Ба муносибати рӯзи Ваҳдати миллӣ.
Дар ин вазъияти бисёр ҳам мураккаб Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми чораҳоро меандешид то ҳамаи гурезагонро ба ватани аҷдодони худ баргардонад. Ҳамзамон роҳбари давлат ба воситаи радио баромад намуда, мардумро аз гурезагиву беватанӣ ба зодгоҳи худ даъват намуд. Аз оқибатҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ зиёда аз 530 ҳазор аҳолии кишвар роҳи гурезро пеш гирифтанд. Инъикос намудани наворҳои мазкур дар замони имрӯз ба он хотир аст, ки ҷавонони зодаи истиқлол аз таърихи давлатдории ва оқибатҳои бар сари падару бобоҳояшон омада огоҳ бошанд. Зеро насли имрӯз агар такия ба ин таърих накунанд барои ояндаро сохтан корашон мушкил мешавад. Мо бояд барои бедор гаштани ҳисси ватандӯстии онҳо, тамоми корҳои арзандаро анҷом диҳем.