Skip to main content

12312123Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба матонату заковати зани тоҷик чунин баҳогузорӣ намудаанд. «Симои зани зебопарасту озоданажод, диловару мубориз, бонангу номус, далеру шуҷоъ, ватандӯсту ватанпарвар, озодихоҳу адолатпарвар ва кадбонуву ҳунарманди тоҷик ҳанӯз се ҳазор сол қабл дар матнҳои суғдиву паҳлавӣ ба таври барҷаста тасвир ёфтааст».

Ҳама сола дар баробари дигар ҷашну идҳои аҷдодиамон рӯзи 8-уми март - Рӯзи Модарон низ бо шукӯҳу шаҳомати хоса истиқбол гирифта мешавад. Мо агар дар васфу ситоиши Модарон ва бонувон ҳазорҳо достону калом гӯем, боз кам аст. Меҳру муҳаббати модар нисбат ба фарзандон, нисбат ба зиндагӣ беҳудуд ва интиҳост.

Модар! Чӣ калимаи дилпазир, чӣ калимаи гуворо, чӣ калимаи дилнишин! Барои инсон аз модар дида шахси азизу муътабар, мунису ғамхор, мушфиқу дилсӯз набуду нест. Охир дар тифлӣ дар батни ӯ чун мушт порае аз банди ҷонаш, порае аз гӯшти ӯ будем. Дастони модарҷон дар тифлиямон мисли асо буд. Модар моро ба оғӯши гарми худ кашида, бо меҳрубониҳои бепоёнаш калон гардонид. Акнун мо бояд ӯро асо бошем, то ки қомати ӯ хам нагардад. Ҳоло мехостам фикру андешаамро дар бобати эҳтироми Модар баён созам: Модар сарчашмаи ҳаёт! Ҳастии ҳаёти кӯдак аз қатраи шири ҳалоли ӯст. Он шири сафед ба роҳи сафед ҳидоят мекунад. Аз забони шоири ширинкалом гуфтаниям:

Модар, модар қадри ту дунё бошад,

Сад меҳру вафо дар дили ту ҷо бошад.

Ҳар кас, ки ба қадри шири покат нарасид,

В-аллоҳ ба Худо, ки хори дунё бошад.

Модар чашмаи хушкнашавандаи умри инсон, Модар, чароғи хонадон, хуршеди тобон, аст. Меҳри Модар хуршедеро мемонад. Агар Хуршед бо нурҳои худ тамоми дунёро нур бахшад, Модар бо меҳри худ қалбу ҷони мову Шумо инсонҳоро мунавар мекунад. Ашки Модар чашмаҳои пурчушу хурушеро монад, ки дашту саҳро ва куҳу марғзоронро сабзу хуррам мекунад. Хаёлоти модар ширинтар аз хама ширинихои рӯи ҷахон асту интизориаш нигарон ба роҳи фарзандон. Аз чашмони модар нур меборад ва ин нур ҳаёти ояндаи моро равшан месозад. Ин олиҳаи фариштарӯй зиндагии моро равшану мунаввар месозад. Меҳру навозиши Модар қалби моро ба зиндагӣ равшан месозаду шири мусаффояш ба ҷонамон неру. Аз аллаи ҷоннавозаш дарси зиндагӣ меомузему аз нигоҳҳои меҳрубонаш муҳаббати беолоиш…

Бо нураш гарчи ин хуршеди ховар,

Фаро гирад чахонеро саросар,

Намегардад валекин он баробар

Ба ин пурқуввати бо меҳри модар!

Фақат модар ба ҳар гармову сармо,

Ҳамеша бар сари гаҳвораи мо,

Накарда мижа таҳ, биншаста шабҳо,

Бипарвард ӯ чу ҷон бигрифта дар бар.

Вуҷудаш чун ба фарзанд аст пайванд,

Варо хонад ба худ ҷону ҷигарбанд.

Агар хоре занад бар пои фарзанд,

Дили модар шавад ғамгин муқаррар.

Барои фикру ёди пурумедаш,

Барои ҳурмати мӯи сафедаш,

Ба ҷон ҳам ҳурмату иззат кунедаш,

Набошад то ки чашмаш ҳеҷ гаҳ тар.

Модар ба мисли замин якто аст ва мухабати ӯ барои мо фарзандон беканора ва ҷовидона аст. Модар! Дар зери ин панҷ ҳарф чӣ қадар меҳру муҳаббат, хушгуфторию хушрафторӣ, бузургиву муҷассамаи хоксорӣ ниҳон аст. Дар олам муқаддастар аз Модар мавҷудоте нест Оре, маҳз бо туфайли ҷонкоҳонии модар мо ба дунё омада, одам ном гирифтем. Аз ин ҷост, ки мо ӯро муқаддас мешуморему дар лаҳзаҳои душвортарин номашро ба забон мегирему мегӯем: Модарам! Модарҷонам! Меҳру муҳаббату самимияти модар ва шабзиндадориҳои модар-ин ҳамаро бо ҳеҷ чиз баробар натавон кард. Модар ҳаст, ки мо ҳастему ҳаёт ҳаст. Кист он касе, ки аллаи модаро нашунида бошад, аз шири сафеди ӯ баҳра наёфта бошад.

Модар мисли шеър муқаддас аст. Тамоми мардуми олам нисбат ба модар меҳри беандоза доранд. Муҷассамаи модарро бо тамоми бузургиаш офаридаанд ва назди модар мо ҳама оҷизем. Модар беназир ва дар ҳамаи лаҳзаҳо нозпарвари фарзанд аст ва моро мебояд, ки ҳамеша ӯро парастиш намоему таваҷҷуҳи зиёде нисбаташ зоҳир кунему барояш зиндагиро гуворотар гардонем.

Аз ҳама дар рӯи олам ғамбарорам модарам,

Мисли гул андар чаман боғу баҳорам модарам.

Нексиришту нексухан доим бувад ҳамроҳи ман,

Лаҳзае дур гардӣ, он дам бемадорам модарам.

Меҳри ту дар қалби ман, ҷои ту дар кунҷи дилам.

Дар шаби тор аллаатро интизорам модарам .

Бош доим дар барам эй дуру гавҳар, ахтарам

Ту маро танҳо намон, бе ту бимирам, модарам!

Чихеле ки ба мо маълум аст занро зинати хона, устод атфол ва муаллими наслҳо мегуянд. Воқеъан ҳам агар зан дар оила бо ақлу бо фаросат, сариштакору озода бошад худрову атрофиёнашро аз ҳолатҳои ногувори зиндагӣ эмин нигоҳ медорад. Раванди тадбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеъа баррасиву ҳалли мушкилоти ҷойдошта пешгирии зуҳуроти номатлуб ва тадбирҷуйҳои баҳри маърифатнокии бонувон чи ислоҳотӣ таҳавулоте ба миён овардааст. Чихеле ки мегуянд:

Занонро гар зи дониш зеваре ҳаст,

Умеди рӯзгори беҳтаре ҳаст.

Агарчӣ аз занон пайғамбаре нест,

Ҳама пайғамбаронро модаре ҳаст.

Султонов Ҷасурбек Давлатбоевич - магистранти курси 1-уми ихтисоси 1-260101 ( идораи давлатӣ) Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон