Skip to main content

12 августи соли равон дар Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 33 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари илми дар мавзуи “Истиқлолият ва илми Тоҷикистон” баргузор гардид. Сараввал, директори Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои техникӣ Эшов Бахтиёр Бадалович ба кори семинар оғоз бахшида аз ҷумла қайд намуданд, ки Истиқлолият ва озодӣ барои мо рамзи ҳақиқии ифтихор аз шукуфоии Ватан ва ватандӯстӣ мебошад. Аз ҷумла, ба шарофати ин дастовард, яъне ба даст овардани истиқлолият, миллати тоҷик таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти азизамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муваффақиятҳои назаррасе ноил гардид, ки дар таърихи халқи мо ҳамтои худро надоранд.

Дар чорабинии илм бахшида ба "33 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон " олимон аз ҷумла н.и.т Наҷибуллои Р., н.и.тиб Сагдиева Ш.С., ходими калони илмӣ Шокирова Ш. ва н.и.т Якубов У.Ш. қайд намуданд, ки ҳар як олиму омӯзгор ба қадри Истиқлолият, Ватан ва арзишҳои миллӣ мерасанд ва ҳамеша барои ободии меҳани худ кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Пешвои муаззами миллат дуруст моро ҳушдор дода таъкид месозанд: «Истиқлолиятро соҳиб шудан ҳанӯз кам аст; онро ҳифз намудан, пуштибонӣ кардан, тақвият бахшидан ва ҳамчун арзиши муқаддастарини давлату давлатдорӣ дарк намудан ва пос доштан зарур аст».

Сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро вазифадор менамояд, ки барои амалӣ гардидани ҳадафҳои давлату Ҳукумат дар самти таҳкими рукнҳои давлатдории навини Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ тамоми нерӯ, қудрат, тавоноӣ ва донишу таҷрибаамонро ба кор барем.