Skip to main content
Имсол мо 31-мин солгарди қабули Конститутсияро бо ифтихор ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ ҷашн мегирем. Дар тӯли се даҳсола Конститутсия на танҳо ҳуҷҷати олии ҳуқуқӣ, балки рамзи ваҳдат, сулҳ ва суботи сиёсии ҷомеаи тоҷик гардидааст.

6 ноябри соли 1994 — санаест, ки бо ҳарфи заррин дар таърихи давлатдории навини тоҷикон сабт шудааст. Маҳз дар ин рӯз, пас аз як давраи душвору пурталотум, мардуми Тоҷикистон дар раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуданд. Аз ҳамон лаҳза давлати мо расман ба роҳи демократия, ҳуқуқбунёдӣ ва дунявият қадам гузошт.

Пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ қабули Конститутсия барои миллати тоҷик рӯйдоди сарнавиштсоз буд. Он дар замоне қабул гардид, ки давлатдории тоҷикон аз озмоиши сахт мегузашт. Маҳз ҳамин санади олии ҳуқуқӣ тавонист заминаи ҳуқуқии истиқлолияти сиёсӣ, соҳибихтиёрӣ ва ягонагии кишварро таъмин намояд.

Конститутсия меъёрҳои асосии зиндагии ҷомеаро муайян намуда, ҳокимияти халқиро ҳамчун манбаи ягонаи давлатдорӣ эътироф кард. Мувофиқи он, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ дониста мешаванд

Бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, арзишҳои конститутсионӣ — сулҳ, ваҳдат, адолат ва эҳтироми ҳуқуқи инсон — дар амал татбиқ гардиданд.

Дар давоми 31 сол Тоҷикистон ба як давлати ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявӣ табдил ёфт. Тағйиру иловаҳои минбаъда ба Конститутсия имконият доданд, ки сохтори давлатӣ бо талаботи замон ҳамқадам бошад. Имрӯз Конститутсия ҳамчун санади зинда ва роҳнамои рушди ҷомеа хизмат мекунад — хоҳ дар соҳаи илм бошад, хоҳ маориф, иқтисод ё фарҳанг.

Яке аз нишонаҳои муҳими давлати муосир — пешрафти илм ва дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод аст. Дар ин замина, олимони ҷавони Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) саҳми назаррас доранд.

Онҳо бо илҳом аз сиёсати давлат оид ба рушди илмҳои дақиқ ва татбиқи барномаҳои миллӣ дар самти илм ва технология, тадқиқотҳои муҳимро дар соҳаи астрономия амалӣ менамоянд.

Аз ҷумла, таҳқиқоти олимони ҷавон оид ба механизми фаъолшавии Офтоб, таъсири радиатсияи офтобӣ ба муҳити кайҳонӣ ва иқлим, инчунин истифодаи технологияҳои муосири астрономӣ дар расадхонаҳои астрономии Санглох ва Ҳисор, ба баланд шудани нуфузи илмии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ мусоидат мекунад. Ин дастовардҳо далели равшани онанд, ки моддаи 41-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи шаҳрвандон ба таҳсил ва фаъолияти илмиро кафолат медиҳад, дар амал татбиқ мегардад.

Ҷавонони илмпарвар, аз ҷумла астрономон ва физикҳои ҷавони тоҷик, бо заҳмати эҷодиву таҳқиқотии худ собит месозанд, ки Конститутсия на танҳо санади ҳуқуқӣ, балки рамзи худшиносӣ, масъулият ва рӯҳияи созандагии миллат аст.

Онҳо бо корҳои илмии худ ба рушди устувори кишвар, пешрафти соҳаи илм ва татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон саҳм мегузоранд ва бо ин васила арзишҳои конститутсиониро дар амал таҳким мебахшанд.

Пас аз қабули Конститутсия, Тоҷикистон ба як давлати устувор, ҳуқуқбунёд ва илммеҳвар табдил ёфтааст. Пешрафтҳои илмиву техникӣ ва фаъолияти созандаи олимони ҷавон далели равшани онанд, ки рӯҳи конститутсионӣ — рӯҳи эҷод, адолат ва рушд дар ҷомеаи мо зинда аст.

Бигузор Рӯзи Конститутсия рӯҳи ватандӯстӣ ва ваҳдати миллиро дар қалби ҳар як тоҷик боз ҳам пурра афрӯзад. Омад-омади Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад.

Раҳимзода Фирӯз Акбар и.в. котиби илмии Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон