Skip to main content

Фарҳанге, ки барои беҳбуди рӯзгори инсон хизмат мекунад, моли тамоми башар аст. Вай мисли офтоб аз дилу хиради миллате тулуъ мекунад, марзу сарҳадҳоро мегузарад ва ба ҳама баробар зиёву ҳарорат ба армуғон мебарад.

Эмомалӣ Раҳмон

wqАндешаҳои Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи фарҳанг ва тамаддуне меравад, ки таърихи беш аз 6 ҳазорсола дорад ва имрӯз ҳамчун ҷашни фарҳанг ва тамаддуни башар таҷлил карда мешавад. Барои мардуми форсизабон боиси ифтихору сарфарозист, ки соли 2010 аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид Наврӯз яке аз қадимтарин ҷашнҳо дар таърихи халқи ҷаҳон ҳисобида шуда, 21-уми март ҳамчун рӯзи байналмилалии Наврӯз таҷлил карда мешавад.

Имрӯз Наврӯз на танҳо ҷашни халқҳои форсизабон, балки ҷузъи фарҳанги ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Агар дар гузашта ин ид, асосан, дар байни мардумони эронитабор таҷлил мегардид, имрӯз бошад, мардуми кишварҳои гуногуни ҷаҳон онро бо шодӣ ҷашн мегиранд. Наврӯз рамзи сулҳ, дӯстӣ, эҳёи табиат ва эҳтиром ба арзишҳои инсонӣ мебошад.

Аз ҳамин сабаб Наврӯз аз ҷониби ЮНЕСКО ҳамчун мероси фарҳангии ғайримоддии башарият эътироф гардидааст. Ин нишон медиҳад, ки Наврӯз имрӯз танҳо моли як миллат нест, балки ба ҷашни умумии инсоният табдил ёфтааст ва мардумони гуногунро ба дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва сулҳ даъват мекунад. Бинобар ақидаи суннатие, ки Хайёми Нишопурӣ дар “Наврузнома” баён намудааст дар қадимулайём абераи Кайюмарс – Ҷамшед “чун ин рузро дарёфт, Наврӯз ном ниҳод”. Дар он замон Наврӯз бар пояи суннати фарҳангие такя мекунад, ки барояш худбинии ифротӣ, нодида гирифтан ва ё инкор кардани арзишҳои маънавии дигар халқҳо тамоман бегона мебошанд. Яъне дар байни ҷумла идҳои мардуми ҷаҳон Наврӯз ҳамагонитарини ҷашнҳост. Наврӯз рамзи некию покӣ, умед ва шодии зиндагӣ мебошад.

Ин ҷашн одамонро ба дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкорӣ даъват мекунад. Дар айёми Наврӯз мардум хонаҳои худро тоза мекунанд, муҳити зистро ороста месозанд ва барои истиқболи баҳор омодагӣ мегиранд. Тозагӣ ва тартибот яке аз нишонаҳои муҳими фарҳанг ва маънавияти ҷомеа ба ҳисоб мераванд.

Наврӯз, инчунин инсонро ба эҳтиром гузоштан ба табиат ва ҳифзи он раҳнамоӣ мекунад. Ин ҷашн нишон медиҳад, ки инсон ва табиат бо ҳамдигар пайванди зич доранд ва нигоҳубини табиат вазифаи ҳар як шахс мебошад.

Дар фарҳанги Наврӯз ғояҳои некӣ, адолат ва озодӣ низ ҷойи махсус дорад. Ба гуфтаи донишманди маъруф Зигмунд Фрейд “озодии инсон танҳо дар ҳолате арзиш пайдо мекунад, ки бо тартиб ва қонун ҳамроҳ бошад”. Ин андеша ба он ишора мекунад, ки барои рушди ҷомеа ҳам озодӣ ва ҳам масъулият муҳим мебошад.

Ҳамин тавр, Наврӯз натанҳо як ҷашни миллии тоҷикӣ, балки падидаи муҳимми фарҳангӣ мебошад, ки арзишҳои инсонӣ, аз қабили некӣ, дӯстӣ, адолат ва эҳтиром ба табиатро тарғибу ташвиқ мекунад.

Суҳайлӣ ҒАФУРЗОДА - магистранти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон