(Ба муносибати таҷлил аз “Рӯзи Ҷумҳурии Ҳиндустон” 26 январ)
Осиёи Ҷанубӣ яке аз минтақаҳои муҳими стратегӣ маҳсуб мешавад, ки бо кишварҳои пуриқтидору стратегии минтақавӣ, аз ҷумла Ҳиндустону Покистон дар ҳалли масоили гуногун нақш мебозад. Кишварҳои минтақа бо ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон равобити хубу ҳасана дошта, дар эҷод ва рушди иқтисодӣ ва тиҷоратӣ муштаракона бо ҳам ҳамкорӣ доранд. Ба муносибати таҷлил аз “Рӯзи Ҷумҳурии Ҳиндустон” хостем назаре ба робитаҳои фароминтақавии кишвари Ҳиндустон дар раванди ҷаҳонишавӣ ё тарҳи “якқутба” ва “бисёрқутба”-и олам диду андешаҳо дошта бошем.
Ҳамасола кишвари таърихӣ ва афсонавии Ҳиндустон дар нимаи охири моҳи январ бо гузаронидани мафҳилҳои асосӣ дар шаҳру минтақаҳо ба хусус пойтахти кишвар шаҳри Деҳлӣ бо ҳамоиши калони ҳарбӣ солгарди Рӯзи Ҷумҳуриро таҷлил намуда, дастовардҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмию техникӣ ва дигар соҳаҳо мавриди намоишу арзёбӣ қарор мегиранд. Мавриди зикр аст, ки Ҳиндустон дар таъмини суботу амнияти байналмилалӣ, ҳалли масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва ҷаҳонӣ дар СММ саҳми арзанда мегузорад.
Робитаҳои Ҳиндустон бо кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ба асри III пеш аз милод рост омада, тавассути Роҳи Абрешим чун воситаи ҳамлу нақли мол хидмат мекард, ҳамкориҳои муштарак доранд. Мавриди зикр аст, ки кишвари Тоҷикистон дар тӯли 35 соли истиқлолият ҳамкориҳои худро бо минтақаи Осиёи Ҷанубӣ хуб роҳандозӣ намуда, дар самтҳои гуногун созишномаҳо ба имзо расонидааст. Ҳамин тариқ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аввалин саммити сарварони кишварҳои “Осиёи Марказӣ – Ҳиндустон” иштирок ва суханронӣ карда, аз таҷрибаи ҳамкориҳои бисёрҷонибаи с кишварҳои минтақа, бахусус дар доираи СММ, СҲШ, МҲТБО , аз ҷумла “Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон” муҳим будани рушди минбаъдаи ҳамкориҳои кишварҳоро бештар таъкид карда, муҳим арзёбӣ намудаст.[1]
Ҷумҳурии Тоҷикистон чун кишвари ташаббускор рушди минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судмандро бо ин кишвар хело хуб ба роҳ мондааст. Дар ин зимн, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо марказҳои илмии кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла бо Ҳиндустону Покистон вусъат пайдо карда, дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ гӯшае бо номи адиби машҳури Ҳинд Раҳул Санкритиян таъсис дода шудааст, ки бо нависанда ва қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ аз наздик шиносоӣ дошта, миёни ҳам мукотиба доранд. Нависанда чанд асари устод Айниро ба забони ҳиндӣ тарҷума карда, аз аввалин тарҷумони осори Айнӣ шарафёб гардид.
Тибқи санадҳои дарёфтшуда, корномаву қаҳрамониҳои Айниро аввалин маротиба дар Ҳиндустон адиб, тарҷумон, нависанда ва тоҷикшиноси ҳинд Раҳул Сакритиян муаррифӣ кардааст. Мавриди зикр аст, ки Раҳул Санкритияян тарҷумон, нависанда ва адиб санаи 9-уми апрели 1893 дар деҳаи Пандаҳа, ноҳияи Азамгҳари вилояти шарқии Утар Прадеши Ҳиндустон таваллуд шудааст.
Дар забони адабиёти ҳиндӣ адибро чун қаландар ё мусофир мешиносанд, зеро вай чиҳилу панҷ соли ҳаёташро дар сафар ва берун аз маҳал гузарондааст. Аввалҳо ӯ ба ҳайси намояндаи мазҳаби Буддои буда, ба ҷойҳои зиёде аз ҷумла ба Шриланка сафар мекунад ва бо худ номи Раҳулро сарфароз мешавад. Дертар вай ба кишвари Россия мусофират карда, бо адибони рус ва собиқ донишмандони Иттиҳоди Шуравӣ шинос шуда, муддате дар онҷо кору фаъолияти илмӣ мекунад. Чун адиб ва тарҷумон бо забонҳои рӯсӣ ва форсӣ-тоҷикӣ шавқи адабӣ пайдо карда, ба омӯзиши ин забонҳо бештар машғул мешавад. Илова аз забони ҳиндӣ, урду, арабӣ Раҳул забони форсӣ-тоҷикиро низ медонист. Дар аснои сафараш ба Россия ӯ бо устод Садриддин Айнӣ шиносоӣ пайдо карда, бо асарҳояш аз наздик шинос мешавад ва равобити адабии худро оғоз менамояд. Баъди бозгашт ба Ҳиндустон чанд асари устод Айниро мутолиа карда, ба забони ҳиндӣ тарҷума мекунад ва аввалин тарҷумони осори Айнӣ дар ин кишвар шинохта мешавад. Раҳул Санкритияян аз воқеаҳои солҳои 1917 хело таъсир гирифта, майлу рағбаташро ба ҳаёту низоми онвақта мусбат нишон медиҳад.[2]
Адибону муҳаққиқону муаррихони тоҷик, ба хусус шоир ва қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бо таълифоти асарҳои машҳураш ба мисли “Қиссаи Ҳиндустон, Садои Осиё ва ғайра дар бораи сарзамин Ҳиндустон ва мардумони он маълумотҳо дода, бо забони шеър ҳамаи гуфтаҳояшро баён кардааст. Робитаҳои фарҳангиву адабии кишвари Ҳиндустон дар асарҳои ҳиндшиноси тоҷик профессор Ҳабибулло Раҷабов хело хуб баррасӣ гардидааст. Ӯ дар зарфи беш аз 50 соли фаъолияти илмӣ беш 20 китоб, аз ҷумла «Ин аст Ҳиндустон», «Таърихи адабиёти Ҳиндустон дар давраи нав» ва беш аз 200 мақолаи илмӣ таълиф карда, чандин асарҳои нависандагони машҳури Ҳиндро ба забони тоҷикӣ тарҷума намуда, дар ташаккули робитаҳои илмии Тоҷикистону Ҳиндустон саҳми босазо гузоштааст.
Профессори кафедраи филологияи ҳинди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҳабибулло Раҷабов аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон бо ҷоизаи «Падма Шри» («Ордени нилуфар») сарфароз гардонида шуд. Донишманди тоҷик барои дастовардҳои назаррас, саҳми бузург ва хизматҳои шоёнаш дар ташаккули ҳамкории илмию фарҳангии Тоҷикистону Ҳиндустон дар бахши «Адабиёт ва маориф» бо Ордени «Падма Шри» мукофотонида шуд[3].
Дар ин зимн, олимон ва муаррихону ходимони илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ рушди равобити забону адаб, фарҳангу сайёҳат ва тиҷоративу иқтисодро бо минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ба хусус Ҳиндустону Покистон хело муҳим арзёбӣ мекунанд. Ҳамин тавр, илм ва маориф дар давлатҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ аз ҷониби донишмандони Институт ба хусус Ҳайдарзода Рустам Ҷӯра, Қурбонова Ширин, Сангинзод Дониёр мавриди омӯзиши хос қарор гирифтааст[4].
Дар ин зимн, доктори илмҳои таърихи Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ Санавбарбону Воҳидова китоберо зери унвони “ЁДЕ АЗ ҲИНДИ БУЗУРГ” таҳия карда ба нашр расонидааст, ки аз натиҷаи пажӯҳиши чандинсолаи муаллиф ба даст омадааст. Ба андешаи муаррих ва профессори тоҷик Турсунов Турсунмурод китоби мазкур натиҷаи пажӯҳиши бисёрсолаи муаллиф буда, ҷанбаҳои мухталифи робитаҳои таърихӣ, адабӣ ва дипломатиии Тоҷикистону Ҳиндустонро фаро мегирад ва бо диди нав ва сарчашмаҳои муътамади олимони Олмон, Рус, ва мамолики шарқ таълиф шудааст.
Ҳамин тавр, дар китоб пайванду рушди равобити забону адаб, фарҳангу сайёҳат ва симои бузургони илму адаби барҷаста, аз ҷумла, Ҳофиз, Хайём, Иқбол, Турсунзода ва дигарон хело хуб баён шудааст, ки дар рушди робитаҳои минтақавӣ ба хусус “дипломатияи фарҳангӣ” нақши калидӣ маҳсуб меёбанд. Китоб дар арафаи таҷлил аз “Рӯзи Ҷумҳурии Ҳиндустон” туҳфаи у хело хуб буда, замини дӯстиро миёни кишварҳо бештару беҳтар фароҳам месозад.
Таҷлили Рӯзи Ҷумҳурии Ҳиндустон як ҷашнвораи миллии Ҳиндустон буда, ба муносибати қабули Конститутсияи Ҳиндустон дар санаи 26 январи соли 1950 пазируфта, санаи 4 ноябри соли 1948 лоиҳаи ниҳоии Конститутсияро ба Анҷумани муассисон пешниҳод шуда, аз санаи 26 январи соли 1950 чун Рӯзи Ҷумҳурӣ бо барафрохтани парчами миллӣ ҷашн мегардад[5].
Мавриди зикр аст, ки тиҷорат ва савдои хориҷӣ ба самаранокии ҷаҳонӣ мусоидат намуда, дар рушд, таъсиси ҷойҳои корӣ ва рушди иқтисодӣ нақши муҳим мебозад. Дар гузориши солона шарҳи мухтасари маҳсулоти асосии содирот ва воридоти Ҳиндустон ва шарикони калидии кишварҳои содирот ва воридотро дар соли тақвимии 2024 пешниҳод карда, вазъи тавозуни тиҷоратии Ҳиндустонро дар соли тақвимии 2011-12 то 2024-25 нишондиҳӣ намудааст.[6]
Кишвари Ҳиндустон дар низоми иқтисодии муосир бо барномаву ташаббусҳои созандаи худ нақши калидӣ дошта, бо кишварҳои Халиҷ муносибатҳои хуби тиҷоратӣ дорад, ки пайваста аз Ховари Миёна ба минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ҳаҷми зиёди нафт, газ ва сармоягузорӣ ворид шуда, созишномаҳо оид ба муҳоҷирати корӣ ва технологияи муосир мавриди истифода қарор мегиранд. Робитаҳои миёни ин кишварҳо таърихи садсолаҳо дошта, аз санаи таъсисёбии Ширкати Ҳиндустони Шарқии Бритониё солҳои 1600 роҳандозӣ шуда, амал мекард. Сайёҳон аз минтақаи Халиҷ дар Ҳиндустон, бахусус дар минтақаҳои ҷанубу ғарбӣ зиндагӣ, тиҷорат, таҳсил намуда, миёни ҳам қаробат пайдо карда, издивоҷ мекарданд. Бо гузашти замон бисёре аз ин мардумон марказҳои таълимӣ ва тиббӣ таъсис дода, робитаро истеҳком бахшиданд.Бозаргонону тоҷирони Халиҷ барои сафарҳои баҳрӣ ба Ҳиндустон аз киштиҳои бодии анъанавӣ истифода мекарданд. Тавассути киштиҳои бодбонӣ аспҳо ва хурмоҳои арабиро интиқол дода ва бо мушку анбар, чӯб ва матоъҳои ҳиндӣ бармегаштанд.
