Дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар Донишгоҳи нақлиёти Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин бо донишҷӯён ва муҳақиқони ҷавони Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбату вохурӣ доир намуданд.
Зимни суханронӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт таъкид доштанд, ки дар сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муҳақиқони ҷавон таваҷҷуҳи хоса равона гардидааст.
Ҳамин аст, ки бо ташаббусҳои созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба таҳсил фаро гирифтани ҷавонон дар донишгоҳҳои дохил ва хориҷи кишвар тамоми имкониятҳои мавҷуда фароҳам оварда шудааст. Дар заминаи ин ҷавонон бояд аз ин имкониятҳо самаранок истифода намуда, дониш андухта, барои муаррифии кишвари Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ саҳмгузор бошанд.
Дар идома қайд гардид, ки ҳоло дар Донишгоҳи нақлиёти Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин 21 нафар донишҷӯён ва муҳақиқони ҷавони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Пас аз хатми таҳсил донишҷӯён ва муҳақиқони ҷавон ба ватани худ баргашта дар соҳаи илм ва дигар соҳаҳои фаъолияти кишвар кору фаъолият менамоянд.