Skip to main content

“Артиши миллӣ такягоҳи давлат ва сипари боэътимоди миллат аст. Вазифаи асосии он таъмини амнияти Ватан, сулҳу субот дар кишвар ва тамомияти арзии он мебошад. Эътимоди халқ бояд комил бошад, ки Артиши миллии мо ба ҳифзи Истиқлол ва амнияти мамлакатамон аз ҳама гуна дастдарозӣ ба мо қодир аст.”

Эмомалӣ РАҲМОН

123Тавре ҳамагон хуб медонанд, Артиши миллиро бидуни мавҷудияти сарбозону афсарони баландрутбаи он ва инчунин яроқу аслиҳа ва техникаву таҷҳизоти зарурӣ тасаввур кардан амрест маҳол. Хушбахтона, имрӯзҳо Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати тинҷию осоиштагии марзу буми худ ва соҳибистиқлолии кишварамону ҳамзамон дастгириҳои пайвастаю ғамхоронаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Генерали Артиши миллӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон, Президенти маҳбуби мамлакат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ ва бунёдгузори асосии он дар замони соҳибистиқлолӣ Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи 34-сол инҷониб фаъолият намуда истода ва ҳамзамон ба як қатор комёбиҳои назаррас мушарраф гардидааст, ки боиси ифтихори ҳамагон аст.

Чӣ тавре, ки муҳтарам Ҷаноби Олӣ дар яке аз суханрониҳои худ басо ҳам хуб гуфтаанд:”Артиши мо имрӯз бояд чунин Артише бошад, ки ба меъёрҳои низоми ҳарбии имрӯзу фардо пурра ҷавоб диҳад. Артише, ки ба манфиати давлати соҳибистиқлол ва ҷомеаи демократии ҳуқуқбунёд хизмат намояд ва тимсоли муҳаббати бепоён ба Ватани ягона гардад.”

Оре, басо ҳам дуруст қайд кардаанд Президенти мамлакат ва инчунин мусаллам аст, ки соли 1992 баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди абарқудрати Шуравӣ сарфи назар аз он ки кишварамонро вазъи бениҳоят печидаи ҳарбӣ - сиёсӣ ва муноқишаҳои дохилӣ фарогир буд, аммо Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷони худро ба кафи даст гузошта, худро ҳамчун кафилу бунёдгузори Артиши миллӣ ва дигар сохтору воҳидҳои низомии кишварамон муаррифӣ карда тавонистанд. Чунки Артиши миллии кишварамон маҳз дар замоне бунёд гузошта шуд, ки раванди басо ҳам тезутундшавии вазъи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат дар ҳолати бениҳоят вазнину ноором қарор дошт ва низомиёни касбӣ дар кишварамон, қариб, ки набуданд ва инчунин вуҷуд ҳам надоштанд.

Лозим ба тазаккур аст, ки ташкил гардидани Артиши миллии мо дар заминаи сифр холӣ ба вуқуъ пайваста буд. Тавре аз таърихи бунёдгузории ин ниҳоди зарурӣ бармеояд, нахустин маротиба дар ин хусус замина интишори Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 24-уми декабри соли 1991 “Дар бораи ташкил намудани Горди миллӣ” маҳсуб меёфт. Зеро, маҳз рӯзи 18 - уми декабри соли 1992 зимнан қарори махсуси Раёсати Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул карда шуд, ки заминаи ҳуқуқии Артиши миллиро фароҳам овард.

Баъдан, танҳо баъди ба сари ҳокимият омадани ҳукумати қонунӣ дар рафти баргузории Иҷлосияи 16 - уми сарнавиштсозу таърихии Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масоили ташкил ва таъсиси Артиши миллӣ ба таври амалӣ сурат гирифт.

Ҳамин тариқ, рӯзи 23 - юми феврали соли 1993 дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе нахустин маротиба паради ҳарбӣ баргузор гардид, ки он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд.

Лозим ба тазаккур аст, ки зимни ташкилу таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 1997 дар маҷмуъ се навъи асосии қӯшунҳо, аз қабили: Қӯшунҳои хушкигард, Қувваҳои ҳарбӣ - ҳавоӣ ва инчунин Қӯшунҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ иборат буданд.

Ҳоло, ба ғайр аз ҷузъу томҳои тобеи навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар тобеияти Вазорати мудофиаи кишвари соҳибистиқлоламон қисму воҳидҳои низомии алоҳида ва мухталифи зиёде аз қабили Литсейи ҳарбӣ, Донишкадаи ҳарбӣ, Полки комендантӣ, қисмҳои ҳарбии таъминотӣ ва инчунин дигар идораҳои ҳарбӣ мавҷуданд, ки ҳамаи онҳо дар ибтидои ташкилшавии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, айни замон марбут ба иҷрои вазифаҳои муҳимми соҳавӣ корҳои зиёдеро дар самти ба худ марбута сарбаландона ба сомон мерасонанд.

Айни замон, мардуми шарифи кишварамон бо тамоми ҳастӣ идрок менамоянд, ки маҳз кулли ҷузъу томҳо ва сохторҳои марбутаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирию ҳидоятҳои Ватандӯстонаи Пешвои муаззами миллатамон Сардори давлат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама вазъу ҳолат қудрати кофӣ доранд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҳар гуна хавфу хатар ва чолишҳо муҳофизат намоянд.

Чунки маҳз дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дарҷ шудааст, ки ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими Истиқлолият ва инчунин иқтидори мудофиавии он вазифаи басо ҳам муқаддаси ҳар як шаҳрванди ин марзу бум аст. Аз ин рӯ, ҳар кадоми мо муваззафем, ки қарзи сарбозии худро сарбаландона ба иҷро расонем ва ҳамзамон ба Ватани азизу ҷоноҷон ва соҳибиқболу соҳибистиқлоламон ҳамеша хизмат намоем.

Лозим ба тазаккур аст, ки маҳз дар замони ҷаҳонишавии босуръат ва инчунин бархурди тамаддунҳо артиши муосирро ҳаёт бо санҷишҳои мудҳише рӯ ба рӯ кардааст. Чунончӣ, масоили хавфноке аз қабили терроризм ва экстеремизм барин мафҳумҳо айни замон кулли мамолики оламро ба таҳлука афкандааст. Аз ин рӯ, алайҳи ин гуна падидаҳои носолим тадбирҳои судманду дастаҷамъӣ андешидан лозим аст. Бинобар ин ҳамагонро зарур аст, ки аз як гиребон сар бароварда, баҳри решакан кардани ин гуна омилҳои хатарнок ҳамеша тадбирҳои судманд андешидан даркор аст.

Аз мавриди муносиб истифода бурда, кулли сарбозони шуҷоъу диловари Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ходимони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба муносибати ҷашни 23-юми феврал - Рӯзи таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро самимона шодбош гуфта, барояшон пеш аз ҳама саломатии бардавом ва хидмати хубу содиқона ба нафъи халқу меҳан орзумандем.

Бобозода Бақохоҷа Бобо - директори Институти

ботаника, физиология ва генетикаи растании АМИТ