Тибқи нақша чорабиниҳо дар муассисаи ғайридавлатии коллеҷи "Даво" -и шаҳри Бохтар бо иштироки аъзоёни ҳайати комиссияи озмун ва омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимӣ даври муассисавии озмуни ҷумҳуриявии "Илм - фурӯғи маърифат" баргузор гардид.
Намояндагон дар бораи ҳадафи баргузории озмун изҳори назар карда, аз таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат ба таълиму тарбияи насли наврас, дастгириҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар нисбати соҳаи маориф ёдовар гардид.
Зимни суханронӣ дар хусуси тартиби гузариши даври муассисавии озмун, ҷамъбасти даври шаҳрӣ - вилояти ва роҳхат ба даври ҷумҳуриявӣ, ғамхориҳои Пешвои миллат нисбати хонандагон ва имкониятҳои фароҳамгардида ибрози назар намуд. Инчунин, аз дастгириву ҳавасмандгардонии ғолибони даври ҷумҳуриявӣ хотиррасон карданд.
Гуфта шуд, ки озмун барои санҷиши донишу маҳорат ва фаҳмиши хонандагон имконияти хуб мебошад.
Ба ҳамаи иштирокчиёни даври муассисавии озмуни ҷумҳуриявии "Илм - фурӯғи маърифат" муваффақият таманно карданд. Изҳор гардид,ки озмун ба таври шаффоф ва риоя шудани тамоми талаботҳо баргузор хоҳад гашт.
Баъдан, бо даъвати намояндагони Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар воридшавии хонандагон аз рӯйи тартиби пешакӣ ба синфхонаҳои фаннӣ оғоз гардид.
Хадамоти матбуотии шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар