Skip to main content

Аз иншои “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ замонҳо сипарӣ шуда, илми бостоншиносӣ рӯи саҳна омад. Ҳар як бозёфти зери хок гӯё калимаи гумгаштаи ҳамон достонҳост: сангҳо бо забони худ сухан мегӯянд, ҳайкалчаҳо боз ҳамон қаҳрамононро ба ёд меоранд ва нақшу нигорҳо аз миёни асрҳо ба суҳбати мо меоянд. Аз ин миён, сарзамини Суғд, ки аҷдоди тоҷикон дар он зиндагӣ доштанд, далоили равшанеро аз ҳамосаҳои “Шоҳнома” ба миён овардаанд. Он чи Фирдавсӣ дертар офарид, мардумони эронитабор дар деворҳои меҳмонхонаҳо, нигоштаҳои беназири рассомон, шифти хонаҳо, кандакориҳо таҷассум намудаанд.

РУСТАМ ВА ФАРОМАРЗ ДАР ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ

Рустами дастон, паҳлавони беназир ва қаҳрамони асосии "Шоҳнома" на танҳо дар матнҳои адабӣ, балки дар санъати тасвирии Суғд низ пеш аз иншо шудани “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ таҷассум ёфта буд. Масалан, соли 1956-1957 Борис Ставийский дар маҳаллаи ашрофзодагони суғдӣ – дар соҳаи бостонии VI ҳуҷраи 41-ро мавриди таҳқиқ қарор дод, ки як толори пазироии андозааш 8 бар 8 метр буд. Дар расмҳои деворӣ нишонаҳо аз достонҳои гуногуни ин шоҳасарро дидан мумкин аст. Агар ду қабати расмҳои деворӣ корнамоиҳои Рустамро нақл намоянд, пас қабати поёнии он аз афсонаву андарзҳои гуногун иборат буда, қабати болоӣ эҳтимолан ба саҳнаи баргузории маросиме бахшида шудааст. Ва қабатҳои дувум ва сеюм як саҳнаи ҷолиби диққатро фарогир буд, ки саворае дар тан қабо аз пӯсти паланг бо аждаҳо ҳарб дорад (расми 1). Рассоми суғдӣ дар ҳар қисмати он пирӯзии савораро бар аждаҳои хашмгину бадҳайбат нишон додааст. А.М. Беленитский ва Б.И. Маршак аз рӯи қабои палангии савора ва аспи сурх ин саҳнаро ба яке аз қаҳрамонҳои “Шоҳнома” – Рустам рабт доданд. Ин силсилаи ҳайратангези расмҳои деворӣ, ки баъдан дар доираи илм бо номи “Силсилаи Рустам”, “Толори Рустам” ё “Рустамнома”-и Панҷакент низ маъруф гашт, на дар деворҳои толори калони подшоҳон, балки дар деворҳои хонаи миёнаҳаҷм дар Панҷакент кашида шуда буд. Онҳоро тақрибан дар соли 740-и милодӣ тасвир кардаанд. Он барҷастатарин намунаи силсилаҳои ривоятист, ки дар Панҷакент пайдо гардид.
Мусаввирони “Рустамнома” кӯшидаанд, ки аз ҷузъиёти изофӣ, мисли манзараороӣ худдорӣ кунанд ва тамоми диққатро ба драматизми байни қаҳрамонҳо равона созанд.

Ҳанӯз ду пора дастхати суғдӣ, ки аз Хутан пайдо гардидаанд ва аз корнамоиҳои Рустам ҳикоят мекунанд: яке дар Китобхонаи миллии Фаронса ва дигаре дар Китобхонаи Британияи кабир нигаҳдорӣ мешавад (расми 2). Пораҳои болозикр, аслан як ҳуҷҷатро ташкил медиҳанд, ки ба асри IX тааллуқ доранд ва қариб 200 сол аз нусхаи пурраи аввалини “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ қадимтар мебошанд. Дар ин ҳуҷҷати суғдӣ аз набардҳои Рустам, паҳлавони Эронзамин ривоят мешавад, ки ӯ танҳо бо як аспи вафодораш – Рахш неруҳои зиёди девҳоро шикаст медиҳад. Хусусияти ҷолиб он аст, ки ин қиссаи суғдӣ бо ягон бахши достонҳои “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ба таври яксон мувофиқат намекунад. Мутаассифона, матн аз миёна оғоз шуда ва дар нимаи сухан қатъ мегардад, бинобар ин, ибтидо ва анҷоми достон барои мо номаълум боқӣ мемонад (расми 4).
Инчунин, аз деворнигораҳои Панҷакенти Қадим, махсусан аз ҳуҷраи 50-и соҳаи бостонии XXIII, деворнигорае ёфт шуд, ки баъдан онро ба қаҳрамониҳои писари Рустам – Фаромарз рабт додаанд (расми 3). Ҳикояи Фаромарз дар асарҳои гуногун, аз ҷумла “Шоҳнома”, “Фаромарзнома”, “Таърихи Систон” ва дигар сарчашмаҳо ба мо мерасад.

ДОСТОНИ ЗАҲҲОК ДАР ҚАСРИ АФШИНҲОИ УСТРУШАН

Яке аз маъруфтарин қиссаҳои “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ достони Заҳҳоки морон аст. Бостоншиносӣ низ нишонаҳои марбут ба ин ривоятро ҳифз намудааст. Дар қасри афшинҳои (шоҳони) Истаравшани бостон (Қалъаи Қаҳ-Қаҳа), дар пештоқи яке аз даромадгоҳҳои қаср кандакорие пайдо шуд, ки аз нигоҳи муҳаққиқон ба яке аз достонҳои “Шоҳнома” – Заҳҳоки морон иртибот дорад. Тасвирҳои ин шоҳкории беназир анъанаи ҳамосии қадимро – муборизаи қувваҳои некӣ (Фаридун ва Коваи оҳангар) бо зиёнкор (Заҳҳок) – инъикос мекунанд, ки дар асри X дар “Шоҳнома” шакл гирифтааст (расми 5).

Ин шоҳкории беназир дар натиҷаи ковишҳои бостоншиносии гурӯҳи бостоншиносони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш (1965-1970) бо роҳбарии Нуъмон Неъматов аз Қалъаи Қаҳ-Қаҳа – боқимондаи шаҳри Бунҷикат, пойтахти Уструшана) ба даст омад. Пештоқи бузурги кандакоришуда, ки болои даромади толори пазироӣ ҷой дошт ва аз се тахтаи ғафс сохта шуда бо андозаи 2,93 метр паҳноӣ, 1,43 метр баландӣ ва 8-9 см ғафсӣ (расми 6) дар сӯхтори қаср сахт осеб дид, вале то ҳол имкон дорад, ки тарҳи умумӣ, мазмуни бадеӣ ва маҳорати олии кандакорӣ барқарор гардад. Ин бозёфт айни ҳол дар Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон дар намоиш аст.

Агар то имрӯз мо қаҳрамонии ниёгони худро танҳо тавассути “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ мешинохтем, акнун дар пеши назар намунаи моддии он дар санъати монументалӣ ва пештар аз замони Фирдавсӣ падидор мешавад.

Бостоншиноси варзида Нуъмон Неъматов қайд мекунад, ки ин ёдгорӣ бо дигар осори Панҷакент ва Шаҳристон пайванди мустақим дорад: дар деворнигораҳои қадима анъанаи ҳамосии “Рустамнома” ва “Фаридуннома”, “Кованома” нигоҳ дошта шудааст. Ҳар ду сюжети ҳамосӣ дар ҳунари минтақаҳои таърихиву фарҳангии Суғд ва Уструшана инъикос ёфта, ба асрҳои VII-VIII рост меоянд ва дар асри X тавассути Фирдавсӣ дар “Шоҳнома” ба шакли адабӣ оварда шудаанд. Ин гувоҳи он аст, ки анъанаҳои эпикии “Шоҳнома” решаҳои рости варорӯдӣ ва бостонии тоҷикӣ дошта, ҳанӯз дар асрҳои аввали миёна дар муҳити суғдию уструшанӣ ташаккул ёфт.

Дар ҳамин замина, Ҳукумати мамлакат бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин асари безаволро ба ҳар хонадони тоҷик туҳфа менамояд, то ғояҳои ватандӯстӣ, инсонгароӣ, меҳру муҳаббат, далериву шуҷоат ва арҷ гузоштан ба сарзамини аҷдодиро дар ҳар нафар тақвият бахшад. Ин ба мо имкон медиҳад, ки ҷойгоҳи шоистаи халқи азизу шарафмандамонро дар масири таърихи башарӣ боз ҳам устувор ва барҷаста намоем ва наслҳои ояндаро бо сарчашмаҳои маънавӣ ва фарҳангии аҷдодони худ шинос созем.

Абдураҳмон ПӮЛОДОВ, директори Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон

Бознашр: https://jumhuriyat.tj/6893-shonoma-dar-edgorioi-tarihii-toikiston.html