Ба хонанда адиберо муаррифӣ намуданием, ки бо офаридаҳои килки сеҳрангезаш камтар ва ҳатто шояд ошноие надошта бошад. Ин суханвар на танҳо эҷодкор, ҳамчунон муҳаққиқ ва мутарҷими баркамол аст бо исми Ҳаддоди Одил аз ҳамзабонони бурунмарзӣ.
Ҷойи арздошт аст, ки Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил муттавалиди шаҳри Теҳрон (1324/1946) буда, таҳсилоти дабиристонии худро дар риштаи риёзӣ, таҳсилоти донишгоҳии худро дар риштаи физика (коршиноси расидаву бузург) ва фалсафаи Ғарб (коршиноси аршад ва докторӣ) ба поён расонидааст. Мавсуф як сол донишҷӯйи улуми иҷтимоӣ низ будааст. Ҳаддоди Одил аз наврасӣ таҳти таъсири падар ва ҷадди модарии худ ба шеъру адаб алоқаманд гардида, ҳамин дилбастагӣ ӯро ба мутолиа ва унс бо осори назму насри адибону нависандагони дирӯзу имрӯзи форситаборон ва хориҷ аз он тарғиб менамояд. Аввалин нигоштаҳои ин адибу муҳаққиқ ва мутарҷим дар кутубу маҷаллаҳо мунташир шудаанд, ки дар миёни онҳо даҳҳо мақола доир ба забону адаби форситаборон ва шоирону нависандагони бузургу машҳури қадиму ҷадид ихтисос дорад, ки аз миёни онҳо метавон ба тарҷумаи «Қуръони карим» ва тарҷумаи китоби «Тамҳидот»-и Имониюл Кант ишора намуд. Гузидае аз мактуботи Мавлоно Ҷалолуддини Балхии Румӣ низ таҳти унвони «Аҳволи дили гудохта» бо саъй ва кӯшиши ӯ мунташир шудааст. Ҳаддоди Одил солҳост, ки бо иродат ба дарси гуфторҳое ба шарҳи «Маснавӣ»-и Мавлавӣ ба шогирдон ва ниёзмандон иштиғол дорад. Муаллифи ин сатрҳо шарафёб гардида, ки рӯ ба рӯ дар ду дарси «Маснавӣ» - хонии Ҳаддоди Одил ширкат ва аз он истифода намояд.
Ҳаддоди Одил аз оғози таъсиси Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ (1369/1991 ) узви пайвастаи ин махзани дониш асту дар айни замон раисии ин фарҳангистонро бар уҳда дорад.
Дар ин мақола тамоми паҳлуҳои адабию илмию фарҳангии Ҳаддоди Одилро фаро гирифтан муҳол аст. Аз ин рӯ, тасмим гирифта шуд, ки ин ҷо ҳатталимкон аз ҳунари шоирии ӯ сухан равад ва дарёфту бардоштҳои худро доир ба шеъри ин адиб, зимни маҷмуаи ашъораш «Ҳанӯз ҳам…», ки китоби нахустини шеърҳои ӯст, иброз дорем. Шоири мутафаккир доир ба шеъргӯйии худ дар муқаддимаи маҷмуаи «Ҳанӯз ҳам…» чунин навиштае дорад, ки иқтибосаш, барои ҳар чӣ бештар ба хонанда муаррифӣ намудани шахси адиб, бамаврид дониста мешавад: « Он чӣ дар ин дафтар омада, ба истиснои чанд шеъри қадимӣ, умуман шеърҳоеанд, ки пас аз инқилоб суруда шудаанд. Ман аз даврони дабистон, дар авохири даҳаи сӣ ва авоили даҳаи чиҳил, ба қавли Мавлоно «кӯру кабуд», шеърҳое мегуфтам, аммо пас аз он солҳо ба нудрат чизе сурудаам. Иттифоқе, ки боис шуд, то дубора бо ҳолу ҳавое дигар ба шеър гуфтан бозгардам, шаҳодати бародарам Маҷид буд. Таъсири ин иттифоқ дар ман шабеҳи таъсири баъзе заминларзаҳои сахт буд, ки сабаби пайдо шудани чашмаҳои ҷадиде дар замин мешаванд. Шеърҳое, ки дар ин дафтар омада, умдатан шеърҳоест, ки з-он пас сурудаам» (с.11).
Пас, ин ашъор, ки дар маҷмуаи «Ҳанӯз ҳам…» ҷамъ омадааст, ба кадом навъҳои бадеӣ мансуб буда, бо кадом завқу солиқа ва сабку услуб нигошта шудаанд, ки ҷозибаашон вуҷуди нигорандаи мақоларо ба худ кашидаанд!
Маҷмуаи «Ҳанӯз ҳам…» аз фаслҳои тамҳидия, ғазалҳо, баҳориҳо борониҳо, дӯстонаҳо, шӯхтабъиҳо, қасидаҳо, қитъаҳо, рубоиҳо ва тарҷумаҳо иборат буда, дар он ашъори ғиноии шоир ҷамъ оварда шудаанд ва аз як адад тамҳидия дар қофиябандии ғазал, 64 адад ғазал, 8 адад баҳория, ки дар шакли шеърии ғазал суруда шудаанд, 4 адад боронӣ, ки дар навъҳои бапдеии ғазалу қитъа рӯйи коғаз омадаанд, 3 адад шӯхтабъияҳо, ки ғазалгунаанд, 2 адад қасида, 8 адад қитъа, 7 адад рубоӣ ва 19 қитъашеърҳои хурд-хурди тарҷумашуда фароҳам омадааст.
Пеш аз он ки қадри имкон ба дарунмояи ин ашъор пардозем, бояд гуфт, ки ба ҳамаи шеърҳое, ки дар ин китоб ҷой доранд, муаллиф номгузорӣ намудааст, ҳам ба ғазал, ҳам ба қитъа, ҳам ба рубоӣ ва ҳам ба… Дар абёти аз арабӣ тарҷумашуда бошад, мутарҷим нахуст матни аслро дода, сипас дар зери мутуни арабӣ шевову равон тарҷумаи форсиашро овардааст.
Маҷмуаи «Ҳанӯз ҳам…» бо тамҳиди иборат аз 9 байт ҳусни оғоз гирифта, аз дунболи он фасли ғазалҳо ҷой дорад. Ғазалиёти Ҳаддоди Одил бо хусусияти мундариҷаию сохторӣ аз тозагиҳои чашмрас иборат буда, мазмунбаёнӣ ва ҷузъинигорӣ, ки аз падидаҳои ҷустуҷӯҳои бадеии шоир аст, иборат ва ҷойгоҳу мавқеи вижаи ғазалро дар офаридаҳои ӯ муайяну мушаххас сохтааст. Мавсуф дар ҳамаи ғазалиёти худ нигориши мавзуъро мавзуну шуниданӣ ва содаву гӯшнавоз пеш гирифта, бад-ин васила эҳсосоту авотифи инсониро ба риштаи нозуки абрешими тасвир кашидааст.
Вақте ин ҷо сухан дар бораи ғазал, бахусус ғазал дар Эрон меравад, иқтибоси ин андешаи адиби тоҷик Аскар Ҳаким роҷеъ ба навъи бадеии ғазал бамаврид дониста мешавад, ки навишта буд: «… дар Эрон, дар кишвари шеъру сухан ғазал маҳбубият ва рушду нумуъ дорад, ҳол он ки баҳсҳо дар атрофи сар омадани умри ғазал ҳам кам нестанд ва безамина ҳам намебошанд». Қабули хотири хонанда дар диёр во доштааст, ки Ҳаддоди Одил бештар ғазалсароӣ кунад.
Вақте дунболи ғазалҳои Ҳаддоди Одил меравем, мебинем, ки дар ғазалҳои ӯ суннатгароӣ аслан дар сохтори онҳо ба мушоҳида мерасад, ки ин ба вазну қавофӣ ва бештар маврид кор гирифтан аз радиф биборат мебошад. Дар навбати худ ин суннатгароӣ маънои онро надорад, ки Ҳаддоди Одил ҳамчун шоири ғазалсаро побанди вазну қофия ва радифҳои ғазалсароёни пешини форсигӯй аст. Вай дар ғазалҳои зиёдаш аз сохтори ғазалҳои устодон паҳрезу гурез дорад ва пеш аз ҳама, дар гуфтани ғазал кӯшиш менамояд, ки навпардозии худро дар алоқамандӣ бо муҳтавои зебои дарёфтааш эҳдо ба хонанда намояд. Борои тақвияти андеша аз ғазали «Ҳанӯз ҳам…», ки номи маҷмӯа аз номи ин ғазал гирифта шудааст, чанд байтро бо ҳам қироат менамоем:
Бо ман ба ханда гуфт, ки боре, ҳанӯз ҳам?!
Гирён ҷавоб додамаш: - Оре, ҳанӯз ҳам!
Оре, агар ту номи ман аз ёд бурдаӣ,
Аз дил нарафта ёди ту боре ҳанӯз ҳам !
Шавқи ҳазор ғунчаи нашкуфта бо ман аст,
То бишкуфад ба боғу баҳоре, ҳанӯз ҳам!...
Одил, сабур бош, ки дар ин ҷаҳон касе,
Як гул начид бе ғами хоре ҳанӯз ҳам!
Дар ин матн «Ҳанӯз ҳам» дар баробари радифи ғазал шуда омадан бори маъонии зиёдеро, вобаста ба муҳтавои он, бар дӯш дораду ҷозибаангез ва хотирмон аст. Радифи «Ҳанӯз ҳам», ба андешаи мо, ёфтаву бофтаи худи шоир ва тавъам бо навгонист дар олами ғазал.
Ғазали «Зеботар аз ҳамеша» низ дар ҳамин ҳадду дар ҳамин пояи ғазалсароӣ суруда шудааст:
Дидам туро, ки будӣ зеботар аз ҳамеша,
Дидӣ маро, ки будам шайдотар аз ҳамеша.
Лабханди дилнавозат, гуфтори дилфиребат,
Ширинтар аз ҳамеша, шевотар аз ҳамеша.
Он ҷо, ки хубрӯён бар садр менишинанд
Боз ой, то нишинӣ болотар аз ҳамеша…
Шоир дар ин ғазал тавсифи симои зебосанамеро, ки дӯсташ дорад, рӯйи коғаз кашидаву ба муштариёни ғазалаш намуданист ва ин зебоиро радифи «аз ҳамеша» бо истифодаи сифати қиёсӣ зеботар ҷилва намудааст.
Дар ғазалҳои «Ту барги гулӣ», «Ай забони форсӣ», «Дар хештан шукуфтан», «Дигар чӣ мехоҳӣ», «Сафои гумшуда»… қавофию радиф аз дарёфтҳои зебои Ҳаддоди Одил буда, ғазалро ширину намакин сохтаанд. Ва дар заминаи сохти ғазал пурсида мешавад, ки чаро шоири ғазалнавис ба ғазалҳояш, ва умуман ба ашъори ғаноияш, номгузорӣ менамояд? Аз дарёфти мо ба ин суол посух он бошад, ки ҳар кадом ашъори ғаноии шоир, ки дар ин маҷмуа гирд омадаанд, дар фардият як мавзӯи томро, вобаста ба мавзӯву муҳтавои худ, фаро гирифтаанд. Дар ин даста ғазалҳо аз байти матлаъ то байти мақтаъ ҳар байт муҳтавои байти дигареро тақвият медиҳад, оғози андеша, ки дар байти аввал матлаъ шудааст, дар байти охир хулоса ва ҷамъбаст мегардад. Агар ба таври дигар гӯем, андешаҳои отифии шахси шоир дар як ғазал ба ҳам печида, пешорӯйи мо як тасвири пурраи диданӣ ва дарккарданиро ҷилвагар месозад. Ба ғазали «Ёди ӯ» мутаваҷҷеҳ мешавем:
Ёди ӯ шаб то саҳар бедор медорад маро,
То саҳар бо дидаи хунбор медорад маро.
Ҳар касе дар зиндагонӣ бо хаёле дилхуш аст,
Ишқ хушдил аз хаёли ёр медорад маро.
Кофия андешам, аммо нозанин дилдори ман
Сархуш аз андешаи дидор медорад маро.
То магар пой аз гилеми хеш нагзорам бурун
Ёр гирди хеш чун паргор медорад маро.
Моҳ агар дар Осмон маҳрум мемонад зи Меҳр,
Моҳи ман аз меҳр бархурдор медорад маро.
Гарчи пири солу моҳам, лек ишқи куҳнакор
Бо ҳама афсурдагӣ дар кор медорад маро.
Дар миёни оташам, аммо хушам, зеро ки ишқ
Бегазанд аз озару озор медорад маро.
Гарчи хомӯшӣ хирадмандист, аммо ошиқӣ
Гоҳ-гоҳе дар сари гуфтор медорад маро !