Тибқи баррасиҳои муҳаққиқ ва иқтсидошиноси кувайтӣ Амир Зиоб-ал- Тамимӣ муносибатҳои иқтисодӣ байни Ҳиндустон ва Халиҷ тавассути Ширкати Ҳиндустони Шарқӣ бештар таҳкиму тавсеа пайдо карда, тибқи талаботи давр маводҳои гуногун аз қабили пахта, абрешим, рангҳо ва чой тиҷорату табодул мешуд. Ҳамин тариқ, давлатмардони ҳар ду кишвар аз бандарҳо ва сарбозони шимолии Халиҷ барои мубориза ба муқобили роҳзанон истифода мекарданд, ки англисҳо дар аввали асри XIX, бритониёиҳо ду маъракаи бузурги низомӣ бар зидди роҳзанҳо, ки дар Рас-ал-Хайма ва Шарҷа ҷойгир буда, анҷом доданд[7].
Ҳамин тавр, нақши Ширкати Ҳиндустони Шарқӣ дар самтҳои гуногун хело муҳим буда, рушди тиҷорат инкишоф пайдо карда, тавассути сиёсат ва дипломатия тавсеа меёфт. Дар ин зимн, мақомоти мустамликавии Бритониёи Ҳиндустон якчанд кишварҳои Халиҷро тавассути шартномаҳо муҳофизат мекарданд ва рупияи Ҳиндустонро ҳамчун пули миллӣ дар иёлотҳо ба монанди Баҳрайн ва Кувайт истифода мекарданд.
Дар аввалҳои асри XX муносибатҳои тиҷоратии байни Ҳиндустон ва минтақаи Халиҷ рушди бештар пайдо карда, соҳибкорону тоҷирон аз кишварҳои Баҳрайн, Кувайт ва Уммон ба хариду фурӯши марворид оғоз карданд. Илова аз он, андозҳои воридот ва содирот низ манбаи муҳими дигари даромад барои кишварҳои Халиҷ буд, ки механизмҳои тиҷоратӣ дар баробари пешрафтҳои технологӣ, аз ҷумла беҳтар шудани муошират ва сафарҳои ҳавоӣ, ташаккул ёфта, дар замони ҳозир дар авҷу шукуфонӣ қарор дорад.
Тибқи баррасиҳо табодули тиҷорат миёни Ҳиндустон ва кишварҳои Халиҷ дар солҳои 2023 ва 2024 ба 161,6 миллиард доллар ташкил медод, ки 105,3 миллиард доллар воридоти Ҳиндустон аз кишварҳои Халиҷ ва 56,3 миллиард доллар содирот ба кишварҳои Халиҷ мерасид , ки қисми асосӣ аз нафт ва газ иборат буд.
Аморати Муттаҳидаи Араб муҳимтарин шарики тиҷоратии Ҳиндустон дар Халиҷи Форс буда, Арабистони Саудӣ аз рӯи ҳаҷм дуввумин кишвар мебошад. Тибқи иттилои Оҷонсии Байналмилалии Энергетика, кишварҳои Халиҷ ба ҳисоби миёна 12,2 миллион баррел нафт ба Ҳиндустон содир мешавад, ки аз он 6,4 миллион баррел аз Арабистони Саудӣ мебошад.
Аз гузашти дур то ба имрӯз минтақаи Халиҷ макони бузурги муҳоҷирони Осиёи Ҷанубӣ, аз ҷумла ҳиндуҳо буда, бисёре аз онҳо дар бахшҳои тиҷорат, амволи ғайриманқул ва молиявӣ фаъолият доранд. Ин сармоягузорони ҳинтабор якҷоя бо шаҳрвандони кишварҳои Халиҷ дар соҳаҳои хизматрасонӣ, истеҳсолот, рушди амволи ғайриманқул ва сохтмон ҳамкорӣ доранд. То солҳои 2024 тавассути саҳмия ва фондҳои кишварҳои Халиҷ 24,5 миллиард доллар дар Ҳиндустон сармоягузорӣ шудааст.
Ҳамин тариқ, рушд ва афзоиши сармоягузориҳои Халиҷ дар тиҷорату иқтисоди Ҳиндустон хуб роҳандозӣ шуда, муҳити мусоиди тиҷоратиро барои сармоягузориҳои хориҷӣ фароҳам меорад.
Муносибатҳои Ҳиндустон бо кишварҳои Халиҷ тавсеа ёфта, беш аз 9,6 миллион шаҳрвандони ҳинтабор дар ин ҷо кору фаъолият карда зиндагӣ мекунанд, ки аз ин шумора 3,4 миллион нафар дар АМА, 2,6 миллион нафар дар Арабистони Саудӣ, 1,4 миллион нафар дар Уммон, 1,2 миллион нафар дар Кувайт, 700,000 нафар дар Қатар ва 300,000 нафар дар Баҳрайн ташкил медиҳад.
Ҳиндуҳо саҳми назаррас дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Халиҷ гузоштаанд ва ба тақвияти робитаҳои фарҳангӣ мусоидат кардаанд. Интиқоли пулии онҳо аз Халиҷ низ назаррас аст. Тибқи маълумоти Бонки захиравии Ҳиндустон, аз 20 то 30% ин интиқолҳо аз АМА ворид шудаанд. Маблағи умумии интиқоли маблағ ба Ҳиндустон дар солҳои 2023-24 қариб 130 миллиард долларро ташкил дод, ки 3,4%-и маҷмӯи маҳсулоти дохилии Ҳиндустонро ташкил медиҳад.
Аз тарафи дигар, раванди сиёсати байналмилалии Ҳиндустон новобаста аз он дар қудрат аст, тағйироти ҷиддии сиёсатро пешниҳод намекунад. Ҳиндустон бо Чин мувозинати рақобатпазиро идома хоҳад дод. Ин маънои онро дорад, ки Ҳиндустон бояд равобити худро бо Ғарб ва Иёлоти Муттаҳида тавассути шарикӣ Quad ё Муколамаи чаҳорҷонибаи амниятӣ (QSD), ки маъмулан бо номи чаҳоргона маъруф буда, чун як муколамаи стратегии амниятӣ байни Австралия, Ҳиндустон, Ҷопон ва Иёлоти Муттаҳида мебошад, ки тавассути музокироти кишварҳои узв нигоҳ дошта мешавад, идома медиҳад. Ҳамин тавр, эҳтимол меравад, ки ҳукумати нави Моди дар раванду равиши сиёсати хориҷии худ бештар эҳтиёткор хоҳад буд[8].
Дар раванди ҷаҳонишавӣ Ҳиндустон ва кишварҳои Халиҷ талош доранд, то муносибатҳои иқтисодиро дар рушди соҳаҳои гуногун, ба хусус корхонаҳои муштарак, истифодаи таҷрибаи Ҳиндустон дар соҳаи энергия, иқтисоди рақамӣ, технология, инноватсия,варзишу саноату тиҷорат ва таҳқиқоти илмӣ бештару беҳтар густариш диҳанд.
Ҳамин тавр, таҷрибаи Ҳиндустон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ аз ҷониби давлатҳои Халиҷ низ хуб пазируфта шуда, ҳар ду хоҳони истифода аз ҳунару маҳоратҳои корӣ, имкониятҳои бештари ҳамкорӣ дар рушди системаҳои таълимӣ ва омӯзишӣ дар соҳаҳое ки дар бозори меҳнати Халиҷ талабот доранд, мавриди амал қарор гиранд.
Бояд қайд кард, ки бо вуҷуди робитаҳои хубу ҳасана миёни Ҳиндустон ва кившарҳои Халиҷ 41% аҳолии табақаи миёнаи кишвар ва шарикии иқтисодии он бо қудратҳои бузурги саноатӣ ба хусус ИМА, Ҷопон ва Олмон бештар вобастагӣ дорад, вале бо раванди ҳамаи он муносибатҳои қадимии иқтисодии Ҳиндустон ва Халиҷ қавӣ ва пур аз имкониятҳо боқӣ хоҳад монд.
Хулосаи калом, рушди иқтисодӣ, беҳтар шудани сатҳи зиндагӣ ва бахши хусусӣ шаҳодат аз он , ки Ҳиндустон талаботи карбонии худро ба кишварҳои Халиҷ афзоиш медиҳад. Дар баробари ин, кишвари Ҳиндустон бо афзоиш додани шумораи сафарҳои расмӣ муносибатҳои дипломатиро бо ин кишварҳо тақвият додааст. Ҳиндустон бо роҳбарияти интихобшуда бо роҳандозии хуби ҳамкорӣ бо ҳамсоякишварҳо ва созмону форумҳои минтақавиву фаромантиқавӣ бахусус СММ, СҲШ, СААРК, МҲТБО ва давлатҳои ҷаҳон аз ҷумла Тоҷикистон ҳамчун кишвари бузуртарини демократӣ хубтар ба роҳ монда, ҳамкориашро идома хоҳад дод. Бо чунин андешаҳои донишмандон метавон хулосабарорӣ кард, ки равобити Тоҷикистон бо кишварҳои минтақа аз ҷумла Ҳиндустон муҳим арзёбӣ шуда, аз тағйирёбии вазъи геополитикӣ ва роҳу раванди сиёсати хориҷӣ он кишварҳо таъсирпазир хоҳанд шуд. Ба назари нигорандаи сатрҳо рушди иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии миёни кишварҳо, хусусан сулҳу суботу созандагӣ, стратегияи рушди инсонӣ, афзоиши тиҷорат, бо истифода аз дипломатияи мардумӣ минтақаро ба як маркази пешрафтаи ҷаҳон табдил хоҳад дод.
Мирсаид РАҲМОНОВ, - ходими калони илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубу
Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
Адабиёти истифодашуда:
1. Ҳайдарзода Рустам Ҷӯра, Қурбонова Ширин Исмоиловна, Сангинзод Дониёр Шомаҳмад. Илм ва маориф дар давлатҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ: Ҷанбаи таърихӣ, иҷтимоӣ, ва ҳуқуқӣ.Монография-Душнанбе, 2025.-215 с.
2. Мирсаид Раҳмонов.Ҳамкориҳои Ҳиндустону Осиёи Марказӣ: имконот ва чолишҳо https://www.osiyoavrupo.tj/tg/post/amkori-oi-industonu-osijoi-markaz-imkonot-va-cholish-o (санаи муроҷиат: 17.01.2026)
3. Раҳмонов Мирсаид. Раҳул Санкритияян – нахустин тарҷумони Садриддин Айнӣ ва пайвандгари адабу забон ва дӯстии мардумони Тоҷикистону Ҳиндустон (Ба муносибати 9 ва 15 апрел-зодрӯзи устод Садриддин Айнӣ ва Раҳул Санкритияян). https://osiyoavrupo.tj/tg/post/ra-ul-sankritiyayan-nakhustin-tar-umoni-sadriddin-ajn-va-pajvandgari-adabu-zabon-va-d-stii-mardumoni-to-ikistonu-induston-ba-munosibati-9-va-15-aprel-zodr-zi-ustod-sadriddin-ajn-va-ra-ul-sankritiyayan (санаи муроҷиат: 10.01.2026)
4. АМИТ Ховар. Донишманди тоҷик, муаллифи асари «Ин аст Ҳиндустон» сазовори ҷоизаи «Падма Шри» гардид. https://khovar.tj/2018/02/donishmandi-to-ik-muallifi-asari-in-ast-induston-sazovori-oizai-padma-shri-gardid/
5. Нигоҳи мухтасар ба 76-умин Рӯзи Ҷумҳурии Ҳиндустон (Ба пешвози Рӯзи Ҷумҳурӣ 26 январ) https://www.osiyoavrupo.tj/tg/post/nigohi-muhtasar-ba-india (санаи муроҷиат 10.01.2026)
6. A Quick View of India’s Trade Scenario https://www.dgciskol.gov.in/writereaddata/Downloads/20250819155439A%20Quick%20View%20of%20Indias%20Trade%20Scenario.pdf (санаи муроҷиат 18.01.2026)
7. Аmer Ziab al-Tamimi. India and the Gulf: ancient trading ties still flourishing today. https://en.majalla.com/node/326362/business-economy/india-and-gulf-ancient-trading-ties-still-flourishing-today (санаи муроҷиат 15.01.2026)
8. Рахмонов Мирсаид. Нигоҳе ба ҳамкориҳои Тоҷикистону Ҳиндустон ва интихоботи навини он аз диду назари донишмандону дипломатҳо. https://www.osiyoavrupo.tj/ru/post/nigo-e-ba-amkori-oi-to-ikistonu-induston-va-intihoboti-navini-on-az-didu-nazari-donishmandonu-diplomat-o (санаи муроҷиат: 12.01.2025)
