Мувофиқи ривояти «Шоҳнома» Ҳушанг шоҳи пешдодиён ин ҷашнро асос гузоштааст. Гӯё Ҳушанг ҳамроҳи дарбориёнаш дар саҳро ба море дучор меояд. Ҳушанг сӯйи мор санг меандозад. Санг бар санги дигар бархӯрда аз он оташак меҷаҳад ва ба ҳамин васила оташ кашф мегардад. Минбаъд одамон ба ҳамин муносибат оташ афрӯхта ба он саҷда мекарданд.
Ҷашни Сада ба оини Меҳргароӣ (Митроӣ) дуруст меояд, ки аз оини Зардуштӣ 3000-то 5000 пеш мавҷуд буд. Дар оини Зардуштӣ муқаддасоти ҷашни Сада нигоҳ дошта шуд. Сада то садаи XII ҷашн гирифта мешуд, лекин баъдҳо аз байн рафт, вале нишонаҳои он — гулхан афрӯхтан, дар гирди он базм оростан ҳанӯз ҳам дар байни мардуми тоҷик ба назар мерасад.
Ҷашни Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мардумони ориётабор ба шумор мерафт. Моҳияти ҷашни Садаро пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ, гармо бар сармо ва некӣ бар бадӣ ташкил дода, мардум онро бо афрӯхтани гулханҳои бузург таҷлил мекарданд.
Ғояи асосии ҷашни Сада гиромидошти нуру рӯшноӣ ва гармӣ мебошад. Дар устураҳои бостонӣ омадааст, ки мардум бо афрӯхтани оташ фасли баҳор ва гармию равшаниро даъват мекардаанд. Муроду мақсади мардум аз баргузории он оғоз намудани омодагиҳо ба корҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ мебошад.
Оид ба шарҳи истилоҳи “Сада” дар сарчашмаҳои таърихиву адабӣ андешаҳои гуногун зикр шудаанд. Аз он ҷумла, машҳуртарин тафсири мардумии он ин аст, ки “сада” аз шумораи сад (100) гирифта шудааст ва он иборат аз панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз будани замони расидани Наврӯзро ифода мекунад. Аммо ба ақидаи олимони устурашинос истилоҳи “Сада” аз калимаи “санд”-и авестоӣ ба маънои падид омадан, равшан шудан ва зоҳир шуданро дорад. Яъне падид омадани равшанӣ ва гармӣ.
Сада ҳамасола дар рӯзи 10-уми моҳи баҳмани солшумории ҳиҷрии хуршедӣ таҷлил мегардид, ки баробар ба 30-юми январи солшумории мелодӣ мебошад.
Ҷашни Сада (форсӣ: جشن سَده) — яке аз ҷашнҳои эронитаборон ва мардуми форсизабон аст, ки дар оғози шомгоҳи 10 баҳманмоҳ (30 январи тақвими мелодӣ) баргузор мешавад. Ин рӯзро Обонрӯз мегӯянд.
Дар бораи пайдоиши ҷашни Сада назарҳо гуногун мебошанд. Баъзе муҳаққиқон ва донишмандон онро ҷашни замони ориёӣ мепиндоранд ва иддаи дигар падидории онро пеш аз даврони ориёиҳо медонанд. Вале ба ҳар сурат пайдоиши ҷашни Сада ва устураҳои марбут ба он ба масъалаи таҷҷамӯи рӯшноӣ ва оташ вобаста мебошад ва аз таҳаввули ташаккули қавмҳои ориёӣ дарак медиҳанд, ки онҳо ин ҷашнро аз пешиниён гирифтанд ва баъдиҳо онро то рӯзгори мо расониданд. Агар аз ин нуқтаи назар ба ҷашни Сада наздик шавем, нахуст аз ҳама моҳияти мақулаҳои хуршед, рӯшноӣ ва оташ пеши назар меоянд, ки ҳар кадомаш ба ҳаёти инсон ва табиат вобастагии хос доранд. Ба ҳамагон маълум аст, ки маҳз ба воситаи рӯшноии Хуршед тамоми мавҷудоти олам зинда аст ва ҳаракат мекунад.
Ходими илмии - маркази инноватсионии биология ва тибби АМИТ Ғанизода Н.Х.