Skip to main content
Наврӯз қадимтарин ва зеботарин ҷашни ориёиҳо мебошад. Наврӯз дар фарҳанги мо тоҷикон рӯзи нав, рӯзи зиндагии нав, рӯзи шодӣ, рӯзи адлу эътидол, рӯзи бахшоиши гуноҳҳои якдигар, рӯзи оштӣ аст. Табиат дар ин рӯз ҷони тоза меёбанд. Ин навшавӣ ҷузъи фарҳанги қадимаи мост, ки имрӯз ҷаҳонро ба беҳтар зистан даъват мекунад.

Бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 30 сентябри соли 2009 ва баъдан 23 феврали соли 2010 дар иҷлосияи 64-умин Сессияи генералӣ аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид - Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон карда шуда, аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳристи ёдгории ғайримоддии фарҳангии башарият, ки дар доираи барномаи ин ташкилоти бонуфуз, тартиб дода мешавад, дохил карда шуда, ҷашни миллӣ “Наврӯз” дар саросари ҷаҳон бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мегардад.

Ҳамаи ҷашнҳо бешак дар андозаи макону замон (фазову вақт) мавқеи муайянро дороянд. Ин ҳолат барои ҷашни Наврӯз ангуштнамост, чароки он дар гунбази фалак (сфераи осмон) мақоми хосаеро дорад, ки он ба оғози соли навӣ астрономӣ мувофиқ омада, ба ин маъни дорои заминаи боэътимоди илмию амалист. Мутобиқи маълумотҳои фарҳанги бостон, гузаштагони мо аз замонҳои қадим дар кураи осмон чаҳор ҳолати нисбатан хосаи аз ҳамдигар фарқкунандаи мавқеъгирии Офтобро зимни ҳаракати солонааш миёни бурҷҳои ситоравӣ, дақиқ медонистанд. Олимон барои муайян намудани мавқеъгирии Офтоб ва низоми он дар андозаи фазову вақт, муайян намудани фаслҳои сол, методҳои таҳқиқ, дастгоҳҳои мушоҳидавӣ ва иншоотҳои махсусро ҳанӯз аз замонҳои қадим бунёду мавриди истифода қарор медоданд, ки дар ин маврид далелҳои зиёде мавҷуданд.

Дар байни мардуми ориёиҳо чаҳор ҳолати мавқегирии хосаи Офтоб дар кураи осмон аз қадим хамчун ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон, Сада ва Тиргон маъруфу маъмул буданд. Ҳатто дар замони салтанати Ҳахоманишиён дар Эрони ғарбӣ, ҷашни соли нав дар эътидоли тирамоҳӣ бо унвони ҷашни Митракон ё Меҳргон таҷлил мегардид. Маъруфият ва фосила миёни дар асари авастошиносӣ номии Эрон Ҳошими Разӣ “Ҷашнҳои об” чунин таъкид шуда: “Ду ҷашне (Наврӯзу Меҳргонро дар назар дорад), ки солро ба ду бахш тақсим мекарду миёни ҳиндувон низ собиқа дошт…”, ки аз ин иқтибос мутаалиқ будани ҷашни Меҳргон ба баробаршабу рӯзии тирамоҳӣ аён аст. Дар илми астрономия (ситорашиносӣ) нуқтаи баробаршабонарӯзии баҳорӣ ҳамчун нуқтаи сарҳисоби вақт ва муайянкунандаи мавқеи ҷирмҳои мунири осмон зимни тадқиқотҳои илмӣ миёни тамоми олимон ва муҳаққиқон сарфи назар аз дину оин, нажоду миллаташон пазируфта шудааст. Ин тақвим аз оғози рӯзи нави сол – яъне ҷашни Наврӯз, ки Офтоб аз нимкураи ҷанубӣ хатти экватори оламро буррида ба нимкураи шимолӣ осмон ворид мешавад, шурӯъ гардида давомнокии сол 365 рӯзу, 5 соату, 48 дақиқаву 46 сония баробар аст.

Наврӯзи имсола (2025) санаи 20 уми март соати 14:01:25 бо вақти Душанбе фаро мерасад, ки дар ин лаҳза Офтоб аз нимкураи ҷанубӣ хатти экватори оламро буррида ба нимкураи шимолӣ осмон мегузарад. Астрономҳо ин мавқеъгирии Замину Офтобро нуқтаи эътидоли баҳорӣ (Баробаршавии шабу рӯз) мегуянд.