Нахуст чунин менамояд, ки дар ин ғазал ҳам аз диди сохт ва ҳам аз нигоҳи муҳтаво ҳеҷ як навгоние нест. Ҳамон вазну ҳамон қавофӣ ва ҳамон радиф, ки пешиниёни ғазалсаро гуфта гузаштаанд. Ҳамон мавзӯи ҷовидонаи ишқ ва ошиқро ба сӯйи маъшуқа ҳидоят карданҳову дар гирди ёр печониданҳои ошиқ. Таъбиру иборот ҳам ҳамон аст, ки гӯё аз навъи адабии ғазали беш аз ҳазорсолаи адабиёти форситаборон вом гирифта шудаанд, монанди «ёди ӯ», «шаб то саҳар», «дидаи хунбор», «хаёли ёр» , «нозанин дилдор», «андешаи дидор» , «гилеми хеш», «моҳи ман», «ишқи куҳанкор», «миёни оташ», «озару озор», «ошиқӣ», «сари гуфтор» ва ғ. Чун ба саҳни умумии тасвиркардаи шоир амиқ менигарем, дармеёбем, ки он чи дар муҳтавои ғазал оғозу анҷом ёфтаву натиҷагирӣ шудааст, ба ҷуз гуфтори шахси эҷодкор моли дигаре нест, ки бо диди тоза, софу мубарро ва сифр ошиқона баён ёфтааст. Аз мавзӯи ҷовидонаи ишқ бардошти нав ҷустану дарёфтан ва ба тасвир кашидан магар барои эҷодкор осон аст, ки Ҳаддоди Одил гуфтааст:
Ба занҷири муҳаббат бастаӣ пойи нигоҳамро,
Мабодо гум кунам дар кӯчаи тардид роҳамро.
Ту боронӣ, ки бар хоки кавири ташна меборӣ,
Ту маҳтобӣ, ки равшан мекунӣ шоми сиёҳамро…
Ғазалҳои Ҳаддоди Одил асосан ҷанбаи муҳками заминӣ ва реша бар хоку оби Замин доранду пешорӯйи хонанда аз ҳамнавъон ва бурду бохти эшон ҳикояти ширин, хотирмон ва гоҳе муассир мекунанд. Чеҳраҳои ғиноии эҷодкор дар ин ғазалҳо бедоранду бекор на.
Дар тасвири Ҳаддоди Одил ҷавонӣ ҳарчанд худхоҳию ғурур дорад, боз ҳам бар дӯш бори фардои зиндагиро бо ҳама буду набудаш мекашад (Инак мусофирони ҷавоне, ки мебаранд, - Бори гарону тӯшаи фардо ба шонаҳо), то ҷовидонагии зиндагониро таъмин карда тавонад. Вале вақте шоир шахси симои ғиноиро меофарад, пеш аз ҳама таъкид бар он дорад, ки ҳар фард бояд ҳамин дамро ғанимат донад (Аз рӯзҳои рафта ба ҳасрат сухан магӯ, - Дамро азиз дор, ки ин дам ғанимат аст), зеро гузашта бо ҳама бурду бохтҳояш гузаштааст. Дар байтҳои дар қафсайн иқтибосшуда, навгонии андак бошад ҳам, ширинбаёнӣ онҳоро ва он ғазалҳои пурраро хонданию шуниданӣ намудааст.
Шоир дар гуфтани ғазал баёни содаву равон дорад. Суханонаш чун оби равони чашмасор гӯшнавозу нӯшиданӣ бо тасвирҳои диданӣ ва маълум ҳам мешавад, ки ҳар кадоме гӯё хеле осон рӯйи саҳфа рехтаанд. Мисоле аз ғазали «Алқисса…»
Ай гул, гули бӯстони ман бош,
Ай моҳ, дар осмони ман бош!
Ай хандаи дилнишину ширин,
Рӯзе ду-се бар лабони ман бош!
Мо як рӯҳему дар ду пайкар,
Ман ҷони туам, ту ҷони ман бош!
Гуфтӣ, ки аз они кистӣ ту?
Ман з-они туам, ту з-они ман бош!
Чун ёр дар ин ҷаҳон ту будӣ,
Пас ёр дар он ҷаҳони ман бош!
Рӯзе, ки зи ман нишон намонад,
Ҳар ҷо будӣ, нишони ман бош!
Ман бе ту ҳикояте надорам,
Алқисса ту достони ман бош!
Дар ғазали фавқ ошиқ хеле фаъол аст ва ҳар суханаш ба ҷониби маъшуқа даъватномаанд, ки ин дар калимаҳои бори қофияро кашанда (бӯстон, осмон, лабон, ҷаҳон, нишон, достон ва ғ.) ва радифи «ман бош»-и он равшан ба мушоҳида мерасад. Ягонагии муҳтавои ғазал даст дода, ки шоир ба он исм гузораду аз оғоз то анҷом ҳадафмандона як мавзӯъро пайгириву матраҳ намояд.
Дар баробари вуқуъгароӣ сурудаҳои ошиқонаи Ҳаддоди Одил дар ҳикояти ишқ зимни ғазалҳои «Ёди ӯ», «Ба занҷири муҳаббат», «Ғанимат аст», «Чу нури маҳ», «Фироқ», «Чиҳо нахоҳам кард», «Лаб ва лабханд», «Баҳори дили ман» ва… гоҳе орифона садо медиҳанду ба гӯшҳо оҳанги ошиқи Офаридгорро мерасонанд:
Ниқоб аз сеҳра як сӯ кун, ки ман хуршед мехоҳам,
Табассум кун, ки ман ёқуту марворид мехоҳам.
Диламро беш аз ин машкан, сукути хешро бишкан,
Нигоҳе, хандае, нозе, ки ман уммед мехоҳам…
Надорам қиблае ҷуз рӯйи нерӯи ту дар олам,
Худоӣ кун, Худоӣ кун, ки ман тавҳид мехоҳам!
Мавсуф дар навъи ғазали суннатии адабиётамон бо пайроҳаҳои ошнои пешиниён, ғазалсароёни мозӣ, монанди Шайх Саъдӣ, Мавлонои Балх, Хоҷа Ҳофиз, Бадриддин Ҳилолӣ, Муҳаммад Иқбол ва… гом бардошта, бештар маврид муваффақ ҳам шудааст. Яъне, ӯ тавонистааст бо бо тозабаёниҳо ва истифода аз сувари хаёл ба навъи бадеии ғазал умри тоза бахшаду дар адабиётамон баробари ғазалсароёни ҳамзамонаш бардавомии умри онро таъмин намояд.
«Баҳориҳо» ва «Борониҳо»-и Ҳаддоди Одил низ дар ҷомаи навъи ғазал суруда шуда, дар ҳар кадоми онҳо мавзӯю муҳтавои ғазал мушаххастар гардидаанду манзараҳои тасвиршаванда диданитар. Ва худи шоир ҳам аз ин ҳама «дида мафтун шуд» гӯён садо баланд мекунад, ҳамаро ба тамошои баҳори тозарасида даъват менамояд ва таъкид месозад, ки бо омадани баҳор:
Касе, ки фасли зимистон намесуруд ғазал,
Баҳор омаду таъбаш дубора мавзун шуд.
Дилфиребии баҳор дар манзараи ғазали «Хандаи гулфурӯш» ҳамроҳ бо ҳунари суханпардозии шахси шоир ва лаҳни гуфтору ба ҳам бастани вожаву ибораҳое, ки ба ин фасли муъҷизаофар иртибот доранд, ҷозибанок ифода ёфтааст:
Садои пойи кӣ аз кӯчаҳо ба гӯш омад,
Ки боз ханда ба лабҳои гулфурӯш омад
Садои пойи кӣ омад, ки боз Ҳофиз гуфт:
- «Ки мавсими тарабу айшу нозу нӯш омад»!....
Дилам шукуфт зи шодӣ, дилам баҳорӣ шуд,
Диле, ки фасли зимистон зи ғам хамӯш омад.
Ва дар баҳор:
Зи ҳамнишинии гул хор қадру шавкат ёфт,
Зи ёр ҳар кӣ ҷудо монд, хор меояд!
Дар боби «Борониҳо»-и шоир шеърҳои «Солҳои дур аз борон», «Намеборад», «Дуои борон» ва «Борон» ҷамъ омадаанд. Ҳаддоди Одил дар ин борониҳои худ чиҳо мегӯяд? Бояд гуфт, ки дар ин ашъор ҳарфҳои боронии суханвар бо тасвиру хоҳишҳои гангоранг иброз ёфтаанд. Борон пеш аз ҳама, дар нигоҳи шахси шоир покизакору ташнагишикан аст. Ҳамин борон аст, ки аксар дар баҳорон борида, гулу гиёҳ, сабзаҷоти наврустаро бо ашкҳои ҷонбахши худ ҷони нав мебахшад, киштҳоро шодоб месозад. Агар борон нест лабташнагӣ дар замину наботот, дар дашту саҳро, дар вуҷуди инсонҳо зуд ва равшан эҳсос мешавад. Шахси ғиноии Ҳаддоди Одил дар ин даста ашъор сифатҳои боронро мекунад, бо борон суҳбат дорад, боронро дӯсти ҳамешагии замин мехонад, ҳарфи дили худро барояш мекушояд, дар зарурат бориданашро таманно дорад, шиква аз абрҳои даргузари беборон менамояд, ки умедворонро навмед месозад ва ғ. Аз ин рӯ абри беборон:
Намешӯяд ғубор аз чеҳраи гул қатрабороне,
Намебӯсад рухи гулро саҳаргаҳ шабнами борон.
Дар ин байт як тасвири зебои ёфтаву сохтаи Ҳаддоди Одил аст, ки дар сурудаи пешиниёну муосирони суханварамон душвор аст, ки дарёфт. Ин тасвир оид аст ба рухи гулро саҳаргоҳ набӯсидани шабнами борон . Агар ба сурати байт таваҷҷуҳ равад, гӯё ҳеч навгоние дар он нест, калимаву таркибу ибораҳо ҳамонҳоеанд, ки ҳатто забонзадаанд. Вале вақте ба дарунмояи мисраи дувум мутаваҷҷеҳ мешавем, ба худ суол медиҳем, ин чаро дар саҳаргоҳ шабнам рухи гулро набӯсидаасту лабҳои гул хушку парсинзадаанд? Диди эҷодкорон аст, ки агар осмон абрӣ асту боридан надорад, шабнам ҳам нест. Шабнам вақте ба рӯйи гул мерезад, ки осмони субҳгоҳӣ софу муббарост ва шабнамро ашки ситора низ гӯянд. Чун абрҳои беборон чеҳраи ахтаронро пӯшидаанд, ашки онҳо ба рӯйи абрҳои беборон мерезанду то ба рӯйи гулҳо наменишинанд. Чунин ҳолатро дарёфтану онро ба риштаи тасвир кашидан магар бозёфти шоирона нест! Ва шоир аз гузаштаи шодоби боронҳо будани худ поёнтар аз байти фавқ ин тавр ёд мекунад:
Куҷо аз хотири ман меравад шабҳои боронӣ,
Ки борон ҳамдами ман мешуду ман ҳамдами борон.
Ҳаддоди Одил чеҳраи Юсуфи Мисру ҳафт соли қаҳтиро дар шеъри «Дуои борон» зайлан талмеҳ намуда овардааст ва чӣ талмеҳи хубе, ки лаҳзае хонандаро ба андеша во медорад:
Борон, биё, ки қаҳтии мо ҳафтсола шуд,
Бишкан тилисми ташнагии ногувори ман.
Дар «Дӯстонаҳо»-и шоир муҳаббатномаҳои хонаводагии ӯ дар қолабҳои қитъаву ғазалгуна рехта шудаанд, ки онҳо ба фарзандон, модар, ҳамсар ва баъзе наздикон эҳдо гардидаанд. Мавсуф дар ин даста сурудаҳои худ кӯшида, ки нисбат ба азизони дилаш бо меҳр ҳарф занад ва ҳозир аст барояшон хизматгузори ҳамешагӣ бошад. Дар шеъри «Ҳамсафар», ки симои ғиноии шоир ба ҳамсараш бахшида шудааст, ин абёти равону рангинро мехонем:
Маро ба хона чароғест аз қамар беҳтар,
Аз он чароғ шабе дорам аз саҳар беҳтар.
Ба боғи сабзи муҳаббат санавбаре дорам,
Ба сояву самар аз сарви Кошмар беҳтар.
Зи меваҳои биҳиштӣ пур аст домонаш,
Писар зи духтару духтар худ аз писар беҳтар.
Дусад ҳунар зи сарангушти нозанин дорад,
Ҳазор ҳусни дигар дорад аз ҳунар беҳтар…
Мабош дар пайи симу зари ҷаҳон, Одил,
Ки гавҳаре, ки ту дорӣ, зи симу зар беҳтар!
Суханварон дар бораи модар, бузургии модар, отифати ӯ, ҳаётофарии модар, ҷовидонии модар ва… зиёд гуфта бошанд ҳам, ин мавзӯъ дар шеър чун зиндагии бардавом куҳна нахоҳад шуд. Ҳаддоди Одил низ яке аз ҳазорҳост, ки модари худро аз баъди Худованд дӯст медорад, ӯро дар ҷилои чеҳраи модарони дигар ягонаву мумтоз мешуморад ва ин симои меҳрпарвару муҳаббатсолорро ошиқона рӯйи коғаз мекашад:
Ай модари меҳрпарвари ман,
Ай бо дилу ҷон баробари ман.
Ай меҳри сипеҳри меҳрубонӣ,
Ай моҳи баландахтари ман.
Ай чашмаи рӯшани муҳаббат,
Ойинаи нургустари ман…
Уммед, ки сояи ту ҳаргиз
Кӯтоҳ нагардад аз сари ман.
Пурсанд агар, ки шерзан кист?
Ин аст каломи охири ман:
Гӯям, ки якесту он яке низ
Кас нест, ба ғайри модари ман!
Шӯхтабъиҳои Ҳаддоди Одил маншаи нозуки ҳаётӣ доранд. Масалан, шоир шеъри «Касри кор»-ро дар посух ба баъзе аз ҳамкоронаш дар «Бунёди доиратулмаорифи исломӣ» суруда, ки ба забоне бо шеър аз шикасти ҳуқуқи худ ба иллати нуқсони корашон гила карда будаанд. Ва ё шеъри дигари ҳаҷвии ӯ «Найшакар» дар мавриде эҷод шуда, ки шоир дар поварақи китоб ин шарҳро овардааст: «Дар сафар ба Ҳинд бо дӯстам дуктур Муҳаммадҳусайни Карим аз шаҳре ба шаҳри дигар сафар мекардем ва ӯ бо таъриф аз таъми ширини оби найшакар ваъдаи онро медод». Аз муҳтавои шеър ва ҳусни анҷоми он бармеояд, ки ваъдаҳои дуктур зиёд бошад ҳам, вале сафари онҳо анҷом меёбаду аз оби найшакар бӯйе нест:
Дӯстдори найшакар будам ба уммеди висол,
Аз фироқи найшакар гаштам адӯи найшакар.
Ваъдаи тавхолии бисёр додӣ, ай Карим,
Ё вафо кун, ё раҳо кун гуфтугӯи найшакар.
Ҳафт шаҳри Ҳиндро Ҳаддоди Одил гашту гашт
Ҳамчуноне, борик андар ҷустуҷӯи найшакар!
Аз шеърҳои силсила «Меҳмони Хушрӯ» низ ҳаҷвияест омехта бо танз, ки алҳақ хонданиву ба хотир гирифтанист.
Дар маҷмӯа қасидаҳои «Узри тақсир» ва «Ғадрия» бо оҳангҳои динӣ гуфта шуда, ҳолати рӯҳии эҷодкорро дар худ таҷассум намудаанд.
Дар ниҳоди қитъаву рубоиҳое, ки дар маҷмӯа ҷой доранд, бештар бо муҳтавои ҳикматомезу фалсафии суханвар сар мехӯрем. Ҳар кадоме аз онҳо моро ба як самти паҳлуҳои беадади зиндагӣ мебаранд. Ба қитъаи «Шикаст»-и шоир, ки тамсилист, мутаваҷҷеҳ шавед:
Ба рӯде гуфт мурдобе гилолуд,
Агар рухсат диҳӣ, дорам суоле:
-- Чаро ман тирарангу тирарӯзам,
Ту поку равшану софу зулолӣ?
Ҷавобе дод бас санҷидаву нағз,
Дар он ҳангомаи ошуфтаҳолӣ,
Бигуфто: - Роҳу расми ман гузашт аст,
Надорам аз касе дар дил малоле!
Дар ин рада ашъор рубоиёти Ҳадди Одил мавқеи вижа доранд. Бо он ки дар онҳо муҳтавои куҳанро дармеёбем, боз ҳам навҷӯиву навгӯияш, андешаҳои инфиродии худро гуфта тавонистанаш офаридаҳояшро аз рубоисароёни мозиву муосир фарқ мекунонанд:
Як рӯзи дигар гузашту аз дастам рафт,
Як тири дигар ба ғафлат аз шастам рафт.
Як гоми дигар ба марг наздик шудам,
Бар нестам афзуда шуд, аз ҳастам рафт!
Шоир дар рубоии дигар ошиқонаву нағз мегӯяд:
Чун барги гул аст аз латофат баданат,
Атри гули ёс метаровад зи танат.
Чун ғунча агар лаб ба сухан боз кунӣ,
Гул мешукуфад ба ҷойи ҳарф аз даҳанат!
Намунаи дигар:
Эзид хати қомати туро рост кашид,
Мавзуну баланду бекаму кост кашид.
То бо дили мо ҳар он чӣ хоҳӣ бикунӣ,
Наққоши азал он чӣ дилаш хост, кашад!
Ҳаддоди Одил дар оғози фасли «Тарҷумаҳо» навиштааст: «Овардани мазмуни баъзе аз абёти арабӣ дар шеъри форсӣ аз дер боз маъмул будааст. Тайи солҳои тӯлонӣ, гоҳе ман аз сари тафаннун чунин кардам ва маҷмуаи ин бозофаринӣ дар шеъри форсиро дар ин ҷо гирд овардаам, бе он ки дар ҳамаи маворид дар банди ёфтани номи шоири араб буда бошам» (с. 267).
Бояд гуфт, ки тарҷумаҳои эшон байтҳоеанд, ки аз лафзи арабӣ ба форсӣ чун ашъори дигари ғиноии ӯ соддаву равон ва аксар ҳикматомез рӯйи коғаз таровидаву рехтаанд ва бешак фарогири муҳтавои мутуни асланд. Чунин абётро метавон гаштаву баргашта қироат намуду ба гӯши ҳуш гирифт. Чанд намуна:
Оқилонро ишорате кофист,
Ошиқонро ҳазор ишора кам аст.
***
Агар табибу муаллим зи худ биёзорӣ,
Ба дарду ҷаҳл бисозу бимон, сазоворӣ!
***
Гӯянд марг сахт бувад аз барои мард,
Биллаҳ, фироқи ёр аз он сахттар бувад!
***
На ҳар чи мард таманно кунад, бад-он бирасад,
Хилофи хоҳиши киштӣ вазад ба дарё бод!
ва монанди инҳо.
Тавре худи Ҳаддоди Одил ишора дорад, ӯ ягон-ягон шеър мегуфту ӯро ба ҷониби шеър марги нобаҳангоми бародараш Маҷид такони ҷиддие додааст. Дар ин маҷмӯа шоир ба ин бародари шаҳидаш марсияи ҷонсӯзе иборат аз 17 байт дорад, ки дар он шахси эҷодкор муҳаббати худро бо ҳиссиёти ғамолуду сӯзу гудоз ва ёдҳои ширин пешини бо бародар будан, сифати неки ӯ иброз дошта, бо ҳасрат мегӯяд:
Чӣ неъматест бародар, агар рафиқ бувад,
Маро бародару ҳамроҳу ёр будӣ ту!
Ҳаддодӣ Одил дар гуфтани шеър забони равони сода, сабки рехтаи ба худаш хос ва ҳусни баёни дур аз такаллумҳои ноҷо дорад. Вай бо истифода аз сувари хаёл ва бадеиёти рангин ба олами ҳаводис бо нигоҳи воқеъгароёна нигариста, кӯшида, ки дидаҳояшро дар симои қаҳрамони ғиноӣ тавассути сухан равшан баён намояду ба дигарон низ устокорона намоёнида тавонад, ки аз ҳунарҳои бебаҳои шоирист. Ба як нигоҳ андеша, таассурот, мулоҳизаҳои фардии Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил ангезаҳои ҳиссии аниқу дақиқи ӯ дар ниҳоди каломи мавзун асту маншаи онҳо дар умқи ҳастии ҷовидона, зиндагии воқеву бардавом ва маънавиёти эҷодкор реша давондаву сукунат дорад. Дар ин росто ҷанбаи ғиноии ашъори мавсуф афзалият дошта, дар ин замина эҷодкор андешаҳои иҷтимоӣ, ошиқона, ахлоқӣ ва хира-хира ирфонияшро бо сароҳат рӯйи коғаз меоварад. Билохира бояд хулоса кард, ки маҷмуаи «Ҳанӯз ҳам…» эътибори шоирии муаллифашро тобону равшан ифода карда тавонистааст.
АЛИИ МУҲАММАДИИ ХУРОСОНӢ,мудири шуъбаи матншиносӣ, таҳқиқ ва нашри мероси хаттии назди Раёсати АМИТ, номзади илмҳои филологӣ