Имрӯз (21.02.2024) Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт аз Институти физикаю техникаи АМИТ дидан намуда, ҳамзамон бо олимону кормандони институт вохӯрии судманд анҷом дод. Дар оғоз Президенти АМИТ Хушвахтзода Қ.Х. аз ҳисоботи пешниҳоднамудаи маъмурияти институт натиҷагирӣ намуда, барои бартарафнамоии камбудию норасоии ҷойдошта супоришҳои мушаххас доданд.
Дар раванди вохурӣ дар бораи дар амал татбиқ намудани нуқтаҳои муҳими Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, амалӣ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба “Бистсолаи омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ дақиқ ва риёзӣ” ва дар ин равия омода намудани олимони ҷавон, навиштани китобҳои илмию дарсӣ, навиштани мақолаву манаграфияҳо ва чопи онҳо дар журналҳои бонуфузи тақризшавандаи дохилу хориҷии кишвар, омӯхтани таҷрибаи бойи олимони соҳибмактаб, таъсиси маҳфилу семинарҳои омӯзишӣ барои омӯзиши таҷрибаи олимони соҳибмактаб, омода намудани шароити корӣ барои кормандони илм, дастгирии ҷавонон дар самти ҳимояи номзадию докторӣ, харидории технологияи ҳозиразамон ба масъулин машваратҳои лозимӣ доданд.