Дар замони муосир ҷиҳати таҳқиқ ва татбиқи масъалаҳои ба адабиётшиносӣ дахлдошта нигоҳҳои нав баён гардида, бархурдҳо дар низоми ақидавии олимони ватанӣ мушоҳида мешавад. Махсусан, дар шароити ормонгардонии таҳоҷуми хабарӣ аз хориҷи кишвар ва таҳмил намудани фарҳанги воҳид дар зери ниқоби ҷаҳонишавӣ бархе аз олимони нуктасанҷ минбарҳо ташкил намуда, баҳри дифоъ аз фарҳанг ва адаби миллӣ ҷаҳд намуданд. Яке аз зумраи онҳо академик Маҳмадюсуф Имомзода аст, ки ба пажӯҳиши осор ва аҳволи устод Айнӣ пардохта, дар айнишиносӣ саҳми бориз гузоштааст. Се асари мавсуф бо номҳои “Санъати портретӣ дар насри Айнӣ”, “Ҷаҳонбинӣ ва тафаккури бадеии Садриддин Айнӣ” ва “Сужет ва тасвир дар насри Садриддин Айнӣ” аз ин шаҳодат медиҳанд, ки тоҷикон ҷиҳати ҳифзи ормонҳо, фарҳанг ва ҳувияти миллии худ бояд аз нигоҳу вазъи иҷтимоии донишмандоне чун Аҳмади Дониш, Шамсиддин Шоҳин, Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода бохабар бошанд. Ин шахсиятҳои маъруфи таърих зиндагии муқаррарӣ надоштанд, чунки соҳибандеша буданд ва ҳеҷ гурӯҳе андешаи бегонаро ба онҳо таҳмил карда наметавонист.
Бинобар ин, академик Маҳмадюсуф Имомзода давомдиҳандаи кору фаъолияти донишмандоне чун Соҳиб Табаров ва Ҳудойназар Асозода гардида, ба давраи мубҳами таърихи миллат ва ба аҳди ақоиди тоҷикситезӣ рӯ овард. Ӯ менависад: “Рақиб ҳама ганҷро нест карда метавонаду бурда метавонад, аммо газанде ба он ганҷи маънавӣ расонида наметавонад. Саҳифаҳои таърих гувоҳанд, ки дар тӯли таърих мулки тоҷик борҳо ғорат гардид. «Ҳар чӣ ӯ аз моли дунё дошт дод…», наҳангҳо аз ӯ молу ганҷро гирифтанд, аммо нангу номусу ҳувиятро натавонистанд”.
Дар воқеъ, М. С. Имомзода дар ҳимояи ормонҳои миллӣ ва фарҳанги ба тоҷикон хос нақши бориз дорад. Ба вижа, мавсуф дар мавриди арзиши истиқлолияти давлатӣ чунин менависад: “Файзу баракати истиқлолро ҳамон вақт дарк мекунему мебинем, ки агар оташи муҳаббату нангу номуси ватандорӣ дар вуҷуди мо аланга дошта бошад. Муҳаббат ба Ватан имкон медиҳад, ки истиқлол таъмин шавад ва истиқлол имкон медиҳад дунёи ин муҳаббатҳо вусъат пайдо намояд”.
Адабиётшиноси маъруф, профессор Имомзода М. С. дар адабиётшиносии муосир мақому мартабаи хоса дорад ва саҳми ӯ дар рушди улуми филологӣ камназир аст. Пажӯҳишҳои илмию назарии ӯ масоили мубрами таърих ва назарияи адабиёт ва ҳамчунин нақди адабӣ, адабиётшиносии киёсӣ, назарияи тарҷума ва дигар ҷанбаҳои назму насри бадеиро фаро мегирад. Бо ташаббуси ин муҳаққиқ дар адабиётшиносии муосири тоҷик самти нави илмии марбут ба масоили поэтикаи наср дар асоси таҳқиқ ва пажӯҳиши осори насрии адабиёти муосир бунёдгузорӣ шуд.
Имомзода Маҳмадюсуф Сайидалӣ дар санаи 28 апрели соли 1959 Дар ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Соли 1981 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро бо ихтиссоси “забон ва адабиёти тоҷик” хатм намудааст. Фаъолияти меҳнатиро чун лаборанти калони Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ оғоз бахшидааст (1981-1984), баъдан солҳои 1984-1985 номзад-таҷрибаомӯзи Институти адабиёти ҷаҳонии ба номи М. Горкийи Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ будааст. Аз соли 1985 то соли 1990 ба ҳайси ходими илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон фаъолият намуда, зимнан рисолаи номзадиро дар мавзӯи “Санъати портретӣ дар насри Айнӣ” соли 1990 дифоъ кард.
