Skip to main content

Рӯзи байналмилалии занон, ки ҳар сол 8-уми март ҷашн гирифта мешавад, таърихи тӯлонӣ дорад. Ин ҷашн дар саросари ҷаҳон ҳамчун иди миллӣ, ҳимояи ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои занон эътироф шудааст ва бо шукуҳи хоса таҷлил карда мешавад. Ин ҷашн беҳтарин анъанаҳои таърих ва бузургии зан-модарро нишон медиҳад.

Дар шароити рушди иқтисодӣ ва дигаргуниҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон вазъи занон дар ҷомеа низ тағйир меёбад. Имрӯз онҳо торафт бештар дар ҷомеа фаъол мешаванд, лоиҳаҳои худро эҷод намуда, дар иқтисодиёт мавқеи назаррас доранд. Аммо, ҳамзамон бо ин, модели анъанавии оила боқӣ мемонад, ки дар он зан дар тарбияи фарзанд нақши калидӣ мебозад. Ин аз модарон устувории баланд, қобилияти якҷоя кардани ӯҳдадориҳои оилавӣ бо кор, фаъолияти ҷамъиятӣ ва рушди шахсиро талаб мекунад.

Дар Паёми навбатии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар”, ки санаи 28-уми декабри соли 2024 дар бинои нави Парлумон баргузор гардид, қайд намуданд, ки: “Дар фарҳангу тамаддуни мо – тоҷикон иззату эҳтироми зан – модар ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад. Вале бояд гуфт, ки мақому манзалати занону бонувон ва нақши онҳо дар эъмори давлати муосир ва рушди ҷомеа маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ воқеан боло рафтааст.”

Воқеан ҳамаз рӯзҳои аввали эълони соҳибистиқлолӣ Ҳукумати кишвар усули идоракунии демократиро чун шакли тамаддуннок қабул намуд ва истифодаи баробари имкониятҳои ташаккули занро бо мард муҳайё сохт. Меъёри мазкури демократӣ ва муносибатҳои бозоргонӣ нақши ҳалкунандаро дар таъмини ҳуқуқҳои зан мусоидат намуд. Аз ҷумла:

– Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли1994;

– Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» аз1 марти соли 2005, №89;

– Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз» аз19 июли соли 2022, №1890;

– Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду марҳила (солҳои 2011-2020 ва солҳои2021-2030);

– Барномаи давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли2001, №391 тасдиқ гардидааст;

– Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд дар се марҳила(барои солҳои 2007-2016; солҳои 2017-2022 ва солҳои2023-2030);

– Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015, №801 тасдиқ шудааст;

– Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» аз 3 декабри соли 1999, №5.

Қобили зикр аст, ки занону бонувони тоҷик маҳз бо дастгирӣ ва сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои назаррас ноил шуда, меъёрҳои дар боло зикршуда имконият ва ҳуқуқи онҳоро дар ҷомеа боз ҳам васеътар менамояд.

Имрӯз занони тоҷик дар мақоми баланди давлатӣ қарор доранд, ки ин аз аҳамияти баробарии гендерӣ дар сиёсати кишвар шаҳодат медиҳад. Бо иштирок дар кори муассисаҳои давлатии сатҳҳои гуногун, онҳо на танҳо ба татбиқи сиёсати нав мусоидат мекунанд, балки ҳамчун шахсиятҳои бонуфуз ва намунаҳои илҳомбахши ватандӯстӣ барои насли оянда хизмат мекунанд.

Занон инчунин дар ҳифз ва рушди фарҳанг нақши назаррас доранд. Иштироки фаъолонаи онҳо дар ташкилотҳои фарҳангӣ ва бадеӣ имкон медиҳад, ки арзишҳои миллию фарҳангии мардум ҳифз карда шаванд ва инчунин бо ҷомеаи ҷаҳонӣ муколама барқарор карда шавад. Рушд ва пешрафти фарҳанг бештар аз фаъолияти иҷтимоӣ ва эҷодии занон вобаста аст, ки барои таҳкими мероси фарҳангии кишвар заминаи мустаҳкам фароҳам меорад.

Хулоса, зани тоҷик бо покӣ ва зебоӣ, шаъну шараф, фурӯтанӣ ва дониш ба ҳаёти ҷомеа тозагӣ ва покӣ меорад. Аз ин рӯ, аз оғози таърих то имрӯз мардуми мо ба таҳсилоти занон аҳамияти махсус дода, кӯшиш мекарданд, ки занонро дар ҷомеа пешрав гардонанд. Зеро зан олиҳаест, ки дар садафаш ганҷҳои гаронбаҳои инсоният барои равшан кардани ҷаҳон рушд ва такмил ёфтаанд.

Давлатова Фарида, - ходими хурди илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