«Метавон бо сарбаландӣ гуфт, ки дар талошҳои чанд кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол низ дар сафи пеш қарор дошт ва дар ҷаҳонишавии Наврӯзи бостонӣ саҳми арзандаи худро гузошт. Ба шарофати ҷаҳонӣ шудани Наврӯз муҳимтарин суннатҳои писандида ва неки наврӯзӣ эҳё гардиданд. Моро зарур аст, ки таърих ва анъанаҳои Наврӯзро ҳарчи бештар ва амиқтар омӯзем».
Эмомалӣ Раҳмон
Наврӯз яке аз куҳантарин ҷашнҳои фарҳангии мардуми форсизабон ва бисёр халқҳои ҷаҳон ба шумор меравад. Ин ҷашн бо фарорасии соли нави аҷдодӣ ва эҳёи табиат алоқаманд буда, ҳамчун рамзи оғози давраи нави ҳаёт дар табиат ва ҷомеа арзёбӣ мегардад. Бо фаро расидани Наврӯз, табиат аз хоби зимистона бедор шуда, замин сабз мегардад, дарахтон гул мекунанд ва зиндагӣ ранги тоза мегирад. Маҳз ҳамин бедории табиат ба инсон низ илҳоми зиндагии нав ва бедории маънавӣ мебахшад.
Наврӯз на танҳо як ҷашни мавсимӣ, балки падидаи муҳимми фарҳангӣ ва тамаддунӣ дар байни халқҳои ҳавзаи тамаддуни форсӣ ва ҷаҳон мебошад, ки аз умқи таърих сарчашма мегирад. Дар тӯли асрҳо ин ҷашн ҳамчун рамзи сулҳ, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ миёни мардумон хизмат кардааст. Дар фарҳанги тоҷикон Наврӯз бо анъанаҳои зебо, ойинҳои қадимӣ ва расму русуми пурмазмун таҷлил мегардад.
Омодасозии дастархони идона, поксозии хона ва муҳити зист, инчунин эҳтиром ба калонсолон аз ҷумлаи суннатҳои муҳими ҷашни Наврӯз ба ҳисоб мераванд, ки дар фарҳанги тоҷикон аҳамияти махсус доранд. Ин ҳама амалҳо рамзи покӣ, равшанӣ ва умед ба ояндаи нек мебошанд. Имрӯз Наврӯз ҳамчун мероси гаронбаҳои фарҳангӣ на танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки дар бисёр кишварҳои ҷаҳон таҷлил мегардад. Дар фарҳанги тоҷикон Наврӯз на танҳо ҷашни табиат, балки ҷашни покизагӣ, меҳрубонӣ ва дӯстӣ низ муаррифӣ гардидааст. Пеш аз омадани Наврӯз мардум хонаҳои худро тоза мекунанд, либосҳои нав мепӯшанд ва бо нияти нек ба истиқболи баҳор мебароянд. Ин амалҳо рамзи пок кардани дилу ният ва оғози зиндагии нав дар соли нави тоҷикии форсӣ мебошад. Ҳамчунин, дар рӯзҳои Наврӯз дар фарҳанги мо анъанаҳои зиёде иҷро карда мешаванд, ки яке аз онҳо ин омода намудани суманак оростани дастурхони ҳафтсин ва ҳафтшин, бозҳои миллӣ ва дидорбинии наздикону пайвандон мебошад. Ҳамаи ин расму оинҳо ба муттаҳидии мардумии, эҳтироми табиат ва қадршиносии зиндагӣ мусоидат мекунад ва инсониятро ба ҳамгироии бештар, росткирдориву дурустрафторӣ ва шодмонӣ ҳидоят месозад.
