Баргузории даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии “Илм фукрӯғи маърифат” тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 01 январи соли 2024 № АП – 481, дар тамоми вилояту шаҳру ноҳияҳо бо маром идома дорад.
Шахсиятҳои масъулгаштаи Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва ниҳодҳои дар тобеияти академиябуда, ки барои ташкил ва бо шафофият баргузории Озмун ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва назорати рафти баргузории Озмуни мазкур сафарбар карда шуда буданд, дар ҷойҳои муайяншуда иштироки фаъолона нишон дода, шафофияти рафти баргузории озмунро назорат карда истодаанд.
Имрӯз 24.05.2024 бо мақсади иҷрои ин масъулияти бар душ дошта Раҳимзода Алишер Орзу - директори Институти математикаи ба номи А. Ҷураеви АМИТ ва Ҳамроев Умедҷон – муовини директор оид ба илм ва таълими Институти астрофизикаи АМИТ ба ноҳияи Лахш ташриф оварда, шафофият ва баргузории рафти озмуни зикршударо аз рӯи 7 наминатсия назорат доранд. Гуфтан ба маврид аст, ки масъулини АМИТ – ро муовини соҳавии раиси ноҳияи Лахш - Абдулазиззода Насиба, мудири маорифи ноҳия - Аброров Турабег, мудири рушди истеъдодҳои ноҳия – Қамаров Қурбоналӣ бо як масъулияти баланд ҳамроҳӣ намуданд.