27-уми июн дар таърихи навини миллати тоҷик чун санаи муборак ва сарнавиштсоз сабт гардидааст. Рӯзи Ваҳдати миллӣ — рамзи иттиҳоду сарҷамъӣ, дӯстиву бародарӣ ва ояндаи ободу ором барои сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.. Ин рӯйдоди бузург ба низоъи хунини таҳмили дар кишварамон хотима бахшида ва ба оғози як марҳалаи муҳиман нави ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавии миллат бунёди устувор гузошт.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Ваҳдат ишорае карданд, ки то имрӯз заминаи фикрии ҷомеаро ташкил медиҳад:
«Ваҳдат барои мо як вожа ва калимаи оддӣ нест, балки номаи тақдири мо, шарти пешрафти кишварамон ба сӯи ояндаи ободу осуда ва муҳимтар аз ҳама, кафили сарҷамъию хушбахтии имрӯзу ояндаи халқамон аст».
Имзои созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ ба раванди музокироти сулҳи тоҷикон, ки соли 1994 шурӯъ шуда буд, анҷоми нек бахшид. Яке аз ҷанбаҳои муҳими ин Созишнома аҳамияти ҳуқуқӣ доштани Ваҳдати миллист, ки он барои риоя ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои ҳар фарди кишвари мо нақши тақдирсозро дорад. Ҳамин аст, ки омади сулҳу пойдории Ваҳдат дар Тоҷикистони мо ба пойдории амният дар минтақа, ба нестӣ расидани таҳдиду харобкориҳо заминаи лозимаро гузошт.
Боиси қайди махсус аст , ки маҳз бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27-июн ҳамчун рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон гардид. Бояд зикр кард, ки Сарвари давлати мо аз рӯзи аввали сари қудрат омаданашон баҳри ба даст овардани сулҳу субот ва оромиву осоиштагӣ хизматҳои зиёде кардаанд ва сулҳофарӣ яке аз сифатҳои асосиашон мебошад.
Маҳз бо талошу заҳматҳои Пешвои миллат сулҳи тоҷикон бо дарёфти ҳадафи аслии таърихи миллат, яъне Ваҳдати миллӣ расид. Ва дар ниҳоят Сулҳ, Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатии тоҷикон мафҳумҳои азиз барои ҳар фарди Тоҷикистон гардид.
Дар фазои ороми кишвар, ки ба туфайли ваҳдати миллӣ ба даст омадааст, Тоҷикистон тавонист инфрасохтор, маориф, тандурустӣ, иқтисодиёт ва фарҳанги миллиро аз нав эҳё кунад. Ваҳдат ба рамзи як миллат табдил ёфтааст ва имрӯз таҳкими он масъулияти ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.
Айни замон ҳамагон шоҳиди он ҳастем,ки таҷрибаи дар таърих нодири кишвари мо ҷиҳати ба даст овардани ваҳдати миллӣ, барои дигар давлатҳои хориҷӣ хеле арзишманд буда, боиси омузишу истифода мебошад.
Воқеан ҳам, Ваҳдати миллӣ омили рушди босуботи мамлакат, кафили иқболу саодати халқу ҷамъият ба ҳисоб меравад. Ин мафҳуми муқаддас миёни мафҳумҳои барои мо пурарзиш, чун сулҳу амният, маърифату фарҳанг, ватандориву ватандӯстӣ, иттифоқу ҳамдилӣ, андешаву шуур ва ҳуввияти миллӣ ҷойгоҳи махсусро дорост. Зеро Ваҳдат сароғози ҳамаи комёбиҳо, созандагиву ободкориҳо, ибтидои суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва некӯаҳволии ҷомеаи навин, ҳамчунин, худогоҳиву худшиносӣ баҳри ҳамаи миллати соҳибмаърифати мо ба ҳисоб меравад.
Шоирони ваҳдатсароямон, чун Рӯдакию Фирдавсӣ, Саъдиву Ҳофиз, Низомиву Ҷомӣ, Лоиқу Бозор ва садҳо дигар, ки осорашон саросар ватандӯстонаву омӯзандаву ибратбахшу ҷовидонаанд, андешаҳои бойи таърихӣ доранд, ба мо дастур медиҳанд, ки худшинос бошем, худогоҳ бошем, донем ки кистем ва аз куҷоем.
Ваҳдат ба ҷомеа нерӯ мебахшад, онро муттаҳид мекунад ва барои таҳкими истиқлолият, сулҳ, субот ва рушди устувори кишвар заминаи воқеӣ фароҳам меорад. Он арзишест, ки бояд ҳар фарди ҷомеа онро ҳифз ва пос дорад.
Рӯзи Ваҳдати миллӣ — рамзи саодат ва сарҷамъии миллат аст.
Ин санаи муқаддас моро водор месозад, ки бо ҳама вуҷуд баҳри ҳифзу пойдории он кӯшиш намоем.
Мо бояд аз таърихи наҷоти миллати худ сабақ гирем ва дар пос доштани сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмии миллӣ саҳмгузор бошем.
Зинда бод Ваҳдати миллӣ!
Поянда бод сулҳи тоҷикон!
Эрматов Комилҷон - директори Филиали Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ дар вилояти Суғд