ДУШАНБЕ, 01.05.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар таърихи ҳар миллат давраҳое вуҷуд доранд, ки ташаккули модели миллии давлатдорӣ ҳамчун воқеаи тақдирсоз арзёбӣ мешавад. Барои халқи тоҷик чунин давра соли 1991 – замони ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ буд. Аммо истиқлолият на танҳо ҳодисаи сиёсӣ, балки заминаи амиқи ҳуқуқӣ барои ташаккули модели навини давлатдорӣ гардид.
— Дар ин раванд саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахсияти тақдирсоз барҷаста мебошад. Маҳз таҳти роҳбарии Пешвои миллат давлат ва ҳуқуқи миллӣ аз ҳолати буҳронӣ ба модели устувор ва ҷаҳоншумул табдил ёфт.
Модели давлатдорӣ дар ҳуқуқшиносии муосир мафҳуми мураккаб буда, ҷанбаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро дар бар мегирад. Модели Тоҷикистони навин аз принсипҳои зерин ибтидо мегирад:
— Истиқлолияти пурра ва соҳибихтиёрӣ ҳамчун арзиши олӣ;
— Ваҳдати миллӣ ҳамчун шарти зарурии рушди устувор;
— Меҳварӣ будани инсон дар сиёсати давлатӣ;
— Ҳамоҳангсозии анъана ва таъмоюлҳои муосир дар ҳуқуқ.
Дар фарқ аз моделҳои либералӣ ё сотсиалистии классикӣ модели тоҷикӣ синтези нодири ҳуқуқи миллӣ, арзишҳои умумибашарӣ ва таҷрибаи таърихиро ифода менамояд. Ин модел дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ таҷассум ёфтааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми беш аз се даҳсола назарияи давлатдории Тоҷикистонро бо консепсияҳои нав ғанӣ гардониданд:
Аввалан, Сарвари давлат назарияи сулҳу ваҳдати миллиро ҳамчун шарти зарурии истиқлолияти воқеӣ пеш гузоштанд. Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ (1997) на танҳо ҳодисаи сиёсӣ, балки санади ҳуқуқӣ буд, ки модели давлатдории Тоҷикистонро аз ҷанги шаҳрвандӣ ба давраи бунёдкорӣ табдил дод.
Дуюм, дар асарҳои Пешвои миллат, аз ҷумла китобҳои Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён (Душанбе: Ирфон, 2009. Китоби якум – 704 с.), Уфуқҳои Истиқлол (Душанбе: Ганҷ-нашриёт, 2018. – 436 с.), Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ (Душанбе: Ирфон, 2006. – 372 с.), Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ (Душанбе: Шарқи озод, 2007. – 144 с.), Тоҷикистон дар роҳи демократия ва ҷомеаи мутамаддин (Душанбе: Ирфон, 1996. – 312 с.) идеяи давлати миллӣ-демократӣ бо хусусиятҳои тоҷикӣ ташаккул ёфт. Ин модел ҳокимияти қонун, ҳифзи ҳуқуқҳои инсон ва рушди иҷтимоиро ҳамчун принсипҳои асосӣ эътироф менамояд.
Сеюм, таҳти роҳбарии Президенти Тоҷикистон давлати мо ба узвияти созмонҳои байналмилалӣ (СММ, СҲШ, СААД, Созмони ҳамкории исломӣ ва ғ.) дохил шуд ва ҳамзамон ҳуқуқи миллӣ аз таъсири беруна ҳифз карда шуд. Қабули беш аз 400 қонун дар даврони истиқлол ҳамин синтези миллӣ-байналмилалиро нишон медиҳад.
Модели Тоҷикистони навин дорои хусусияти зерин мебошад:
— Давлати иҷтимоӣ. Мутобиқи Конститутсия Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Ин принсип дар «Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030» ва дигар барномаҳои давлатӣ амалӣ мешавад.
— Ҳамоҳангсозии ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлат. Таҷрибаи Тоҷикистон нишон медиҳад, ки рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ бо устувории ҳокимияти давлатӣ имконпазир аст.
— Ҳифзи арзишҳои миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ. Модели тоҷикӣ ба ҷаҳонишавӣ муқобилат накарда, балки онро бо арзишҳои миллӣ (забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ, ҳифзи мероси фарҳангӣ, эҳёи анъанаҳои нек) ҳамоҳанг месозад.
— Рушди устувор ва ҳуқуқи наслҳои оянда. Пешвои миллат масъалаи об, иқлим, зеҳни сунъӣ ва дигар масълаҳои муҳимро ҳамчун масъалаҳои ҳуқуқии ҷаҳонӣ баррасӣ кардаанд, ки дар ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ ҳамчун ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон сабт шудаанд.
Модели Тоҷикистони навин дар таълимоти ҳуқуқӣ натиҷаи синтези беназири таҷрибаи таърихӣ, арзишҳои миллӣ ва стандартҳои ҷаҳонӣ мебошад. Саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули ин модел ҳамчун саҳми шахсияти бузурги таърихӣ арзёбӣ мешавад. Ин модел на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои кишварҳои дигари минтақа метавонад ҳамчун намунаи муассиру ибратбахш хидмат намояд.
Дар асри XXI таҳкими давлат ва ҳуқуқи миллӣ воқеан вазифаи аввалиндараҷаи олимони ҳуқуқшиноси кишвар боқӣ мемонад. Танҳо тавассути таҳқиқоти амиқ ва амалисозии илмӣ метавонем модели давлатдории Тоҷикистонро устувор ва пешрафта нигоҳ дорем.
Ин андешаро бо пешниҳодҳои мушаххас ва воқеӣ барои дурнамо асоснок менамоям:
-
Таҳияи «Консепсияи миллии рушди давлат ва ҳуқуқи Тоҷикистон то соли 2040». Дар доираи Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон як гурӯҳи корӣ таъсис дода шавад, ки консепсияи мазкурро таҳия намояд. Ин ҳуҷҷат бояд модели миллии давлатдориро ҳамчун синтези арзишҳои миллӣ, стандартҳои байналмилалӣ ва талаботҳои рақамӣ муайян кунад. Он ҳамчун ҳуҷҷати стратегӣ барои таҳияи қонунҳо, барномаҳои давлатӣ ва барномаҳои таълимӣ замина мешавад.
-
Таъсиси Маркази миллии таҳқиқоти ҳуқуқии модели давлатдории миллӣ. Дар сохтори Институти давлат ва ҳуқуқ маркази илмию таҳқиқотии махсус таъсис дода шавад, ки ба омӯзиши муқоисавии моделҳои давлатдорӣ (Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбекистон, Озарбойҷон, Туркманистон, кишварҳои минтақаҳои ҷаҳон) машғул шавад. Самтҳои афзалиятнок дар ин марказ ҳуқуқи рақамӣ, ҳифзи амнияти иттилоотӣ, ҳуқуқҳои наслҳои оянда дар шароити тағйирёбии иқлим ва рушди устувор. Барои самаранокии фаъолияти ин марказ ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии кившар ва муассисаҳои илмии давлатҳои хориҷӣ бояд густурда ба роҳ монда шавад.
-
Барномаи «Ҳуқуқшиносони насли нав – 2035». Барномаи грантӣ ва стипендиявӣ барои ҷавонони ҳуқуқшинос, ки таҳқиқоти худро ба масъалаҳои модели миллии давлатдорӣ бояд бахшанд, қабул карда шавад. Дар асоси он бояд 10–15 лоиҳаи илмӣ ҳар сол пешниҳод гарданд, нашри силсилаи китобҳои «Модели Тоҷикистони навин» ба роҳ монда шавад, конфронсҳои байналмилалии солона бо иштироки мутахассисони хориҷӣ дар заминаи Институти давлат ва ҳуқуқ баргузор карда шаванд.
-
Такмили заминаи қонунгузорӣ бо истифода аз натиҷаҳои илмӣ. Пешниҳод менамоем, ки ҳар се сол як маротиба «Бастаи тағйироти қонунгузорӣ» аз ҷониби Институти давлат ва ҳуқуқ омода карда шуда, ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод гардад. «Бастаи тағйироти қонунгузорӣ» ҳуҷҷати стратегӣ мебошад, ки ҳар се сол як маротиба аз ҷониби Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ омода карда мешавад ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад. Мақсад — ҳамоҳангсозии қонунгузории миллӣ бо талаботи модели Тоҷикистони навин дар асри XXI мебошад. Баста бояд ҳамчун механизми доимӣ ва динамикӣ амал кунад, то қонунгузориро бо талаботи замон ва модели миллии давлатдорӣ ҳамоҳанг созад. Ин пешниҳод воқеӣ, иҷрошаванда ва ба манфиати давлат ва халқи Тоҷикистон мебошад.
Танҳо тавассути таҳқиқоти амиқ, бонизом ва амалисозии илмӣ мо метавонем модели давлатдории Тоҷикистонро ҳамчун модели муваффақ ва ҷолиб барои минтақа ва ҷаҳон муаррифӣ кунем. «Модели Тоҷикистони навин» бояд на танҳо дар китобҳо, балки дар зиндагии ҳаррӯзаи шаҳрвандон, сиёсати давлатӣ ва ҳуқуқи амалӣ таҷассум ёбад.
Дониёр САНГИНЗОДА, муовини директори Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои
Тоҷикистон оид ба корҳои илмӣ ва таълимӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор




