Вақте ки сухан дар бораи Устод Фозил Тоҳирович меравад, гуфтан ҷоиз аст, ки Устод дар ҳақиқат падари маънавии тамоми ҳуқуқшиносони Тоҷикистон мебошанд. Як гурӯҳ шогирдони болаёқати ҳуқуқшиносро тарбия кардаанд, ки зери роҳбариии он кас ҳам рисолаҳои номзадӣ ва ҳам рисолаҳои докториашонро диҷоъ кардаанд.
Боиси ифтихор аст, ки ин шогирдон имрӯзҳо дар асоси дарёфти малака ва маҳорати соҳаи ҳуқуқшиносӣ дар вазифаҳои гуногун дар мақомот ва вазорату идораҳои баланди давлатӣ кору фаъолият мекунанд.
Маҳз тавассути касбияти балнди Устод Фозил Тоҳирович буд, ки бо як қатор олимони Россия дӯстӣ пайдо карда, чанд шогирдашон аз Тоҷикистон барои дифои рисолаҳояшон ба Донишгоҳҳои Маскав рафта дифо мекарданд.
Устод Фозил Тоҳирович пули ҳуқуқшиносии тоҷик ва Россияро барпо намуданд. Аз дӯстон ва олимони ҳуқуқшиноси Россия Нерсессянс В.С., Сюкияйнен Л.Р.,Гравский М.Н. ва ғайраҳо, аз ҷумла яке аз ҳуқуқшиносони барҷастаи Россия Чистиков О.и. роҳбари илмии эшон буданд.
Ба ҷуз сифатҳое, ки дар боло ном гирифтем, устод Фозил Тоҳиров сухангӯйи тавоно ҳам маҳсуб мешуданд. Он кас бо маърӯзаҳои илмӣ борҳо дар конгрессу симпозиумҳо дар Миср, Италия, Олмон, Покистон, Ҷиндустон, Эрон, Лаҳистон, Австрия, Москва ва дигар шаҳрҳои Федератсияи Россия ва ИДМ дастовардҳои илми ҳуқуқи ватаниро муаррифӣ кардаанд.
Аксар пажӯҳишҳо ва китобҳои устоди зиндаёд дар ганҷинаи илми ватанӣ ба ёдгор мондаанд ва ҳар муҳаққиқ ва донишҷӯ, албатта, ба онҳо муроҷиат мекунад. Китобҳои он кас – «Становление советского права в Таджикистане» (1987), «Правовая система Таджикской АССР» (1988), «Ташаккули ҳуқуқи шӯравӣ дар Тоҷикистон» (1994), «Правовая система дореволюционного Таджикистана» (1998), «Шариат ва танзими муносибатҷои ҳуқуқӣ-оилавӣ (бо забонҳои тоҷикиву русӣ, соли 1999, бо ҳаммуаллифӣ), “Таърихи давлат ва ҳуқуқи дунёи қадим» (2003), «История государства и права Республики Таджикистан» (қисми 2, 2001), «Таърихи давлат ва ҳуқуқи мамлакатҳои хориҷӣ (дунёи қадим ва асрҷои миёна)» (2004), «Таърихи давлат ва ҳуқуқи мамлакатҳои хориҷа (давраи нав ва навтарин)» (2007), «Хрестоматия по истории государства и права Таджикистана, 1917-1994 гг.», «Хрестоматия по истории государства и права Таджикистана» (такмили китоби пешина, 2019) аслан ниёз ба муаррифӣ надоранд, зеро ҳамеша мавриди истифодаи алоқамандон ҳастанд.
Мо ки дар остонаи таҷлили 33-солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон қарор дорем, ин лаҳзаҳо ёдам меояд, ки ки сулҳу суботи тоҷикон ба осонӣ ба даст наомадааст. Воқеан, аз аввали солҳои 90-уми қарни гузашта то ноил гардидан ба ваҳдати миллӣ Тоҷикистони соҳибистиқлол гирифтори ҷанги шаҳрвандӣ гардида, дар он рӯзҳо бенизомиву бетартибӣ ҳукмфармо, меъёрҳои қонунҳои давлат зери по шуда, бесарусомониву ҷинояткорӣ қариб дар ҳама соҳаҳои иҷтимоӣ шакли муташаккилонаро гирифта буд. Дар ин марҳила, бисёре аз фарди Тоҷикистон Ватанро тарк карда, ба дигар кишварҳо фирор намудаанд. Аммо,мо ба ҳеҷ куҷо нарафтем, гуреза ҳам нашудем ва ҳама мушкилоти низоъи шаҳрвандиро бо кулли мардуми Тоҷикистон паси сар намудем.
Устод симоҳо ва шахсиятҳои барҷастаи ҳуқуқшиносии дигар кишварҳо ва ҳуқуқшиносони ватаниро мисли В.Г. Грингберг, Л.С. Явич, Е.Н. Стрелникова, Х.Қ. Раҷабов, Э.С. Севликянс, В.А. Ойгензихт, В.И. Коретский, Г.Л. Осокина, Р.Н. Ҳамроқулов, Ш.Р. Розиқов, Л.М. Франк, Л.З. Зимина, С.Ш. Шарофов ба ёд меоварданд.
Устод дар ҳарду ҷабҳа – ҳам омода намудани мутахассисон барои сохторҳои кишвар ва ҳам рушди танзими ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятӣ дар мамлакат бевосита саҳм доштанд. Махсусан дар таҳия ва коркарди лоиҳаи қонунҳо ва барномаҳои давлатӣ, асоснокгардонии илмиву назариявии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бевосита иштирок мекарданд.
Он кас як ҷумлаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро чун шиор пазируфта буданд ва ҳамеша такрор мекарданд, ки чунин буд: «Пешрафти ҷомеа фақат бо роҳи танзими қонунӣ ва одилонаи муносибатҳои ҷамъиятӣ имконпазир аст». Мегуфтанд, ки ин ҷумла як олам маъно дорад ва моҳияти давлатдории моро ифода мекунад, яъне бидуни танзими қонунӣ ва одилонаи муносибатҳои иҷтимоӣ давлати ҳуқуқбунёд асолат надорад ва буда ҳам наметавонад.
Хулоса, зиндагиномаи Устод Фозил Тоҳирович боиси ибрат ва намуна аст. То метавонистанд некӣ мекарданд. Доиман ба ҷавонон, хусусан шогирдонашон таъкид мекарданд, ки бисёр китоб хонед, маърифати баланд дошта бошед, ҳуқуқи худатонро донед, нагузоред, ки дар зиндагиатон беадолатӣ шавад.
Санаи 21 июни соли 2024 дар Толори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, бо ташаббуси Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинов конференсияи ҷумҳуривии илмӣ-назаривӣ ба ифтихори рӯзи Ваҳдати миллӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва 85 солагии академик Фозил Тоҳиров дар мавзӯи “Саҳми муҳаққиқини ватанӣ дар ташаккул ва рушди илму маърифатӣ ҳуқуқӣ оғоз гардид.
Сухати ифтитоҳиро президенти Академияи милли илмҳои Тоҷикистон узви ваобастаи АМИТ Хушвақтзода Қобилҷон оғоз намуданд. Суханронии Устод Қобилҷон Хушвақтзода аз зиндагиномаи донишманди шинохта Фозилҷон Тоҳиров хело пурмуҳтаво буд. Дар раванди конфронс вобаста ба фаъолияти академик Фозил Тоҳиров дар самти ҳуқуқшиносӣ аз шогирдон ва ҳамкорон академик Маҳмудзода Махкам Аъзам, профессори Донишгоҳи Ломоносов Исмоилов Шавкат, узви вобастаи АМИТ Раҳимзода Маҳмад Забир, профессор Буризода Эмомалӣ,
профессор Раҷабов Саидумар, профессор Ашурбой Имомзода, профессор Азиззода Убайдулло дар ҳама самти фаъолияти академик Фозил Тоҳирович суханронӣ намуданд.
Китоби академик Фозил Тоҳирович 995 саҳифа рӯи чоп омада, китоб рӯнамоӣ шуд.
Академик Фозил Тоҳирович яке аз муаллифони Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Дар таҳия ва мураттаб сохтани Парчам ва Нишони давлатӣ иштироки фаъолона доштанд.
Зиёда аз 30 нафар номзадҳо ва докторони илми ҳуқуқро тайёр намудаанд. Раиси Шӯрои диссертатсионӣ оид ба дифои рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ буданд, ки ин Шӯроро худашон ташкил намудаанд.
Имрӯзҳо шогирдони эшон дар мақомотҳои баланди давлатӣ кору фаъолият мекунанд. Академик Тоҳир Фозилович Арбоби шоистаи илм ва техника буданд. Зиёда аз 5 сол директори Ииститути давлат ва ҳуқуқ ба ӯҳда дошта, ташкилкунандаи Институти мазкур буданд.
Инҷо ҷоиз аст, ки мо сатрҳои шоири шаҳири Тоҷикистон Мирзо Турсунзодаро ба ёд биёрем:
Ошён гар мегузорӣ дар дили инсон гузор,
Дар раҳи меҳру вафою аҳди бепоён гузор.
Нест ҳеҷ чизе ки аз дили инсон баланд,
Ошёни меҳри хеш дар мағзи ҷон гузор.
Меҳри Устод академик Фозилҷон Тоҳиров дар мағзи ҷонҳои фарзандонашон, шогирдонашон, пайвандонашон ҷой гирифтааст. Рӯҳашон шод бошад!
Санавбарбону Воҳидова - доктори илмҳои таърих, профессор, мудири шуъбаи Аврупои Институти Омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон