Илму фарҳанг ва маърифату адаб асоси ҷомеаи солиманд. Бе илму адаб ва омӯзиши фарҳанги ғанӣ наметавонад давлат пеш биравад, миллат поянда бошад ва одамон соҳибкасбу соҳибифтихор.
Инак илму дониш, фарҳангу маърифат ва омӯзиши он ҳама ба соҳаи маориф шомиланд. Соҳаи маориф пояи бузурги давлатдорист, ки ҳамаи инсонҳоро новобаста аз синну сол, вазъият, муҳит ва шароит ба омӯзишу пешравиҳо ҳидоят мекунад.
Миллати тоҷик аз қадимулайём ба омӯзишу пешравиҳо соҳиб буд, ҳаст ва мемонад. Хушбахтона, соли 2010 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмон Соли маориф ва фарҳанги техникӣ дониста шудааст. Мувофиқи ин фармон ҳар як соҳибилм бояд бо мошинаҳои электронии ҳисоббарор кор ва фаъолият карда тавонад. Саҳми бузурги хешро дар соҳаи маориф гузорад ва соҳибилму соҳибмаърифат бошад, зеро асоси ҳар як миллати пурифтихор пешравии илму маданият ва фарҳангу маърифатии он аст.
«Имрӯз дар ҷаҳон рушди илму технология ва ҷараёни корҳои инноватсионӣ суръати рӯзафзун пайдо карда истодааст. Табиист, ки мо низ аз ин раванди пешрафту тараққиёти ҷаҳони мутамаддин дар канор буда наметавонем»,- гуфтааст Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон.
Воқеан, дар ҳамаи давру замонҳо омӯхтани илму дониш, маърифату хирад ба соҳаи маориф дохил аст. Алалхусус имрӯз яъне ибтидои асри ХХI, ки пешрафти илму техника ва технологияи босуръат ҷараён дорад, ҳар рӯз дар ҳаёти башарият тағйироту таҳаввулот ба мушоҳида мерасад.
Имрӯзҳо дар кишвари азизамон масъалаи раванди омӯзиши илму техникаи ҳозиразамон ва соҳибҳунар гардидани ҷавонони миллат масъалаи асосист. Қариб тамоми мактабҳои миёнаву олии кишвар бо компютеру техникаҳои ҳозиразамон таъмин карда шудаанд. Имрӯзҳо бештари хонандагони мактаб ва толибилмони донишгоҳҳои кишвар бо машинаҳои электронии ҳисоббарор кор карда метавонанд. Тоҷикистон чун кишвари соҳибистиқлол, дунявӣ ва демократӣ, ки дар айни шукуфтанҳои даврони истиқлол қарор дорад, ба фарзандони барӯманди миллат ва кормандони хуби ояндасоз ниҳоят ниёзманд аст. Мебояд ҷавонону мактабиёнро дар рӯҳияи баланди маорифпарварӣ ва илму дониши мукаммалу соҳаҳои гуногуни ҳаёт тарбия кард, барои давлату миллат мутахассисони баландпоя тарбият кард, то ин ки давлат дар оянда ба мутахассисони миллати ғайр эҳтиёҷманд нагардад. Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмонов дар Паёми ҳаминсолаи парламенти мамлакат қайд кардааст:
«Вазифаи шогирди мактаб пеш аз ҳама омӯхтани илму дониши замонавӣ, забономӯзӣ ва азхуд кардани дастовардҳои илму техника ва технологияи муосир аст, зеро бидуни илм ягон кишвари дунё пеш намеравад, барҷост, ки гуфтаанд:
Пояи давлат набошад бемаориф устувор,
Давлати поянда хоҳӣ, рӯй бар мактаб биёр.
Хулоса, иқдоми пешгирифтаи сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси «Соли Маориф ва фарҳанги техникӣ» номидани соли 2010 такони бузург хоҳад буд. Барои мардуми сарзамини Тоҷикистони азиз, ки гарчанде аз қадимулайём аз илму фарҳанг бархурдор буданд, боз дар соҳаҳои тиб, физика, астрономия, компютер, ки имрӯз ниҳоят пеш мераванд. Ин сол имкон медиҳад ҷиддитар ба омӯзиш машғул мешаванд. Зеро Саъдии бузург фармуда:
Инсон дар иҷрои се амал бояд бисёр кӯшад. Аввал он ки ҳамеша илм омӯзад, дувум: дониши андӯхтаро амалӣ гардонад, савум: ҳамеша аз пайи эҷоди нав кӯшад.
Пас бисёр мебояд кӯшид, то аз илму ирфон ва маърифату хирад баҳравар гашт, зеро замоне фаро расидааст, ки шахсияти аз илму зиндагии хеш дармонда афсурда хоҳад шуд. Вазифаи ҳар як инсони асил ва соҳибистеъдод аз он иборат аст, ки баҳри пешрафту тамаддуни бузуги кишвари хеш саҳмгузор бошад ва дастоварди хешро чун армуғоне ба Соли маориф ва фарҳанги техникии кишвари азизи худ бубахшад.
Ҷавононро, ки ояндаи дурахшони кишвари азизамон мебошанд, бисёр мебояд мулоҳизакор бошанд, рӯ ба фарҳангу маориф оранд, умри азизи хешро дар ҷодаи омӯзишу офариниш гузаронанд, то фардои пурнишоту пурбаракат насибашон гардаду ҷомеаву мардуми он пайваста аз онҳо дар ифтихор бошанд.
Номзади илмҳои техники Наҷибуллоҳи Рузи