Аз нигоҳи илми нуҷумшиносӣ агар таҳқиқот барем, Наврӯз ба падидаи астрономии эътидоли баҳорӣ рост меояд, ки дар он шабу рӯз дар тамоми кураи Замин қариб баробар мегардад. Ин падидаи таърихӣ аз оғози фасли баҳор ва марҳалаи нави ҳаёт дар табиатро ифода менамояд. Маҳз ҳамин падидаи табиӣ оғози фасли баҳор ва давраи нави ҳаёт дар табиатро нишон медиҳад. Бедоршавии олами наботот ва зиндашавии муҳити табиӣ ҳама ба оғози марҳалаи нави биологӣ дар табиат ишора мекунад. Наврӯз – ҷашни гиромии мардумони ориётабор, бо рангу буи хосааш дили ҳар як инсонро мунаввару муаттар месозад. Наврӯз танҳо оғози як сол нест, балки рамзи покизагӣ, эҳё ва шурӯи дубора аст. Наврӯз ба асрҳои бостон мерасад. Риштаи ин ҷашн бо оинҳои бузургону фармонравоён ва ҳакимони ориёӣ ва хуросониён пайванд хӯрдааст. Аз замони Ҳахоманишиҳо то кунун, Наврӯз ҳамчун мероси фарҳангӣ бо суннатҳо ва анъанаҳои таърихӣ ҳамроҳ шуда, аз насл ба насл интиқол ёфтааст. Дар тӯли садсолаҳо, ин ҷашн тавонист дар баробари тағйироти сиёсӣ ва иҷтимоӣ истодагарӣ намуда, ҳамчун нишонаи ҳувияти миллӣ боқӣ ва пойдор бимонад.
Аз нигоҳи фалсафӣ, Наврӯз ҳамчун рамзи пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ ва некӣ бар бадӣ маънидод карда мешавад. Ин ҷашн инсонро ба покизагӣ, эҳёи маънавӣ ва ба оғози марҳилаи нави зиндагӣ раҳнамоӣ менамояд. Ин ҷашн ба инсон меомӯзад, ки ҳаёт мисли фаслҳои сол давр мезанад ва пас аз ҳар зимистони сард, баҳори пуршукуфа хоҳад омад. Наврӯз бо ҳама ҷашну оинҳояш ба мо меомузонад, ки бояд дилро аз кина пок хонаву кошонаро тоза ва ба истиқболи рӯзгори нав оғоз созем. Навруз танҳо ба тағйирёбии фаслҳо матраҳ нест, балки ин ҷашн рамзи такомули рӯҳи инсон низ маҳсуб мегардад. Вақте ки табиат аз хоби зимистон бедор мешавад, инсон низ бояд аз ғафлат бедор гардад. Фалсафаи Наврӯз ба мо меомӯзад, ки ҳаёт давраи доимӣ дорад – марг ва зиндагӣ, хоб ва бедорӣ, ноумедӣ ва умед пайваста дар канори ҳам қарор доранд. Маҳз дар айёми Навруз инсон бештар ба ин андешаҳо машғул мешавад ва кӯшиш менамояд, ки дар дафтари нави ҳаёт саҳифаи наверо бо некӣ оғоз намояд.
Аз ин лиҳоз, Наврӯзро метавон ҳамчун як мактаби ҳикмат баррасӣ кард. Ҳикмате, ки аз гузаштагон ба мо мерос мондааст ва имрӯз низ барои зиндагии осоишта ва пурмазмун ба мо кӯмак мерасонад. Ниёгони мо бовар доштанд, ки ҳар коре, ки дар Наврӯз анҷом дода мешавад, дар тамоми сол ҳамон гуна идома хоҳад хоҳад ёфт. Аз ин рӯ, кӯшиш мекарданд, ки дар айёми Наврӯз танҳо ба корҳои нек ва писандида машғул шаванд, то тамоми сол барояшон некӣ ва хайрро ба армуғон оварад. Ин ҳикмат имрӯз низ аҳамияти худро гум накардааст: агар мо солро бо покӣ ва некӣ оғоз кунем, тамоми сол бароямон хуб хоҳад гузашт.
Анъанаҳои Наврӯз ва тозагии руҳ.
Яке аз муҳимтарин унсурҳои Наврӯз тозагӣ ва покӣ мебошад. Ин тозагӣ танҳо ҷисмонӣ нест набуда, балки он тозагии руҳ ва маънавиёт аст. Вақте ки мо ҳавои хонаро тоза мекунем, гуё дилҳо низ аз кинаву матонат тоза мегардад. Вақте ки либоси тоза мепӯшем, гуё руҳи худро низ навсозӣ мекунем. Тозагии руҳ дар Наврӯз маънои амиқи фалсафӣ дорад. Гуё инсон бо тоза кардани хона ва атрофи худ ба табиат пайваст мешавад. Табиат худ тозагӣ ва покизагиро дӯст медорад. Борон, ки дар фасли баҳор меборад, заминро тоза месозад ва намунаи он тозагии ҳаво ва сабзиши гиёҳон аст. Инсон бошад, бо тозагии хона ва дили худ ба ин ҳаракати табиат ҳамроҳ мешавад. Дар таърих омадааст, ки мардуми ориёӣ ба покизагӣ аҳамяти бузург медоданд. Дар Авесто, ки китоби муқаддаси ориёиён аст, покизагӣ яке аз шартҳои асосии зиндагӣ шинохта шудааст. Наврӯз бо анъанаҳои тозагӣ ва покизагӣ идомаи ҳамин ҳикмат ва таълимот буда, моро хотиррасон месозад, ки ба покизагии бадан, хона ва муҳити зист барои саломатӣ бештар аҳамият диҳем.
Ҳамин тариқ, Наврӯзро метавон на танҳо ҳамчун ҷашни анъанавӣ, балки ҳамчун падидаи муҳимми фарҳангӣ-тамаддунӣ арзёбӣ намуд, ки дар худ арзишҳои амиқи таърихӣ, иҷтимоӣ ва маънавии мардумони ориётаборро таҷассум менамояд. Ин ҷашни куҳан дар тӯли асрҳо тавонистааст, ки дар шароити гуногуни сиёсиву иҷтимоӣ ҳифз гардида, ҳамчун рамзи ҳувияти миллӣ, пайванди наслҳо ва эҳтиром ба табиат боқӣ монад.
Дар шароити ҷаҳонишавии муосир аҳамияти Наврӯз боз ҳам бештар гардидааст. Он метавонад ҳамчун омили таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳ ва ҳамзистии фарҳангҳо миёни халқҳои гуногуни ҷаҳон хизмат намояд. Бояд қайд намуд, ки роҳ ёфтани Наврӯз ба радифи ҷашнҳои умумибашарии Созмони Милали Муттаҳид худ аз ҷашни инсонсоз ва сулҳофар будани Наврӯзи ҷаҳонӣ шаҳодат медиҳад. Аз ин рӯ, омӯзиши илми таърих, фалсафа ва суннатҳои марбут ба Наврӯз на танҳо барои ҳифзи мероси фарҳангӣ, балки барои таҳкими худшиносии миллӣ ва рушди фарҳанги миллӣ аҳамияти муҳим дорад.
Бо назардошти ин, метавон хулоса намуд, ки Наврӯз ҳамчун рамзи эҳёи табиат ва фарҳанги миллӣ дар ташаккули арзишҳои маънавӣ, густариши анъанаҳои инсонгароёна, таҳкими пояҳои сулҳу ваҳдати ҷаҳонӣ ва тақвияти ҳамбастагии ҷомеа нақши муҳим хоҳад гузошт. Дар баробари ин, ҳифз, омӯзиш ва тарғиби суннатҳои наврӯзӣ, ки яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеаи муосири Тоҷикистон ва кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз ба шумор меравад, то ки ин мероси гаронбаҳои фарҳангро барои наслҳои оянда низ пойдор, бегазанд ва арзишманд боқӣ гузорем.
Нуриддинова Муниса - н.и.т. ходими илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва
Шарқии Институти омӯзишии масъалаҳои Давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ.




