Skip to main content

qqsҲангоме ки нури нарми баҳор бар домани кӯҳсор мерезад ва лолаҳо – ин афсонаҳои рангоранги табиат – дар саҳроҳо мешукуфанд, ҳамзамон рӯҳу андешаи инсон низ гӯё эҳё мешавад. Мувофиқи андешаи мардумшиносон маҳз дар ҳамин рӯзҳои муборак – байни 10 то 20 апрел – ҷашни лолаҳо миёни тоҷикон бо шукӯҳу шодмонӣ таҷлил мегардид, ки он дар замони Истиқлолияти давлатӣ дубора эҳё карда шуд ва шанбеи сеюми ҳамин моҳ, ки Рӯзи пойтахти кишвари азизи мо – шаҳри ҷавони Душанбе – аст, ба як рамзи муассири ҳамоҳангии инсон, табиат ва фарҳанг табдил ёфтааст. Ин рост омадани ҷашну гулрезон тасодуф нест, балки нишони пайванди амиқи зебоишиносии мардуми тоҷик бо муҳити зист ва андешаи маънавии онҳо дар тӯли таърих аст – пайванде, ки на танҳо дар хотираи мардум, балки дар намунаҳои беҳтарини санъати амалии аҷдодони мо таҷассум ёфтааст.

Дар гузашта, миёни аҷдодони тоҷикон ва дигар халқҳои Шарқи қадим, лола на танҳо як гули саҳроӣ, балки ҷузъи фарҳанг ва ҷаҳонбинии мардум будааст. Ҷашнҳои марбут ба гули лола реша дар анъанаҳои куҳани халқҳои эронитабор доранд, ки онҳоро метавон то дар даврони ориёиҳо, суғдиён ва бохтариён пайгирӣ кард. Аз нуқтаи назари бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ, маълум аст, ки одамон аз қадим баҳорон ва эҳёи табиатро ба таври рамзӣ бо гулҳо таҷассум мекарданд. Дар ин миён, гули лола, ки рамзи бедории табиат дониста мешуд ва бо рангҳои дурахшон ва шеваи хосаш ҷилва мекард, диққати хосаеро ҷалб намудааст.

Дар матлаби мазкур яке аз дастовардҳои бостоншиносон, ки сарзамини тантанаҳои баҳорӣ, ба хусус таҷлили ҷашни гули лола будани Тоҷикистон ва меросбарони аслии ҷашвораҳои зиёди ориёӣ будани халқи куҳанбунёди тоҷикро собит месозад, маълумот хоҳем дод. Ин дастовард – кашфи ҳуҷраи махсус бо тасвирҳои зиёди гули лола дар деворнигораҳои Панҷакенти қадим мебошад, ки аз ҷониби бостоншиносони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши АМИТ ва ҳамкасбони рус аз Эрмитажи давлатии Россия мебошад. Панҷакенти қадим яке аз маъруфтарин ёдгориҳои фарҳанги ибтидои асрҳои миёнаи Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Он дар ҷануби шаҳри муосири Панҷакент, маркази маъмурии ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд ҷойгир шудааст. Шаҳр дар асри V таъсис ёфта, то асри VIII дар он зиндагӣ идома ёфта аст ва яке аз марказҳои муҳими ҳунармандӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангӣ дар Суғд ва Шоҳроҳи бузурги Абрешим ба шумор мерафт. Ҳафриёти бостоншиносӣ дар Панҷакенти қадим аз соли 1946 оғоз ёфта, ҳоло ин таҳқиқотро Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши АМИТ дар ҳамкорӣ бо бостоншиносони Эрмитажи Давлатии Русия пеш мебаранд, ва то ҳол дар мактаби бостоншиносии он садҳо бостншиносони варзидаи ватаниву хориҷӣ ба камол расида, дар таҳқиқ, талқин ва муаррифии таърих, санъат ва бостоншиносии минбаъдаи тоҷик саҳми арзандаи худро гузоштаанд.

Дар фарҳанги мардуми Суғди бостон гулҳо на танҳо унсури зебоии табиат, балки рамзи ҳаёт, баҳор, наврӯз ва эҳёи табиат ба ҳисоб мерафтанд. Дар миёни ин гулҳо, лола – ҳамчун рамзи нозукӣ, зебоӣ ва таровати ҷавонӣ ҷойгоҳи хос дошт. Тасвири он дар деворнигораҳои Панҷакенти Қадим шоҳиди возеҳи мақоми бадеӣ ва рамзии он дар зеҳни мардуми бостонӣ аст. Ин гул, ки имрӯз низ дар ҷашнҳои баҳорӣ, аз ҷумла “Ҷашни лола”, мавқеи хос дорад, реша дар анъанаҳои дерини зебоишиносии аҷдодӣ дорад.

Панҷакенти қадим намунаи беҳтарини шаҳри асримиёнагии Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад. Ин ягона шаҳрест, ки ҳамчун як маҷмӯи мукаммали бостоншиносӣ мавриди омӯзиши амиқ қарор гирифта, барои омӯхтани меъморӣ ва фарҳанги шаҳрсозии Суғд сарчашмаи нодир ба шумор меравад. Бостоншиносон дар он қасрҳо, маъбадҳо, устохонаҳо, манзилҳои зист ва қабристонҳоро кашф кардаанд. Ҳамчунин, дар ҷараёни ҳафриёт миқдори зиёди осори фарҳанги моддӣ ва ёдгориҳои нодири санъати амалӣ кашф гардиданд, ки сатҳи баланди фарҳанги мардуми Суғд – ниёгони тоҷиконро нишон медиҳанд. Яке аз нуманаҳои беҳтарини фарҳанги модии сокинони Панҷакенти қадим санъати тасвирӣ ва ё наққошиҳои рӯйидеворӣ ба ҳисоб меравад, ки мазмуну мундариҷаи онҳоро аслан қаҳрамониҳо, тантанаҳои идона, достонҳои устуравӣ, ривоятҳо, афсонаҳо ва қиссаву тамсилҳо ташкил медиҳанд.

Дар шаҳрсозии ибтидои асрҳои миёна Куҳандиз як қисми муҳими шаҳрҳо ба ҳисоб рафта, дар ҳашамати он ҳашамату зебогии кулли шаҳр таҷассум меёфт. Чун дигар шаҳрҳои равнақёфтаи ибтидои асримиёнагӣ Панқагенти қадим низ Куҳандиз дошт, ки он дар қисмати шимолу ғарбии шаҳри қадима ҷойгир шуда буд. Куҳандизи Панҷакенти қадим, ки дар он ҳуҷраҳо ва толорҳои боҳашамат бунёд ёфта буданд ду давраи сохтмониро фарогир мебошад, ки давраи аввал ба асрҳои V-VI ва давраи дувум ба асрҳои VII-VIII рост меояд. Эҳтимолан дар асри VI қасри ҳокимони шаҳр шимолтар аз Куҳандизи асрҳои VII-VIII ҷойгир шуда буд, ки чашмаи овозадори Қайнар ва манбаъи оби нӯшокии шаҳри қадима ва имрӯза дар қисамтаи ғарбии он ҷойгир аст.

Деворҳои нахустини қасри ҳокимони Панҷакенти қадим низ пур аз наққошиҳои рангоранг буданд. Яке аз ҷолибтарин деворнигораҳои ин қаср аз ҳуҷраи 13, ки солҳои 1988-1992 мавриди омӯзиш қарор гирифта буд пайдо гардиданд, ки дар онҳо гулҳои лола бо усули хоса тасвир ёфта буданд. Баъд аз соли 1992 ҳафриёт дар шаҳри қадима маҳдуд гардида, идома додани корҳои саҳроӣ дар мавзеъи Қайнар номумкин гардид ва қисми зиёди наққошиҳо аз зери хок бардошта нашуданд. Дар соли 2010 имконият фароҳам омад, ки ин қаср дубора мавриди таҳқиқ қарор гирифта, дар натиҷаи ҳафриёти солҳои 2010-2012 ҳуҷраи 13 пурра аз зери хок озод гарадида, дар деворҳои он қабатҳои сершумори наққошиҳо мавриди омӯзиш қарор гирифтанд. Андозаи ҳуҷра ба 3,2 × 5,6 метр баробар буда, дар деворҳои он дар давраҳои мухталиф инсонҳо, саҳнаи шикор ва гулҳои лола тасвир ёфтаанд. Се қабати андоваҳои девори ҳуҷраи мазкур бо тасвири гулҳои лола дар як усули хос тасвир ёфта, ҳамаи онҳо дар муддати нисбатан кӯтоҳ, шояд ҳар сол як маротиба офарида шудаанд. Ду қабати поёнӣ як композитсияро ташкил медоданд, ки қабати андоваи девор бо хатҳои сиёҳ ба росткунҷаҳои андозаашон 33×33 см тақсим шуда буд ва дар ҳар кадом тасвирҳои лолаҳои зард ҷой доштанд. Дохили нақши росткунҷаҳо бо ду ва се лола навбат ба навбат ҷойгир шуда буданд ва қисми поёнии композитсия бо ҳошияи махсус оро ёфта буд.

Қабати аввал, ки эҳтимол қадимтар ва комилтар аз дигар қабатҳои минбаъда шуморида мешавад, ки он бо шаклҳои гирди лолаҳо ва хатҳои васеъ каме фарқкунанда аст. Гулҳо дар тартибе ҳамсон ҷойгир шуда, як низоми шинохтанашавандаро ташкил медиҳанд. Унсурҳои ботаникӣ бо шеваи рамзӣ, мутамарказ ва эҳтимолан аз ҷониби як устои моҳир тасвир шудаанд.

