Skip to main content

Ҳамасола дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия озмуни байналмиллалии" Маориф барои фардо" баргузор мегардад. Бояд гуфт, ки дар ин озмун аз тамоми мамлакатҳои ИДМ намояндагон иштирок менамоянд. Имсол ин озмун аз 12-октябр то 18- уми октябр дар шаҳри Москва баргузор мегардад.

Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ду намоянда Чилаева Муҳайё доктаранти Институти фалсафа, сиесатшиноси ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов ва Юсуфӣ Фарзона ходими хурди илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осие ва Аврупои АМИТ иштирок доранд. Дар рӯзи аввали озмун мукофотҳо ба гирандагони лауреат ва номинатон супорида шуд.

Ин ду корманди Академия Чилаева Муҳайё сазовори лауреат гардида, дар тули як ҳафта аз сотсиологҳои машҳури Москва ба омузиши ин илм фаро гирифта мешавад ва ба чор шаҳри дигари ФР ба таври ройгон ба сайеҳати баҳри дар киштии «Княжна Анастасия» дар хатсайри: Москва – Твер – Углич – Мишкин – Москва ба барномаи омӯзишию сайеҳати ҷалб карда мешавад. Юсуфӣ Фарзона дар тули ин рӯзҳо ба сайёҳати Москва ҷалб гардида, аз мавзеъҳои таърихии Москва ба монанди Осорхонаи таърихии "Слова", Кремл ва агентии иттилоотии ТАСС дидан менамояд.