Skip to main content

02 декабри соли равон дар ҳошияи сафари корӣ ба шаҳри Токиои Ҷопон президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо ноиби президенти Агентии илм ва технологияи Ҷопон (JST) Моримото Шигео мулоқот анҷом дод.

Дар рафти мулоқот президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба ноиби президенти Агентии илм ва технологияи Ҷопон (JST) Моримото Шигео ҷиҳати қабул ва муҳокимаи масъалаҳои мавҷуда доир ба ҳамкориҳои илмӣ изҳори миннатдорӣ баён намуданд.

Ҳамзамон, таъкид гардид, ки Агентии илм ва технологияи Ҷопон (JST) яке аз созмонҳои асосии Ҷопон буда, ба тадқиқоти илмӣ, рушди технологӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ мусоидат мекунад. Агентии мазкур дар дастгирии ташаббусҳои илмӣ ва барномаҳои таълимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мунтазам дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ ва минтақавӣ нақши муҳим дорад.

Ҷонибҳо зимни мулоқот ҷиҳати иштироки фаъолонаи Агентӣ дар татбиқи барномаи SATREPS (Шарикии тадқиқоти илмӣ ва технология барои рушди устувор), ки ба ҳалли мушкилоти рушди устувор тавассути тадқиқоти муштарак мусоидат мекунад, суҳбат анҷом доданд.

Агентии илм ва технологияи Ҷопон (JST) таҳияи технологияҳои идоракунии самараноки захираҳои об, аз ҷумла обёрӣ ва пешгирии вайроншавии қабатҳои хокро амалӣ менамояд. Бояд гуфт, ки дар доираи лоиҳаи тағйирёбии иқлим ва экология Агентӣ дар мавриди таъсири тағйири иқлим ба пиряхҳо ва системаҳои оби Осиёи Марказӣ, ки барои минтақа аҳаммияти калидӣ доранд, пажӯҳиш мебарад.

Ҳамзамон, таъкид гардид, ки Агентии мазкур мубодилаи академиро байни донишгоҳҳои Ҷопон ва Тоҷикистон тавассути стипендия ва грантҳо барои муҳаққиқони тоҷик, ки мехоҳанд дар Ҷопон таҳсил кунанд ва инчунин омӯзиши олимони ҷавон дар соҳаҳои муҳандисӣ, экология, биотехнология ва идоракунии захираҳои табииро дастгирӣ менамоянд.

Дар робита ба ин мо ният дорем, ки минбаъд ҳамкориро бо Шумо барои интиқоли технологияҳои инноватсионӣ тақвият диҳем. Дар ин самт мо умедворем, ки Агентии илм ва технологияи Ҷопон (JST) ба интиқоли технологияҳои Ҷопон ва татбиқи онҳо дар Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.

Инчунин зарур аст, ки мутахассисон ва олимони мо лоиҳаҳои якҷояи вобаста ба мутобиқ намудани технологияи Японияро ба шароити маҳал, масалан, дар соҳаи сейсмология ва гидроэнергетика татбиқ намоянд.

Бояд гуфт, ки дар бораи сейсмология ва идоракунии хавфи офатҳо Тоҷикистон дар минтақаи фаъолнокии баланди сейсмикӣ ҷойгир аст, ки лоиҳаҳои Агентии илм ва технологияи Ҷопон (JST) дар соҳаи сейсмологияро муҳим мегардонад.

Дар ин самт мо пешниҳод менамоем, ки тавассути Институти геология, сохтмонӣ ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ дар таҳияи системаҳои мониторинги заминларза ва огоҳии бармаҳал, инчунин омӯзиши мутахассисони тоҷик усулҳои баҳодиҳии хатарҳо ва пешгирии оқибатҳои офатҳои табиӣ ҳамкориҳо ба роҳ монда шаванд.

Дар ин замина Агентии илм ва технологияи Ҷопон бо фароҳам овардани дастрасӣ ба таҳқиқот ва фанновариҳои пешрафта дар рушди илми Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муҳим дорад. Ба шарофати ҳамкорӣ бо Агентии илм ва технологияи Ҷопон Ҷумҳурии Тоҷикистон иқтидори илмии худро таҳким бахшида, мушкилоти асосии рушди устувор ва амнияти экологиро ҳал мекунад.