Дар қабати миёна, сабк тағйир ёфта, лолаҳо шакли дарозрӯяро мегиранд. Барг ё худ пояҳо бо хатҳои борик ва шево кашида шудаанд. Ҳамзамон, дар ин қабат истифодаи ранги хокистарӣ, ки дар қабати поёнӣ барои эҷоди иллюзияи ранги сабз ба кор мерафтанд, қатъ шудааст. Ин бозгӯкунандаи маҳдудияти рангубор ва ҳамзамон шеваи маҳаллии кор бо ранг аст, зеро дар рангубори деворнигораҳои Панҷакенти қадим ранги сабз вуҷуд надорад.

Қабати сеюм, ки эҳтимол дар марҳилаи дертар кашида шудааст, унсурҳои нави ороишӣ ва нақшҳои бо рангҳои сурх ва гулобӣ кашидашударо дар бар мегирад. Ҳамзамон, дар ин қабат баъзе тасвирҳои содда ва нисбатан ноустувор ба назар мерасанд. Дар давоми ҳафриётҳои солҳои 1988-1992, инчунин расмҳои сарҳои инсон бо кулоҳҳои сабки антиқа ва дар солҳои охир тасвири як шахси занмонанд дар болои асп низ ошкор гардид. Эҳтимол меравад, ки онҳо аз ҷумлаи наққошиҳои ғайрикасбӣ ё нотамом бошанд.

Гарчанде ки мавзӯъ дар тамоми қабатҳо яксон аст яъне тасвири гул аз ҳар деворнигора бо мураккабӣ ва шеваи ба худ хос иҷро шудааст. Ҷойгоҳ ва шумораи лолаҳо дар ҳар як мураббаъ яксон нест, ки гувоҳи иҷрои дастӣ ва ғайриқолабӣ будани онҳост. Ҳатто дар баъзе қисматҳо иштибоҳҳо ва талоши ислоҳ намудан маълуманд.

Шароити табиӣ монанди намнокии баланд, шӯрии хок ва ҷойгиршавии наққошиҳо дар се қабати пайдарпай – усулҳои махсуси муҳофизат ва бардоштро талаб мекарданд. Мутахассисони Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон ва Озмоишгоҳи илмии барқарорсозии наққошиҳои монументалии Эрмитажи давлатӣ барои наҷоти ин наққошиҳо усули мураккаб ва бисёрмарҳила ба кор бурданд, ки он заҳмати шабонарӯзиро талаб мекард.

Тасвирҳои гули лола на танҳо дар Панҷакенти қадим, балки дар дигар намунаҳои санъати амалии аҳди бостон, зарфҳо, тасвирҳои барҷастаи рӯйи санг ва гил, низ дида мешаванд, ки яке аз онҳо маъбади Ҷартепа II ба шумор меравад. Ин маъбад дар деҳаи Варағсар, дар роҳи аз Самарқанд ба Панҷакент (дар ҳудуди Ӯзбекистони имрӯза) ҷойгир аст. Муҳақиқони ин маъбад қайд мекунанд, ки расмҳои қабатҳои поёнии ин маъбад, аз ҷиҳати мазмун ва услуб ба деворнигораҳои маъбади дуюми Панҷакенти қадим монанданд. Дар ҳар ду ҳолат, саҳнаҳои тақдими ҳадя ба худоён тасвир ёфтаанд. Муҳаққиқон бар ин назаранд, ки тасвири лола дар маъбади Ҷартепа метавонад бо ҷашни баҳории эҳёи табиат, яъне ҷашни лола, алоқаманд бошад, ки онро мардуми Суғд дар охири баҳор таҷлил мекардаанд. Ин шабоҳат нишон медиҳад, ки анъанаҳои маросимӣ ва рамзҳои гул дар фарҳанги аҷдодони халқи тоҷик густариш ёфта буданд.

Хулоса, тасвироти гулҳои лола дар деворнигораҳои Панҷакент на танҳо намунаи зебоии бадеӣ, балки рамзи пайвастагии инсон бо табиат, ҷашни эҳёи баҳорӣ ва эҳтиром ба анъанаҳои зебоишиносии миллӣ мебошанд. Имрӯз, вақте ки дар Тоҷикистон ҳар баҳор ҷашни лола таҷлил мегардад, метавон гуфт ки ин суннат реша дар маърифати ниёгон дошта, дар санъати тасвирии Суғд низ ифодаи пурмаъно пайдо кардааст. Ҳоло ҳамаи деворнигораҳо дар Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон дар низди Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши АМИТ қарор дошата, ду пора аз ду қабатҳои алоҳидаи деворнигораи болозикр дар экспозитсияи осорхона барои тамошои меҳмонони ватаниву хориҷӣ дастрас гардидааст.

Абдураҳмон Пӯлотов - директори Осорхонаи милии бостонии Тоҷикистон