(Бардошт аз суханронии Пешвои миллат бахшида ба Рузи дониш ва Дарси сулҳ)
Ҳамасола 1 сентябрро ҳамчун «Рӯзи дониш» бо тантана ва шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта, дарси аввали соли хонишро аз дарси сулҳ оғоз менамоем. Дарси сулҳ - дарси ватандӯстӣ ва шинохти таърих ва фарҳанги миллӣ ба хотири фардои ободии кишвари азизамон мебошад.
Воқеан, сулҳ неъмати бебаҳо буда, хусусан барои сокинони кишвари азизамон Тоҷикистон арзиши бузург дорад. Зеро мардуми мо сулҳу оромӣ ва суботи сиёсиро бо таҳаммул кардани машаққату душвориҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба даст овардаанд. Гузаронидани дарсҳои сулҳ аз ҳар ҷиҳат ба мафкураи наврасон ва ҷавонони мо таъсири мусбат расонида, онҳоро дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, пос доштани сулҳу суботи кишвар ва ҳимояи ватани аҷдодиамон тарбия менамояд. Зеро бидуни ташаккули зеҳнии ҷавонони боистеъдод ва бидуни омӯзиши донишҳои муосир, омӯзиши электронӣ, ташкили лабораторияҳо ва ҷорӣ намудани технологияҳои нав, мо наметавонем ба ҳадафҳои умедбахши худ расида, рушди минбаъдаи сармояи инсониро дар кишвар таъмин намоем. Мо набояд фаромӯш созем, ки ояндаи неки давлату миллати аҷдодии мо бештар аз омӯзиши илми наврасону ҷавонон вобастагӣ дорад.
Боиси хушнудист, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба аҳамияти ин санаи фархунда дар баромадашон зикр намуданд, ки рӯзи дониш ва дарси сулҳ беҳтарин имкониятест, ки мо дар шароити торафт печидаву мураккаб шудани вазъи ҷаҳони муосир, нақши сулҳу субот ва ваҳдати миллиро дар таҳкими аркони давлатдории миллӣ ва пешрафти давлату ҷомеа таъкид месозем, доир ба таъмини ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла дастоварду мушкилоти яке аз соҳаҳои муҳимтарини иҷтимоӣ – мактабу маориф изҳори назар карда, бори дигар таваҷҷуҳи мактаб, оила ва ҷомеаро барои боз ҳам беҳтар намудани таълиму тарбия дар кишвар ҷалб менамоем.
Мавриди зикр аст, ки бо талошу заҳматҳои кашидаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар замони истиқлоли давлатӣ шаклҳои нави муассисаҳои таълимиро ҷорӣ намуда, дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни Тоҷикистон 9 мактаби Президентӣ, 75 гимназия ва 71 литсей таъсис дода шуд. Маҳз, самараи истиқлолияти давлатӣ аст, ки ҳар сол қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи квотаи Президентӣ зиёд гардида, ба ихтисосҳои барои соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар зарурӣ талош меварзанд.
Аз ин рӯ, мо бояд ба қадри заҳматҳои кашидаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расида, дар байни ҷомеа алалхусус ба наврасону ҷавонон дар раванди омӯхтани илмҳои дақиқбештар тарғиб намоем.
Дар охир ба ҷавонони бо нангу номуси кишвари азизамон гуфтаниям, ҳамеша баҳри оштию ҳамдилӣ кушиш намоем, ватани худро ободу зебо гардонем, бикӯшем, ки барои наслҳои оянда макони зебову дилнишинро боқӣ гузорем, нагузорем, ки ашк аз чашмони модарон бирезад, хандаҳои кӯдакон ба гиряҳо мубаддал гардад. Бигзор зери осмони софу мусаффо мардуми кишвари азизам зиндагии осуда дошта бошанд.
Махмедов Муҳаммадҷон - ходими хурди илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии Институти омузиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон