Имрӯзҳо таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти илму дониш пайваста мушоҳида мешавад, ҳамин аст, ки шахсиятҳои донишдӯст тавонистанд, дар иҳотаи адолат ва шароити мусоид дониши худро сайқал диҳанд. Баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳо тули чанд соли охир аст, ки шаҳодат аз гуфтаҳои воло медиҳад ва бо маром идома доштани озмуни “Илм фурӯғи маърифат” айни ҳол даври сеюмаш дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат идома доранд. Ёдовар шудан ба маврид аст, ки тибқи салоҳдиди Президенти мамлакатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муассис ва масъули баргузоркунии озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат” Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аст.
Имрӯз (18.09.2024) бо мақсади назорати шафофияти рафти озмуни мазкур президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба ноҳияи Рӯдакӣ ташриф оварда, бо иштирокдорони озмун вохӯрӣ анҷом дода, аз ҳолу аҳволи онҳо бохабар гашта, ёдовар шуд, ки барои пешрафти шумо ҷавонон таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хосатан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят калон аст, аз он ҷумла дар вохурии Рӯзи дониш бо аҳли илму маориф мукофотпулии ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ якбора 100 фисат боло бардошта шуд, ки инҳам ғамхорию тарафдории Ҷаноби Олӣ ба насли ҷаони мамлакат аст.
Бинобар ин шумо ҷавононро мебояд аз ин фурсатҳои мусоид истифода бурда донишу маҳорати худро дучанд сайқал дода, барои пешрафти ояндаи давлатамон саҳми арзандаи худро гузоред, то ки давлату миллати худро соҳибӣ карда тавонем ва исбот карда тавонем, ки мо вориси Сино, Рӯдакӣ, Хайём, Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Турсунзода ва садҳо нафари дигар нобиғагони гузаштаву муосири миллатамон бошем.