Skip to main content

26 феврали соли равон президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо директори иҷроияи Маркази байналмилалии илм ва технология хонум Карина Ангуэлиева мулоқоти судманд анҷом дод.

Мақсад аз мулоқот мустаҳкам намудани ҳамкориҳо дар самтҳои техника, таҳқиқотҳои илмӣ, омода намудани кадрҳои баланди илмӣ дар самти илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ мебошад. Дар мулоқоти имрӯза президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт таъкид дошт, ки Академияи милли илмҳои Тоҷикистон ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи худро бо Маркази байналмилалии илм ва технология дар доираи якчанд лоиҳаҳо ба роҳ монда, минбаъд низ тибқи он барои густариш додани ҳамкориҳо дар якҷоягӣ фаъолияти густурдаро ба роҳ хоҳанд монд.

Зикр шуд, ки дар доираи ин лоиҳаҳо ва дастгирии маъмурияти Маркази байналмилалии илм ва технология ба олимони Академияи милли илмҳои Тоҷикистон имкон пайдо мешавад то дар соҳаи илм натиҷаҳои назаррасро ба даст оварда, соҳаи илмро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ намоянд.

Дар мулоқот қайд гардид, ки дар доираи ҳамкориҳои муштарак мо метавонем дар оянда, миёни олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва ҷониби дигар конфронс ва симпозиюмҳои сатҳи байналмилалӣ баргузор намоем. Ҳамзамон ҷонибҳо дар масъалаи омода намудани кадрҳои баланди илмӣ таваҷҷуҳ равона намуда, барои ҳамкорӣ дар ин самт ба мувофиқа омаданд.

Зимни мулоқот таъкид гардид, ки ҳоло ҷомеаи ҷаҳонӣ дар асри рушди техникаву технология қарор дорад. Гуфта шуд, ки Ҳуши маснуъӣ падидаи фанноварии нодири солҳои охир аст. Вобаста ба ин мо бояд дар ин самт тадбирҳои нав андешида, ҳамкориҳои худро тақвият бахшем.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қоиблҷон Хушвахт таъкид дошт, ки дар заминаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нав фаъолият менамояд, ки пурра ба ин самт бахшида шудааст. Дар оянда барои тақвият бахишидан дар ин самт мо метавонем ҳамкориҳои худро дар доираи фаъолияти ин марказ ба роҳ монем.

Дар охир ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкориҳои минбаъда, бахусус дар самтҳои техника, таҳқиқотҳои илмӣ омода намудани кадрҳои баланди илмӣ дар самти илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ изҳор карданд.