Оғози Наврӯз -нуқтаи эътидоли баҳорӣ - Баробаршавии шабу рӯз мутобиқи ҳисоботҳо ҳар сол тақрибан 20-22 март фаро мерасад, ки ин тафовуд ба далели таъсири қувваи ҷозиба ҳангоми гардиш Замин дар мадор аз тарафи дигар сайёраҳо ба амал меояд.

Маълум аст, ки нуқтаи сарҳисоби вақт, ки дар шумори (пайдарҳамии) рӯзҳову моҳҳо,солу солшумориҳо ба таври анъанавӣ дар шакли тақвим ба хидматгузории миллатҳои гуногун вобаста ба дину оину анъанаҳои миллашон пешниҳод карда шудаанд, хело ҳам гуногунанд. То имрӯз ба ҳамагон зиёда аз даҳҳо тақвимҳои (ҳисоби вақт), маълуманд, ки бархе аз онҳо вобаста ба шахсҳои маъруфи таърихӣ ба хусус пайғомбарон ва ё ровиёни маъруфи динҳо асос ёфтаанд. Вале новобаса аз интихоби оғози солшумориҳо ҳамаи ин тақмимҳо вобаста ба ҳаракати Замин дар атрофи тири меҳвари худ (шабонарӯзӣ) ва дар атрофи Офтоб, ҳаракати Моҳтоб дар атрофи Замин ва ҳаракати якҷояи Замину Моҳтоб дар атрофи Офтоб тартиб дода мешавад. Ва дар ин замина ба ҳамагон се намуди тақвим- қамарӣ, қамарӣ- шамсӣ ва Шамсӣ маълуманд, ки дар Тоҷикистон тақвими Шамсӣ ва Қамарӣ мустақиман мавриди истифода қорор доранд.

Тақвими қамарӣ ба навшавии фазаҳои Моҳ, ки дар натиҷаи ҳаракати Моҳтоб дар атрофи Замин ба амал меояд тартиб ёфтааст. Ин навшавии моҳ дар тӯли сол 12 маротиба сурат гирифта теъдоди рӯзҳо дар ин тақвим ба 355- 356 баробар аст. Тағйирёбии фазаҳои Моҳ, яъне аз як навшавӣ то навшавии навбатиро моҳи синодӣ гӯянд, ки давомнокии он ба 29,53059 ё худ 29 рӯзу 12 соату, 44 дақиқаю 2,9 сония баробар аст.

Тақвими шамсӣ бошад ба ҳаракати солонаи Замин дар атрофи Офтоб асос ёфта теъдоди рӯзҳои сол 365- 366 рӯзро ташкил медиҳад. Бо назардошти он ки теъдоди рӯзҳои тақвими қамарӣ аз шамсӣ 10 -12 ш.р фарқ доранд, ҳар сол идҳои рамазону қурбон бо ин теъдод пештар фаро мерасанд.

Дар соҳаи илми астрономия ва кайҳоншиносӣ бошад, тамоми олмони Дунё новобаста ба дину оин ва миллияти хеш зимни коргузорӣ ва муайян намудани замону маконӣ (координатаҳои), ҷирмҳои мунири осмон аз тақвими астрономӣ, ки дар он давомнокии сол дар асоси мушоҳидаҳо ва омилҳои ба саҳеҳии вақт таъсиркунанда дақиқ муайян карда мешавад, истифода менамоянд. Вақтҳои охир олимон маҳз ҳамин тақвими астрономиро барои истифода ба тамоми мамлакатҳои олам пешниҳод намуда истодаанд, ки микдори рӯзҳои солҳои оддӣ дар он ба 365 ш.р баробар буда, дар соли қабиса ба он боз як рӯз илова мешавад, ва ин тақвими пешниҳодшуда тақвими шамсӣ буда бартарияти он аз тақвимҳои пешин дар саҳеҳияти он буда зарурияти нашри ҳамасолаи онро аз миён мебарад.

Ҳамин тариқ аз ваҷҳҳои болоӣ чунин бар меояд, ки оғози сол Наврӯз дар сарзамини бостонии мо бунёди фарҳангӣ дошта (он бо далелҳои илмӣ- мушоҳидавӣ асос ёфта) на ин ки он ҷашни мардумии кишварамон, балки ҷашни кулли фарҳангиёни сайёраю байналмиллалӣ маҳсуб меёбад ва дар ҳар баромадашон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қайд карда мегузаранд “Тоҷикистон ватани Наврӯз аст”.

Букризода Анвар Маҳмад - директори Институти астрафизикаи АМИТ