Skip to main content

“Ҳукумати кишвар ба занону бонувон эҳтироми хоса зоҳир менамоянд ва дар якчанд барномаҳои давлатӣ, стратегияҳо ва консепсияҳо дурнамои фаъолияти занон ва нақши онҳо дар мақоми роҳбарӣ, таҳкими давлатдорӣ, солимии ҷомеа ва пойдориву устувории оила таъкид шудааст. Мо ин сиёсатро дар оянда низ давом дода, занонро ҳамчун чароғи оила, неруи созандаи ҷомеа ва ҳимоятгару идомабахши беҳтарин анъанаҳои миллӣ дастгирӣ менамоем. Занон дар ҷомеаи имрӯзаи мо нақш ва мавқеи басо муҳим доранд. Кадом проблемаи дорои моҳияти иҷтимоиро нагиред, ҳаллу фасли онҳоро бе иштироки фаъолонаи занон, назардошти фикру андешаи онҳо тасаввур кардан душвор аст”

Эмомалӣ Раҳмон

34Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нерӯи занони оқилаи тоҷик ҳамеша такя менамояд, зеро онҳо дар баробари ба ҷо овардани рисолати аслии худ бо заҳмату талошҳои пайгирона дар рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар саҳми босазо доранд.

Имрӯз занони тоҷик аз минбарҳои баланди конфронсу симпозиумҳои байналмилалӣ суханронӣ намуда, аз комёбиҳои бадастовардаи давлату ҳукумат ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи пешрафти ҷомеа, тараққиёти иқтисодӣ, рушди илмӣ-фарҳангӣ ва мавқеи баланди иштироки бевоситаи занон дар ин самтҳо ба занони кишварҳои дигар қисса мекунанд.

Баъд аз ба даст овардани Истиқлолият дар ҳаёти иқтисодиву сиёсӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ як қатор дигаргуниҳое ба амал омаданд, ки ҳар яки онҳо чун саҳифаи муборизаву қаҳрамонӣ, хиради баланди инсонӣ ва фарҳанги баланди ҳар фарди тоҷикистонӣ дар китоби таърихи нави тоҷикон сабт хоҳад шуд.

Солҳои аввали баъди истиқлолият барои тамоми мардуми Тоҷикистон, ки ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронид солҳои вазнину мураккаб буд ва имтиҳони сангини рӯзгор пеш аз ҳама занонро ба гирдоби ғам кашида буд. Бо вуҷуди ин ҳама монеаҳои душворгузар занони тоҷик аз оғози азнавсозии мамлакат, дигаргунсозиҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсӣ, иштирок дар идоракунии кишвар дур намонданд ва дар рӯйдодҳои муҳими кишвар, аз ҷумла муҳокимаи умумихалқии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоботи вакилон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ, ҳамчунин дар масъалаҳои сулҳу ваҳдати миллӣ ва дигар дастовардҳои давлату ҳукумат ва ғайра нақши муҳим ва созанда доранд.

Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути роҳандозии фаъолияти пурсамари худ исбот намуд, ки он дар низоми давлатдории ҷомеаи Тоҷикистон ба яке аз омилҳои муҳими таъсиррасонии сиёсӣ ва нерӯи пешбари бонувони кишвар мебошад.

Аз ин рӯ бо мақсади таъмини иштироки васеи занон дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва идоракунии давлату ҳукумат то ба имрӯз чандин санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқиро қабул намуд, ки онҳо баҳри баланд бардоштани мақом ва манзалати зан баҳри бунёд намудани ҷомеаи солим нақши муҳим мебозанд.

Фармони Президенти кишвар “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа” ҳамчун роҳнамо барои таҳия ва қабули дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар масъалаи беҳдошти занон аз ҷумла, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Барномаи давлатии “Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробарии амалигардонии онҳо”, “Нақши миллии чорабиниҳо оид ба таъмини ҳифзи саломатии модарон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2014”, Барномаи давлатии “Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016”, “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020”, “Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисон аз ҳисоби занон ва мусоидат ба шуғли онҳо барои солҳои 2012-2015” тасдиқ гардид, ки баҳри баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсии кишвар баҳри омода ва дастгирӣ намудани мутахассисони болаёқат аз ҳисоби духтарон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон ва беҳгардонии вазъи сиҳатии модару кӯдак равона карда шудаанд.

Илова бар ин, дастгириҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати духтарон аз ноҳияҳои дурдасти мамлакат тибқи квотаи Президентӣ ба муассисаҳои олии касбии ҷумҳурӣ бепоён аст.

Қайд кардан бомаврид аст, ки ба тасдиқ расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа” заминаи асосӣ дар афзоиши теъдоди занони роҳбар дар ҳамаи ниҳодҳои давлатӣ гардид.

Бо дастуру нишондодҳои Пешвои миллатро баҳри баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳамаи соҳаҳои кишвар, омода намудани мутахассисони болаёқат аз ҳисоби занону духтарон ва барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон минбаъд низ роҳандозӣ менамояд.

Нурафшон Бозорова- докторант PhD-и бахши 3-юми Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