақамикунонии идоракунии бахшҳои иқтисод ҳамчун масъалаҳои муҳимтарине муайян карда шуданд, ки аз ҳалли онҳо самаранокии идоракунии иқтисод ва соҳаи иҷтимоӣ, аз ҷумла тиб низ вобаста мебошад.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ масъалаҳои ҳифзи саломатии миллат низ афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлатӣ ба шумор рафта, дар ҷумҳурӣ як қатор консепсияю барономаҳо қабул шудаанд. Онҳо заминаҳои рушди соҳаи тандурустии дар даврони соҳибистиқлолии кишвар гузошта, соҳаи тандурустиро ба яке аз соҳаҳои пешқадами замонавӣ табдил дод. Дар ин самт рақамикунонии соҳаи тандурустӣ нақши муҳимро бозид. Дар асри иқтисоди рақамӣ технологияҳо на танҳо меҳнати кормандони тибро осон гардонид, балки сифати хизматрасониро баланд бардошта, ба такмили ташкил ва идоракунии таъминоти иттилоотии низоми тандурустӣ мусоидат намуд.
Маҳз самараи истиқлолияти давлатӣ буд, ки фаъолияти муассисаҳои табобатию пешгирикунанда беҳтар гашта, ихтисоси касбии кормандони зинаи миёна ва олӣ баланд бардошта шуд. Истиқлолияти давлатӣ ба олимони тоҷик имкон дод, ки дар рушди илм нақши бузург бозида, барои пешрафти он ва ворид намудани усулҳои нави ташхисию-табобатӣ бо истифода аз технологияи муосир дар тибби амалӣ саҳм гузоранд.
Ҳамин тавр, соҳаи иҷтимоӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ буда, ба рушди он аҳамияти хоса дода мешавад. Маҳз рушди соҳаи шуғли аҳолӣ, маориф, тандурустӣ имкон дод, ки имрӯз аҳолии кишвар дар давлати иҷтимоӣ зиндаги ба сар бурда, аз дастовардҳои истиқлоли кишвар баҳраманд мебошанд. Саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди соҳаи иҷтимоиёти кишвар беназир буда, имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати иҷтимоӣ муаррифӣ гардонидаанд.
Нематова Парвина – номзади илмҳои иқтисодӣ, мудири шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти Омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон