Таъсиси Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 1-уми октябри соли 1999 дар Иҷлосияи 54-уми Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид маншаъ мегирад. Дар ин иҷлосия Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки соли 2003 “Соли байналмилалии оби тоза” эълон карда шавад ва СММ вобаста ба ин қатънома қабул кард. Борҳо аз минбарҳои баланди Созмони Миллали Муттаҳид Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи мардуми сайёраро барои беҳтар намудани сифати оби ошомиданӣ ҷалб намудааст. Баҳри дар амал татбиқ намудани ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти обу иқлим, ба хусус Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” барои солҳои 2018-2028, имрӯз Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қ.Х. бо олимону кормандони Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология вохурӣ гузаронид.
Зимни вохӯрӣ нахуст Президенти АМИТ Хушвахтзода Қ.Х. кори баанҷомрасидаи институтро дар соли 2023 мавриди баррасӣ қарор дода, барои омӯзиш, бозкушоии муҳиммияти масъала, нақши масъалаҳои обу иқлим дар пойдории сулҳу амнияти башар, ҳамзистии мусолиҳаомез ва дар амал татбиқ намудани ташаббусҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷода бо олимону кормандони соҳа машварат намуда, аз руйи нақшаи муайяни корбари намудан дар ин самт масъулинро вазифадор намуданд.
Ҳамзамон директори институт суханронӣ намуда, иброз дошт, ки Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология бо як чанд институтҳои хориҷи кишвар шартномаҳои ҳамкорӣ баста, барои густариши иртибот, табодули таҷриба ва омода намудани мутахассисони баландихтисосу варзида тамоми имкониятҳоро ба маврид истифода мебарад