Skip to main content

Бо андӯҳи гарон хабар медиҳем, ки санаи 8-уми апрели соли ҷорӣ (2025) боз яке аз мутахассиси сатҳи олии Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар баробари доктори илмҳои физикаю математика, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Субҳон Ибодович Ибодов, ки санаи 06.04.2025 ин оламро падруд гуфтанд, Олима ва Кашшофи кометаи 67P/Чурюмов-Герасименко, Светлана Ивановна Герасименко низ дар синни 80-солагӣ аз олам даргузашт, ки ин ба илми астрономияи тоҷик зарбаи бузург мебошад.

Светлана Ивановна Герасименко 23-уми феврали соли 1945 дар деҳаи Баришевкаи вилояти Киеви Украина дар оилаи омӯзгор ба дунё омада, соли 1953 ба мактаби миёнаи ҳамонҷо ба синфи якум рафта, баъд аз хатми он дар соли 1968 ба факултети астрономияи Донишгоҳи Киев дохил шуд ва онро бо ихтисоси астроном ба итмом расонидааст. Бояд қайд намуд, ки Светлана Ивановна Герасименко баъди хатми Донишгоҳ ба зинаи аспирантураи расадхонаи астрономии Академияи фанҳои Украина дохил шуда, моҳи сентябри соли 1969 ӯ ҳамроҳи коркуни расадхонаи астрономии Академияи фанҳои Украина Клим Чурюмов ба экспедитсия ба Алма-Ато барои мушоҳидаи кометаи 32P/Комас-Сола сафарбар гашт ва ба воситаи телескопи 50см –и онҷо кометаи навро мушоҳида намудааст. Шаби 11 ба 12 – уми сентябри соли 1969 ҳангоми мушоҳидаи кометаи 32P/Комас-Сола дар он вақт кометаи дигарро мебенад, ки баъдан онро ба номи кашфкунандагони он, яъне Чурюмов ва Герасименко ин кометаи нав (кометаи 67P/Чурюмова-Герасименко)-ро номгузорӣ мекунанд.

Қобил ба зикр аст, ки Светлана Герасименко соли 1973 бо даъвати Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Точикистон ба ҳайси корманди илмӣ ба Душанбе даъват шуда, то ин лаҳза фаъолияти илмии худро бо Институти астрофизикаи АМИТ идома дода, дорои чандон дастовардҳои илмӣ мебошад.

Светлана Ивановна Герасименко, яке аз астрономҳои муввафақи Иттиҳоди Шӯравӣ ва Тоҷикистон буда, кашфкунандаи кометаи 67P/Чурюмова-Герасименко, барандаи лауреати Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурӣ ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соли 2017 ва аъзои ҷамъияту созмонҳои байналмилалии астрономҳои ҷаҳон мебошад.

Инчунин 2-юми марти соли 2004 Светлана Герасименко ҳамроҳи Клим Чурюмов дар космодроми Куруи Гвианаи Фаронса ҳангоми парвози киштии кайҳонии байнисайёравии Аврупоии «Розетта» иштирок доштанд, ки барои омӯзиши кометаи 67P/Чурюмова-Герасименко равона карда шуда буд ва ин киштии кайҳонӣ моҳи ноябри соли 2014 бори аввал ба сатҳи кометаи мазкур бомуваффақият фуруд омад. Ҳангоми фурудоии дастгоҳи Роззета номбӯрда дар агентии кайҳонии Аврупо дар Олмон ширкат варзида буд.

Маврид ба зикр аст, ки ба номи Светлана Герасименко на танҳо комета балки астероиди (3945) низ дар соли 1982 аз ҷониби Николай Черных кашф шуда буд, номгузори шудааст.

Хабари марги нобаҳангоми Светлана Герасименко талафоти бузург дар илмӣ тоҷик баҳисоб рафта, аҳли кормандони Институтро сахт андӯҳгин намуд. Ба аҳли пайвандон ва хешовандонашон изҳори ҳамдарди баён намуда, ба онҳо сабри ҷамил хоҳонем.

Хотираи неки ӯ дар зеҳни коллективи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Институти астрофизикаи АМИТ абадӣ хоҳад монд.

ХОТИРАШОН НЕКУ ЁДАШОН ГИРОМӢ БОД!