Баъдан дар вазифаҳои декани факултети филологияи тоҷики ДМТ (1999-2004) ва ректори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия (2004-2012) раҳбарӣ намудааст.Аз соли 2012 то соли 2020 дар маснади ректори ДМТ фаъолият намуда, аз 24-уми январи соли 2020 то кунун Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Муаллифи беш аз 200 мақолаҳо ва рисолаҳои илмӣ ҷиҳати баррасии масоили марбут ба адабиёти тоҷик маҳсуб мешавад. Мавсуф номзади илмҳо (1990) ва доктори илмҳои филология (2002), профессор (2006), узви вобаста (2008) ва академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (2014) мебошад.
Дар садаи XXI нигоҳҳо ва ҷараёнҳои нав дар адабиёншиносии ҷаҳонӣ пайдо шуд ва бохабарӣ аз онҳо академик Имомзодаро водор кард, ки дар таҳқиқи мавзӯҳои марбут ба адабиёти тоҷик аз дидгоҳҳи навин муроҷиат намуда, мавзӯро бо дарназардошти меъёрҳои матншиносии муосир мавриди баррасӣ қарор диҳад. Таҳти сарварии ӯ 5 нафар унвонҷӯён рисолаҳои докторӣ ва 13 нафар рисолаҳои номзадии худро бомуваффақият ҳимоя намудаанд.
Муаллифи монография ва маҷмӯаи мақолоти илмии «Ҷаҳонбинӣ ва тафаккури бадеии Садриддин Айнӣ», «Маънавият ва нақши зоҳир», «Сужет ва тасвир дар насри Садриддин Айнӣ», «Хирмани андеша» ва ғайра мебошад.
Осори илмию методии профессор Имомзода М. С. аз қабили «Масъалаҳои забон ва адабиёти тоҷик» (1998), «Маънавият ва нақши зоҳир» (2000), «Ҷаҳонбинӣ ва тафаккури бадеии Садриддин Айнӣ» (2001), «Таърихи Сиистон» (2014) ба масъалаҳои мубрами улуми филологӣ бахшида шудаанд.
Зимни роҳбарӣ профессор Имомзода М.С. дар Донишгоҳи (славянии) Россияву Тоҷикистон барои густариши равобити фарҳангии Тоҷикистону Русия ва роҳандозӣ шудани таваҷҷуҳ ва омӯзиши забони русӣ дар кишвар бо кумаки ташкилоти ба таблиғи фарҳанги миллии русӣ машғул буда (Русский мир) муваффақ гардида, дар робита бо муассисаҳои олии илмию таълимии Русия дар болоравии тафаккур ва рушди ҷаҳонбинии илмӣ саҳми беназир гузоштааст. Ҳамчунин, бо талошҳои ӯ се маркази бузург, ки бо масоили гуногуни кишварҳои ИДМ машғул мешаванд, бо унвони “Маркази пажӯҳишҳои геополитикӣ”, Маркази “Шарқ – Ғарб” ва “Маркази забони тоҷикӣ” дар Донишгоҳи давлатии забоншиносии Москва таъсис дода шуд.
Имомзода М.С. яке аз бунёдгузорони маҷаллаи илмии “Ҷустуҷӯҳои адабӣ” буда, ҷиҳати минбар пайдо кардани олимони адабиёт талош варзид, ки дар саҳифаҳои он мақолаҳои беҳтарину арзишманди илмии олимони варзидаи адабиётшиносиро ба нашр расонидааст ва дар баробари ин мақолаҳои басо арзишманди худро дастраси олимону толибилмони соҳаи фарҳангу адабиёт намудааст. Ба ин марди ватандӯст бурдбориҳоро таманно дорем.
Ҳамакнун мехоҳем баъзе масъалаҳои марбут ба омӯзгориро инҷо баррасӣ кунем, чунки айни ҳол Имомзода дар раъси Вазорати маориф ва илм қарор дорад ва маҳз бо ҳамин нигоҳ бархе аз андешоҳи хешро дар иртибот бо низоми таълим ва тарбия баён медорем. Пеш аз ҳама, бо такя бо гуфтаҳои равоншиносон, ки тарбияро бозрасӣ намуда, омӯзгорро ба фарде монанд кардаанд, ки тибқи тахассус барои дигарон фикр мекунад, ин масъаларо пажӯҳиш хоҳем кард. Масалан, В.О. Ключкевский дар ин бора мефармояд: “Ба муаллимон сухан дода мешавад танҳо ба ин хотир, ки онҳо на ақидаҳои хешро изҳор накунанд, балки фикри каси дигарро бедор намоянд”.
Бузургтарин неъмат дониш аст ва чун дар ҷомеае, ки мо дар он фаъолият мекунем, аксар инсонҳо нодону бехабар бимонанд, зиён тамоми ҷамъият мебинад, чунки садае, ки мо дар он қарор дорем, садаи иттилооту маълумоту донишҳои гуногунест ва чун шумо аз ин донишҳо бехабар бимонед, дар баробари шумо дигар аъзои ҷомеа низ ранҷ мебаранд. Хушбахтии фарде ниҳон дар саодати ҷамъият аст ва агар ҷомеа саҳеҳ набошад, андешаронии саҳеҳи фарде ба манфиат нахоҳад буд. Носаҳеҳии ақидавии афрод аз мактаб оғоз мегардад ва вазифаи омӯзгор, ки барои дигар ва ғайри худ муваззаф шудааст, иборат аз ҳамин аст, ки номусоидро мусоид гардонида, дар такмили шахсияти инсон нақше боқӣ гузорад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати масъулияти омӯзгорони кишвар ин ҳарфҳоро муносиб дидааст: “Вазифаи асосии муаллим дар баробари омӯзонидани илму дониш, инчунин омӯзонидани адаб ва ҳидояту роҳнамоии шогирдон ба роҳи рост мебошад. Ин амр бояд ба меъёри ахлоқии фаъолияти муаллим табдил ёбад”.
Омӯзгор будан шараф аст ва маҳз бо ҳамин андеша дар ҷомеаи Тоҷикистон ба ихтисоси омӯзгорӣ баҳогузорӣ мешавад. Омили ин баҳогузорӣ чист ғайр аз фидокорие, ки аксар омӯзгорон тибқи тахассуси худ анҷом медиҳанд? Чаро онҳо баҳри дигарон ба фидокорӣ рафтаанд? Оё омӯзгоре пайи дифоъ аз манофеи хеш афтад, дар мактаб ҷонибдоре пайдо хоҳад кард?
Мо, тоҷикон фарҳанги ғанӣ дорем ва дар он ба масъалаи омӯзонидан таваҷҷуҳи хосса дода мешавад, аммо омӯзгор аз зумраи афродест, ки толибилмонро ба гурӯҳҳо ҷудо намекунад ва сухане, ки аз бузургони қуруни гузашта овардем, иборат аз ҳамин мебошад, ки масъалаи илмомӯзӣ яксон аст ва якеро дар муқобили дигаре гузоштан аз одоби омӯзгорӣ хуруҷ мекунад. Бале, беадабро адаб омӯхтан мушкил аст, вале қонуни нонавиштаи омӯзгорӣ низ илқо аз ин матлаб хоҳад кард, ки толиби илм новобаста аз сатҳи донишандӯзӣ аз ҷониби омӯзгор мавриди инобату иноят қарор гирад, чунки ҳадаф аз омӯхтан касеро соҳибадаб кардан аст. Инсон агар ба таҳсил фаро гирифта нашавад, дар ҷомеа пазируфта намешавад. Чун инсонро ҷомеаи шаҳрвандӣ қабул надошт, бешак ба ифротгароӣ рӯ меорад ва аз касе пайравӣ хоҳад кард, ки ба ҷаҳониён эҳсоси бадбинӣ дорад. Агар мо рафтору гуфтори дигареро мақбул надонем, ба он маъно нест, ки ононро сарнагун созем ва мақоли бузурге аз ҳамин ақида сарчашма мегирад, ки муҳтавои он чунин аст: “Адаб аз кӣ омӯхтӣ? Аз беадабон!”. Яъне, беадабӣ набошад, адабомӯзӣ нест, чунонки хониши аъло бидуни қаноатхон намешавад. Хусусияи ҷамъият ин аст, ки аксар инсонҳо аз фарде ё афроде пайравӣ мекунанд, чунки рафтору кирдору гуфтори ӯро мақбул донистаанд ва ин хосият новобаста аз рушду тараққӣ боқӣ мемонад. Муваффақ ҳамонест, ки ҷаҳонро бо нигоҳи хеш мебинад ва ҷаҳду кӯшиш мекунад то ба дигарон монандӣ надошта бошад, вале омӯзгор мехоҳад ҳама яксон аълохон бошанд, агарчи аксарашон бо таъсири як нафар хонанда намунаи ибрат шудаанд. Ин иштибоҳ, ки мо мехоҳем ҳама мисли мо бошанд, хоси ҷомеаҳоест, ки он ҷо алтернатив нест ва ҳама мехоҳанд нусхаи каси дигар бошанд. Чунин ҷамъият такмил намеёбад, чунки дар он бархурд нест ва чун бархурд набошад, рақобат низ мемирад. Ин тафаккур ба омӯзгор аз замони Шӯравӣ боқӣ монда, ҳанӯз ҳам таблиғ мешавад, чунки то кунун дар ҷомеаҳои пасошӯравӣ таълим ва тарбияи инсонҳои хурд тибқи меъёрҳои кӯҳнашудаву ҳатто табдилёфта ба партовҳои маънавӣ анҷом мепазирад. Тадрисҳои алтернативӣ кам истиқбол мешаванд ва агар бошанд ҳам, тафовути онҳо аз таҳсилоти муқаррарӣ он қадар чашмрас нест. Ҳатто бузургтарин омӯзгори ҳазорсолаи ахир, ки Унсуралмаолии Кайковус ибни Вушмагир маҳсуб мешавад, дар таълифоти машҳуре бо номи “Қобуснома” меоварад: “Бадтарини мардумон касест, ки бар ӯ салом накунанд”.
Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Садриддин Айнӣ аз мактабҳое ёдоварӣ кардааст, ки он ҷо омӯхтан бо зарби чуб татбиқ мешуд, аммо барои ҳамагон маълум аст, ки бо роҳи зӯроварӣ таълим гирифта намешавад. Омӯзгори муосир бояд равоншинос бошад ва бо ҳар хулқею рафторе ва сатҳи истеъдоди донишандӯзии толибилм димломатияи мусоидатро истифода карда, ҳадафе дар пеш дошта бошад, ки ҳар инсоне бояд соҳибмаълумот гардад, вагарна бе маълумот мондани бархе аз хонандагон аллакай мушкилиҳоро дар ояндаи наздик барои дигарон эҷод хоҳад кард. Вақте, ки ҳамсабақи мо бемаълумот мемонад, мисоли он аст, ки шумо бо маводи ғизоӣ таъмин мебошед, аммо ҳамсояи шумо аз надоштани чунин мавод ранҷ мекашад. Бинобар ин, мақсад аз таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ пайдо кунондани ҷаҳонбинии ғайри муқаррарӣ дар зеҳни хонандагон буда, омода шунанашон дар коргузорӣ ва фаъолияти давлатӣ аст, чунки давлат ниёз ба онҳо дорад, дар ҳоле ки онҳо ба дастгирии давлатӣ эҳтиёҷ пайдо мекунанд. Давлат рушд меёбад вақте ки инсонҳои хурд соҳибмаълумот гардида, мутахассис мешаванд ва сипас, дар муассисоти гуногун ба фаъолият шуруъ менамоянд. Нақши омӯзгор дар ин раванди ҳалкунанда бағоят бузург аст, чунки маҳз омӯзгор беҳтар аз дигарон лаёқати соҳавии донишандӯзро дарк карда, донишҳои ӯро дар самти мушаххас такмил медиҳад ва ӯро чун донандаи риштае аз донишҳои соҳавӣ омода месозад. Бояд тазаккур дод, ки дар ҳаёти ҳар фарди рушдкунандаи ҷаҳони муосир нақши омӯзгорон беш аз дигарон таъкид мегардад ва мо ба хулосае дар ин маврид меоем, ки Саъдии ширинсухан 800 сол муқаддам беҳуда нагуфта буд: “Ҷаври устод беҳ, ки меҳри падар”.
Илми адаби тоҷикон хеле паҳновару пурарзиш буда, дар такмил ёфтани ҷаҳониён солиёни сол хидмат намуда ва мекунад ва мо имконе бештар дорем, ки бо фаро гирифтани илму адаби миллӣ ҷаҳонбинии худро тақвият бубахшем ва ҷомеаи шаҳрвандие, ки дар он фаъолият дорем, ба кохи адабу бохабарӣ мубаддал созем, аммо кӯшиши холӣ аз истеъдод дар ин ҷода нокомӣ аст. Ба қавли Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ:
Дӯст дорад ёр, ин ошуфтагӣ,
Кӯшиши беҳуда беҳ аз хуфтагӣ.
Ҷои дигар Ғании Кашмирӣ ин андешаро изҳор медорад, ки хеле андарзи побарҷост ва дар адабомӯзӣ беҳтарин ҳарфест, ки ҳеҷ бузурге дар ин поя нафармудааст:
Сайъ коре накунад, чун набувад истеъдод.
Яъне, ҳар фарде ботинан лаёқате дорад ва дар ошкор кардани он омӯзгор саҳми арзандае бояд бигзорад. Хонандагонро тибқи истеъдоди фитриашон дарк карда, роҳнамоӣ намудан аз ҳадафҳоест, ки давлат дар назди худ гузоштааст ва дарки лаёқати ҳар фарде аз ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷанбаи асосии фаъолияти омӯзгорист. Аз ҳамин хотир, тибқи масъулият омӯзгорон дар ҳамаи кишварҳо мавриди эҳтиром ва истиқболи аҳли ҷамъият қарор гирифтаанд.
Қурбонова Ширин, сарходими Институти омӯзиши масъалаҳои
давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, доктори илмҳои таърих




