Чи тавре ки ба ҳамагон маълум аст, рӯзи 5-уми октябр ҳамасола дар кишвари мо ва берун аз он ҳамчун Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, ки ин аз таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва, пеш аз ҳама, аз ғамхорӣ ва пуштибонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи мақоми иҷтимоии забони миллии мо, яъне забони тоҷикӣ, ҳифзу рушди минбаъдаи он гувоҳӣ медиҳад. Зеро, тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармудаанд: “Забон на фақат воситаи муҳимтарини муомилоти инсонӣ ва падидаи иҷтимоист, балки нишонаи асосӣ ва муайянкунандаи асолату ҳувияти миллат мебошад”. Маҳз, чунин ғамхории Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Пешвои миллат аст, ки мақоми забони тоҷикӣ дар ҷомеаи мо хеле боло рафт ва худи забон сол аз сол рушд карда, ҳамқадами замон гардидааст.
Имрӯз забони тоҷикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо ба сифати забони давлатӣ, балки ба ҳайси забони илму фарҳанг ҳам амал намуда истодааст, зеро имрӯз ба ин забон асарҳои зиёди илмӣ таълиф гардида, аз забонҳои дигар ҳам асарҳои зиёди илмию техникӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума мешаванд.
Чунин мақоми баланд ва аҳаммияти иҷтимоии забони тоҷикӣ моро водор месозад, ки ба таълиму омӯзиш, таҳқиқ ва истифодаи шоистаи забони тоҷикӣ бо як муҳаббати бепоёну масъулияти баланд муносибат намоем. Чунин аст, рисолати зиёиёни имрӯза ва ояндаи ҷумҳурии мо, ки аз суханони зерини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд: “Барои озодона бо забони адабии тоҷикӣ сухан гуфтану суҳбат карда тавонистан, бояд ҳар як зиёии тоҷик на танҳо кӯшиш намояд, балки ба дигарон намунаи ибрат бошад.”
Мусаллам аст, ки забон муҳимтарин унсури бақои миллат буда, оинаи рӯзгори гузаштаву ҳозира ва маҷмуи тафаккуру андешаи халқ ба ҳисоб меравад ва он яке аз арзишдмантарин сарчашмаҳои мероси гузаштагон барои наслҳои ояндаи мо арзёбӣ мегардад. Таърихи башар гувоҳ аст, ки халқҳо, миллатҳо ва давлатҳо танҳо бо доштани забони миллии худ устувору пойдор мемонанд. Яъне забони ҳар миллат шарти муҳимтарини пойдории он дониста мешавад.
Бояд бо ифтихор иброз дошт, ки пас аз давлати Сомониён забони миллии мо танҳо дар даврони Истиқлол дар мақоми забони давлатӣ қарор дода шуд. Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои ғанӣ гардонидани забони адабии тоҷикӣ ва ҳифзу рушди он саъйу талош намуда, дар кишвар ҷиҳати рушди он заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудаанд.
Дар баробари ин, як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардида, барои пешрафти он силсилабарномаҳои давлатӣ роҳандозӣ шудаанд, ки ба хотири бузургдошти ин рукни муҳимми давлатдориамон дар қонунгузорӣ тағйирот ворид гардидаву ҳамасола Рӯзи забони давлатиро бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил менамоем.
Чи тавре ки Пешвои муаззами миллат иброз медоранд: «Барои ман забони тоҷикӣ на танҳо воситаи гуфтугӯю муошират ба шумор меравад, балки болотар аз он, шиносномаи миллати азизам, руҳи поки гузаштагонам ва оинаи осори ниёгонам мебошад.
Аз ин рӯ, ман ба ин забони шевои шоирона сидқан арҷ мегузорам, бо ҳисси баланди ватандӯстӣ аз минбарҳои баланд бо ин забон сухан мегӯям, аз лаҳни шакарину дилнишинаш лаззати маънавӣ мебарам ва ҳастиамро бо ҳастии забонам пайванд дониста, ин гавҳари хушоб ва дурри ҷаҳонтобро пайваста ситоиш ва тарғиб менамоям».
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи арзишҳои миллии забониро аз вазифаҳо ва ҳадафҳои асосии худ барои насли имрӯзу фардои ҷомеа ҳисобида, моро вазифадор мекунад, то дар рушду густариши забони давлатиамон чи дар дохил ва чи хориҷ аз он камари ҳиммат баста, кору иқдомоти марбут ба ин масъалаҳоро мунтазам дар тамоми қишри ҷомеа амалӣ сохтаву ба роҳ монем. Зеро, «Забони мо баёнгари сарнавишти мо, мояи ифтихору сарфарозӣ ва пойдевори ваҳдати ҷовидонаи миллати мост».
Бояд зикр намуд, ки кормандони илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар тамоми раванди рушди забони тоҷикӣ дар замони Истиқлол дар пайи амалӣ сохтани дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат фаъолиятҳои босамар ва пажуҳишҳои назаррасе анҷом дода, заминаҳои илмиро барои омӯзиш ва таълими забони тоҷикӣ фароҳам оварда, бо Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Тоҷикистон ҳамкориҳои илмии судмандеро ба роҳ мондаанд, ки натиҷаҳои ин равобит дар таҳияи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, таҳияи “Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030”, лоиҳаи “Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ инъикос ёфтаанд. Дар фарҷоми сухани худ тамоми ҳамватанонамонро бо фарорасии Рӯзи забони давлатӣ самимона табрик намуда, орзуи онро дорем, ки ин забон бо миллати шарафмандаш ҳазорсолаҳои дигар дар саҳифаҳои таърихи башар мондагор гардида, бо ширинию шевоӣ ва гувороии худ дар дили аҳли башар ошёни меҳру садоқат ва муҳаббату самимияти инсониро бо андарзҳои пандомезаш бунёд менамояд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт