Skip to main content
Истиқлол – ин диди нав, тафаккури нав нисбат ба халқ, давлат, миллат, фарҳанг ва озодиҳои ҳар як инсон аст, ки намояндагӣ аз он давлат, сарзамин ва тамаддун мекунад. Диди нав бошад, – ин шинохти масъулият назди худ, миллат, забон, фарҳанг, дар назди наслҳои оянда мебошад. Диди нав барои насли имрӯзи тоҷик зодаи Истиқлол аст. Аз ин рӯ, он бояд моро аз тафаккури кӯҳна раҳо карда, ба сӯйи фаъолияти созандагӣ ҳидоят намояд, то мо сатҳу сифати дониш ва шароити зиндагии муосидро барои насли имрўз ва ояндаи хеш фароҳам оварем.

123Истиқлол - ин ҳувият, хештаншиносист, ки инсонро барои арҷ гузоштан ба арзишҳои фарҳанги миллӣ, рушду таҳаввул додан ва муаррифӣ намудани онҳо ҳидоят менамояд. Аз ин рў, мафҳум ва моҳияти асосии Истиқлол - на фақат ифодакунандаи падидаҳои ҳуқуқӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ мебошад. Яке аз пояҳои устувору маҳками он тафаккури иҷтимоиест, ки дар он Истиқлоли Тоҷикистон бо истиқлоли конститутсионии ҳар шаҳрванди он вобаста мебошад.

Баръакс, бе Истиқлол, таъриху забон фаромӯш мешаванд ва фарҳанг таҳти таъсири бархӯрдҳо моли бегонагон мегардад, давлату миллат маҳв мешавад. Истиқлол – имкон медиҳад, ки анъанаҳо эҳё шаванд, хештаншиносии мардум такмил ёбад ва хотираи таърихиаш қавӣ гардад, соҳибватан ҳомӣ ва муҳофизи марзу бум, хонаву дар, фарзанду пайвандон, дар маҷмуъ, кулли ҷомеа бошад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Артиши миллӣ зодаи давраи Истиқлол аст. Ҳадаф аз таъсиси он ҳимояи марзу буми кишвар, таъмини амнияту суботи ҷомеа, зиндагии осудаи ҳар як фарди бедордили ватани азизу маҳбуб, обу хоку ҳаво поки он мебошад.Зеро, бо таъкиди Пешвои миллат артиш - кафили амнияту якпорчагии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон аст ва хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои низомӣ таъмингари амният ва зиндагии осудаи сокинони кишвар мебошанд.

Аз ин рӯ, ҳар як афсару сарбози шуҷои кишвар, ҳамчун сипари боэътимоди Ватан дар иҷрои вазифаҳои хизматиашон бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд ва ҳаргиз фаромӯш накунанд, ки фазои орому осудаи имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол бар ивази ҷони садҳо нафар ҷавонмардони бо нангу номуси миллат бадаст омадааст. Илова бар ин, ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки мардуми Тоҷикистон бо хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи худ ифтихор намуда, дар симои ҳар яки онҳо фарзандони далеру шуҷоъи Ватани азизамонро мебинанд ва бовар доранд, ки онҳо ба савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқу вафодор мемонанд. Ҳар ҷавон бо хизмати содиқона бояд исбот намояд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар ҳақиқат сипари боэътимоди давлат, ҳимоятгари сокинони кишвар ва сулҳу ваҳдат дар ҷомеа мебошад.

Агар ба таърихи таъсисёбии Артиши миллӣ таваҷҷуҳ диҳем месазад зикр намуд, ки аввалин қароре, ки «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид ба рӯзи 18-уми декабри соли 1992 рост меояд. Мувофиқ ба он Артиши миллӣ дар заминаи «Фронти халқӣ» ва қувваҳое, ки Ҳукумати конститутсионии кишварро эътироф мекарданд, таъсис дода шуд. Рӯзи 23-юми феврали соли 1993 бошад, дар шаҳри Душанбе аввалин маротиба паради ҳарбӣ баргузор гардид, ки он рӯз расман рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Бинобар ин, аз он рӯз то инҷониб ин рӯзи таърихӣ ҳамчун як саҳифаи дурахшон, рӯзи ҷашни Артиши миллӣ таҷлил мешавад.

Мувофиқ ба ин матлаб Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқен зодаи даврони истиқлол мебошад ва дар шароити ниҳоят вазнин, аввалан пошхӯрии артиши шӯравӣ ва баъдан шурӯъи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки хатари нобуд гаштани Тоҷикистонро пешорӯ меовард, таъсис ёфтааст. Дар ибтидои таъсисёбӣ низ дар қиёс бо дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна аз Артиши шуравӣ ба Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ягон кӯмаки моддӣ расонида нашуд ё аз мероси боқигузоштаи Артиши шӯравӣ артиши Тоҷикистон аз васоити техникии ҳарбию ҷангӣ бенасиб монд. Бо вуҷуди ин ҳама беадолатиҳо, нодидабиниҳо роҳбарияти ҷумҳурӣ ба такмили он, вусъат додани ҷузъу томҳояш ақлонӣ талош варзиданд, аз ҳикмати асилзодагони худ андар боби таъсиси аскардорӣ таҷриба андӯхтанд, шуҷоату мардонагиро марому мақсади ҳаёти худ ва зиндагии осудаи мардум шуморида, ба пеш барои ояндаи орому осудаи Тоҷикистон гомҳои устувор ниҳоданд.

Ҳамаи ин ҷаҳду талошҳо дар ниҳоят беасар намонд, балки самараи нек овард ва бо баробари ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ҷонфидоию ватандӯстии фарзандони миллат ва марҳилаҳои баъдии рушди давлатдории миллӣ ҷузъу томҳои Артиши миллӣ ба як неруи қудратманди низомии минтақа, муҳофизи сулҳу суббот ва фазои орому осоиштаи кишвар табдил ёфт, ки имрӯз ба Ватан ва халқи шарифи худ содиқона хизмат мекунанд.

Бо вуҷуди муваффақияту дастовардҳои зиёди назарраси нойилшуда имрӯз низ Ватан назди фарзандони далеру шуҷоъи худ вазифа пеш мегузорад, ки вобаста ба бархурдҳои ҷомеаи муосир, таҳдиду фишорҳои давлатҳои абарқударт ҳар як афсару сарбози шуҷоъ, ки ҳақиқатан сипари боэътимоди Ватан мебошанд, бояд дар иҷрои вазифаю уҳдадориҳои хизматиашон мудом ҳушёру зирак бошанд, барои устувории ваҳдати миллӣ, суботу зиндагии орому осудаи мардум ҷони худро дареғ надоранд; ба савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқу вафодор монанд. Эҳсос намоянд, ки хизмати ҳарбӣ пеш аз ҳама аз муҳофиз иродаи қавӣ, донишу маърифати замонавӣ, садоқату самимиятро ба халқу Ватан талаб менамояд.

Самиев Б.Ҷ. – мудири шуъбаи фалсафаи фарҳанги Институти

фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