Фаслҳои сол бо аслияти табииву ивазшавиҳо ва санаву рӯзҳо бо таърихномаву таърифномаҳои худ баҳри беҳбудиву беҳзистии инсоният чун санади тақдирсоз падид омада, то ҳастии онҳо хидмат хоҳанд кард. Ҳамин тариқ, фасли Баҳор бо авҷи гул-гулшукуфӣ, насими накҳатовар, айни ривоҷу равнақи кор ворид шуда, нахустин қадамаш бо истиқболи Рӯзи модар оғоз шуда, аз пайки Наврӯз хабар медиҳад, ки аз замонҳо хело кӯҳан ба мерос мондааст.
Ҳамин тавр, Тоҷикистон аз 3 ноябри соли1995, № 98 номгузории «Рӯзи байналхалқии занон»-ро ба Рӯзи модар иваз намуда, ҳар сол ҷашн гирифта мешавад.Дар ин зимн, ба муносибати ин рӯз бо ташаббуси мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ чорабиниҳои ҷамъиятию сиёсӣ андешида мешаванд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон модарону бонувонро бо Рӯзи модар табрику муборакбод намуда, нисбати модарон ва занон чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор мегардад. Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём таъкид намудаанд, ки дар фарҳангу тамаддуни тоҷикон иззату эҳтироми зан – модар ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад. Дар ин зимн, меҳру ишқи Лоиқба модараш мояи даҳҳо шеъри нағзи ӯбуда, натиҷаҳояшро дар маҷмӯъаи «Модарнома» гирди ҳам овардааст:
Сиришти ман, ниҳоди ман ту будӣ,
Сафои бомдоди ман ту будӣ.
Аё модар, ба он сон бесаводӣ,
Нахустин устоди ман ту будӣ.
Ҳамин тариқ, дар васфи ӯ хеле навиштаанду боз менависанд ва хоҳанд навишт. Тамоми адибони олам ба хусус Тоҷикистон, Ҳиндустону Покистон бо ҳар забону гӯишҳо дар бораи симои зан ё модар ва мавқеи ӯ дар ҷомеа мисолу масалҳои хуберо халлоқона баён кардаанд.
Модар, зан аз беҳтарин калимаву вожаҳое мебошанд, ки дар худ таҷассуми ҳайсияту шахсиятеро ифода мекунад, ки дар осори бузургони тамоми рӯи ҷаҳон хело хубу ошкор ба мисли оина баён гардидааст. Зеро инро метавон чун фариштае донист, ки боли пурмеҳру нозашро барои башарият мекушояду арзишмантарин ва қиматтарин неъмати дунёст, ки манбаи муҳаббати беканору чашмаи мусаффояш ҳамчун махзани ганҷ барои башарият мебошад. Аз ҳамин хотир аст, ки меҳри бепоён ва зебоиву навозишҳояш инсонро бо муҳаббати оламу одам ошно месозад. Мо мардҳо дар канори ҳамин фариштаи замин ба воя мерасему аз вай дарси меҳру латофат, садоқату инсондӯстӣ меомӯзем.
Дар ҳақиқат лафзи “Модар” агар чанде як вожаи кӯчак ба назар мерасад, вале дар он бузургтарин маъниҳои ишқу ирфон, лутфу меҳрубонӣ ва фидокориву ҷасорат мавҷуд аст. Беҳуда нест, ки мегӯянд: “Зан-Модар бо як даст гаҳвора ва бо дасти дигараш дунёро меҷунбонад. Ба ибораи дигар модар як вожаи кӯчаку дорои ҳарфҳои хело кам буда, аммо дар ин вожа бузургтарин ишқҳо, бахшиданҳо, меҳрубониву ҷоннисориҳо ҷой гирифтанд.
Аз вуҷуди зан тасвири коинот рангину зебо гашта, аз ҳамин олиҳаи ҳусн зиндагиву сӯзи дарун пайдо мегардад. Симои дурахшони олам аз вуҷуд зан буда, ба худ рангу бӯи хоси худро мегирад. Зеро ӯ ба мисли созу навоест, ки меҳру раҳму шавқатро бедор намуда, дили инсонҳоро гарму нарм нигоҳ медорад.
Рустам Ваҳҳоб шоири ширинкалому ширинбаён дар тақвияти гуфтаҳои боло чунин ишора мекунад:
Занонро гар зи дониш зеваре ҳаст,
Умеди рӯзгори беҳтаре ҳаст.
Агарчи аз занон пайғамбаре нест,
Ҳама пайғамбаронро модаре ҳаст.
Бузургдошти Рӯзи Модар бо қудрату матонат, эҳсону ҷасорат ва меҳру садоқати беканораш, муборак бошад.
Мирсаид РАҲМОНОВ, - ходими калони илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