Ваҳдати миллӣ барои ҳар як кишвар, бахусус давлатҳое, ки аз ҷанг ва низоъи дохилӣ гузаштаанд, чун Тоҷикистон, аҳамияти ҳаётӣ дорад. Ваҳдати миллӣ арзишест, ки бе он рушду тараққӣ, зиндагии осоишта ва ҷомеаи устувор имконнопазир аст. Ваҳдати миллӣ на танҳо сулҳу суботро таъмин мекунад, балки ягонагӣ ва ҳамбастагии тамоми қишрҳои ҷомеа, новобаста аз мансубияти этникӣ, динӣ сиёсӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Ин як ҳолати тавозун ва эътимоди мутақобила аст, ки дар он шаҳрвандон эҳсос мекунанд, ки онҳо як ҷузъи як миллати бузурганд ва ба арзишҳои умумимиллӣ пойбанданд. Ваҳдати миллӣ дар асоси эҳтироми мутақобила, таҳаммулпазирӣ, адолат ва ҳуқуқи баробари ҳамаи шаҳрвандон бунёд меёбад.
Дар Тоҷикистони азизамон 27 июн ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта мешавад. Ин сана рамзи сулҳ, ҳамдигарбахшӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳёи миллат аст. Маҳз сиёсати Ваҳдати миллӣ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон кишварро аз парокандагӣ наҷот дод. Ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар соли 1997 як руйдоди таърихӣ буд, ки баъд аз гуфтушунидҳои тӯлонӣ ба даст омад ин созишнома танҳо як ҳуҷҷати расмӣ набуд, балки он рамзи таҳаммулпазирӣ ва дарки амиқи аҳамияти сулҳ барои ояндаи миллат буд.
Ваҳдати миллӣ ба шаҳрвандон кӯмак кард, ки эътимоди худро ба давлат ва ба ҳамдигар барқарор кунанд. Ин амр барои барқарорсозии институтҳои давлатӣ ва низоми ҳуқуқӣ муҳим буд. Тавассути муттаҳид намудани қувваҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ, ваҳдати миллӣ имкон дод, ки фарқиятҳо тавассути муколама ҳал шаванд ва аз такрори низоъҳои мусаллаҳона пешгирӣ карда шавад.
Субот ва амният, ки аз ваҳдати миллӣ бармеояд, барои ҷалби сармоягузорӣ, рушди инфрасохтор ва беҳбудии сатҳи зиндагии аҳоли зарур аст. Ваҳдати миллӣ ба таҳкими ҳувияти миллии тоҷикон кӯмак расонд ва эҳсоси ифихорро аз таърих, фарҳанг ва забони худ зиёд намуд.
Имрӯз ваҳдати милли дар ватанамон ба як рукни асосии давлатдорӣ табдил ёфтааст. Он дар сатҳи қонунгузорӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ дастгирӣ меёбад. Мақомоти давлатӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва афроди алоҳида пайваста барои он саъю кӯшиш мекунанд. Идҳои миллӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ ва тарбияи ватандӯстӣ дар мактабҳо ва донишгоҳҳо ҳама ба ҳадафи таҳкими ваҳдати миллӣ равона шудаанд.
Бо вуҷуди дастовардҳои назаррас, таҳкими ваҳдати миллӣ як раванди доимӣ ва онро мушкилоти худ низ ҳамроҳӣ мекунанд. Ба инҳо метавон таъсири гурӯҳҳои ифротгаро, нобаробарии иқтисодӣ ва зарурати мутобиқ шудан ба тағйироти ҷаҳониро дохил кард. Бо вуҷуди ин, бо назардошти таҷрибаи ватанамон дар бартараф кардани мушкилоти бузургтарин, метавон гуфт, ки ваҳдати миллӣ ҳамчунон ҳамчун кафили сулҳу субот ва рушди устувор боқӣ хоҳад монд.
Ваҳдати миллӣ танҳо як шиор нест, балки он як воқеияти ҳаётӣ ва стратегияи муҳимест, ки ба Тоҷикистон имкон дод, ки аз харобаҳои ҷанг бархезад ва ба сӯи ояндаи дурахшон ҳаракат кунад. Ин ганҷинаи бебаҳоро бояд ҳифз ва мустаҳкам кард, зеро он калиди сулҳ, субот ва шукуфоии миллат мебошад.
Ақдодов Саъди – корманди Филиали Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ дар ВМКБ