Ҳафтаи охир дар шаҳри Душанбе даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии "Илм фурӯғи маърифат" баргузор гардид. Қарор аст, ки то 26- уми октябр даври ниҳоии озмун ҷамъбаст гардад. Имрӯз иштирокчиёни номинатсияи ихтироъкорӣ ва технологияи иттилоотӣ аз Осорхонаи Пешвои миллат дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон боздид намуданд.