Skip to main content
123

123Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон китоби тозанашр таҳти унвони «Анатомияи одам», ки аз ҷониби ноиби президенти АМИТ, доктори илмҳои тиб, профессор Ибодзода Саидмуқим Тиллохӯҷа таълиф гардидааст, ба нашр расид.

Бояд гуфт, ки асари мазкур ба омӯзиши сохтор ва фаъолияти узвҳои бадани инсон бахшида шуда, яке аз дастурҳои муҳими таълимӣ барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии тиббӣ, муҳаққиқон ва мутахассисони соҳаи тандурустӣ маҳсуб меёбад. Дар китоб масъалаҳои асосии анатомияи инсон бо услуби илмӣ ва дастрас шарҳу тавзеҳ дода шуда, бо истифода аз маълумоти муосири илмӣ таҳия гардидааст.

Қобили зикр аст, ки нашри чунин асарҳои арзишманд дар рушди илми тиб, баланд бардоштани сатҳи маърифати касбии мутахассисон ва омодасозии кадрҳои баландихтисос нақши муҳим дорад.