Ба истиқболи 33-умин солгарди
Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Истиқлоли сиёсӣ барои ҳар миллат ва давлатдастоварди муқаддас ба шумор мераванд. Тоҷикон дар тӯли асрҳобо ормони давлати мустақили миллӣ зиндагӣ ба сар мебурданд ва дар муддати ин асрҳо ҷони садҳо фарзандони содиқу меҳанпарасташро аз даст додааст. Мо имрӯз давлати миллии худро дорем ва бо азму талоши мардуми ватандӯст онро аз соле ба соле бо меҳнати созанда ва талошҳои хастанопазир ба ояндаи босаодат мерос мегузорем.
Истиқлоли сиёсӣ ин суботи побарҷойи мардуми шарафманди Тоҷикистон аст ва фурсатеро фароҳам овардааст, то миллат иродаи худро дар роҳи шукуфоӣ ва пойдории Ватан мустаҳкам намояд.
Тоҷикистон дар тӯли сиву се соли Истиқлол шукуфо гашт ва арзишҳои навро ба миён оварда, ба марҳалае гузашт, ки он назари хоси сиёсӣ дорад.
Истиқлоли сиёсӣбинобар ниёзҳои мавҷуда биниши созандаро тақозо намуда, ба мутолиаву омӯзиш, пapвариш ва густаришу тақвият қарор гирифт. Истиқлоли сиёсӣяк падидаи наҷибест ва ин падидаи созандаимрӯз тақвияткарда мешавад. Ҳоло мо ба хотири тақвияти оянда арзишҳои миллиро эҳё менамоем, воқеияти пазируфтаро мутобиқ ба Истиқлоли давлатӣ мутавофиқ месозем. Дар ин росто тарзу шеваи шарҳ додани арзишҳои миллӣ бар пояи истиқлол муҳим аст. Асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар ойинаи таърих», «Фарҳанг ҳастии миллат», «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат» ва амсоли инҳо, ки ба хотири баланд бардоштани савияи худшиносиву худогоҳии ҷомеа таълиф гардиданд, ба марҳилаи кунунии рушди Истиқлол мусоидат менамоянд. Муаррифии Истиқлол ҷиҳати такомули кишвар масъалаи роҳбарии шахс ва нақши ӯро дар таърих ба миён мегузорад.
Таҷлили 1100-солагии давлати Сомониён, 2500-солагии шаҳри Истаравшан, 2700-солагии шаҳри Кӯлоб, 1000-солагии Носири Хусрав, 5500-солагии Саразми бостонӣ ба таърихи миллати тоҷик арзиш медиҳанд ва гувоҳи онанд, ки миллати тоҷик ҳеҷ гоҳ наметавонад дар таҳкими Истиқлол лаҳзае ғафлат намояд ва мустаҳкам намудани аркони давлатдорӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллиро бе Истиқлоли давлатӣ тасаввур намудан хатост. Истиқлоли сиёсӣ аст, ки имрӯз мо ба таърих рӯ меорем ва гузаштагони худро ба ёд меорем ва ифтихор аз соҳибтамаддун будани халқи тоҷик мекунем.
Яке аз хусусияти истиқлол ин аст, ки миллатҳо соҳибихтиёр мешаванд, дунявӣ мешаванд, ҳуқуқбунёд мешаванд, соҳиби арзишҳои миллӣ мегарданд, дар ҷаҳон пазируфта мешаванд ва ҷаҳониён давлати соҳибистиқлолро мепазиранд.
Кишвари маҳбуби мо Тоҷикистони азиз, ки аз имтиҳони сангини таърих гузаштааст, ва ҳама сахтиҳову пастиҳову баландиҳоро дидааст, аз таҷрибаи бойи хеш ҳарчи бештар талош менамояд, ки Истиқлоли сиёсии худро дар партави суботи сиёсӣ мустаҳкам намуда, баҳри устувор нигоҳ доштани он фарзандони баруманди миллат, ҷавонмардони шуҷоъу далери кишвар камари ҳиммат мебанданд то ин арзиши бебаҳо, яъне Истиқлоли сиёсӣ ҷовидона побарҷо бошад. Талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барои оромии ҷомеа, даъват аз мардум ҷиҳати дилсӯзӣ ба Ватан, хизмат ба Ватану миллат, таъмини ваҳдату истиқлолият, шароити орому ҳамбастагии миллиро таъмин кард.
Имрӯз зери парчами Истиқлоли сиёсӣ самимона ва садоқатмандона ҷиҳати дар амну сулҳу субот будани кишвар талошу ҷоннисорӣ намудан вазифаи ҳар як шарванди кишвар аст, ки Истиқлоли давлатиро хуб дарк кунанд ва хуб донанд, ки ин арзиши воло осон ба даст наомадааст. Ҳамвора як ҳаракати нерӯманд пешравии моро раҳбарӣ менамояд ва онро намоён месозад. Он ҳаракати пешрафт барои мо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки моро раҳбарӣ менамояд ва иллатҳои иҷтимоӣ-иқтисодиро матраҳ месозад ва мардуми тоҷикро ба суйи орзуву ормонҳои нек мекашонад.
Тоҷикистон имрӯз ба шарофати Истиқлоли миллӣ дар арсаи байналмилалӣ аз дастовардҳои муҳимтарини технологияи муосир ва арзишҳои умумибашарӣ ба хубӣ огоҳ ва бархурдор аст. Хусусан ҷавонони кишвари мо бо дониши комил, зиракии сиёсӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ монеаҳои мавҷударо паси сар намуда, дар пешрафти рӯзафзуни кишвари соҳибистиқлоламон саҳми арзанда мегузоранд ва парчами Истиқлолро парафшон нигоҳ медоранд.
Умед дорем, ки 33 соли Истиқлоли сиёсӣ чун 33 зинаи камолоти миллату давлат дар дили ҳар як фарзанди бонангу номуси Тоҷикистон оташи меҳр, ҳамдиливу ҳамбастагиро фурӯзон нигоҳ дорад ва донаҳои умеду эътимодро ба фардои неки Ватан ба нумӯъ оварад ва кишвари азизамон дар фазои суботи сиёсӣ ва амну осоиши ҷовидона бақои ҳамешагӣ дошта бошад.
Қурбонзода Фарида - ходими илмии Шуъбаи ИДМ-и Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон